Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ихтисори воҳидҳои кории Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№10 (4750) 19.01.2024

Бо мақсади таъмини самаранокии фаъолияти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Воҳидҳои кории Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 дарсад ихтисор карда шаванд.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои худро ба фармони мазкур мутобиқ намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 19 январи соли 2024, № 690