Аз нишастҳои матбуотӣ

Раҳим САИДЗОДА: «25 гектар замини ғасбшуда ба муассисаҳои таълимӣ баргардонда шуд»

№17 (4757) 05.02.2024

DSC_7920- Санҷишҳо нишон доданд, ки 51 гектар замини назди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳру ноҳияҳо ғасб шудааст, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода.

- Вазорат то имрӯз  дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон 6,12 гектар, вилояти Суғд — 8,68  ва  дар шаҳру ноҳияҳои дигар 10,2  гектар замини муассисаҳои таълимиро ба ихтиёрашон бозгардонд, ки дар маҷмӯъ, 25 гектарро ташкил медиҳад. Замини боқимонда низ ояндаи наздик ба муассисаҳо баргардонда мешаванд, — афзуд Раҳим Саидзода.

Тавре иттилоъ гирифтем, соли 2023 ба мутахассисони ҷавон 1 миллиону 890 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок ва 5,2 гектар замин ҷудо гардидааст.

Дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои гузаштан ба низоми бисёрхолаи баҳогузорӣ «Дастурамали меъёрҳои 10-холаи баҳодиҳӣ ба дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон» тасдиқ шуда, нақшаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар  60, 79 фоиз  иҷро гардид.

Ин муддат Коллеҷи омӯзгории «Асосгузор» дар шаҳри Турсунзода ва Коллеҷи тиббии ­ноҳияи Муъминобод ба фаъолият оғоз намуданд.

Соли 2023-юм 3432 хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти миёна  ва олии касбӣ барои кор ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сафарбар гардиданд. Маълум гардид, ки ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  300 омӯзгор намерасад.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

 «Садои мардум»