Аз нишастҳои матбуотӣ

Соли 2016 истеҳсоли барқ 105 миллион кВт/соат афзуд

№8 (3645) 26.01.2017

DSC_0179Соли 2016 дар ҷумҳурӣ беш аз 17,2   миллиард кВт/ соат неруи барқ истеҳсол гардидааст, ки дар қиёс ба соли 2015-ум 105 миллион кВт/соат зиёд мебошад. Ин нуктаро Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 январ дар нишасти матбуотӣ баён кард.

- Ин имкон дод, ки аз 14 январи соли 2017 дар кишвар маҳдудияти интиқоли неруи барқ ба аҳолӣ пурра аз байн бардошта шавад, — гуфт ӯ.

Вазир навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанберо, ки ҷамъ бо тавоноии 400 МВт ба фаъолият шурӯъ намуд, омили асосии ин пешравӣ донист. Ҳамчунин, зикр намуд, ки алҳол сатҳи обанбори Неругоҳи барқи обии «Норак» нисбат ба соли 2015-ум 3 метр ва нисбат ба соли 2016 беш аз 1,5 метр боло рафтааст.

Аз 17, 2 миллиард кВт/соат неруи барқи истеҳсолгардида  дар кишвар 14,4 миллиард кВт/соат ба ШСХК «Барқи Тоҷик», зиёда аз 1,9 миллиард кВт/соат ба Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда -1», боқимонда ба Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» ва ширкати «Помирэнерҷӣ» рост меояд.

 

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»