Аз нишастҳои матбуотӣ

Соли 2016-ум 327 ҳодисаи худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ ба қайд гирифта шуд

№№7(3644) 24.01.2017

ВКД (3)Соли 2016 дар ҷумҳурӣ 21 ҳазору 756 (2015-21585) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 171 ҷиноят зиёд мебошад, — гуфт вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро 20 январ зимни нишасти матбуотӣ.

Аз идомаи гузориши вазир  маълум гардид, ки дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ — ҷустуҷӯйӣ ва амалиётҳои махсус 34 гурӯҳи муташаккил дар ҳайати 169 нафар муайян ва дастгир карда шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ 4082 (2015-4054) ҷинояти вазнин, аз ҷумла, куштор дар 93 ҳолат (2015-105), роҳзанӣ-52 (2015-45), ғоратгарӣ-159 (2015-152), таҷовуз ба номус-49 (2015-41), қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ-112 (2015-106), авбошӣ-1106 (2015-1228), дуздӣ-5042 (2015-4747)  қаллобӣ 3035 ҳолат (2015-3042) ба қайд гирифта шудааст. Мусодираи воситаҳои нашъа­дор аз гардиши ғайриқонунӣ дар ҷумҳурӣ ҷамъ 3 тоннаву 426 кг 363 граммро ташкил намудааст, ки 1 тоннаву 641 килограмми онро кормандони ВКД дарёфт кардаанд.

Дар соли гузашта 21 ҷинояти марбут ба қочоқи металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо ошкор гардида, 18 килограмму 359 грамм ёқути сурх, лаъл, тилло, нуқра ва дигар маснуоти тиллоию заргарӣ мусодира шудааст, ки арзиши онҳо 1 миллиону 870 ҳазору 507 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамкории самаранок бо шаҳрвандон аз аҳолӣ то ба имрӯз 12 ҳазору 68 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла, 146 автомат, 308 таппонча 199 силоҳи шикорӣ, 42 силоҳи рахпеч, 510 силоҳи суфтамил дарёфт ва мусодира шудааст.

Аз ҷониби ноболиғон 693 (соли 2015 — 742) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49- ҳолат камтар мебошад. Дар ин давра 327 (2015-361) ҳодисаи худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ ба қайд гирифта шудааст, ки 159 нафарро мардон ва 168 нафарро занон ташкил медиҳанд, 55 нафар ноболиғон мебошанд. Соли гузашта дар ҷумҳурӣ 1323 (2015-1475) садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 427 (2015-449) нафар ҳалок ва 1417 (2015-1576) нафар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»