https://sadoimardum.tj

Сафари Файзалӣ Идизода ба Туркманистон

№:148 (5200), 23 ноя 2026, 16:14
0

18-уми ноябри соли 2026 ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода барои иштирок дар ҷаласаи Шуро ва иҷлосияи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Авазаи Туркманистон сафар намуд.

19-уми ноябри соли 2026 Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ маслаҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов роҳбарони ҳайатҳои парлумониро, ки барои иштирок дар чорабиниҳои иҷлосияи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар Туркманистон қарор доштанд, ба ҳузур пазируфт.

Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов фаъолияти бисёрсолаи ассамблеяро дар самти ташаккули заминаи қонунгузорӣ таъкид намуда, нақши вакилони парлумонро ҷиҳати фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ барои рушди ҳамгироӣ ва ҳамкориҳо дар заминаи баробарҳуқуқӣ муҳим арзёбӣ кард.

Пешвои миллии халқи туркман омодагии кишвари худро барои идомаи ҳамкориҳои муштарак бо ассамблея изҳор дошт.

Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов зимни муроҷиат ба намояндагони ҳайатҳо робитаҳои бисёрсолаи Туркманистон бо ин кишварҳо ва лоиҳаҳои муштараки амалишударо махсус таъкид кард.

19-уми ноябр Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар доираи сафар ба Туркманистон бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуд.

Файзалӣ Идизода зимни суҳбат иброз дошт, ки баргузории бомуваффақонаи иҷлосияи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қадами бузурге дар роҳи таҳкими ҳамкориҳо ва робитаҳои байнипарлумонӣ хоҳад буд.

- Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии худро ҷиҳати ҳамкориҳои созанда ва дастгирии ташаббусҳои ҳамтоёни туркмани худ, ки ба рушди ҳамкориҳо миёни давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил равона шудаанд, изҳор менамояд. Мо чунин мешуморем, ки ба табодули таҷриба дар самти такмили қонунгузорӣ, барқарор намудани робитаҳои доимӣ миёни гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, инчунин, арзёбии самаранокии раванди қонунгузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардан зарур аст,- гуфт Файзалӣ Идизода.

Ба масъалаҳои ҳамзистии осоиштаи халқҳо ва густариши ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, инчунин, таҳкими робитаҳои мустақим миёни муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ аз мавзуъҳои дигари суҳбат буданд.

20-уми ноябри соли 2026 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар шаҳри Авазаи Туркманистон дар ҷаласаи Шуро ва иҷлосияи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуд.

Файзалӣ Идизода изҳор дошт, ки 35-солагии таъсисёбии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил марҳилаи муҳим дар таърихи иттиҳод ба шумор меравад. Роҳи тайкардаи давлатҳои мо дар тӯли ин солҳо ба таври возеҳ собит намуд, ки ИДМ ҳамчун минбари муҳими муколамаи сиёсӣ ва рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодию гуманитарӣ мавқеъ ва аҳамияти хоса дорад.

Зикр карда шуд, ки Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ҷузъи ҷудонашавандаи низоми сохтории иттиҳод ва механизми муҳими ҳамкории бисёрҷониба буда, ҳамчун минбари муассир барои муколамаи созанда ва фазои эътимод хизмат менамояд.

- Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба ва созанда дар доираи ИДМ мебошад. Мо итминон дорем, ки Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ минбаъд низ дар ин раванд нақши муҳим хоҳад дошт. Рӯзномаи ҷаласа доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, такмили қонунгузории намунавӣ ва таҳкими амниятро фаро мегирад. Ба масъалаҳои сиёсати иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, инчунин, ҳамкориҳои гуманитарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Илова бар ин, ба рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои рақамикунонӣ, танзими истифодаи зеҳни сунъӣ, ҳамоҳангсозии қонунгузории кишварҳо дар соҳаи сиёсати муҳоҷират ворид карда шудаанд. Умедворем, ки қарорҳои имрӯз қабулшаванда минбаъд низ ба таҳким ва густариши ҳамкориҳо миёни кишварҳои мо мусоидат хоҳанд кард, - изҳор дошт Файзалӣ Идизода.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: