ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҲОҶИРАТ
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи муҳоҷират танзим намуда, асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии идоракунӣ ва танзими давлатии равандҳои муҳоҷиратро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) муҳоҷират - ивазкунии бебозгашт, муваққатӣ ва мавсимии маҳалли истиқомати шахсони воқеӣ дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва аз хориҷа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) муҳоҷир - шахси воқеие, ки маҳалли истиқомати худро бо тағйир додани давлати будубоши доимӣ ва ё дар дохили ҷумҳурӣ дар асоси бебозгашт, муваққатӣ ё мавсимӣ бо мақсади истиқомат, анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ ва соҳибкорӣ, сабабҳои оилавӣ, ё мақсадҳои дигар иваз менамояд;
3) муҳоҷирати дохилӣ - ивазкунии бебозгашт, муваққатӣ, инчунин мавсимии маҳалли истиқомати шаҳрванд дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) муҳоҷирати ғайриқонунӣ - ворид шудани шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё транзити чунин шахсон тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, будубош ё анҷом додани фаъолияти меҳнатии онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вайрон намудани қоидаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст;
5) муҳоҷирати меҳнатии наздисарҳадӣ - фаъолияти меҳнатии шахсони дар минтақаҳои наздисарҳадӣ истиқоматдошта дар ҳудуди давлати ҳамсарҳад ё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6) реинтегратсияи муҳоҷирон - маҷмуи муносибатҳои ҳуқуқие, ки дар ҷараёни татбиқи тадбирҳо ба вуҷуд меоянд ва тавассути онҳо муҳоҷир баъд аз муддати муайяни будубош дар хориҷа аз нав ба низоми иҷтимоию иқтисодии давлати худ ворид мегардад;
7) репатриатсия - бозгардондани муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои ба миён омадани таҳдидҳои ҷиддӣ ба ҳаёт ва саломатии онҳо, инчунин дар дигар ҳолатҳои муқарраркардаи Қонуни мазкур ва шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст;
8) муҳоҷирати меҳнатӣ - сафари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа, инчунин ворид шудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои кори музднок тибқи шартномаҳои меҳнатӣ, маданӣ-ҳуқуқӣ ва дар доираи фаъолияти соҳибкорӣ;
9) муҳоҷири меҳнатӣ - шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ихтиёран ва муваққатан фаъолияти меҳнатӣ ё намудҳои дигари фаъолияти музднокро дар ҳудуди давлати хориҷӣ анҷом медиҳад, инчунин шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванде, ки ихтиёран ва муваққатан фаъолияти меҳнатӣ ё намудҳои дигари фаъолияти музднокро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад;
10) диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ - васеъ гардондани муҳоҷирати меҳнатӣ, бозорҳои меҳнат, соҳаҳои касбӣ ва шаклҳои муташаккилонаи бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ бо мақсади таъмини устувории равандҳои муҳоҷират, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва коҳиш додани хавфҳои вобастагӣ аз давлатҳои алоҳидаи қабулкунанда;
11) аъзои оилаи муҳоҷир - шахсе, ки бо муҳоҷир дар ақди никоҳ қарор дорад, инчунин фарзандон ва шахсони дигаре, ки тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ҳамчун аъзои оилаи муҳоҷир эътироф шудаанд;
12) муҳоҷирати экологӣ - кӯчондани шаҳрвандон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи ба вуҷуд омадани хатари бадшавии ҳолати муҳити зист барои шаҳрвандон ё эҳтимоли пайдоиши хавфҳои офатҳои экологӣ;
13) агентиҳои бокортаъминкунӣ - шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бо кор таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати хориҷӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома доранд;
14) квота барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ - шумораи муайяни шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки барои фаъолияти меҳнатии музднок ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати муайян ҷалб карда мешаванд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳоҷират
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳоҷират ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур
1. Амали Қонуни мазкур нисбат ба ҳамаи муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки бо идоракунӣ, назорати равандҳои муҳоҷират, хизматрасонӣ, иттилоотонӣ ва дастгирии иҷтимоию ҳуқуқии муҳоҷирон машғуланд, татбиқ мегардад.
2. Амали Қонуни мазкур нисбат ба шахсони зерин татбиқ намегардад:
1) шахсоне, ки дар қисмҳои ҳарбии хориҷӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, хизмат мекунанд;
2) шахсоне, ки дар намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва созмонҳои байналмилалӣ фаъолият мекунанд;
3) шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил ё таҷрибаомӯзӣ мекунанд;
4) шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки мақоми ҳуқуқии онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
5) шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар мусобиқаҳо ва фаъолияти эҷодӣ дар асоси даъвати расмии мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо расман ташриф меоранд;
6) намояндагони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд;
7) шахсоне, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расондани кумаки хайриявӣ ва башардӯстона омадаанд;
8) омӯзгорон ва лектороне, ки барои гузарондани курсҳои кутоҳмуддати таълимӣ ва анҷом додани таҳқиқоти касбию илмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шудаанд, агар онҳо барои ин кор музди меҳнат нагиранд;
9) шахсоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми паноҳҷӯянда ё гурезаро доранд;
10) шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ доранд;
11) шаҳрвандони хориҷие, ки бо мақсади сайёҳӣ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштаанд.
Моддаи 4. Принсипҳои идоракунӣ ва танзими давлатии равандҳои муҳоҷират
Идоракунӣ ва танзими давлатии равандҳои муҳоҷират дар асоси принсипҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1) қонуният;
2) афзалияти ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
3) соҳибихтиёрӣ ва амнияти миллӣ;
4) роҳ надодан ба табъиз нисбат ба муҳоҷирон;
5) шаффофият ва ошкоро будани иттилоот оид ба муҳоҷират.
БОБИ 2.
ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МУҲОҶИРАТ
Моддаи 5. Танзими давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират
Танзими давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират ба самтҳои зерин равона карда мешавад:
1) таъмини амалисозии ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар соҳаи муҳоҷират;
2) ҳифзи амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, саломатии аҳолӣ ва манфиатҳои дигари ҳаётан муҳимми ҷомеа ва давлат;
3) ташаккул ва рушди низоми самараноки идоракунии равандҳои муҳоҷират;
4) фароҳам овардани шароит барои амалисозии муҳоҷирати қонунӣ;
5) пешгирӣ, ошкорсозӣ ва қатъи муҳоҷирати ғайриқонунӣ;
6) танзими ҷалб ва истифодаи қувваи кории хориҷӣ бо дарназардошти эҳтиёҷоти иқтисодиёт;
7) мусоидат ба муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо;
8) таъмин намудани баҳисобгирӣ, бақайдгирӣ ва мониторинги равандҳои муҳоҷират;
9) ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва рақамӣ ба соҳаи муҳоҷират;
10) рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муҳоҷират;
11) таъмин намудани ҳамкории байниидоравии мақомоти давлатӣ;
12) фароҳам овардани шароит барои мутобиқшавии иҷтимоӣ ва ҳамгироии муҳоҷирон;
13) пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ дар соҳаи муҳоҷират;
14) таъмин намудани шаффофият ва дастрасии хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират;
15) таъмин намудани махфият, ҳифз ва истифодаи қонунии маълумоти шахсии субъектҳои муносибатҳои муҳоҷират;
16) мусоидат ба бозгашт ва реинтегратсияи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
17) таъмин намудани тавозуни манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат.
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷират
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷират мансубанд:
1) пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират;
2) тасдиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соҳаи муҳоҷират;
3) мусоидат ба ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ, наздисарҳадӣ, дохилӣ ва экологӣ ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳое, ки ба сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишвар равона шудаанд;
4) мусоидат ба таҳкими ҳамкорӣ ва робита бо ҳамватанони бурунмарзӣ;
5) тасдиқи қоидаҳои додани иҷозати кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ анҷом медиҳанд;
6) татбиқи маҳдудиятҳо нисбат ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи ихтисосҳои алоҳида дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7) тасдиқи тартиби гузарондани муоинаи тиббии муҳоҷирони меҳнатӣ, коҳиш додани сатҳи сироятёбии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо;
8) муайян намудани механизми ташкили суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақавии муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
9) андешидани чораҳо барои пешгирӣ ва бартараф намудани муҳоҷирати ғайриқонунӣ, инчунин ҷорӣ намудани механизмҳои маъмурӣ ҷиҳати таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи муҳоҷирони меҳнатӣ;
10) муайянкунии квотаи ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;
11) амалинамоии ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират дохил мешаванд:
1) амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират;
2) анҷом додани баҳисобгирии рафтуомади муҳоҷирони меҳнатӣ -шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа;
3) ба роҳ мондани ташкили кӯчондани муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкил ва баҳисобгирии онҳо;
4) манзур намудани пешниҳодҳо оид ба такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи муҳоҷират, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар ин самт;
5) омода намудани пешниҳодҳо оид ба таҳия ва баимзорасонии шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоию ҳуқуқии муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо;
6) таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани қоидаҳои додани иҷозати кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ анҷом медиҳанд;
7) таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани квотаи ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8) дар доираи ваколатҳои худ ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳо ва манфиатҳои муҳоҷирон дар дохил ва хориҷ;
9) дар асоси таҳлил ва омӯзиши бозори меҳнати хориҷӣ андешидани чораҳои зарурӣ барои ташкили курсҳои касбомӯзӣ ва забономӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
10) таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии давлатӣ дар асоси таҳлил ва дурнамои рушди муҳоҷират;
11) бо мақсади омодасозӣ ва сармоягузории лоиҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудани форумҳо ва вохӯриҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ;
12) дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва ташкилотҳои дигар мусоидат намудан ба таъсиси марказҳои омодагии пешазмуҳоҷиратӣ, дастгирӣ ва кумак ба муҳоҷирони меҳнатӣ;
13) назорати фаъолияти агентиҳои бокортаъминкунӣ дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;
14) дар ҳамкорӣ бо мақомоти дигари давлатӣ андешидани чораҳо барои пешгирӣ ва барҳам додани муҳоҷирати ғайриқонунӣ;
15) амалисозии чораҳо оид ба реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштаанд, дар доираи барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва дигар барномаҳо;
16) таъсис додани махзани маълумот оид ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалб шудаанд;
17) таҳияи нақшаи кӯчондани муташаккилонаи муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ ва бо тартиби муқарраргардида барои тасдиқ пешниҳод кардани он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
18) муайян намудани тартиби диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон ба хориҷи кишвар;
19) бо тартиби муқарраргардида додани иҷозатнома ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои амалӣ намудани фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
20) бо тартиби муқарраргардида додани иҷозати кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд;
21) амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти дигари давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират
Мақомоти дигари давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират дар амалисозии сиёсати давлатӣ иштирок намуда, ҳамкории байниидоравӣ, назорат ва санҷиши равандҳои муҳоҷират дар соҳаҳои муқарраргардида, инчунин мубодилаи маълумотро дар доираи низомҳои давлатии иттилоотӣ ба роҳ мемонанд ва ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамоянд.
Моддаи 9. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
1) амалисозии барномаҳои минтақавӣ оид ба муҳоҷирати аҳолӣ;
2) андешидани чораҳо барои омодагии пешазмуҳоҷиратӣ ва касбии шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа мераванд;
3) дар доираи барномаҳои минтақавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва барномаҳои дигар андешидани чораҳо барои реинтегратсияи муҳоҷирони ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргашта;
4) андешидани чораҳо барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар маҳал бо мақсади коҳиш додани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа;
5) ташкили корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар маҳалҳо дар байни аҳолӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират;
6) фароҳам овардани шароит барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва диаспораҳои тоҷикон дар рушди маҳал;
7) бо назардошти талаботи бозори меҳнат дар маҳал манзур намудани пешниҳод ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират оид ба муайян намудани квота барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ;
8) таҳлил ва баррасии вазъи муҳоҷирати аҳолӣ дар маҳалҳо;
9) якҷо бо мақомоти дигари дахлдор дар маҳал андешидани чораҳо барои пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ;
10) бо тартиби муқарраргардида пешниҳод намудани рӯйхати муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ дар маҳал ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират;
11) андешидани чораҳо барои азхудкунии самтҳои нави муҳоҷирати меҳнатӣ;
12) амалисозии ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
БОБИ 3.
ҲУҚУҚ, УҲДАДОРИҲО ВА КАФОЛАТҲОИ МУҲОҶИРОН ВА АЪЗОИ ОИЛАИ ОНҲО
Моддаи 10. Ҳуқуқҳои муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо
Муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо ҳуқуқ доранд ба:
1) ҳифзи судии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунӣ;
2) озодии ҳаракат ва интихоби маҳалли будубош;
3) фаъолияти меҳнатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) шароити бехатар ва солими меҳнат;
5) муроҷиат ба мақомоти давлатӣ ва гирифтани хизматрасониҳои давлатӣ;
6) таҳсили кӯдакон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7) кумаки тиббӣ, аз ҷумла ёрии таъҷилии тиббӣ, бо тартиби муқарраргардида;
8) эҳтироми ҳаёти оилавӣ ва ҳамроҳшавӣ бо аъзои оила бо тартиби муқарраргардида;
9) ҳифзи иҷтимоӣ дар ҳолатҳо ва ба андозаи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
10) интиқоли маблағҳои пулӣ ва ихтиёрдорӣ намудани даромадҳои худ;
11) тарки ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бозгашт ба он;
12) баррасии инфиродии парванда ҳангоми берун кардан, ҳуқуқ ба шикоят аз қарор оид ба берун кардан;
13) ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 11. Уҳдадориҳои асосии муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо
Муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо уҳдадоранд:
1) Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд;
2) фарҳанг ва урфу одатҳои миллии халқи Тоҷикистонро эҳтиром намоянд;
3) тартиби муқарраргардидаи воридшавӣ, будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷ шуданро риоя намоянд;
4) сари вақт ба қайд гирифта шуда, муҳлати будубошро тамдид намоянд;
5) фаъолияти меҳнатиро танҳо дар сурати мавҷуд будани иҷозати дахлдор анҷом диҳанд;
6) ба мақомоти давлатӣ маълумоти саҳеҳ пешниҳод намоянд;
7) қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ ва меъёрҳои санитарию эпидемиологиро риоя намоянд;
8) ба муҳити зист муносибати эҳтиёткорона намоянд;
9) уҳдадориҳои андоз ва уҳдадориҳои дигари пешбининамудаи қонунгузориро иҷро намоянд;
10) пас аз ба анҷом расидани муҳлати муқарраршудаи будубош ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намоянд, агар тартиби дигаре дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашуда бошад;
11) уҳдадориҳои дигари пешбининамудаи қонунгузориро амалӣ намоянд.
Моддаи 12. Кафолатҳои ҳуқуқи муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо
1. Давлат ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳоро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, кафолат медиҳад.
2. Ба табъиз аз рӯйи ҷинс, нажод, забон, дин, миллат, пайдоиши иҷтимоӣ, шаҳрвандӣ, асосҳои ворид шудан ё будубош, инчунин аз рӯйи ҳолатҳои дигар ба меҳнати маҷбурӣ, вайронкуниҳои дигари ҳуқуқу озодиҳои инсон, инчунин берун кардани дастаҷамъонаи муҳоҷирон роҳ дода намешавад.
3. Ба муҳоҷирон дастрасии баробар ба адолати судӣ ва ҳифзи судӣ, аз ҷумла ҳуқуқи истифода аз хизмати тарҷумон ҳангоми баррасии парванда, ҳуқуқи шикоят кардан аз қарорҳо, амалҳо (беамалӣ)-и мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор таъмин карда мешавад.
4. Давлат ҳифз аз истисмор, зӯроварӣ ва савдои одамон, иттилоотонӣ оид ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳо, дастрасӣ ба хизматрасониҳои давлатӣ ба муҳоҷирон, инчунин ҳифзи маълумоти шахсии онҳоро кафолат медиҳад.
5. Нисбат ба гурӯҳҳои осебпазири муҳоҷирон (ноболиғон, занон, шахсони маъюбиятдошта) чораҳои иловагии ҳифз муқаррар карда мешаванд.
БОБИ 4.
НАМУДҲОИ МУҲОҶИРАТ
Моддаи 13. Намудҳои муҳоҷират
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зерини муҳоҷират мавҷуданд:
1) муҳоҷирати меҳнатӣ;
2) муҳоҷирати дохилӣ;
3) муҳоҷирати экологӣ;
4) намудҳои дигари муҳоҷират.
Моддаи 14. Хусусиятҳои танзими ҳуқуқии намудҳои муҳоҷират ва муайян намудани мақоми ҳуқуқии муҳоҷирон
1. Танзими ҳуқуқии муҳоҷират ба ҳолатҳои зерин вобаста мебошад:
1) мақсадҳои муҳоҷират;
2) муҳлати будубоши муҳоҷирон;
3) хусусияти фаъолияти меҳнатӣ, таълимӣ, соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти муҳоҷирон;
4) вазъи ҳуқуқии муҳоҷирон;
5) асосҳои ворид шудан, хориҷ шудан, будубош ва анҷом додани фаъолият дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз ҳудуди он.
2. Мақоми ҳуқуқии муҳоҷир вобаста ба ҳолатҳои зерин муайян карда мешавад:
1) шаҳрвандӣ;
2) қонунӣ будани будубош;
3) мақсади ворид шудан ва фаъолияти анҷомдодашаванда;
4) муҳлати будубош;
5) мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;
6) уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
БОБИ 5.
МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
Моддаи 15. Намудҳои муҳоҷирати меҳнатӣ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳоҷирати меҳнатӣ дар намудҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1) муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа;
2) муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) муҳоҷирати меҳнатии наздисарҳадӣ;
4) намудҳои дигари муҳоҷирати меҳнатӣ.
Моддаи 16. Муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа
1. Муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа аз синни 18 - солагӣ оғоз гардида, ба давлатҳое иҷозат дода мешавад, ки дар ҳудуди онҳо ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ҳифз карда мешаванд.
2. Асосҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо дар хориҷа:
1) иштироки давлати бокортаъминкунанда дар шартномаҳои байналмилалии вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ;
2) мавҷуд будани созишномаҳои дуҷонибаи давлатии бокортаъминкунӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ;
3) омилҳои дигаре, ки метавонанд асоси ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар давлатҳои хориҷӣ бошанд.
3. Муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа дар ҳолатҳои зерин маҳдуд карда мешавад:
1) то бекор гардидани чораҳои дахлдори пешгирие, ки мутобиқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шудаанд;
2) то анҷоми муҳлати ҷазои дахлдор ё озод шудан аз ҷазо;
3) дар ҳолатҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 17. Шаклҳои муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа
1. Муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа дар шаклҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1) муҳоҷирати меҳнатии муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа;
2) муҳоҷирати меҳнатии мустақилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа.
2. Муҳоҷирати меҳнатии муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва шартномаҳое, ки байни корфармоёни хориҷӣ ва агентиҳои бокортаъминкунӣ ба имзо расонда шудааст, амалӣ карда мешавад.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мустақилона барои кор ба хориҷи кишвар меравад, пеш аз сафар дар маҳалли истиқомат оид ба ҷойҳои кории холӣ дар давлатҳои хориҷӣ, шароити меҳнат ва музди меҳнат, оид ба талаботи қонунгузории давлати бокортаъминкунанда ва маълумоти зарурии дигарро ройгон пешниҳод менамояд.
Моддаи 18. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо пеш аз сафар ба хориҷа
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа ҳуқуқ доранд:
1) бо маълумоти зарурӣ оид ба қоидаҳои будубош ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар давлати хориҷӣ таъмин карда шаванд;
2) аз хизматрасониҳои ташкилотҳо ва марказҳои таълимӣ бо тартиби муқарраргардида барои омӯзиши касбӣ ва омодагии пешазмуҳоҷиратӣ истифода намоянд;
3) аз хизматрасониҳои ҳуқуқӣ ва машваратии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират ройгон истифода намоянд;
4) аз хизматрасониҳои ташкилотҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират ва агентиҳои бокортаъминкунӣ барои бо кор таъмин шудан дар хориҷа истифода намоянд;
5) аз мақоми ваколатдори давлатӣ маълумотро оид ба маҳалли истиқомат, шароити манзил ва кор дар хориҷа дастрас намоянд.
2. Ҳуқуқу уҳдадориҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар хориҷа тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва қонунгузории давлати хориҷӣ танзим карда мешаванд.
Моддаи 19. Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ -шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо дар хориҷа
1. Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо дар хориҷа аз ҷониби мақоми ваколатдор дар соҳаи амалисозии сиёсати хориҷӣ якҷо бо мақомоти дигари давлатӣ, аз ҷумла намояндагиҳои мақомоти муҳоҷират дар давлатҳои хориҷӣ, дар доираи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ таъмин карда мешавад.
2. Ёрии консулӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо дар хориҷа аз ҷониби муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати хориҷӣ таъмин карда мешавад.
Моддаи 20. Ҷуброни зарар ба ҳаёт ва саломатии муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ расонда шудааст
1. Зараре, ки ба ҳаёт ва саломатии муҳоҷири меҳнатӣ - шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ расонда шудааст, аз ҷониби корфармои хориҷӣ мутобиқи қонунгузории давлати бокортаъминкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
2. Мақоми ваколатдор дар соҳаи амалисозии сиёсати хориҷӣ якҷо бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират ба муҳоҷири меҳнатӣ барои амалӣ намудани ҳуқуқ ба ҷуброни зарар, аз ҷумла дастгирии ҳуқуқӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, мусоидат менамояд.
Моддаи 21. Дастгирии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ
Бо мақсади дастгирии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатие, ки саробони онҳо бо сабабҳои гуногун дар давраи будубош дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷа имконияти пурра ё қисман таъмин намудани оилаи худро аз ҷиҳати моддӣ надоранд, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ барномаҳои гуногунро бо назардошти вазъи иҷтимоӣ ва моддии чунин оилаҳо таҳия ва амалӣ менамоянд.
Моддаи 22. Диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа
1. Диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа бо мақсади васеъ намудани самтҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, коҳиш додани хавфҳои вобастагии муҳоҷират аз давлатҳои алоҳида ва баланд бардоштани самаранокии муҳоҷирати меҳнатӣ амалӣ карда мешавад.
2. Бо мақсади амалисозии диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират тадбирҳои зеринро татбиқ менамояд:
1) муқаррар намудани квотаи тақсимоти муҳоҷирони меҳнатӣ аз рӯйи давлатҳои таъинот бо назардошти талаботи бозори байналмилалии меҳнат ва манфиатҳои миллӣ;
2) ташаккул ва пешбурди феҳристи корфармоёни хориҷие, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кор ҷалб менамоянд;
3) ҷорӣ намудани низоми раддабандии корфармоёни хориҷӣ дар асоси риояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, шартҳои пардохти музди меҳнат ва кафолатҳои иҷтимоӣ аз ҷониби онҳо;
4) мусоидат ба пешниҳоди шикоят аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ нисбат ба корфармоёни хориҷӣ барои вайрон намудани шартҳои кор ва ба ҳисоб гирифтани шикоятҳои воридшуда ҳангоми ташаккули раддабандии корфармоён;
5) маҳдуд ё қатъ намудани ҳамкорӣ бо корфармоёне, ки ба вайронкунии ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ роҳ додаанд;
6) рушди платформаҳои рақамӣ оид ба интихоби ҷойҳои кории холӣ ва ба имзо расондани шартномаҳои меҳнатӣ дар шакли электронӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ;
7) таъмин намудани шаффофият ва дастрасии иттилоот оид ба корфармоён, шароити меҳнат ва сатҳи музди меҳнат;
8) додани афзалият ба фиристодани шаҳрвандон ба давлатҳое, ки сатҳи баланди ҳифзи иҷтимоӣ ва кафолатҳои меҳнатӣ доранд;
9) мониторинг ва таҳлили бозорҳои байналмилалии меҳнат;
10) омодасозӣ ва бозомӯзии шаҳрвандон бо назардошти талаботи корфармоёни хориҷӣ;
11) иттилоотонии шаҳрвандон оид ба имкониятҳои бокортаъминшавӣ дар хориҷа;
12) рушди низоми ҷалб ва сафарбарсозии муташаккилонаи муҳоҷирон;
13) ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои гендерии муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла хавфҳои хоси занони муҳоҷир ҳангоми диверсификатсияи самтҳои муҳоҷират;
14) ҳамкорӣ бо корфармоён ва мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ.
3. Тартиби муқаррар намудани квотаҳо оид ба тақсимоти муҳоҷирони меҳнатӣ аз рӯйи давлатҳои таъинот, пешбурди феҳристи корфармоён, ташаккули раддабандии онҳо ва фаъолияти платформаҳои рақамӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират муайян карда мешавад.
Моддаи 23. Муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муҳоҷирати меҳнатии муташаккилона ё мустақилонаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз расидан ба синни 18 иҷозат дода мешавад.
2. Фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозат барои кор амалӣ карда мешавад.
3. Қоидаҳои додани иҷозати кор барои анҷом додани фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
4. Муносибатҳои меҳнатӣ бо шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
Моддаи 24. Муқаррар намудани квота барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ
Квота барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархостҳои вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муқаррар карда мешавад.
Моддаи 25. Муҳоҷирати меҳнатии наздисарҳадӣ
1. Муҳоҷирати меҳнатии наздисарҳадӣ фаъолияти меҳнатии шахсоне эътироф мегардад, ки дар минтақаҳои наздисарҳадӣ истиқомат мекунанд ва дар ҳудуди давлати ҳамсарҳад ё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият машғул мебошанд.
2. Муҳоҷири меҳнатии наздисарҳадӣ шахсе эътироф мегардад, ки маҳалли муқаррарии зисти худро дар минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати ҳамсоя нигоҳ дошта, ҳар рӯз ё ҳадди ақал дар як ҳафта як маротиба ба он ҷо бармегардад.
3. Муҳоҷирати меҳнатии наздисарҳадӣ бо тартиби содакардашуда бо дарназардошти хусусиятҳои ҳамкории наздисарҳадӣ амалӣ карда мешавад.
4. Шартҳои анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ, тартиби убури сарҳади давлатӣ, баҳисобгирӣ ва назорати муҳоҷирати наздисарҳадӣ бо шартномаҳои байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
БОБИ 6.
МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ ВА ЭКОЛОГӢ
Моддаи 26. Муҳоҷирати дохилӣ
1. Муҳоҷирати дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёрӣ буда, тариқи муташаккилона бо иваз намудани маҳалли истиқомати шахсон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
2. Муҳоҷирати дохилӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират бо мақсади ҳалли масъалаҳои демографӣ, бунёди маҳалҳои аҳолинишини нав, таъмини шароити моддию маишӣ ва воситаҳои зиндагӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ тибқи нақшаи кӯчонидани ихтиёрии муҳоҷирон аз ноҳияҳои кӯҳистони сераҳолӣ ва камзамин ба водиҳои ҷумҳурӣ, ки дорои заминҳои бекорхобида мебошанд, амалӣ карда мешавад.
3. Нақшаи кӯчонидани муташаккилонаи муҳоҷирони дохилӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират барои давраи муайян дар асоси пешниҳодҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
4. Қоидаҳои муҳоҷирати дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Моддаи 27. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои муҳоҷирони дохилӣ
1. Муҳоҷирони дохилӣ дорои ҳуқуқҳои зерин мебошанд:
1) гирифтани қитъаҳои замин барои сохтмони манзил;
2) таъмин шудан бо иншооти зарурии иҷтимоӣ дар ҷойҳои нави зист;
3) гирифтани хизматрасониҳо дар соҳаи тандурустӣ ва маориф;
4) таъмин шудан бо корҳои доимӣ ва мавсимӣ;
5) истифодаи қарзҳои имтиёзнок барои сохтмони манзил ва фаъолияти соҳибкорӣ;
6) ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Муҳоҷирони дохилӣ дорои уҳдадориҳои зерин мебошанд:
1) пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират барои кӯчидан ба маҳалли нави зист;
2) сари вақт пардохт намудани маблағи муайяншудаи қарзи имтиёзнок барои сохтмони манзил;
3) уҳдадориҳои дигаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
Моддаи 28. Муҳоҷирати экологӣ
1. Муҳоҷирати экологӣ бо мақсади ҳифзи шаҳрвандоне, ки дар минтақаҳои хавфнок қарор доранд ва кӯчондани онҳо аз ин ҳудудҳо ба маҳалҳои бехавф бо фароҳам овардани шароити моддию маишӣ ва ҷойҳои нави корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Нақшаи миёнамуҳлати кӯчондани муташаккилонаи муҳоҷирони экологӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират дар асоси пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
3. Қоидаҳои муҳоҷирати экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Моддаи 29. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои муҳоҷирони экологӣ
1. Муҳоҷирони экологӣ дорои ҳуқуқҳои зерин мебошанд:
1) гирифтани қитъаҳои замин барои сохтмони манзил;
2) таъмини инфрасохтори зарурӣ дар маҳалли нави истиқомат;
3) гирифтани қарзҳои имтиёзнок ва кумаки яквақтаи моддӣ;
4) истифодаи ройгони хизматрасониҳои нақлиётӣ ҳангоми кӯчидан ба маҳалли нави зист;
5) таъмин шудан бо ҷойи кор;
6) гирифтани хизматрасониҳо дар соҳаи тандурустӣ ва маориф;
7) ба таври ройгон гирифтани шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии қитъаи замин ва дигар ҳуҷҷатҳои вобаста ба он;
8) ҳуқуқҳои дигаре, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
2. Муҳоҷирони экологӣ дорои уҳдадориҳои зерин мебошанд:
1) пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират;
2) барнагаштан ба маҳалли пешинаи хавфноки зист;
3) иҷро намудани уҳдадориҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
БОБИ 7.
НАМУДҲОИ ДИГАРИ МУҲОҶИРАТ
Моддаи 30. Намудҳои дигари муҳоҷират
1. Ба намудҳои дигари муҳоҷират, ки Қонуни мазкур танзим менамояд, инҳо дохил мешаванд:
1) кӯчидан;
2) репатриатсия.
2. Вазъи ҳуқуқии шахсоне, ки ба намудҳои дигари муҳоҷират дохил мешаванд, бо Қонуни мазкур, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда муайян карда мешавад.
Моддаи 31. Кӯчидан
1. Кӯчидан ин бозгашти шахсон ба маҳалли пештараи зист бо мақсади истиқомати доимӣ дар Ватан, инчунин кӯчидани шахсоне, ки бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон издивоҷ карданд ё шахсоне, ки ихтиёран кишвари истиқомати доимии худро тарк намуда, барои истиқомати доимӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯчидаанд ва ё шахсоне, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа кӯчидаанд, мебошад.
2. Кӯчидан тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшудаи Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Давлат ба кӯчидагон дар барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо, бақайдгирӣ аз рӯйи маҳалли истиқомат, мутобиқшавии иҷтимоӣ ва ҳамгироӣ ба ҷомеа мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Моддаи 32. Репатриатсия
1. Репатриатсияи шахсон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин ба амал бароварда мешавад:
1) бозгардонии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлатҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати ба миён омадани таҳдидҳои ҷиддӣ ба ҳаёт ва саломатии онҳо;
2) бозгардонии кӯдакони шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлатҳои хориҷӣ, ки бо сабабҳои гуногун аз сарпарастии падару модар ва намояндагони қонунии худ маҳрум шудаанд;
3) бозгашти ҳамватанони бурунмарзӣ аз давлатҳои хориҷӣ барои истиқомати доимӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои ба вуҷуд омадани таҳдид ба ҳаёт ва саломатии онҳо.
2. Давлат ба бозгашти ихтиёрии репатриантҳо ва ҳамгироии онҳо ба ҷомеа мусоидат менамояд. Ба репатриантҳо чунин чораҳои дастгирии давлатӣ пешниҳод карда мешаванд:
1) тартиби содакардашудаи воридшавӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо;
2) мусоидат ба гирифтани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) кумак дар масъалаҳои шуғл ва мутобиқшавии иҷтимоӣ;
4) дигар чораҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
3. Хароҷоти репатриатсия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсон ва аъзои оилаи онҳо, ки дар бандҳои 1) ва 2) қисми 1 ҳамин модда муқаррар шудаанд, дар доираи маблағгузории буҷети давлатӣ ва манбаъҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешаванд.
4. Қоидаҳои репатриатсияи шахсон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
БОБИ 8.
АГЕНТИҲОИ БОКОРТАЪМИНКУНИИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ
Моддаи 33. Агентиҳои бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ ва фаъолияти асосии онҳо
1. Агентиҳои бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусоидат ба дарёфти ҷойҳои корӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ хизматрасониҳоро дар дохил ва хориҷа пешниҳод менамоянд.
2. Самтҳои фаъолияти агентиҳои бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ инҳоянд:
1) хизматрасониҳо ба корфармоён вобаста ба интихоби шахсони корҷӯйе, ки ба меъёрҳои пешниҳодшуда ҷавобгӯ мебошанд, барои минбаъд бо кор таъмин намудани онҳо, инчунин хизматрасониҳои дигар дар соҳаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ;
2) мусоидат ба шахсони корҷӯянда барои барасмиятдарории кор дар ҷойҳои кории муносиби холӣ ва расондани хизматрасониҳои дигар вобаста ба ҷалби шахсони корҷӯянда барои анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ.
3. Фаъолияти агентиҳои бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.
Моддаи 34. Хизматрасониҳои агентиҳои бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ
1. Агентиҳои бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ ба шахсони воқеӣ ва корфармоён дар бозори меҳнат хизматрасониҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
1) мусоидат дар ҷустуҷӯйи кори музднок берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бақайдгирӣ ва пешниҳоди саволномаҳо ба муҳоҷирони меҳнатӣ барои ташаккули махзани маълумоти номзадҳо барои бо кор таъмин намудан, пешниҳоди маълумоти дигар оид ба шароити меҳнат, истироҳат ва имкониятҳои сафар барои кор бо оила;
2) ҷустуҷӯй ва интихоби шахсони корҷӯянда бо мақсади бо кор таъмин намудани онҳо тавассути корфармоёни ватанӣ ва хориҷӣ бо назардошти ҷойҳои кории холӣ ва хизматрасониҳои дигаре, ки ба ҷалби шаҳрвандон барои минбаъд бо кор таъмин намудани онҳо имконият медиҳанд ё мусоидат менамоянд;
3) мусоидат барои дарёфти раводид ва ҳуҷҷатҳои дигари иҷозатдиҳӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои кор ба хориҷа мераванд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вобаста ба муоинаи тиббӣ ва омодагии касбии онҳо;
4) роҳнамоии ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ, шинос намудани муҳоҷирони меҳнатӣ бо қоидаҳои фаъолияти меҳнатӣ дар давлати бокортаъминкунанда ва муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ;
5) мусоидат барои ба имзо расондани шартномаҳои меҳнатӣ байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корфармоёни хориҷӣ пеш аз сафар ба хориҷа;
6) мусоидат барои ба имзо расондани шартномаи меҳнатӣ байни шаҳрвандони хориҷӣ ва корфармоён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7) хизматрасониҳои дигар барои бо кор таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, бо кор таъмин намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Агентиҳои бокортаъминкунӣ ҳуқуқ надоранд маълумоти шахсии муҳоҷирони меҳнатиро, ки барои ҷустуҷӯйи кор дар дохил ва хориҷ ба агентӣ муроҷиат намудаанд, бе розигии хаттии онҳо паҳн намоянд ё ба шахси сеюм пешниҳҳод кунанд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Агентиҳои бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ барои риоя накардани қоидаҳои бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошанд.
БОБИ 9.
ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ МАСЪАЛАҲОИ АЛОҲИДАИ МУҲОҶИРАТ
Моддаи 35. Интиқоли ҷасади муҳоҷирон - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлатҳои хориҷӣ
Мақоми ваколатдор дар соҳаи амалисозии сиёсати хориҷӣ, инчунин намояндагиҳои мақомоти ваколатдори дигари давлатӣ дар давлатҳои хориҷӣ барои интиқоли ҷасади муҳоҷирон - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан мусоидат менамоянд.
Моддаи 36. Реинтегратсияи шаҳрвандони ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгашта
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои реинтегратсияи шаҳрвандони ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгашта ба ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо истифода аз имкониятҳои бо шуғл таъмин намудан ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ, инчунин истифодаи таҷрибаи амалии аз давлатҳои хориҷӣ бадастовардаи онҳо барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар тавассути амалисозии барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва барномаҳои дигар чораҳо меандешанд.
2. Қоидаҳо ва шартҳои реинтегратсияи шаҳрвандоне, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгаштаанд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 37. Диаспораҳои тоҷикон дар хориҷа
1. Диаспораҳои тоҷикон дар хориҷа дар шакли иттиҳодияҳои ҷамъиятии шахсони ба таври доимӣ ё муваққатан берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иқоматдошта фаъолият намуда, робитаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодиро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ медоранд.
2. Давлат ба нигоҳдорӣ ва рушди робитаҳо бо диаспораҳои тоҷикон дар хориҷа дар шаклҳои зерин мусоидат менамояд:
1) дастгирии ташаббусҳои фарҳангӣ, илмӣ, таълимӣ ва башардӯстона;
2) рушди ҳамкории иқтисодӣ ва сармоягузорӣ;
3) фароҳам овардани шароит барои иштироки намояндагони диаспораҳои тоҷикон дар рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои диаспораҳои тоҷикон дар хориҷа.
Моддаи 38. Рақамикунонии равандҳои муҳоҷират
1. Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рақамикунонии низоми идоракунии муҳоҷират амалӣ карда мешавад.
2. Рақамикунонии низоми идоракунии муҳоҷират инҳоро дар бар мегирад:
1) ташаккул ва пешбурди низоми ягонаи иттилоотии муҳоҷират;
2) баҳисобгирии электронии муҳоҷирон ва равандҳои муҳоҷират;
3) ҳамгироии низомҳои иттилоотии мақомоти давлатӣ;
4) пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ;
5) фаъолияти платформаҳои рақамӣ барои бо кор таъмин намудан ва иттилоотонии муҳоҷирон;
6) ташаккул ва пешбурди феҳристҳои электронӣ дар соҳаи муҳоҷират;
7) истифодаи гардиши электронии ҳуҷҷатҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Мақомоти давлатӣ, ки дар танзими равандҳои муҳоҷират иштирок менамоянд, мубодилаи иттилоотро тавассути низомҳои электронии байниидоравӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.
4. Ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва истифодаи иттилоот дар соҳаи муҳоҷират бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ ва амнияти иттилоотӣ амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 39. Назорати равандҳои муҳоҷират
1. Назорати равандҳои муҳоҷират аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират ҷиҳати таъмини риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷират, инчунин пешгирӣ, ошкор ва қатъ намудани қонуншиканиҳо аз тарафи муҳоҷирон, корфармоён, ҷонибҳои қабулкунанда ва шахсони дигари ҳуқуқӣ ва воқеӣ амалӣ карда мешавад.
2. Назорати равандҳои муҳоҷират бо мақсадҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1) таъмини амнияти миллӣ;
2) ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва саломатии аҳолӣ;
3) танзими равандҳои муҳоҷират;
4) пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва савдои одамон;
5) ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии муҳоҷирон;
6) таъмини риояи қоидаҳои воридшавӣ, будубош, истиқомат, ҳаракат, транзит ва хориҷшавии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд.
3. Дар доираи амалӣ намудани назорати равандҳои муҳоҷират мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ дорад:
1) санҷидани ҳуҷҷатҳое, ки қонунӣ будани вуруд, будубош, иқомат ва фаъолияти меҳнатиро тасдиқ мекунанд;
2) анҷом додани баҳисобгирӣ ва мониторинги равандҳои муҳоҷират;
3) гузарондани санҷиши шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба риояи қонунгузории муҳоҷират;
4) дастрас намудани маълумот ва иттилооти зарурӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ;
5) андешидани чораҳо барои пешгирӣ ва қатъ намудани вайронкунии қонунгузории муҳоҷират;
6) қабул намудани қарор дар бораи кам намудани муҳлати будубоши муваққатӣ, берун кардан ё манъи воридшавӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4. Тартиби амалисозии назорати равандҳои муҳоҷират аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 40. Баҳисобгирӣ ва омори муҳоҷират
1. Баҳисобгирӣ ва омори муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади танзими равандҳои муҳоҷират, таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон ва ташаккули сиёсати давлатӣ оид ба муҳоҷират амалӣ карда мешаванд.
2. Баҳисобгирии давлатии муҳоҷират инҳоро дар бар мегирад:
1) баҳисобгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҳудуди кишвар хориҷ мешаванд ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд;
2) баҳисобгирии воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, будубош дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва хориҷшавии онҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) баҳисобгирии муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ;
4) ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот оид ба ҳамаи намудҳои муҳоҷират.
3. Баҳисобгирӣ ва омори муҳоҷират мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ ва махфияти иттилоот амалӣ карда мешаванд.
4. Қоидаҳои пешбурди баҳисобгирӣ ва ташаккули омори муҳоҷират аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор муайян карда мешаванд.
БОБИ 10.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 41. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 42. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» аз 11 декабри соли 1999 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №12, мод. 320; с. 2002, №4, қ.1, мод. 248; с. 2005, №12, мод. 657; с. 2008, №12, қ. 2, мод. 1004; с. 2010, №1, мод. 15; с. 2018, №7-8, мод. 525; с. 2024, №7-11, мод. 539) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 43. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 21 октябри соли 2026, №2300
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 17 октябри соли 2026, №244
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999, №882 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №12, мод. 321; с. 2002, №4, қ. 1, мод. 250; с. 2005, №11, мод. 580; с. 2008, №10, мод. 836; с. 2009, №12, мод. 840; с. 2018, №6, мод. 468; с. 2024, №7-11, мод. 598) аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 7 октябри соли 2026, №578
