9 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар ҳайати роҳбарикунандаи Прокуратураи генералӣ, Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Сардорони як қатор раёсатҳои Прокуратураи генералӣ, прокуророни шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Конибодом, Турсунзода, Рашт, Фархор, Носири Хусрав, Балҷувон, прокуророни ҳарбии гарнизонҳои Бохтару Суғд аз ҳисоби кадрҳои ҷавону кордон ва соҳиби таҷрибаву собиқаи корӣ дар мақомот таъин гардиданд.
Дар ҳайати фармондеҳии Вазорати мудофиа, низ тағироти кадрӣ сурат гирифта, командирони баъзе аз воҳидҳои низомӣ ва комиссарони ҳарбии як қатор шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби афсарони соҳибтаҷрибаву хатмкардагони ду муассисаи олии низомӣ ба ин вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъин гардиданд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони баъзе аз раёсатҳо ва шуъбаву марказҳои таълимии Гвардияи миллӣ низ аз ҳисоби афсарони касбӣ ва мутахассисони соҳа ба ин воҳидҳои низомӣ таъин гардиданд.
Зимни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба вазъи мураккабу пешгӯинашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид намуданд, ки дар чунин шароити ҳассосу хатарзо вазифаи ҳар як роҳбару фармондеҳ ва хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот аз таъмини амнияту суботи давлат, ҳимояи марзу буми кишвар ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ иборат буда, дар ин самт бояд ҳушёру зирак бошанд ва вазифаҳои хизматии худро дар асоси оинномаҳо ва дастурамалҳои низомӣ ба роҳ монанд.
Мубориза бар зидди ҳамагуна қонунвайронкуниҳо, аз ҷумла коррупсия, муносибатҳои ғайриоинномавӣ, таъмини фазои солими хизмати ҳарбӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ, омодагии ҷисмонӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати тарбияи ватандӯстӣ миёни ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ аз мавзуъҳои асосии суҳбат буд.