Ҳамкориҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон бо СММ босамаранд

№80-81 (3381-3382) 12.06.2015

18666903021_65b1a625bb_o
Да
ҳуми июни соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини дабири кулл — котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо Кристиан Фрис Бахро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд. Тавре зикр гардид, расидан ба бисёр Ҳадафҳои рушди устувор, ки аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва барномаҳои дигари глобалӣ бармеоянд, ба татбиқи босамари лоиҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ вобастагӣ дорад.

Кристиан Фрис Бах ба пешсафии Тоҷикистон дар ҳалли масоили ҷаҳонии вобаста ба об ва пуштибонии кишвари мо аз ташаббусҳои созанда барои таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба неруи барқ аз тариқи рушди энергетикаи «сабз» ва пешгирӣ аз гармшавии иқлими сайёра тавассути ба роҳ мондани иқтисоди «сабз» баҳои баланд дода, изҳори бовар намуд, ки амалӣ намудани тадбирҳои якҷоя ба ҳалли бисёр мушкилоти минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳам кулли ҷаҳон мусоидати фаъол мекунад.

Ҳамчунин пешниҳоди навбатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалӣ бо шиори амалиёти «Об — барои рушди устувор» «бисёр бамаврид, зарурӣ ва қобили дастгирӣ» номида шуд.

Бо қаноат изҳор гардид, ки тавассути Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015) конвенсияҳои обии барои Аврупо қабулнамудаи СММ хислати ҷаҳонӣ пайдо намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои саъю талошҳояш барои татбиқи силсилаи лоиҳаҳо, аз ҷумла «Арзёбии эҳтиёҷоти Тоҷикистон дар соҳаи савдо», «Арзёбии рушди инноватсионии Тоҷикистон», лоиҳаи марбут ба таҳкими иқтидори соҳаи истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои тозаи экологӣ ва рушди бахши обу энергетика арзи сипос намуд.

Зимни суҳбати пурмуҳтаво ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши бештари робитаҳо дар оянда таъкид доштанд.

www.president.tj