Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Амирбекзода Ҳ.

№ 29.06.2023

аз 26 июни соли 2023, №269, ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Амирбекзода Ҳабибулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН