Суҳбат бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо доир ба Осиёи Марказӣ Питер Буриан

№80-81 (3381-3382) 12.06.2015

18658723292_55caf6a603_oСубҳи 10 июни соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо доир ба Осиёи Марказӣ Питер Бурианро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди мунтазами муносиботи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Питер Бурианро ба муносибати ба ин мақом таъин шуданаш табрик гуфта, изҳори бовар намуд, ки фаъолияташ дар ин вазифа пурсамар хоҳад буд. Зимни суҳбат таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи амалии Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, Стратегияи Иттиҳоди Аврупо доир ба Осиёи Марказӣ ва Барномаи бисёрсолаи индикативӣ барои солҳои 2014-2020 зоҳир гардид. Хотиррасон бояд намуд, ки барномаи мазкур ҷалби 251 миллион евро маблағро барои татбиқи амалии лоиҳаҳои зиёд дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва рушди деҳоти Тоҷикистон дар назар дорад.

Атрофи мавзӯъҳои ҷаласаи Кумитаи ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупою Тоҷикистон ва даври навбатии Муколамаи дуҷониба доир ба ҳуқуқи инсон, ки 10 ва 11 июни соли равон дар Брюсел баргузор мегардад, табодули назар шуд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин атрофи авзои кунунӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ҳалли мушкилоти вобаста ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин доир ба вазъи номуътадили Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва зарурати пурзӯр намудани ҳифзи сарҳад бо ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон сурат гирифт.

www.president.tj