Соли 2015 — cоли идомаи тадбирҳо барои рушди устувор

№18 (3498) 11.02.2016

29-Хисор (2)

(Давомаш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта)

Дар шаҳри Хуҷанд дар идомаи сафари корӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зеристгоҳи «Ваҳдат» — ро ифтитоҳ намуд. Зеристгоҳ бузургтарин иншооти нави энергетикӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар шаҳри Хуҷанд аст. Он бо харҷи 4,5 миллион евро маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи се бонки аврупоии мададрасон — Бонки Навсозӣ ва Рушди Аврупо, Бонки Сармоягузории  Рушд  ва  Комиссияи Иқтисодии Аврупо бунёд шудааст. Дар маҷмӯъ, барои сохтмони ин зеристгоҳ, насби ҳисобкунакҳо ва беҳсозии шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд аз ҳамин сарчашмаҳо ҷудо намудани 22 миллион евро пешбинӣ шудааст.

Барномаи фестивали вилоятии «Атлас ва адраси тоҷик — 2015» аз намоиши либосҳои гуногуни арӯсии бо зарҳал ороёфта оғоз шуд. Чорабинии фарҳангӣ — фестивали вилоятии «Атлас ва адраси тоҷик — 2015» дар толори Муассисаи давлатии «Қасри Арбоб» доир гашт, ки бо мақсади тарғиби фарҳанги либоси миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли матои атлас ва адраси тоҷик гузаронида шуд.

Мавриди зикри хос аст, ки дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои бевосита шинос шудан бо ҳолати роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар шимоли кишвар ба вилоят тавассути нақлиёти автомобилӣ сафар кард.

Сарвари давлат зимни сафар бо ҳолати роҳҳои шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Айнӣ, Панҷакент, Шаҳристон, Истаравшан, Ғончӣ, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Чкалов, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва Қайроққум шинос шуд. Аз ҷумла, дар як қитъаи роҳи мошингарди навбунёди Айнӣ — Панҷакент Президенти мамлакат шахсан паси чамбари мошин нишаста, сифати он роҳро аз назар гузаронида, ба самараи кори роҳсозони тоҷику хитойӣ баҳои баланд дод. Ҳамчунин, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар  ба вилояти Суғд ба воситаи ин шоҳроҳ аз нақбҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон» гузашта, ба сифати корҳое, ки барои такмили пурраи нақби мошингарди «Истиқлол» идома дорад, баҳои арзанда дод.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки новобаста аз боридани борону барф Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе ба воситаи роҳи мошингард ва ағбаву нақбҳо то вилояти Суғд беш аз 700 километр­ро тай карда, барои мулоқот бо сокинони меҳнатқарин ва меҳмоннавози шаҳру ноҳияҳои он ба ин минтақаи ҷумҳурӣ ташриф овард.

27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои бахшида ба 3000- солагии Ҳисор ва ифтитоҳи иншооти сершумори ҷашнӣ ба ин мулки зарнисор ташриф овард.

Дар доираи таҷлили ҷашни 3000 — солагии Ҳисори Шодмон, дар ин ноҳияи бостонӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ду бинои баландошёнаи истиқоматӣ, чойхонаи ғайриодӣ ва боҳашамати миллӣ бо беш аз 2000 ҷойи нишаст, як бинои баландошёнаи истиқоматии дорои 46 хона, бинои шашошёнаи истиқоматӣ бо 20 хона, корхонаи дӯзандагии «Шарофат» бо 400 ҷойи корӣ барои занону духтарони маҳаллӣ, зеристгоҳҳои барқии «Шаҳринав» ва «Хонақоҳ», дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ситабр — Агро» сардхона ва дар даромадгоҳи ноҳия варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҳисорро бо 20 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дод.

Зимни иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта ва ҷараёни барқарорсозии симои таърихии қалъаи Ҳисор бевосита шинос шуд. Қалъаи Ҳисор муҳимтарин иншооти ин ҷашни таърихӣ ба шумор мерафт, зеро мавҷуд будани ин мамнӯъгоҳ аз таъриху фарҳанги бостону пурғановати шаҳрсозии водии Ҳисор ва умуман мардуми тоҷик гувоҳӣ медиҳад. Дар ҷараёни барқарорсозӣ деворҳои атрофи қалъа, дарвозаю аркҳои он, чойхона бо 100 ҷойи нишаст, ҳавзи дохил, шаш айвони суҳбатгоҳ, сарбозхона, амфитеатр бо 700 ҷойи нишаст, даҳ дӯкони гуногун барои ҳунармандон ва дигар иншооти дорои аҳамияти таърихии он бунёд ва навсозӣ шудаанд.

Ҳамзамон, дар ин ҷо олимони бостоншиносу таърихнигор бо ҳафриёту тадқиқоти илмию амалӣ машғуланд. Натиҷаи бозёфтҳои олимон гувоҳанд, ки Қалъаи Ҳисор таърихи тӯлонӣ дошта, аз қарнҳои биринҷӣ маншаъ мегирад.

Нимаи дуюми 27 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ҳамзамон варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҳисорро ифтитоҳ намуда, дар чорабинии сатҳи баланд, ки ба муносибати 3000 — солагии Ҳисор доир гардид, иштирок ва суханронӣ кард.

Президенти мамлакат зимни суханронӣ нахуст ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва варзишгоҳи замонавиро, ки ба муносибати 3000 — солагии Ҳисор бунёд ёфтаанд, туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат барои мардуми Ҳисори шодмон ва кулли Тоҷикистон маънидод намуд. Сипас, ҳунармандон барномаи мукаммали театришударо пешниҳоди меҳмонони ҷашнвора карданд, ки басо рангину диданӣ буд.

(Давом дорад)

Абдуфаттоҳ Шарифзода, Заробиддин Қосимӣ, Айниддин Самариддин