Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№18 (3498) 11.02.2016

24596703010_c5f7b413ef_oҲаштуми феврали соли 2016 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлис Сарвазир ва аъзои Ҳукумати кишвар, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  роҳбарони вазоратҳо, кумитаҳо ва агентиҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумати кишвар, инчунин дигар муассисаву идораҳои ҷумҳуриявӣ иштирок доштанд.

Нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ ва аъзои нави ҳайати мушовараи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд. Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тасдиқ гардид. Вобаста ба Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2016 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки татбиқи нишондодҳои Паёми имсола дар маҷмӯъ, ба густариши ҳисси миллӣ, худшиносиву худогоҳии аҳолии кишвар, рушди бахшҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ва таҳкими нуфузу эътибори кишварамон дар арсаи олам мусоидат менамояд.

Лоиҳаҳои як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  қабул ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд.

Ду хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — яке ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дуюмӣ ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ маъқул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.

Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи генералии шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ тасдиқ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол масоҳати умумии маркази ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 739,6 гектар, шумораи аҳолӣ 12 ҳазор нафар ва роҳҳои мошингард 30 километрро ташкил медиҳанд ва бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ зарурати бунёди шаҳраки муосир пеш омадааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла бунёди марказҳои фарҳангӣ — фароғатӣ, манзилҳои истиқоматию маъмурӣ, сохтмони иншооти таъиноти гуногуни ҷавобгӯй ба меъёрҳои меъморӣ ва рушди бахшҳои муҳим, инчунин ҳавасмандии соҳибкорони ватанӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумати кишвар ва роҳбарони сохторҳои марбута барои иҷрои саривақтию босифати корҳо вобаста ба тадбирҳои ободонию созандагӣ, вусъати ниҳолшинонӣ дар мамлакат ва дигар нақшаҳо супоришҳо дод.

www.president.tj