https://sadoimardum.tj

Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ

№:148 (5200), 23 ноя 2026, 16:12
0

Азим Иброҳим ва Далер Ҷумъа доир ба раванди татбиқи ду ҳадафи стратегӣ ба вакилон маълумот пешниҳод карданд


Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Шермуҳаммад Шоҳиён хониши сиёсӣ дар мавзуъҳои «Амалишавии стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи нақлиёт ва роҳсозӣ ҷиҳати баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ» ва «Рушди соҳаи энергетика, самтҳои асосӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ» баргузор гардид.

Шермуҳаммад Шоҳиён изҳор дошт, ки рушди соҳаҳои нақлиёт ва энергетика дар сиёсати иқтисодию иҷтимоии давлат мавқеи муҳим дошта, татбиқи самараноки стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ дар ин самтҳо барои таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ аҳамияти хоса дорад.

Зикр гардид, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ бо ибтикор ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтанд.

- Имрӯз натиҷаҳои ин сиёсати созанда дар ҳар як гӯшаю канори мамлакат намоён буда, сатҳу сифати зиндагии мардум ва тавоноии рақобатпазирии иқтисодиёти миллиро ба зинаи наву сифатан баланд бардоштаанд, - изҳор дошт Шермуҳаммад Шоҳиён.

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар мавзуи «Амалишавии стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи нақлиёт ва роҳсозӣ ҷиҳати баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ», вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа доир ба «Рушди соҳаи энергетика, самтҳои асосӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ» ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Муҳамадулло Шерализода вобаста ба ибтикороти амалишуда дар самтҳои роҳу нақлиёт ва энергетика маърӯза карда, оид ба моҳият ва аҳамияти ҳадафҳои стратегии кишвар андешаҳояшонро баён намуданд.

Таъкид шуд, ки дурнамои рушди ин ду соҳаи ҳаётан муҳим нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар солҳои наздик мавқеи худро ҳамчун маркази стратегии иқтисодию логистикӣ ва энергетикии Осиёи Марказӣ боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад кард.

Дар ҳамоиш вакилони Маҷлиси намояндагон ба вазирони нақлиёт, энергетика ва захираҳои оби кишвар Азим Иброҳим ва Далер Ҷумъа саволҳо пешниҳод карда, ҷиҳати тақвияти татбиқи стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетика пешниҳод ва тавсияҳо манзур намуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ

Ҳамчунин дигар маводҳо: