Таъиноти кадрӣ

№99 (4682) 07.08.2023

53099660858_6f634b9cb7_oҲафтуми августи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» бо кадрҳое, ки дар ҳайати роҳбарӣ ва фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъин гардиданд, суҳбат намуданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муовини якум-сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадӣ, муовинони фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷузъу томҳои воҳиди мазкур аз ҳисоби афсарони соҳибтаҷриба, хатмкардагони ду муассисаи олии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар, ки дорои маҳорати хуби фармондеҳию ташкилӣ, содиқу корозмуда мебошанд, таъин гардиданд.

Тағйироти кадрӣ, инчунин, сардорони отрядҳои сарҳадии вилояти Хатлон, ВМКБ, вилояти Суғд ва дигар воҳидҳои сохтории Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро фаро гирифта, ба ин вазифаҳои пурмасъулият афсарони ҷавону соҳибтаҷриба таъин гардиданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин воҳиди низомӣ ёдовар шуда, иброз намуданд, ки солҳои охир вазъи таъминоти Қӯшунҳои сарҳадӣ бо лавозимоти зарурӣ беҳтару хубтар гардида, шароити зисту зиндагӣ ва пешбурди хизмат низ шоиста ва ҷавобгӯи талабот аст.

- Вазъи таъминоти моддию техникии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар асоси талаботи оинномаҳои ҳарбӣ рӯз то рӯз беҳтар гардида, то Ҷашни 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки соли оянда пешбинӣ мешавад, бунёди иншооти замонавӣ, дидбонгоҳу отрядҳои сарҳадӣ ва дигар инфрасохтори зарурии соҳа бояд ба анҷом расад, — иброз доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат, бо дарназардошти вазъи печидаю мураккаб ва пешгӯинашавандаи минтақа ва ҷаҳон, таъкид намуданд, ки ҳифзи сарҳади давлатӣ бояд тибқи низом ва санадҳои таъминкунандаи заминаҳои ҳуқуқӣ таъмин гардад ва ҳама гуна қонуншиканӣ дар сарҳад бояд бартараф карда шавад.

Бо таҳлилу баррасӣ аз ҳодисаҳои дар сарҳад рӯйдода, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҷинояткории муташаккил, убури ғайриқонунии сарҳад, муносибатҳои ғайриоинномавӣ, қочоқи молу маҳсулот ва пешгирӣ аз амалҳои террорис­тию гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии фаромиллӣ, ба роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, дастурҳои мушаххас доданд.

«Сарҳадбон будан вазифаи пуршарафу муқаддасест, ки тинҷиву амонии давлат, якпорчагӣ  ва рушди минбаъдаи он аз хизмати софдилонаю садоқатмандонаи шумо — афсарону сарбозони шуҷои Ватан сахт вобастагӣ дорад», — иброз намуданд Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

www.president.tj