https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИМОЯИ РАҚОБАТ

№:131 (5183), 23 окт 2026, 17:15
9

Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии ҳимояи рақобатро муайян намуда, ба ташкил ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди рақобат, фаъолияти самарабахши бозорҳои мол (кор, хизматрасонӣ) ва молиявӣ, таъмини фазои ягонаи иқтисодӣ ва фаъолияти озоди иқтисодӣ равона гардидааст.

БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) амалҳои мувофиқашуда – шакли ҳамоҳангшудаи амалҳои зиддирақобатӣ дар бозор, ки дар он субъектҳои хоҷагидор ба таври мувозӣ, расмӣ ё ғайрирасмӣ, бе бастани созишнома бо мақсади ба даст овардани манфиати мутақобила ва маҳдуд кардани рақобат амал намуда, мувофиқаи нархҳо, тақсими бозор ё эҷоди монеаҳо ба рақибонро анҷом медиҳанд;
2) бозори мол – соҳаи муомилоти мол ё молҳои бо ҳам ивазшаванда, ки вобаста ба имконияти иқтисодӣ, ҳудудӣ ва технологии харидор барои ба даст даровардани мол муайян карда мешаванд;
3) бозорҳои танзимшаванда – бозорҳои мол (кор, хизматрасонӣ), ки дар онҳо танзими давлатии нархҳо мутобиқи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда мешаванд;
4) гурӯҳи шахсон – маҷмуи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба як ё якчанд аломат ва шартҳои дахлдори пешбининамудаи Қонуни мазкур мувофиқат намуда, ҳамчун субъекти хоҷагидори ягона ҳисобида мешавад;
5) ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ – аз ҷониби мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳои ваколатдор, ки вазифаҳои мақомоти мазкурро иҷро мекунанд, пешниҳоди имтиёзҳои инфиродӣ ва бартариҳо ба як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор, ки ба онҳо барои анҷом додани фаъолият дар бозори мол (кор, хизматрасонӣ) шароити мусоид фароҳам меоранд;
6) инҳисорикунонӣ – вазъияти бозор, ки бо қобилияти истисноии як шахс, гурӯҳи шахсон ё давлат барои таъсир расондан ба шароити бозор дар соҳаи таъмини мол ё хизматрасонӣ муайян карда мешавад;
7) истеъмолкунанда – шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки мол (кор, хизматрасонӣ)-ро ба даст меорад;
8) қудрати бозорӣ – қобилияти як субъекти хоҷагидор ё гурӯҳи шахсон барои мустақилона амал кардан, новобаста ба рақибон, муштариён ва истеъмолкунандагон дар бозор;
9) мавқеи ҳукмфармоӣ – мавқеи махсуси як ё якчанд субъект­ҳои хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) дар бозори моле, ки ивазкунанда ва ё молҳои боҳамивазшаванда (минбаъд - моли муайян) надоранд, ҳамчунин ба онҳо имконият медиҳанд ба шарту шароити умумии муомилот дар бозори моли дахлдор таъсири ҳалкунанда расонанд ё ворид шудани субъектҳои дигари хоҷагидорро ба бозор мушкил гардонанд;
10) мол – объекти ҳуқуқи маданӣ (мол, кор, хизматрасонӣ, аз ҷумла хизматрасонии молиявӣ), ки барои фурӯш, мубодила ё навъи дигари ба муомилоти маданӣ ворид намудани он пешбинӣ шудааст;
11) молҳои боҳамивазшаванда – гурӯҳи молҳое, ки аз рӯйи таъи­нот, усули истифода, сифат ва ё хусусиятҳои техникӣ ё хусусиятҳои дигари худ қобили муқоиса мебошанд;
12) муқоисаи номуносиб – муқоиса ё изҳороте, ки рақиби алоҳида ё рақибонро дар маҷмуъ, инчунин молҳои истеҳсолшаванда ё фурӯхташавандаро нисбат ба моли дигари субъектҳои хоҷагидор бадном мекунад;
13) муттамарказият (консентратсия)-и иқтисодӣ – муттаҳидшавии ду ва ё зиёда шахсони ҳуқуқии мустақил, ки метавонанд тавассути муттаҳидшавӣ, ба даст овардани назорат ба шахси ҳуқуқии дигар ё таъсиси корхонаи муштараке, ки ба таври доимӣ ҳамаи вазифаҳои як субъекти мустақили иқтисодиро иҷро мекунад, амалӣ гардад;
14) нархи баланди инҳисорӣ – нархи моле, ки субъекти хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармо дар бозори мол муқаррар кардааст, агар ин нарх аз маблағи хароҷоти истеҳсол ва фурӯши аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснокгардидаи мол ва даромад, инчунин аз нархи дар шароити рақобат дар бозори моли муқоисашаванда муқаррарнамудаи субъектҳои хоҷагидоре, ки бо харидорон (фурӯшандаҳо)-и мол ба як гурӯҳи шахсон шомил нестанд ва дар бозори моли муқоисашаванда мавқеи ҳукмфармо надоранд, хеле баланд бошад;
15) нархи пасти инҳисорӣ – нархи моле, ки субъекти хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармо дар бозори мол муқаррар кардааст, агар ин нарх аз маблағи хароҷоти аз нигоҳи иқтисодӣ асоснокгардида ва даромади он ҳангоми истеҳсол ва фурӯши чунин мол камтар аст ё нархи моле, ки субъекти хоҷагидори мавқеи ҳукмфармоидошта дар бозори мол муқаррар намудааст, аз нархи дар шароити рақобат дар чунин бозори моли муқоисашаванда муайяннамудаи субъектҳои хоҷагидоре, ки бо харидорон (фурӯшандаҳо)-и мол ба як гурӯҳи шахсон шомил намебошанд ва дар чунин бозори моли муқоисашаванда мавқеи ҳукмфармо надоранд, пасттар мебошад;
16) нархи беасоси баланд ва пасти хизматрасонии молиявӣ – нархи хизматрасонии молиявии муқарраркардаи субъекти хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармо, ки аз нархи дар шароити рақобат амалкунанда дар бозори хизматрасонии молиявӣ фарқият дошта, барои ба бозор ворид гардидани ташкилотҳои дигари молиявӣ маҳдудият эҷод менамояд ва (ё) ба вазъи рақобат дар бозори мол таъсири манфӣ мерасонад;
17) нархи рақобатноки хизматрасонии молиявӣ – нархе, ки тибқи он дар шароити рақобат мумкин аст хизматрасонии молиявӣ расонда шавад;
18) рақобат – мусобиқаи озоди субъектҳои хоҷагидор, ки дар он амали мустақилонаи ҳар яки онҳо имконияти таъсиррасонии яктарафаи ҳар кадоми онҳоро ба шароитҳои умумии муомилоти мол дар бозори мол (кор, хизматрасонӣ)-и дахлдор маҳдуд менамояд;
19) рақобати бевиҷдонона – ҳама гуна амали субъектҳои хоҷагидор, ки барои ба даст овардани афзалият дар фаъолияти соҳибкорӣ равона шудааст ва хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ба субъектҳои дигари хоҷагидор - рақибон зарар расондааст ё метавонад расонад ва ё ба обрӯи кории онҳо зиён расондааст ё метавонад расонад;
20) созишнома – ҳама гуна созиш, тафоҳум ё амали мувофиқашуда дар шакли хаттӣ, шифоҳӣ ё электронӣ, ки миёни ду ё зиёда тарафҳо баста шудаанд ва метавонанд ба рақобат таъсир расонанд;
21) созишномаи уфуқӣ (картел) – созиш байни субъектҳои хоҷагидори бо ҳам рақобаткунанда, ки дар як бозор фаъолият менамоянд ва ба маҳдудкунии рақобат равона карда шудааст;
22) созишномаи амудӣ – созишнома байни субъектҳои хоҷагидор, ки яке аз онҳо молро ба даст меорад ва дигаре молро пешниҳод менамояд (мефурӯшад);
23) субъектҳои хоҷагидор – шахсони ҳуқуқӣ (новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ), аз ҷумла филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки фаъолияти соҳибкориро амалӣ менамоянд;
24) субъекти хоҷагидори ягона – якчанд шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахсони хориҷӣ, иттиҳодияҳои онҳо, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, ки ташкилоти ягонаи иборат аз унсурҳои шахсӣ, моддӣ ва ғайримоддиро ташкил медиҳанд ва ба таври дарозмуддат мақсади мушаххаси иқтисодиро пайгирӣ карда, метавонанд ба содир шудани қонунвайронкунӣ мусоидат намоянд;
25) таҳлили иқтисодӣ – таҳлили бозори дахлдор бо мақсади муайян кардани вазъи рақобат, аз ҷумла шароити маҳдудкунанда ва таъсироте, ки рушди рақобатро мусоид месозад;
26) ташкилотҳои молиявӣ – шахсони ҳуқуқие, ки хизматрасонии молиявиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд;
27) фаъолияти зиддирақобатӣ – суиистифодаи субъекти хоҷагидор (субъекти бозор), гурӯҳи шахсон аз мавқеи ҳукмфармо ва таъсиррасон, созиш ё иҷрои амалҳои мувофиқашуда, ки мувофиқи Қонуни мазкур манъ карда шудаанд;
28) фаъолияти иқтисодӣ – ҳама гуна фаъолияте, ки ба пешниҳоди мол ё хизматрасонӣ дар бозор алоқаманд аст, новобаста ба он ки он барои ба даст овардани фоида ё мақоми ҳуқуқии шахси ҳуқуқӣ равона шудааст;
29) хизматрасонии молиявӣ – хизматрасонии бонкӣ, суғуртавӣ дар бозори коғазҳои қиматнок, лизингӣ, клирингӣ, ломбард, инчунин хизматрасоние, ки бо ҷалб ва ҷойгиркунии маблағҳои пулии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ алоқаманд мебошанд;
30) ҳамоҳангсозии фаъолияти иқтисодӣ – мувофиқаи амалҳои субъектҳои хоҷагидор аз тарафи шахси сеюм, ки ба ягон гурӯҳи шахсони дорои чунин субъектҳои хоҷагидор дохил намешавад;
31) шартҳои табъизӣ– шартҳои ворид шудан ба бозори мол, иваз кардан, истеъмол намудан, ба даст овардан, истеҳсол, фурӯш ва интиқоли моле, ки як ё якчанд субъектҳои хоҷагидорро дар муқоиса бо як ё якчанд субъектҳои хоҷагидори дигар дар мавқеи нобаробар мегузорад.
Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур нисбат ба муносибатҳое татбиқ мегардад, ки ба ҳимояи рақобат, аз ҷумла огоҳкунӣ, маҳдудкунӣ ва пешгирии фаъолия­ти зиддирақобатӣ ва рақобати бевиҷдонона дар бозорҳои мол, хизматрасонӣ ва молиявӣ равона гардидаанд. Дар ин муносибатҳо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ), шахсони хориҷӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои дигари давлатие, ки вазифаҳои онҳоро амалӣ менамоянд, инчунин фондҳои давлатии ғайрибуҷетӣ, ташкилотҳои молиявӣ ва Бонки миллии Тоҷикис­тон иштирок менамоянд.
2. Қонуни мазкур ба ҳама намуди амалҳо ва созишномаҳо (аҳдҳо)-и басташуда ва амалишаванда, ки ба рақобат таъсир мерасонанд ва аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, шахсони хориҷӣ, давлатӣ ва хусусӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, татбиқ мегардад.
3. Татбиқи Қонуни мазкур нисбат ба субъектҳои хоҷагидор, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва макони бақайдгирии онҳо, бо шартҳои якхела ва баробар амалӣ мегардад.
4. Қонуни мазкур нисбат ба созишномаҳое, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомот ва шахсони дар қисми 1 моддаи мазкур зикршуда, инчунин нисбат ба амалҳои аз ҷониби онҳо анҷомдодашуда, агар чунин созишномаҳо ва амалҳо боиси маҳдуд кардани рақобат дар бозорҳои мол, хизматрасонӣ ва молиявӣ шаванд, татбиқ мегардад.
5. Қонуни мазкур нисбат ба муносибатҳои вобаста ба истифодаи объектҳое, ки дорои ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ мебошанд, паҳн намегардад, ба истиснои ҳолатҳое, ки созишномаҳо (аҳдҳо) ва бақайдгирии истифодаи онҳо ба маҳдудкунии рақобат нигаронида шудаанд.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи рақобат
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи рақобат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
БОБИ 2.
ФАЪОЛИЯТИ ЗИДДИРАҚОБАТӢ ВА РАҚОБАТИ БЕВИҶДОНОНА
Моддаи 4. Фаъолияти зиддирақобатӣ
Ба фаъолияти зиддирақобатӣ мансубанд:
1) созишнома ва амалҳои мувофиқашудаи зиддирақобатии субъект­ҳои хоҷагидор дар бозори мол;
2) суиистифодаи субъектҳои хоҷагидор аз мавқеи ҳукмфармо ва таъсиррасон дар бозори мол.
Моддаи 5. Намудҳои созишномаҳои зиддирақобатӣ ва амалҳои мувофиқашудаи субъектҳои хоҷагидор
Ба созишномаҳои зиддирақобатӣ байни субъектҳои хоҷагидор ва амалҳои мувофиқашуда мансубанд:
1) созишномаҳои зиддирақобатӣ ва амалҳои мувофиқашудаи субъектҳои хоҷагидори бо ҳам рақобаткунанда ва ё рақобаткунандагони эҳтимолӣ дар як бозори мол (бозорҳои уфуқӣ);
2) созишномаҳои зиддирақобатӣ ва амалҳои мувофиқашудаи субъектҳои хоҷагидори бо ҳам рақобатнадоштае, ки яке аз онҳо харидори мол ё харидори эҳтимолии мол бошад, молро пешниҳод кунад ё таҳвилгари эҳтимолӣ ва фурӯшандаи эҳтимолии мол маҳсуб ёбад (бозорҳои амудӣ).
Моддаи 6. Созишномаҳои уфуқӣ байни субъектҳои хоҷагидор, ки рақобатро маҳдуд мекунанд
1. Созишномаҳои уфуқӣ амалҳои мувофиқашудаи байни субъект­ҳои хоҷагидор дар як бозор, ки мақсади онҳо маҳдудият, пешгирӣ ё таҳриф кардани рақобат буда, беэътибор ва татбиқнашаванда ҳисобида мешаванд, аз ҷумла:
1) муайян ё муқаррар кардани нархҳо, тахфифҳо, пардохтҳои иловагӣ, иловапулӣ, хароҷот, фоида ё дигар шартҳои иқтисодӣ;
2) дасткорӣ (манипулятсия) кардани савдо бо роҳи интихоби пешакии ғолиб (маслиҳат дар савдо) ё иштирок дар маслиҳат тавассути ҳамоҳангсозии савдо, ки боиси баланд, паст шудан ё нигоҳ доштани нархҳо дар музояда мегардад;
3) тақсими бозор аз рӯйи нишонаи ҷуғрофӣ, намуди истеъмолкунанда ё номгӯйи маҳсулот;
4) маҳдуд кардани истеҳсолот, тақсими квотаҳо миёни шахсони ҳуқуқӣ - иштирокдорони бозори дахлдор, рушди техникӣ ё сармоягузорӣ.
2. Созишномаҳои уфуқӣ ва амалҳои мувофиқашудаи шахсони ҳуқуқӣ ё ассотсиатсияҳо метавонанд манъ карда шаванд, агар натиҷаи онҳо ба маҳдуд кардан, қатъ намудан ё таҳрифи рақобат бошад, аз ҷумла:
1) мубодилаи иттилооте, ки боиси маҳдудкунии рақобат мегардад, ба монанди маҳдудкунӣ ё манъ кардани дастрасӣ ба бозор;
2) фароҳам овардани шароит барои узвият (иштирок) дар иттиҳодия­ҳое, ки боиси манъ, маҳдуд кардан ва аз байн бурдани рақобат мегарданд ё боиси ба вуҷуд овардани он мешаванд.
3. Маҳдудкунӣ бе зарурати таҳлили таъсири воқеии он дар бозор ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад. Дар ҳолатҳои истисноӣ маҳдудиятҳои мақсаднок метавонанд бо дар назар доштани бехатарии ҷамъиятӣ, саломатии аҳолӣ ё мақсадҳои қонунии дигар асоснок карда шаванд.
4. Маҳдудиятҳои таъсиррасонии эҳтимолӣ боиси маҳдуд кардани рақобат намегарданд, агар саҳми умумии иштирокдорони созиш дар бозор аз 15 дарсад зиёд набошад.
5. Маҳдудиятҳои таъсиррасонӣ аз рӯйи натиҷаи нишон додани таъсири воқеӣ ё эҳтимолии зиддирақобатӣ талаб карда мешаванд. Амалҳои таъсиррасонии манфӣ ба рақобат бояд бо назардошти омилҳои зерин ба мувозинат оварда шаванд:
1) созишнома имкони баланд бардоштани самаранокӣ (беҳтар кардани тақсимоти молҳо, пешрафти техникӣ ё иқтисодӣ), ҷорӣ намудани навоварӣ ё саҳмгузорӣ дар иқтисодиёти аз ҷиҳати технологӣ устуворро медиҳад;
2) созишнома имкон медиҳад, ки тарафҳо қисме аз даромадро тақсим намоянд;
3) созишнома ҷиҳати ноил шудан ба мақсадҳое, ки зарур нестанд, маҳдудият муқаррар намекунад;
4) созишнома рақобатро маҳдуд намекунад ва барои аз байн бурдани он дар бозорҳои баррасишавандаи мол ё хизматрасонӣ имконият фароҳам намеорад.
6. Муқаррароти моддаи мазкур нисбат ба субъектҳои хоҷагидоре, ки ба як гурӯҳи шахсон дохил мешаванд, татбиқ намегарданд, агар яке аз ин субъектҳо назорати фаъолияти субъекти дигари хоҷагидорро амалӣ намояд.
Моддаи 7. Созишномаҳои амудӣ байни субъектҳои хоҷагидор, ки рақобатро маҳдуд мекунанд
1. Созишномаҳои амудӣ ва амалҳои мувофиқашудаи байни шахсони ҳуқуқӣ ва ё ассотсиатсияҳо, инчунин субъектҳои хоҷагидор дар сатҳҳои гуногуни занҷираи таъминот манъ аст, агар мақсади онҳо маҳдудкунӣ, манъ ё таҳриф кардани рақобат бошад, аз ҷумла:
1) аз ҷониби фурӯшанда маҳдуд намудани имконияти харидор барои муайян кардани нархи фурӯши такрорӣ тавассути муқаррар кардани нархи ниҳоӣ ё нархи бақайдгирифташудаи фурӯш;
2) маҳдуд кардани ҳудуде, ки харидор метавонад маҳсулоти худро фурӯшад, ё доираи муштариёне, ки харидор метавонад маҳсулоти худ­ро ба онҳо пешниҳод намояд;
3) маҳдуд кардани макони паҳнкунанда;
4) маҳдуд намудани таъминоти байниҳамдигарӣ миёни иштирокдорони низоми тақсимоти интихобӣ, ки дар сатҳҳои якхела ё гуногуни тиҷорат фаъолият мекунанд;
5) маҳдуд кардани фурӯши фаъол ва ғайрифаъол тавассути савдои электронӣ, аз ҷумла реклама (онлайн);
6) маҳдуд кардани қобилияти харидор барои фурӯши фаъол ё ғайрифаъоли ҷузъҳои барои мақсадҳои ҳамгироӣ таъминшуда ба муштариёне, ки онҳоро барои истеҳсоли молҳои аз ҷониби таъминкунанда истеҳсолшаванда истифода мебаранд;
7) маҳдуд намудани қобилияти таъминкунанда барои фурӯши молҳо ҳамчун қисмҳои эҳтиётӣ ба истифодабарандагони ниҳоӣ ё корхонаҳои таъмиркунанда, фурӯшандагони яклухт ё таъминкунандаҳои хизматрасонии дигар, ки харидор барои таъмир ё хизматрасонии молҳои худ супориш надодааст.
2. Созишномаҳои амудӣ ва амалҳои мувофиқашуда миёни шахсони ҳуқуқӣ ё ассотсиатсияҳо метавонанд манъ карда шаванд, агар натиҷаи созишнома боиси маҳдуд кардан, пешгирӣ ё таҳриф намудани рақобат гардад, аз ҷумла мубодилаи иттилоот ва ғайра бошад.
3. Агар ҳиссаи таъминкунанда ва харидор дар бозор аз арзиши ҳадди 20 дарсад зиёд набошад ва созишнома байни онҳо маҳдудиятро ба вуҷуд наорад, он гоҳ созишномаи мазкур рақобатро маҳдудкунанда ва ё таҳрифкунанда ҳисобида намешавад.
4. Таъсири манфии созишнома аз ҷиҳати мақсад ва натиҷа ба рақобат метавонад бо назардошти омилҳое, ки дар қисми 5 моддаи 6 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, асоснок (собит) карда шавад.
Моддаи 8. Мавқеи ҳукмфармоӣ
1. Мавқеи ҳукмфармоӣ дар сурате эътироф карда мешавад, ки дар он як субъекти хоҷагидор (ё якчанд субъектҳои хоҷагидор) дар бозори дахлдор саҳми назаррас дорад ва имкон медиҳад, ки то дараҷае аз рақибон, муштариён ва истеъмолкунандагон мустақилона амал кунад.
2. Мавқеи субъекти хоҷагидор дар ҳолате ҳукмфармо ҳисобида мешавад, агар:
1) ҳиссаи он дар бозори дахлдор аз 40 дарсад зиёд бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки субъекти хоҷагидор сарфи назар аз баланд будани андозаи нишондод мавқеи ҳукмфармо надоштани худро дар бозор исбот карда тавонад;
2) ҳиссаи он дар бозори дахлдор аз 40 дарсад камро ташкил диҳад, агар ин аз ҷониби мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ тибқи санадҳои меъё­рии ҳуқуқӣ, аз рӯйи ҳиссаи бетағйири субъекти хоҷагидор дар бозор нисбат ба андозаи нисбии ҳиссаи дар бозор ба рақибон тааллуқдош­та ва (ё) имконияти ба ин бозор ворид гардидани рақибони нав ё меъёрҳои дигари тавсифкунандаи бозори мол муқаррар гардида бошад.
3. Мавқеи субъекти хоҷагидор дар ҳолате ҳукмфармо эътироф намегардад, агар ҳиссаи он дар бозори дахлдор аз 15 дарсад зиёд набошад.
4. Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ барои муайян намудани мавқеи ҳукмфармои субъекти хоҷагидор омилҳои зеринро ба инобат мегирад:
1) имконияти муайян кардани нархро ба таври яктарафа ё зоҳир намудани амали мустақилонаро дар бозори дахлдор дорад;
2) мавқеи назаррас дар бозор, миқёси фаъолияти иқтисодӣ ва даст­расӣ ба захираҳо нисбат ба рақибон дар бозор, аз ҷумла ба он дараҷае, ки ӯ амалиётро дар сатҳҳои гуногуни занҷираи таъминот анҷом медиҳад;
3) мушкилоти дастрасӣ дар бозори дахлдор барои иштирокдорони нав ё рақибони мавҷуда аз ҳисоби маҳдудиятҳои иқтисодӣ, технологӣ, маъмурӣ ё монеаҳои дигар барои воридшавӣ ва васеъшавӣ;
4) маҳдудият ё вуҷуд надоштани қобилияти ҷубронкунандаи харидор, ки метавонад ба боздоштани мавқеи ҳукмфармоии субъект оварда расонад;
5) маҳсулоте, ки аз ҷониби субъекти хоҷагидор фурӯхта ё харида шудааст, наметавонад бо маҳсулоти дигар иваз карда шавад;
6) тағйирёбии нархҳо ба коҳиши фаврӣ ё тағйирёбии талабот ба мол оварда намерасонад.
5. Мавқеи яке аз субъектҳои хоҷагидор (ба истиснои ташкилотҳои молиявӣ) ҳукмфармо ҳисобида мешавад, агар:
1) маҷмуи ҳиссаи на бештар аз се субъектҳои хоҷагидор, ки ҳиссаи онҳо аз ҳиссаи субъектҳои хоҷагидори дигар дар бозори мазкур аз 50 дарсад зиёдтар бошад. Агар ҳиссаи яке аз субъектҳои хоҷагидори зикршуда аз 5 дарсад камтар бошад, меъёри мазкур татбиқ намегардад;
2) маҷмуи ҳиссаи на бештар аз панҷ субъектҳои хоҷагидор, ки ҳиссаи онҳо аз ҳиссаи субъектҳои хоҷагидори дигар дар бозори мазкур аз 70 дарсад зиёдтар бошад. Агар ҳиссаи яке аз субъектҳои хоҷагидори зикршуда аз 5 дарсад камтар бошад, меъёри мазкур татбиқ намегардад.
6. Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ барои муқаррар кардани далели мавқеи ҳукмфармои коллективӣ омилҳои зеринро ба инобат мегирад:
1) мавҷудияти робитаҳои иқтисодӣ ё омилҳое, ки вобастагии байни субъектҳои хоҷагидори манфиатдорро муайян мекунанд ва ба онҳо имкон медиҳанд, ки аз рақибон, муштариён ва истеъмолкунандагон мус­тақилона амал кунанд, аз ҷумла ихтиёрдории саҳмияҳои муттақобила, иштирок дар корхонаҳои муштарак ё идоракунии муштарак;
2) мавҷудияти омилҳо дар бозор ё сохторҳои дигари ба ҳам алоқаманд, ки ба пешбурди амалҳои ягонаи мувофиқашуда аз ҷониби субъектҳои хоҷагидори дахлдор мусоидат менамоянд;
3) мавҷудияти таҳдиди воқеии истифодаи механизми маҳдудсозӣ - қобилияти ҳамоҳангсозии пинҳонии байни субъектҳои хоҷагидоре, ки метавонанд ба шароити ҳамоҳангсозӣ ноил шаванд, риояи шартҳои ҳамоҳангсозиро назорат баранд.
7. Тартиби эътирофи мавқеи ҳукфармои субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори хизматрасонии молиявӣ фаъолият мекунанд, аз ҷониби мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия ва Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
8. Мавқеи ташкилоти молиявӣ дар ҳолате ҳукмфармо ҳисобида мешавад, агар:
1) ҳиссаи ташкилоти молиявӣ дар бозори молиявӣ 40 дарсад ё бештар аз онро ташкил диҳад;
2) маҷмуи ҳиссаи на бештар аз ду ташкилоти молиявӣ, ки дар бозори хизматрасонии молиявӣ ҳиссаи бештари бозорро доранд, аз 50 дарсад ва бештар аз онро ташкил диҳад;
3) маҷмуи ҳиссаи на бештар аз се ташкилоти молиявӣ, ки дар бозори хизматрасонии молиявӣ ҳиссаи бештари бозорро доранд, аз 70 дарсад ва бештар аз онро ташкил диҳад.
9. Ҳангоми арзёбии мавқеи ҳукмфармоии ташкилоти молиявӣ мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ омилҳои дар қисми 6 моддаи мазкур дарҷгардида, ки мавқеи ҳукмфармои коллективиро муқаррар менамоянд, ба назар мегирад.
10. Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ мавқеи ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидорро дар асоси таҳлил ва арзёбии бозори дахлдор муайян мекунад. Ҳангоми гузарондани таҳлил аз ҷониби мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳои молиявӣ ва иттиҳодияҳои ташкилотҳои молиявӣ маълумоти дастраси оммавӣ, таҳқиқотҳои маркетингӣ ва пурсишҳои иҷтимоии субъектҳои бозор истифода мешавад.
11. Мавқеи субъекти хоҷагидоре, ки субъекти инҳисороти табиӣ дар бозори дахлдор мебошад ва он бозор дар ҳолати инҳисороти табиӣ қарор дорад, ҳукмфармо эътироф мегардад.
Моддаи 9. Нархи баланди инҳисории мол
1. Нархи баланди инҳисории мол нархест, ки аз ҷониби субъекти хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармоӣ муқаррар шудааст, агар ин нарх аз маблағи хароҷот ва фоидаи барои истеҳсол ва фурӯши чунин мол зарурӣ, инчунин аз нархи дар шароити рақобат дар бозори моли муқоисашаванда муқаррарнамудаи субъектҳои хоҷагидоре, ки бо харидорон (фурӯшандаҳо)-и мол ба як гурӯҳи шахсон шомил нестанд ва дар бозори моли муқоисашаванда мавқеи ҳукмфармо надоранд, хеле баланд бошад.
2. Бо роҳи баланд бардоштани нархи қаблан муқарраршудаи мол, агар дар маҷмуъ шартҳои зерин татбиқ карда шаванд:
1) хароҷоти зарурӣ барои истеҳсол ва фурӯши мол бетағйир мондаанд ё тағйирёбии онҳо ба тағйирёбии нархи мол мувофиқат намекунад;
2) шартҳои муомилоти мол дар бозори мол, аз ҷумла, шартҳои ба танзими давлатӣ (андозбандӣ, тарифҳои гумрукӣ) вобастабуда, ­бетағйир мондаанд ва ё тағйирёбии онҳо ба тағйирёбии нархи мол номутаносиб аст;
3. Бо роҳи нигоҳ доштан ё паст накардани нархи қаблан муқарраршудаи мол, агар дар маҷмуъ шартҳои зерин татбиқ карда шаванд:
1) хароҷоти зарурӣ барои истеҳсол ва фурӯши мол ба таври назаррас коҳиш ёфтаанд;
2) шартҳои муомилоти мол дар бозори мол, аз ҷумла шартҳое, ки ба танзими давлатӣ (андозбандӣ, тарифҳои гумрукӣ) вобастаанд, шароити коҳишёбии нархи молро фароҳам меорад.
4. Нархи моле (кор, хизматрасонӣ), ки субъекти инҳисороти табиӣ дар ҳудудҳои тарифӣ ба чунин мол муайяннамудаи мақомоти танзимкунандаи инҳисороти табиӣ муқаррар кардааст, нархи баланди инҳисорӣ эътироф намегардад.
5. Нархи мол дар ҳолати зиёд набудан аз нархе, ки дар шароити рақобат дар бозори молии муқоисашаванда ташаккул ёфтааст, нархи баланди инҳисорӣ эътироф карда намешавад.
Моддаи 10. Нархи пасти инҳисории мол
1. Нархи пасти инҳисории мол нархест, ки аз ҷониби субъекти хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармоӣ муқаррар шудааст, агар ин нарх аз маблағи хароҷоти зарурӣ ва фоида барои истеҳсол ва фурӯши чунин мол паст бошад, инчунин аз нархи дар шароити рақобат дар бозори моли муқоисашаванда муқаррарнамудаи субъектҳои хоҷагидоре, ки бо харидорон (фурӯшандаҳо)-и мол ба як гурӯҳи шахсон шомил нестанд ва дар бозори моли муқоисашаванда мавқеи ҳукмфармо надоранд, паст бошад.
2. Бо роҳи паст намудани нархи қаблан муқарраршудаи мол, агар дар маҷмуъ шартҳои зерин татбиқ карда шаванд:
1) хароҷоти зарурӣ барои истеҳсол ва фурӯши мол бетағйир мондаанд ё тағйирёбии онҳо ба тағйирёбии нархи мол мувофиқат намекунад;
2) шартҳои муомилоти мол дар бозори мол, аз ҷумла шартҳое, ки ба танзими давлатӣ (андозбандӣ, тарифҳои гумрукӣ) вобастаанд, ­бетағйир мондаанд ё тағйирёбии онҳо ба тағйирёбии нархи мол номутаносиб аст.
3. Бо роҳи нигоҳ доштан ё баланд набардоштани нархи қаблан муқарраршудаи мол, агар дар маҷмуъ шартҳои зерин татбиқ карда шаванд:
1) хароҷоти зарурӣ барои истеҳсол ва фурӯши мол ба таври назаррас афзоиш ёфтаанд;
2) шартҳои муомилоти мол дар бозори мол, аз ҷумла шартҳое, ки ба танзими давлатӣ (андозбандӣ, тарифҳои гумрукӣ) вобастаанд, шароити афзоишёбии нархи молро фароҳам меорад.
4. Нархи мол дар ҳолатҳои зерин нархи пасти инҳисорӣ эътироф карда намешавад, агар:
1) он аз ҷониби субъекти инҳисороти табиӣ дар ҳудудҳои тарифи ба чунин мол муайяннамудаи мақомоти танзимкунандаи инҳисороти табиӣ муқаррар шуда бошад;
2) он аз нархе, ки дар шароити рақобат дар бозори молии муқоисашаванда ташаккул ёфтааст, паст набошад;
3) нархе, ки муқаррар намудани он боиси маҳдудкунии рақобат ва кам гардидани шумораи фурӯшандаҳо ва (ё) харидорони моли ба як гурӯҳи шахсони субъектҳои хоҷагидор дар бозори моли муайян дохилнабуда, гардидааст ва ё гардида метавонад.
Моддаи 11. Суиистифодаи субъектҳои хоҷагидор аз мавқеи ҳукмфармоӣ дар бозори мол (кор, хизматрасонӣ)
1. Амал (беамалӣ)-и субъектҳои хоҷагидор (гурӯҳи шахсон), ки натиҷаи он боиси роҳ надодан, маҳдуд сохтан, барҳам додани рақобат ва (ё) халалдор намудани манфиати субъекти дигари хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) гардидаанд ё мегарданд, манъ аст.
2. Ба суиистифода аз мавқеи ҳукмфармоӣ амалҳои зерин дохил мешаванд:
1) муқаррар намудан ва нигоҳ доштани нархҳои баланди инҳисорӣ;
2) талаб ё водор кардани таъминкунанда ва харидор барои ҳамкорӣ накардан бо рақиб (дилери истисноӣ);
3) талаб кардани фурӯши маҳсулот бо маҳсулоти дигар (бастабандӣ) ё пешниҳоди шарт барои хариди маҳсулоти дигар (марбут), ё ҳадди ақал талаби дастрас наркардани он аз рақиб;
4) эҷоди монеаҳо, рад кардани дастрасӣ ба бозор ё душвор гардондани дастрасӣ ба объектҳои аввалиндараҷа барои субъектҳои дигари хоҷагидорӣ;
5) маҳдудияти истеҳсолот, рушди техникӣ ё бозпас гирифтани мол аз муомилот бар зарари истеъмолкунандагон;
6) маҷбуркунии қабули шартҳои ноодилона ё табъиз ба тарафҳо дар шартнома, ки онҳо дар муқоиса бо амалиётҳои монанд бо шарикони дигари тиҷоратӣ номувофиқ мебошанд;
7) маҷбуркунии қабули шартҳои шартнома ба тарафҳо, ки ба хусусият ё мавзуи шартнома ва амалияи тиҷоратӣ алоқаманд нестанд;
8) муқаррар ва нигоҳ доштани нархҳои пасти инҳисорӣ барои бартараф намудани субъектҳои хоҷагидори рақобатпазир;
9) беасос рад кардан аз таъминот ё иҷрои шартҳои шартнома дар сурати мавҷуд будани асоснокии иқтисодӣ;
10) аз муомилот гирифтани молҳое, ки мақсад ва натиҷааш ташкил ё дастгирӣ намудани камчинӣ дар бозор ва баланд бардоштани нарх мебошад;
11) ба харидорони ҳамон як мол муқаррар намудани нархҳо (тарифҳо)-и гуногуне, ки аз нигоҳи иқтисодӣ, техникӣ ва тарзи дигар беасос мебошанд;
12) бе огоҳкунии пешакӣ (пешниҳоди иттилоот)-и мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ ҷорӣ намудани нархҳо (тарифҳо) ва даровардани тағйи­роти дахлдор ба онҳо.
3. Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ оқибатҳои зиддирақобатии суи­истифодаи субъектҳои хоҷагидорро аз мавқеи ҳукмфармоидошта, ки ба рушди рақобат, аз ҷумла, коҳишёбии нархҳо, беҳтар шудани сифати маҳсулот, афзоиши навоварӣ ё баланд бардоштани самаранокии бозор таъсир мерасонад, муайян мекунад. Тартиби арзёбии таъсироти байни созишномаҳои ба рушди рақобат таъсиркунанда ва зиддирақобатӣ аз ҷониби мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 12. Гурӯҳи шахсон
1. Гурӯҳи шахсон дар ҳолате маҷмуи шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқие эътироф мешаванд, агар онҳо ба як ё якчанд аломатҳои зерин мутобиқ бошанд:
1) шахс ё якчанд шахс якҷоя дар натиҷаи созиш (амали мувофиқашуда) ҳуқуқ доранд мустақим ва ғайримустақим (аз ҷумла дар асоси шартномаҳои хариду фурӯш, идоракунии ба боварӣ асосёфта, фаъолияти якҷоя, супориш ё бастани аҳдҳои дигар) зиёда аз 50 дарсади шумораи умумии овозҳоро, ки ба саҳмияҳо ва ҳиссаҳои овозҳо мувофиқ меоянд ва сармояи оинномавӣ (шарикона)-и шахсони ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ихтиёрдорӣ намоянд. Ҳамзамон, овозҳои шахси ҳуқуқӣ, имконияти ихтиёрдории воқеии ӯ ба воситаи шахсони сеюм, ки нисбат ба онҳо шахси якум ҳамаи он ҳуқуқу ваколатҳои дар боло зикргардидаро дорад, ихтиёрдории ғайримустақим ҳисобида мешавад;
2) як ё якчанд шахс дар асоси шартнома ё бо роҳи дигар имконият пайдо мекунанд, ки қарори қабулшавандаи шахси дигар ё шахсонро, аз ҷумла шартҳои аз тарафи дигар шахс ё шахсон амалӣ гардидани фаъолияти соҳибкориро муайян намоянд, ё ин ки ваколатҳои дигари мақомоти иҷроияи дигар шахс ё шахсонро иҷро намоянд;
3) шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқ дорад мақомоти иҷроияи ягона ё зиёда аз 50 дарсад ҳайати мақомоти иҷроияи дастаҷамъӣ, ё бо пешниҳоди ӯ зиёда аз 50 дарсад ҳайати шурои директорон (шурои сарпарастон), ё мақомоти дигари идоракунии дастаҷамъии шахси ҳуқуқиро таъин намояд;
4) шахси воқеӣ метавонад ваколати мақомоти ягонаи иҷроияи шахси ҳуқуқиро иҷро намояд;
5) худи ҳамон шахсони воқеӣ, ҳамсарони онҳо, падарону модарон, фарзандон, бародарону хоҳарони онҳо ё шахсонеро, ки ҳамон шахси ҳуқуқӣ пешниҳод кардааст, зиёда аз 50 дарсади ҳайати мақомоти иҷроияи дастаҷамъӣ ё шурои директорон (шурои сарпарастон) ё мақомоти дигари идоракунии дастаҷамъии ду ва зиёда шахсони ҳуқуқиро ташкил диҳанд. Мақомоти идоракунии дастаҷамъии ду ва зиёда шахсони ҳуқуқӣ инчунин мақомоте мебошад, ки бо пешниҳоди ҳамон шахсони ҳуқуқӣ зиёда аз 50 дарсади ҳайати шурои директорон (шурои сарпарастон) ё мақомоти дигари идоракунии дастаҷамъӣ интихоб мешавад;
6) худи ҳамон шахсони воқеӣ, ҳамсарони онҳо, падарону модарон, фарзандон, бародарону хоҳарони онҳо ё шахсони ҳуқуқӣ метавонанд мустақилона ё ба воситаи намояндаҳо (вакилон) дар маҷмуъ зиёда аз 50 дарсади овозҳоеро, ки ба саҳмияҳо ва ҳиссаҳо мувофиқанд, сармояи оинномавӣ (шарикона)-и ҳар кадом аз ду ва зиёда шахсони ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ихтиёрдорӣ намоянд;
7) шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ мустақилона ё ба воситаи намояндаҳо (вакилон) дар маҷмуъ зиёда аз 50 дарсади овозҳоеро, ки ба саҳмияҳо ва ҳиссаҳо мувофиқанд ва сармояи оинномавӣ (шарикона)-и шахси ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ҳуқуқи ихтиёрдорӣ доранд ва худи ҳамон шахсони воқеӣ ҳамсарони онҳо, падарону модарон, фарзандон, бародарону хоҳарони онҳоро ҳамон як шахси ҳуқуқӣ пешниҳод кардааст, зиёда аз панҷоҳ дарсад ҳайати мақомоти иҷроияи дастаҷамъӣ ё шурои директорон (шурои сарпарастон) ё мақомоти дигари идоракунии дастаҷамъии шахси дигари ҳуқуқиро ташкил диҳанд.
2. Барои арзёбии назорат омилҳои робитаҳои иқтисодӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқии байни шахсони ҳуқуқӣ ба инобат гирифта мешаванд хусусан:
1) ҳуқуқи мустақим ё ғайримустақим таъин кардани беш аз 50 дарсади аъзои шурои директорон;
2) имконияти вето гузоштан ба қарорҳои стратегӣ, аз ҷумла оид ба масъалаҳои нархгузорӣ, истеҳсол, тақсимот ва фурӯш;
3) мавҷудият ё имконияти таъин намудани шахсе, ки вазифаҳои мақоми ягонаи иҷроияи субъекти хоҷагидориро амалӣ мекунад;
4) мавҷудияти бастаи саҳмияҳои калони ақаллият (миноритарӣ), вақте ки саҳмияҳои боқимонда васеъ тақсим шудаанд;
5) мавҷудияти робитаҳои молиявӣ, аз ҷумла шартномаҳои дарозмуддати таъминот ё қарзӣ, ки вазъияти вобастагии иқтисодиро ба вуҷуд меоранд;
6) зиёда аз 35 дарсади мақоми роҳбарикунандаи коллегиалӣ аъзои оилаи соҳиби ниҳоии ташкилот, аз ҷумла, ҳамсарон, волидон, фарзандон ва бародарону хоҳаронро ташкил медиҳад;
7) ҳуқуқи амалӣ кардани таъсири ҳалкунанда ба шахси ҳуқуқӣ ё субъекти хоҷагидор ҳам тавассути шартнома ва ҳам дар асл;
8) ҳуқуқи ихтиёрдории ҳама ё қисми дороиҳои шахси ҳуқуқӣ ё ташкилот;
9) тақсимоти муштараки уҳдадориҳои молиявӣ ё кафолати онҳо.
3. Дар Қонуни мазкур гурӯҳи шахсон ҳамчун субъекти ягонаи хоҷагидор ҳисобида мешаванд.
Моддаи 13. Санад ва амалҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки ба маҳдудкунии рақобат равона гардидаанд
1. Ба мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот қабул намудани санад ё ба анҷом расондани амалҳое, ки мустақилияти субъектҳои хоҷагидорро маҳдуд месозанд, шароити табъизӣ ё баръакс, имконияти мусоидро барои фаъолияти субъектҳои хоҷагидори алоҳида фароҳам меоранд, манъ аст. Агар натиҷаи ин санад ва амалиёт боиси роҳ надодан, бартараф намудан ва маҳдудшавии рақобат, халалдор намудани манфиатҳои субъектҳои хоҷагидор ё шаҳрвандон гардидааст ё метавонад гардад. Аз ҷумла, амалҳои зерин манъ карда мешаванд:
1) беасос ҷорӣ намудани маҳдудкунӣ ба таъсиси субъектҳои хоҷагидори нав дар ягон соҳаи фаъолият, инчунин манъ ё маҳдуд кардани иҷрои навъҳои алоҳидаи фаъолият ё истеҳсоли намудҳои муайяни мол, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;
2) манъ ё маҳдудкунии интиқоли озоди мол аз як минтақа ба минтақаи дигар ё маҳдуд намудани ҳуқуқи субъектҳои хоҷагидор барои хариду фурӯши мол;
3) ба субъектҳои хоҷагидор додани дастур ҷиҳати дар навбати аввал ба доираи муайяни харидорон (фармоишдиҳандагон) таҳвил намудани мол (кор, хизматрасонӣ) ё бастани шартномаҳо бе назардошти афзалиятҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд;
4) беасос ба як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор додани имтиёзҳое, ки онҳоро дар бозори мол нисбат ба субъектҳои дигари хоҷагидорӣ дар ҳолати афзалиятнок мегузорад;
5) муқаррар кардани маҳдудият барои харидорони мол (кор, хизмат­расонӣ) вобаста ба интихоби субъектҳои хоҷагидоре, ки молро истеҳсол (пешниҳод) мекунанд, ба истиснои ҳолатҳои ҷойгиркунии мол, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст;
6) муқаррар кардани маҳдудиятҳои беасос ба фаъолияти иқтисодии берунаи субъектҳои хоҷагидор;
7) берун аз муқаррароти амалкунандаи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани имтиёзҳои андозӣ ба субъектҳои хоҷагидор.
2. Санадҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба масъалаҳои таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии субъектҳои хоҷагидор бо тартиби муқарраргардида, инчунин додани имтиёз ба субъектҳои хоҷагидори алоҳида дар мувофиқа бо мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ, амалӣ карда мешаванд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
3. Муттаҳидшавии шахсони ҳуқуқӣ ва мақомоти давлатӣ бо мақсади инҳисор намудани истеҳсолот ё фурӯши мол, ба зиммаи мақомоти давлатии дахлдор гузоштани ваколатҳое, ки амалисозии онҳо боиси маҳдудкунии рақобат мегардад ва якҷоя кардани вазифаҳои мақомоти идоракунӣ бо вазифаҳои субъектҳои хоҷагидор, инчунин ба зиммаи субъектҳои хоҷагидор вогузоштани вазифа ва ҳуқуқҳои мақомоти назорати давлатӣ манъ аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
4. Дар ҳама гуна шакл бастани созишнома ё анҷом додани амали мувофиқашудаи мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳои ваколатдори мақомоти зикршуда байни худ ё байни онҳо ва субъектҳои хоҷагидор, ки дар натиҷаи он роҳ надодан, маҳдуд сох­тан ё бартараф намудани рақобат ё халалдор кардани манфиатҳои субъектҳои хоҷагидор ҷой дорад, ё ҷой дошта метавонад, манъ аст. Аз ҷумла, бастани созишнома ё анҷом додани амали мувофиқашуда, ки боиси натиҷаҳои зерин гардидааст ё мегардад, манъ аст:
1) баланд бардоштан, паст кардан ё тағйир надодани нархҳо (тарифҳо);
2) беасос муайян намудани сатҳи тағйирёбандаи гуногуни нархҳо барои харидорони мухталифе, ки ҳамон як молро ба даст меоранд;
3) тақсими бозор аз рӯйи принсипи ҳудудӣ, ҳаҷми фурӯш ё харид, номгӯйи молҳои фурӯшӣ ва ё аз рӯйи доираи фурӯшандагон ё харидорон (фармоишгарон);
4) маҳдуд сохтани дастрасӣ ба бозор ё аз он дур сохтани субъект­ҳои хоҷагидор.
Моддаи 14. Бозорҳои танзимшаванда
1. Бо мақсади ҳимояи рақобат ва пешгирии инҳисоркунонии бозори дахлдор танзими давлатӣ амалӣ карда мешавад. Ба низом даровардани нархгузорӣ дар бозори мол (кор, хизматрасонӣ)-и муайян бо роҳи танзими давлатии ҳимояи рақобат сурат мегирад.
2. Дар сурати афзоишёбӣ ва ё болоравии беасоси нархи мол (кор, хизматрасонӣ)-и муайян дар бозори дахлдор, нисбат ба онҳо танзим ва назорати давлатии ҳимояи рақобат татбиқ мегардад.
3. Назорати давлатӣ оид ба тартиби ташаккул ва татбиқи нарху тарифҳои озод ба молу маҳсулоти муайян аз ҷониби мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ амалӣ карда мешавад.
4. Дар сурати болоравии беасоси нарх ва камчинии молу маҳсулот, мудохилаи молӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар мувофиқа бо мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ амалӣ карда мешавад.
5. Номгӯйи молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон зери танзими давлатӣ қарор доранд, бо пешниҳоди мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 15. Намудҳои рақобати бевиҷдонона
1. Ба рақобати бевиҷдонона мансубанд:
1) паҳн намудани маълумоти бардурӯғ, носаҳеҳ ё таҳрифшуда, ки боиси расондани зарар ба субъектҳои дигари хоҷагидорӣ ё паст задани шаъну шараф ва обрӯйи кориашон мегарданд;
2) ба иштибоҳ андохтани истеъмолкунандагон оид ба хусусият, тарз, ҷойи истеҳсол ва хосиятҳои истеъмолӣ, сифатӣ ва миқдори мол ё истеҳсолкунандагони он, аз ҷумла рекламаи мол (кор, хизматрасонӣ), ки ба талаботи сифат ҷавобгӯй намебошад;
3) муқоисаи номуносиби молҳои истеҳсолшаванда ва фурӯхташавандаи субъекти хоҷагидор аз ҷониби ӯ бо молҳои субъектҳои дигари хоҷагидорӣ (аз ҷумла дар ҷараёни фаъолияти рекламавӣ);
4) гирифтан, истифода намудан ва ошкор сохтани иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ ва хизматӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда;
5) истифодаи худсаронаи тамғаҳои молӣ, тамғаи хизматрасонӣ, тамғаҳои молии маъруфшуда, номи фирмавӣ ё нишонгузорӣ, инчунин нусхабардории борҷома ва намуди зоҳирии моли субъекти дигари хоҷагидорӣ, ки метавонад рақибонро аз фаъолияти соҳибкориашон маҳрум созад ва ё манфиати онҳоро халалдор созад;
6) реклама, фурӯш, мубодила ва навъи дигари гардиши мол бо роҳи истифодаи тамғаҳои молӣ, кор ва хизматрасонӣ, номи фирмавӣ ё нишонгузорӣ, инчунин нусхабардории борҷома ва намуди зоҳирии моли субъектҳои хоҷагидор амалӣ мегарданд;
7) дахолат кардан ба фаъолияти соҳибкорӣ, додани имтиёзҳои гуногуни моддӣ ба кормандони субъектҳои хоҷагидори рақобаткунанда бо мақсади ба тарафи худ ҷалб намудани онҳо барои иҷро накардани уҳдадориҳои меҳнатӣ;
8) амале, ки воқеан метавонад дастрас будани бозорро маҳдуд созад.
2. Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ санадҳоро вобаста ба вайрон кардани муқаррароти моддаи мазкур дар хусуси инфиродикунонии маҳсулот, тамғаи молӣ, истифодаи тамғаи молии маъруфшуда, кор ва хизматрасонии иҷрошаванда ва пеш аз муҳлат қатъ намудани амали бақайдгирии объекти ҳуқуқҳои истисноӣ, ё оид ба беэътибор эътироф намудани бақайдгирии ин объект ба мақомоти дахлдори давлатӣ ирсол менамояд.
Моддаи 16. Рақобати бевиҷдонона бо роҳи ба иштибоҳ андохтани истеъмолкунандагон
1. Рақобати бевиҷдонона, ки ба соҳиб шудан ва истифодаи ҳуқуқҳои истисноӣ ба воситаҳои инфиродикунонии шахсони ҳуқуқӣ, мол, истифодаи тамғаҳои молии маъруфшуда, корҳои иҷрошаванда ё хизматрасонӣ алоқаманд аст, манъ мебошад, аз ҷумла нисбат ба чунин муносибатҳо:
1) сифат ва хусусиятҳои истеъмолии моли ба фурӯш пешниҳодгардида, тарз ва шароити истеҳсол ё истифода, натиҷаи истифода ва мутобиқати истифодаи он барои мақсадҳои муайян;
2) миқдори молу маҳсулоти барои фурӯш пешниҳодгардида, даст­расии чунин молу маҳсулот дар бозор, имконияти дар шароити муайян ба даст овардани он, андозаи воқеии талабот барои ҳамин навъи молу маҳсулот;
3) макони истеҳсоли молу маҳсулот, истеҳсолкунанда ва уҳдадориҳои кафолатӣ;
4) шартҳои фурӯши мол, аз ҷумла нарх.
2. Ба рақобати бевиҷдонона бо роҳи муқоисаи номуносиб бо рақибон дар ҳолатҳои зерин роҳ дода намешавад,:
1) муқоисаи номуносиби мол (кор, хизматрасонӣ) бо субъектҳои дигари хоҷагидори иштирокдорони бозор, истифодаи калимаҳои «беҳтарин», «якум», «ягона», «рақами якум», «аз ҳама», «танҳо» ва дигар калимаҳое (нишонаҳо), ки бартарии маҳсулотро бе нишон додани хусусиятҳои мушаххаси муқоиса ба вуҷуд оварда, тасдиқи мақсаднок доранд ё дар ҳолатҳое, ки калимаҳои нишондодашуда бардурӯғ, нодуруст ва таҳрифшуда ба ҳисоб раванд;
2) муқоиса бо субъектҳои дигари хоҷагидорӣ – рақиб ва (ё) моли он, ки аломатҳои мушаххаси муқоисавӣ дар он вуҷуд надоранд ё санҷиши воқеии натиҷаи муқоиса аз имкон берун аст;
3) муқоиса бо субъектҳои дигари хоҷагидорӣ – рақиб ва (ё) моли он, ки танҳо ба далелҳои ночиз ё муқоисанашаванда асос ёфта, ба фаъолияти субъекти хоҷагидор-рақиб ва ё моли он таъсири манфӣ дорад.
3. Рақобати бевиҷдонона бо роҳи мусоидат ба амалигардонӣ (беамалӣ)-и субъектҳои хоҷагидор, ки метавонад фаъолият ва ё мол (кору хизматрасонӣ)-и ҳаммонанди субъектҳои хоҷагидор – рақибони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муомилот қарордошта бошад, манъ аст, аз ҷумла:
1) истифодаи нишондод, ҳаммонандии тамғаи молӣ, номи фирмавӣ, макони истеҳсолӣ (воридотӣ)-и мол (кор, хизматрасонӣ)-и субъектҳои хоҷагидор – рақибон ё ҳаммонандӣ ба онҳо бо роҳи ҷой додан дар борчасп, борҷома ё ба тарзи дигар ба истифода додани моле, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муомилот қарор доранд, инчунин истифода дар шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ – интернет (домен ва дигар);
2) нусхабардории навъи берунии моли дар муомилот қарордошта, борҷомакунонӣ, нишонаи тиҷоратӣ, ҳаммонандии рангҳо, бренд, тарзи истифодаи борҷома ва воситаҳои дигари соҳибҳуқуқии инфиродӣ (витринаҳо, либос, ороиши марказҳои либос, дилхушӣ ва савдо (кору хизматрасонӣ).
4. Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ санадҳоро вобаста ба вайрон кардани муқаррароти моддаи мазкур дар хусуси инфиродикунонии маҳсулот, тамғаи молӣ, истифодаи тамғаи молии маъруфшуда, кор ва хизматрасонии иҷрошаванда ва пеш аз муҳлат қатъ намудани амали бақайдгирии объекти ҳуқуқҳои истисноӣ, ё оид ба беэътибор эътироф намудани бақайдгирии ин объект ба мақомоти дахлдори давлатӣ ирсол менамояд.
Моддаи 17. Талаботи зиддиинҳисорӣ оид ба гузарондани озмун барои ҷойгиркунии фармоишҳо ҷиҳати таҳвили мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ
1. Ҳангоми гузарондани озмун барои ҷойгиркунии фармоишҳо ҷиҳати таҳвили мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ ба амалҳои зерин иҷозат дода намешавад:
1) фароҳам овардани шароити афзалиятноки иштирок дар озмун, аз ҷумла дастрас намудани иттилооти махфӣ, кам кардани маблағи пардохт барои иштирокдорони алоҳидаи озмун;
2) иштироки ташкилкунандагон (фармоишгарон) ва кормандони онҳо дар озмун ё шахсоне, ки бо корманди ташкилкунандаи озмун шомили як гурӯҳи шахсон мебошанд, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки дар онҳо корманд – ташкилкунандаи озмун, ҳуқуқ дорад беш аз 20 дарсади шумораи умумии овозҳои дар саҳмияҳои овоздиҳӣ ба даст оварда, ё сармояи оинномавӣ (шарикона)-и шахси ҳуқуқиро ихтиёрдорӣ намояд;
3) аз ҷониби ташкилдиҳандаи озмун амалӣ кардани ҳамоҳангсозии фаъолияти иштирокдорони он, ки дар натиҷа маҳдудияти рақобат байни иштирокдорони озмун ё маҳдуд сохтани манфиати иштирокдорони он ба миён меоянд ё ҷой дошта метавонанд;
4) баланд бардоштан, паст кардан ё тағйир надодани нарх дар музоядаҳо ва савдо;
5) вайрон намудани тартиби муайян кардани ғолиб (ғолибон);
6) беасос маҳдуд сохтани дастрасии имконияти иштирок дар озмун.
2. Гузарондани озмун ва музоядаҳо ҷиҳати таҳвили мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ, бо мақсади пешгирии амалҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида дар мувофиқа бо мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ амалӣ карда мешаванд.
3. Вайронкунии талаботи муқаррарнамудаи қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур барои аз ҷониби суд беэътибор донистани озмун ва музояда, аз ҷумла бо даъвои мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ асос шуда метавонад.
Моддаи 18. Ёрии давлатӣ
1. Ёрии давлатӣ, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ бо истифода аз захираҳои давлатӣ ба таври интихобӣ ба ҳар як субъекти хоҷагидор, ки метавонад ба рақобат дар бозори дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ё як қисми он таъсир расонад, пешниҳод мегардад.
2. Ёрии давлатӣ метавонад ҳама гуна шаклҳои дастгирӣ, аз ҷумла имтиёзҳои андозиву гумрукӣ (дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон), субсидияҳо, грантҳо, кафолатҳои давлатӣ, қарзҳои имтиёзнок, ҳуқуқҳои истисноӣ, фурӯш ва иҷораи молу мулки давлатӣ бо нархҳои имтиёзнок, додани ҳуқуқи истифодаи захираҳои замин ва қаъри замин бо шартҳои имтиёзнок ё афзалиятҳо ва бартариҳои дигарро дар бар гирад. Барои мавҷуд будани ёрии давлатӣ зарур аст, ки он ба рақобат таъсири таҳрифкунанда дошта бошад ва ба савдо низ бетаъсир набошад.
3. Ҳангоми расондани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ оқибатҳои таъсири эҳтимолии он ба рақобатро арзёбӣ менамояд.
4. Агар талабот оид ба огоҳ ва тасдиқ намудан ба навъҳои муайяни ёрии давлатӣ, ки андозаи он аз ҳудудҳои иқтисодӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ нишон дода шудаанд, зиёд набошад, чунин ёрии давлатӣ, бе зарурати арзёбии иловагӣ мувофиқ ҳисобида мешавад.
5. Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ пешниҳоди ёрии давлатиро, ки рақобатро таҳриф мекунад ва ба савдо таъсир мерасонад, бо муқоисаи таъсири манфӣ ва мусбати он арзёбӣ мекунад. Мутобиқати ёрии давлатӣ омилҳоеро ба монанди зарурат, мутаносибӣ, таъсири ҳавасмандгардонӣ ва саҳмгузорӣ дар ноил шудан ба мақсадҳои умумӣ, аз ҷумла маҳдудияти корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию лоиҳакашӣ, ҳифзи муҳити зист ва устувории молиявиро ба назар мегирад. Принсипҳои мутобиқат дар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва дастурҳо муфассалтар баррасӣ мешаванд.
6. Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ бо мақсади таъмини шаффофият пешбурди феҳристи ёрии давлатиро анҷом медиҳад.
7. Расондани ёрии давлатӣ бе огоҳӣ ё то қабули қарор аз ҷониби мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ ёрии ғайриқонунии давлатӣ ҳисобида шуда, бо тартиби муқарраргардида ба мақоми пешниҳоднамудаи ёрӣ ҷуброн карда мешавад.
БОБИ 3.
МАҚОМИ ДАВЛАТИИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ
Моддаи 19. Вазифаҳои мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ
1. Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ барои пешбурди сиёсати рақобат дар соҳаи рушди бозор ва рақобат дар фаъолияти соҳибкорӣ мас­ъул буда, вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
1) мусоидат ба рақобати солим;
2) огоҳкунӣ, пешгирӣ, маҳдудкунӣ ва қатъ намудани фаъолияти зиддирақобатӣ ва рақобати бевиҷдонона;
3) татбиқи чораҳои таъсиррасонӣ нисбат ба амалҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ҳимояи рақобат вайрон менамоянд;
4) амалӣ намудани назорати муттаҳидшавӣ;
5) пешниҳоди таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи рақобат ва пешниҳоди хулосаҳо дар бораи лоиҳаҳои қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти бозор ва рушди рақобат;
6) пешниҳоди тавсияҳо ба мақомоти давлатӣ оид ба гузарондани чорабиниҳое, ки ба рушди бозорҳои мол ва рақобат мусоидат менамоянд;
7) бо тартиби муқарраргардида амалӣ намудани ҳамкорӣ бо мақомоти давлатии давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, иштирок дар таҳия ва татбиқи созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кори комиссияҳои байниидоравӣ дар амалисозии барномаҳо ва лоиҳаҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои сиёсати ҳимояи рақобат;
8) назорати давлатии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи рақобат;
9) назорати риояи талаботи Қонуни мазкур ҳангоми таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо, инчунин харид ва ба даст даровардани саҳмия (ҳисса) дар сармояи оинномавии субъектҳои хоҷагидор;
10) назорати давлатии тартиби дурустии ташаккул ва татбиқи нарху тарифҳо;
11) додани тавсияҳо ба мақомоти давлатӣ оид ба андешидани чораҳо барои рушди бозорҳои мол ва ба рақобат мусоидаткунанда.
2. Вазифаҳои мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ ва сохторҳои он бо Низомномае, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Моддаи 20. Ваколатҳои мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ
1. Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
1) назорати давлатии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ҳимояи рақобат аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони хориҷӣ, соҳибкорони инфиродӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳои дигари давлатие, ки ваколатҳои онҳоро амалӣ менамоянд, инчунин корхонаи давлатии ғайрибуҷетӣ ва ташкилотҳои молиявиро амалӣ менамояд;
2) қарор (фармоиш) дар бораи эътироф намудани мавқеи ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидорро қабул менамояд;
3) тартиби ташаккул ва пешбурди Феҳристи субъектҳои хоҷагидоре, ки мавқеи ҳукмфармоиро дар бозори хизматрасонии молиявӣ доро мебошанд ва Феҳристи субъектҳои хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармоӣ дар бозори мол (кор, хизматрасонӣ) муайян, тасдиқ ва назорат менамояд;
4) дар баррасии парвандаҳои марбут ба истифода ва вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи рақобат дар суд иштирок менамояд;
5) бо аризаи даъвогӣ оид ба вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи рақобат ба суд муроҷиат менамояд;
6) ба мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба гузарондани чорабиниҳое, ки ба рушди рақобат дар бозорҳои мол равона гардидаанд, тавсияҳо медиҳад;
7) бо мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин бо тартиби муқарраргардида бо созмонҳои байналмилалӣ, мақомоти давлатии давлатҳои хориҷӣ дар доираи ваколати худ мубодилаи иттилоотӣ анҷом медиҳад;
8) мониторинги бозори молро гузаронда, вазъи рақобатро дар бозорҳои мол таҳлил ва арзёбӣ менамояд;
9) назорати давлатии тартиби дурусти ташаккул ва татбиқи нарху тарифҳои озод ба маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, молҳои истеъмоли халқ ва хизматрасонӣ дар бозори танзимшаванда, инчунин хизматрасонии музднок ва давлатиро амалӣ менамояд;
10) ҳангоми ошкор намудани вайронкунии тартиби нархгузорӣ, ки бо санади меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар шудааст, чораҳои зарурӣ меандешад;
11) санҷиши риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи рақобатро аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор, мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони воқеӣ гузаронда, аз онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати зарурӣ, иттилоот ва тавзеҳотро дар шакли хаттӣ ва электронӣ мегирад;
12) шаклу тартиби пешниҳоди ҳисобот ва огоҳиномаҳоро ба мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни мазкур таҳия мекунад;
13) бо мақсади иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда тавсияҳои методӣ оид ба муайян кардани навъи шартномаҳо, тартиби муайянсозии нархҳо (тарифҳо)-и субъектҳои хоҷагидор ё сатҳи ниҳоиашонро, ки дар бозори молии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҳукмфармо доранд, низомнома дар бораи тартиби танзими нарх ба маҳсулот ва молҳои тайёркарда, хизматрасонии анҷомдодаи субъектҳои хоҷагидор-доминантҳо ва инҳисорон, қоидаҳо дар бораи тартиби гузарондани санҷиши риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи рақобат аз ҷониби мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳои ваколатдори мақомоти зикршуда анҷом дода мешавад, қоидаҳои муайян намудани мавқеи ҳукмфармоии субъекти хоҷагидор, тартиби муайян намудани нархҳои баланд ва пасти инҳисориро дар бозорҳои хизматрасонии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ намояд;
14) низомномаи тартиби ташаккул ва татбиқи нарху тарифҳои озод ба маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, молҳои истеъмоли халқ ва хизматрасониро таҳия карда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
15) нархҳо (тарифҳо)-и хизматрасонии муздноки мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худ­идоракунии шаҳрак ва деҳот, Бонки миллии Тоҷикистон ва субъект­ҳои хоҷагидор ба доираи идоракунии онҳо дохилбударо мувофиқа менамояд;
16) бо мақсади огоҳкунӣ, пешгирӣ ва қатъ намудани инҳисорикунонӣ, маҳдудсозӣ ва ҷорӣ намудани рақобат ҳангоми хусусигардонии корхонаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ иштирок менамояд;
17) дар ҳолати вайрон кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи рақобат аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор қарор дар бораи таъин намудани ҷазои маъмурӣ қабул менамояд;
18) масъалаҳои татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи рақобатро шарҳ медиҳад;
19) нархҳо (тарифҳо)-и хизматрасонии субъектҳои хоҷагидорро, ки дар бозорҳои молии муайяни Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҳукмфармо ва инҳисориро ишғол мекунанд, инчунин хизматрасонии давлатиро танзим ва мувофиқа менамояд;
20) бо тартиби муқарраргардида дар хусуси вуҷуд доштан ё надоштани маҳдудияти рақобат дар бозори мол ҳангоми татбиқ, тағйир додан ва қатъ гардидани амали тарифи гумрукӣ ва дар бораи ҷорӣ кардани чораҳои ғайритарифӣ хулоса медиҳад;
21) дар хусуси ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи рақобат мутобиқ гардондани санадҳо ва амали мақомоти давлатие, ки вазифаҳои назоратӣ ва санҷиширо дар бозорҳои мол амалӣ мекунанд, пешниҳод ирсол менамояд;
22) шароити рақобатро дар соҳаҳо таҳқиқ мекунад;
23) шартҳои арзёбии ёрии давлатиро муқаррар мекунад;
24) ваколатҳои дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ манамояд.
2. Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ бо мақсади амалӣ намудани сиёсати зиддиинҳисорӣ ва таъмини ҳимояи рақобат санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар шакли фармоиш (қарор, амрнома) қабул менамояд, ки иҷрои онҳо ҳатмӣ мебошад.
3. Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ дар сурати аз ҷониби субъект­ҳои хоҷагидор вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур парвандаҳои маъмуриро оғоз ва баррасӣ менамояд ва аз рӯйи натиҷаи онҳо қарор қабул намуда, ба онҳо барои иҷрои ҳатмӣ амрномаҳои зеринро медиҳад:
1) дар бораи қатъ намудани амали мувофиқашуда ва иштирок дар созишномаи маҳдудкунандаи рақобат ва қатъ кардани суиистифодаи субъекти хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармоӣ дар бозор, инчунин иҷрои амале, ки ба таъмин намудани рақобат нигаронида шудааст;
2) оид ба қатъ намудани қоидаҳои ғайритабъизии дастрасӣ ба мол (кор, хизматрасонӣ);
3) дар хусуси анҷом додани амал оид ба таъмини рақобат ҳангоми назорати давлатӣ, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст;
4) дар бораи қатъ кардани рақобати бевиҷдонона;
5) оид ба роҳ надодан ба амале, ки ба вайрон кардани рақобат ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи рақобат таҳдид менамояд;
6) дар бораи барқарор кардани вазъе, ки то вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи рақобат мавҷуд буд;
7) дар бораи иҷрои амале, ки ба таъмини рақобат ҳангоми анҷом додани назорате, ки ба расондани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ нигаронида шудааст;
8) дар хусуси бастани шартномаҳо, тағйир додани шартҳои шартномаҳо ва бекор кардани онҳо;
9) дар бораи дигар кардан ё маҳдуд намудани истифодаи номи фирмавӣ;
10) дар бораи иҷрои талаботи иқтисодӣ, техникӣ, иттилоотӣ ва талаботи дигаре, ки ба рафъ ва огоҳонии минбаъд ба миён наомадани шароитҳои табъизӣ нигаронида шудаанд;
11) дар хусуси иҷрои амале, ки ба таъмин намудани рақобат нигаронида шудааст;
12) дар бораи баргардондани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намудааст.
4. Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ ба мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони мансабдори онҳо амрномаҳо (қарорҳо)-ро вобаста ба масъалаҳои зерин медиҳад, ки иҷрои онҳо ҳатмӣ мебошад:
1) оид ба бекор кардан ё тағйир додани санадҳои аз ҷониби онҳо қабулнамуда, ки пурра ё қисман ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар бораи ҳимояи рақобат мухолифат менамоянд;
2) дар бораи бекор кардан ё тағйир додани созишнома ва шартномаҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи рақобат пурра ё қисман мухолифат мекунанд;
3) дар бораи бастани ҳатмии шартнома;
4) оид ба андешидани чораҳои зарурӣ нисбат ба шахсоне, ки ба вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи рақобат роҳ додаанд;
5) дар бораи беэътибор донистани савдоҳо (озмунҳо);
6) дар хусуси азнавташкилдиҳии маҷбурии шахсони ҳуқуқӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи рақобатро вайрон мекунанд;
7) дар бораи қатъ намудани дигар вайронкуниҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи рақобат.
5. Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ ҳангоми ошкор намудани далелҳои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар бораи ба буҷети давлатӣ гузарондани даромаде, ки дар натиҷаи вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи рақобат ба даст оварда шудааст, қарор қабул менамояд ё амрнома медиҳад.
6. Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ дар амалӣ гардондани барномаҳои ғайриинҳисорикунонӣ, инкишофи рақобат ва дастгирии соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ иштирок менамояд.
Моддаи 21. Ҳуқуқи дастрас намудани маълумот
1. Кормандони ваколатдори мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ бо мақсади иҷро намудани вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда дар асоси гузарондани мониторинги бозор, шикояти воридшуда ва ҳангоми гумонбарии асоснок вобаста ба вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи рақобат барои шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ бо пешниҳоди қарори мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ доранд ба мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ба бинои субъектҳои хоҷагидор ворид шаванд.
2. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар доираи ваколатҳои худ ба кормандони мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ барои иҷрои вазифаҳои хизматиашон ёрӣ мерасонанд.
3. Субъектҳои хоҷагидоре, ки ба Феҳристи субъектҳои хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармоӣ дар бозори мол (кор, хизматрасонӣ)-и муайян ворид карда шудаанд, уҳдадоранд ба мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ ҳисобот ва маълумоти зеринро пешниҳод намоянд:
1) ҳисоботи молиявӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ аз рӯйи натиҷаҳои солона то 1-уми майи соли оянда;
2) ҳар семоҳа маълумот аз рӯйи шакли муқаррарнамудаи мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ оид ба навъи маҳсулоти инҳисорӣ аз рӯйи ҳаҷми истеҳсол, фурӯш, нарх ва дараҷаи даромаднокии молҳои инҳисорӣ баъд аз семоҳаи ҳисоботӣ дар муҳлати то 15 моҳи оянда.
4. Субъектҳои хоҷагидор, мақомоти давлатӣ ва мақомоти ­иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ уҳдадоранд бо талаби мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ ҳуҷҷатҳои саҳеҳ ва дигар иттилоотеро, ки барои ­фаъолияти мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ заруранд, инчунин ҳуҷҷатҳо, маълумоти ҳангоми таҳлил (мониторинг) ва санҷиш (тафтиш)-и иштирокдорони бозори дахлдор талаб кардашударо, то андозае ки маълумот ба амалисозии ваколатҳои мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ алоқаманд бошад, пешниҳод намоянд.
5. Субъектҳои хоҷагидор, мақомоти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ уҳдадор нестанд маълумотеро, ки ба фаъолияти назоратии мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ алоқаманд нест, инчунин маълумотеро, ки сирри адвокатиро дар бар мегирад, пешниҳод кунанд.
6. Маълумоти дорои сирри тиҷоратӣ, хизматӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда, инчунин маълумоте, ки кормандони мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ ҳангоми амалисозии ваколати худ ба даст овардаанд, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бояд ошкор карда нашаванд.
Моддаи 22. Санҷишҳои ногаҳонӣ
1. Санҷишҳои ногаҳонӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ ба принсипҳои зарурат, мутаносибӣ ва кифоятӣ бо мақсади муайян, маҳдуд ва қатъ кардани созишҳои зиддирақобатии субъектҳои хоҷагидор (картел) гузаронда мешаванд.
2. Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқшуда бо риояи талаботи қонун ва кафолатҳои мурофиавии шахсони тафтишшаванда бевосита дар маҳалли фаъолият бо мақсади ҷамъо­варии далелҳо дар бораи вайронкунии эҳтимолии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи рақобат, пешгирӣ аз нобудсозӣ ё пинҳон кардани чунин далелҳо, санҷишҳоро дар биноҳо, ки ба субъектҳои хоҷагидор тааллуқ доранд ё истифода мебаранд, анҷом медиҳад.
3. Ҳангоми гузарондани санҷишҳои сайёр шахсони мансабдори мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ доранд пешниҳоди маълумот­ро талаб кунанд, ҳуҷҷатҳо ва сабтҳоро (дар ҳама гуна шакл) тафтиш намоянд, нусхаҳои онҳоро гиранд, ба муҳлати муайян биноҳо, воситаҳои нақлиёт муҳр ё ҳуҷҷатҳоро мусодира кунанд ва аз ҳама гуна шахсон дар бораи далелҳо ё ҳуҷҷатҳо шарҳ талаб кунанд.
4. Шахсони мансабдор гузарондани санҷишро бо пешниҳоди фармоиш, ки дар он мавзуъ ва мақсади санҷиш, инчунин чораҳои ҷавобгарӣ барои рад кардани ҳамкорӣ ё пешниҳоди маълумоти нодуруст, гумроҳкунанда ё нопурра пешбинӣ шудаанд, дар доираи ваколатҳои худ анҷом медиҳанд.
5. Дар сурати монеагӣ намудани субъекти хоҷагидор барои гузарондани санҷиш, мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ дорад мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои кумак ҷалб кунад. Чунин иҷозат метавонад бо мақсадҳои пешгирикунанда дархост карда шавад.
6. Тартиби гузарондани санҷишҳои ногаҳонӣ аз ҷониби мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор муайян карда мешавад.
БОБИ 4.
НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МУТТАМАРКАЗИЯТ
(КОНСЕНТРАТСИЯ)-И ИҚТИСОДӢ
Моддаи 23. Намудҳои назорати давлатии муттамарказият (консентратсия)-и иқтисодӣ
1. Барои мақсадҳои Қонуни мазкур муттамарказият (консентрат­сия)-и иқтисодӣ дар ҳолате ҷой дошта метавонад, агар тағйирёбии назорат ба таври дарозмуддат амалӣ карда шавад. Ҳолати мазкур боис мешавад ба:
1) муттаҳидшавии ду ё зиёда субъектҳои хоҷагидор ё қисмҳои субъектҳои хоҷагидоре, ки қаблан мустақил буданд;
2) ба даст овардани бастаи саҳмияҳои назоратӣ аз ҷониби як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор бо роҳи хариди дороиҳо аз рӯйи созишнома ё дигар тарзи назорати мустақим ё ғайримустақими корхона ё қисмҳои он;
3) таъсиси корхонаи муштарак;
4) таъсис ва азнавташкилдиҳии иттиҳодияҳои субъектҳои хоҷагидор;
5) таъсис ва азнавташкилдиҳии субъектҳои хоҷагидор, агар андозаи арзиши сармояи оинномавии онҳо аз панҷоҳ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар бошад;
6) барҳамдиҳӣ ва тақсимкунӣ (ҷудокунӣ)-и шахси ҳуқуқӣ, ки арзиши дороиҳояш аз панҷоҳ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд аст, агар ин боиси ташкил шудани шахси ҳуқуқие гардад, ки дар бозори мол мавқеи ҳукмфармоиро дорад;
7) аз тарафи як субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) ба соҳибмулкӣ гирифтан, истифода ва ё ихтиёрдорӣ намудани воситаҳои асосии истеҳсолот ва ё дороиҳои ғайримоддии субъекти дигари хоҷагидор;
8) аз ҷониби шахс (гурӯҳи шахсон) ба даст овардани ҳуқуқе, ки ба субъекти хоҷагидор имконият медиҳад шароити амалӣ гардондани фаъолияти соҳибкории ҳамин шахсро (гурӯҳи шахсонро) муайян намояд ё вазифаи мақомоти идоракунии онро дар ҳудуди давлат ва берун аз он иҷро кунад;
9) ҳолатҳое, ки таъсис (ҳамроҳшавӣ, муттаҳидшавӣ)-и шахсони ҳуқуқӣ, субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо боиси маҳдудкунии рақобат мегарданд, муассисони субъектҳои хоҷагидор, шахс ё мақомоте, ки дар бораи ҳамроҳшавӣ, муттаҳидшавӣ қарор қабул кардаанд, уҳдадоранд бо қарори мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ ҷиҳати барқарор намудани шароити зарурии рақобат чораҳо андешанд.
2. Дар ҳолатҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда шахс ё мақомоти манфиатдор ба мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ ғайр аз ҳуҷҷатҳое, ки ба мақомоти бақайдгиранда пешниҳод мекунанд, дархост дар бораи додани розигӣ ба таъсис ва азнавташкилдиҳии он, маълумот дар бораи фаъолияти асосӣ, маҷмуи истеҳсол ва фурӯши маҳсулот (кор, хизматрасонӣ) дар бозорҳои дахлдори молро пешниҳод менамоянд.
3. Назорати давлатии субъекти хоҷагидор вақте ба вуҷуд меояд, агар шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ:
1) беш аз 50 дарсади сармояи саҳомии баровардашуда ва ё дороиҳои субъекти хоҷагидорро соҳиб бошад;
2) имконияти таъсиррасонии мустақим ё ғайримустақим ба қарорҳои субъекти хоҷагидор ё қисмҳои он дошта бошад бо роҳи:
а) тақсими аксарияти овозҳо дар маҷлиси умумии субъекти хоҷагидор ё назорати мустақим ё ғайримустақими овоздиҳӣ ба бештари ин овозҳо;
б) имконияти таъин кардан ё вето гузоштан ба таъини аксарияти аъзои шурои директорони корхона;
в) имконияти расондани таъсири ҳалкунанда ба ҳайат, овоздиҳӣ ё қарорҳои шурои директорон ва ё маҷлисҳои саҳмдорон.
4. Назорати давлатӣ метавонад ба сиёсати тиҷоратии субъекти хоҷагидор мустақим ё ғайримустақим, аз ҷумла ба мақсадҳои стратегӣ ё тиҷоратии он таъсири назаррас расонад.
5. Назорати давлатӣ бавуҷудомада ҳисобида намешавад, агар:
1) ташкилоти қарзии молиявӣ ё суғуртавӣ, ки фаъолияти онҳо анҷом додани амалиётҳо бо коғазҳои қиматнок аз ҳисоби худ ё аз ҳисоби шахсони дигар, муваққатан соҳибихтиёрӣ намудани коғазҳои қиматноки бадастовардаи худ дар субъекти хоҷагидорро бо мақсади фурӯши дубора дар бар гирад;
2) назорат аз ҷониби шахси мансабдор вобаста ба барҳам додан, қатъи фаъолият, муфлисшавӣ ё қатъи пардохтҳо ба даст оварда шавад.
6. Субъектҳои хоҷагидоре, ки дар муттамарказият (консентратсия)-и иқтисодӣ иштирок мекунанд, уҳдадоранд пеш аз анҷом додани амал (аҳд) ба мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ хабар диҳанд ва розигии онро то анҷоми аҳд гиранд, агар гардиши умумӣ, инфиродӣ ё дороиҳо аз ҳадди ниҳоии дар Дастурамали назорат аз рӯйи муттаҳидшавӣ, ки аз ҷониби мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ муқаррар гардидааст, зиёд бошад.
7. Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ дорад аз тарафҳои муттамарказият (консентратсия)-и иқтисодӣ, ки ба ҳадди ниҳоии муқарраршуда нарасидаанд, талаб кунад, ки дар муддати 12 моҳ пас аз анҷоми амал (аҳд) огоҳинома дар бораи муттаҳидшавӣ пешниҳод кунанд. Агар мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ асосҳоро оид ба эҳтимолияти он, ки муттаҳидшавӣ ба маҳдуд намудани рақобат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда мерасонад, дар даст дошта бошад, он гоҳ ҳуқуқ дорад санҷиши риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи рақобатро гузаронад.
8. Шаклҳои огоҳинома ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, ки барои гирифтани розигӣ заруранд, дар сомонаи расмии интернетии мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ ҷойгир карда мешаванд.
9. Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ барои суръат бахшидани раванди баррасии аҳдҳое, ки одатан боиси мушкилоти назаррас дар соҳаи рақобат намегарданд, шакли содакардашударо нашр мекунад, агар:
1) яке аз тарафҳо дар як бозори мол (кор, хизматрасонӣ) ва бозори ҷуғрофӣ (набудани созишномаи уфуқӣ) ё дар бозорҳое, ки аз якдигар бартарӣ доранд (набудани созишномаи амудӣ) фаъолият накунанд;
2) тарафҳо созишномаи уфуқӣ доранд, вале ҳиссаи онҳо дар бозор камтар аз 20 дарсад аст;
3) тарафҳо созишномаҳои амудӣ доранд, вале маҷмуи ҳиссаи умумии онҳо дар бозор камтар аз 30 дарсад аст;
4) тарафҳо назорати муштаракро ба даст меоранд, аммо корхонаи муштарак дороӣ ва гардиши молиявии ҷорӣ ё пешбинишуда надорад, ё ҳаҷми он аз ҳаҷми муқаррарнамудаи мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ, ки дар дастурамал оид ба назорати муттамарказият муайян гардидааст, камтар аст.
10. Ҳар гуна муттамарказият (консентратсия)-и иқтисодӣ, ки бар хилофи муқаррароти Қонуни мазкур амалӣ ё анҷом дода мешавад, аз ҷиҳати ҳуқуқӣ беэътибор дониста мешавад. Ҳуқуқ ё уҳдадориҳое, ки аз ҳар як созишнома вобаста ба чунин муттаҳидшавӣ бармеоянд, мавриди иҷрои маҷбурӣ қарор намегиранд.
11. Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ муттамарказият (консентратсия)-и иқтисодиро баррасӣ намуда, на дертар аз 60 рӯз аз санаи гирифтани огоҳинома дар бораи муттаҳидшавӣ қарор қабул мекунад. Муҳлати зикршуда ба ду марҳилаи санҷиш (тафтиш) ҷудо мешавад, ки марҳилаи якум 30 рӯз ва марҳилаи дуюм 30 рӯзро ташкил медиҳанд. Агар марҳилаи якум мушкилоти ҷиддиро ошкор кунад, ки бо воситаҳои қонунӣ ҳал кардани он ғайриимкон аст, мавод ба марҳилаи дуюм равона карда мешавад.
12. Марҳилаи якуми санҷиш (тафтиш) метавонад дархостҳо аз субъектҳои хоҷагидоре, ки дар муттамарказият (консетратсия)-и иқтисодӣ иштирок мекунанд ё пурсишнома (анкетакунонӣ)-и рақибон ё истеъмолкунандагонро барои гирифтани андешаҳои онҳо оид ба муттаҳидшавӣ дар бар мегирад, ки барои муайян намудани шароити рақобат ва нақши шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар бозори мазкур равона шудаанд. Дар охири марҳилаи якум мумкин аст, ки бо тарафҳо вохӯрӣ баргузор гардида, дар он натиҷаҳои марҳилаи якум таҳлил мегарданд. Дар ин марҳила шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ метавонанд воситаҳои ҳимояи ҳуқуқиро пешниҳод намоянд.
13. Марҳилаи дуюми санҷиш (тафтиш) ҷамъоварии маълумот, пурсишнома ва боздиди объектҳоро талаб мекунад. Дар ин марҳила мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ самаранокиро таҳлил мекунад, ки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ метавонанд дар натиҷаи муттаҳидшавӣ ба даст оранд.
14. Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ муҳлати умумии 60 рӯзаро пас аз хабардор намудани тарафҳо дар бораи зарурати санҷиш (тафтиш) ба муддати аз 30 то 120 рӯз тамдид карда метавонад. Агар мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ дар муҳлати муқаррарнамудаи моддаи мазкур қарори зарурӣ набарорад, муттаҳидшавӣ баанҷомрасида ҳисобида мешавад.
15. Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ дар давоми 10 рӯз пас аз эътибор пайдо кардани огоҳинома оид ба оғози расмиёти баррасии муттаҳидшавӣ дар сомонаи расмии интернетӣ хабар нашр мекунад. Тарафҳои дигари манфиатдори муттаҳидшавӣ (масалан, рақибон) метавонанд таклифҳои худро дар давоми 20 рӯз (анҷоми марҳилаи якум) ба мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ пешниҳод намоянд.
16. Ҳангоми муайян кардани муттамарказият (консентратсия)-и иқтисодӣ, ки метавонад боиси маҳдудкунӣ ё коҳиши назарраси рақобат гардад, мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ омилҳои зеринро ба инобат мегирад:
1) сохтори бозори дахлдор;
2) рақобати воқеӣ ва ё эҳтимолӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидори бозори дахлдор ё берун аз он;
3) мавқеи тарафҳои муттаҳидшаванда, таъсири иқтисодӣ ва молиявии онҳо дар бозор, аз ҷумла эҳтимолияти он, ки муттаҳидшавӣ ба мавқеи ҳукмфармоӣ оварда мерасонад ё онро тақвият мебахшад;
4) дараҷаи қувваи ҷубронкунанда дар бозор;
5) хусусиятҳои динамикии бозор, аз ҷумла рушд, навоварӣ ва тафовути маҳсулот;
6) иваз шудани дастрасӣ барои таъминкунандагон, истифодабарандагон ва дастрасии онҳо ба таъминкунандагон ё бозорҳо;
7) ҳама гуна монеаҳои ҳуқуқӣ ё монеаҳои дигар барои ворид шудан ва ё васеъ кардани бозор;
8) манфиатҳои муштариён ва истеъмолкунандагон;
9) муттаҳидшавии пешниҳодгардида боиси афзоиши самаранокии иқтисодӣ, ба монанди сарфаи хароҷот, ташвиқи навоварӣ ё афзоиши устуворӣ мегардад;
10) аҳаммияти иҷтимоӣ ва ҷамъиятӣ, махсусан дар бахшҳое, ки санҷиш ба мутобиқати аҳд ба манфиатҳои ҷомеа нигаронида шудааст.
17. Аз рӯйи натиҷаи таҳлили муттамарказият (консентратсия)-и иқтисодии эълоншуда мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ яке аз қарорҳои зеринро қабул намуда, муайян мекунад, ки:
1) муттамарказият (консентратсия)-и иқтисодӣ эҳтимолан боиси коҳиши назарраси рақобат дар ягон бозори дахлдор нахоҳад шуд ва муттаҳидшавии пешниҳодшударо тасдиқ мекунад;
2) муттамарказият (консентратсия)-и иқтисодӣ эҳтимолан ба коҳиш ёфтани рақобат дар як ё якчанд бозорҳои дахлдор оварда мерасонад, ки онро мумкин аст бо роҳи муқаррар кардани шартҳо бартараф карда ва муттаҳидшавии пешниҳодшударо бо риояи шартҳои зикршуда тасдиқ мекунад;
3) муттамарказият (консентратсия)-и иқтисодӣ эҳтимолан ба коҳиш ёфтани рақобат дар як ё якчанд бозори дахлдор оварда мерасонад ва ё онро маҳдуд мекунад.
18. Ҳамаи қарорҳо ва расмиёти маъмурӣ метавонанд дар давоми 30 рӯз аз лаҳзаи қабули қарор ба тариқи судӣ мавриди эътироз қарор гиранд.
19. Қарори мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ бояд дар шакли хаттӣ асоснок карда шавад ва ба иштирокдорони муттаҳидшавӣ пешниҳод гардад. Нусхаи қарори ғайримахфӣ метавонад дар сомонаи расмии интернетии мақомот нашр карда шавад.
20. Қарори мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ метавонад бекор карда шавад, агар муайян гардад, ки он бар асоси маълумоти бардурӯғ ё гумроҳкунандае, ки барои он иштирокдорони муттаҳидшавӣ масъуланд, қабул шудааст, ё агар субъекти хоҷагидори дахлдор уҳдадории дар қарор пешбинишударо вайрон карда бошад.
Моддаи 24. Хусусиятҳои назорати давлатии муттамарказият (консентратсия)-и иқтисодие, ки аз ҷониби гурӯҳи шахсон амалӣ карда мешавад
1. Аҳдҳо ва амалҳои дигари дар моддаи 23 Қонуни мазкур зикршуда бо розигии пешакии мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ амалӣ карда мешаванд, агар:
1) аҳдҳо ва амалҳои дигари дар моддаи 23 Қонуни мазкур зикршуда аз ҷониби шахсоне, ки ба як гурӯҳи шахсон дохил мешаванд, амалӣ карда шаванд;
2) рӯйхати шахсони ба як гурӯҳ дохилшаванда бо нишон додани асосҳое, ки мувофиқи онҳо чунин шахсон ба ин гурӯҳ дохил мешаванд, аз ҷониби ҳар як шахси ба ин гурӯҳ дохилшаванда (аризадиҳанда) ба мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ бо шакли тасдиқнамудаи он, на дертар аз як моҳ пеш аз амалӣ намудани аҳдҳо ва амалҳои дигар пешниҳод шуда бошад;
3) рӯйхати шахсони ба ин гурӯҳ дохилшаванда дар лаҳзаи амалӣ намудани аҳдҳо ва амалҳои дигар нисбат ба рӯйхати ба мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ пешниҳодшуда тағйир наёфта бошад.
БОБИ 5.
ИҶРОИ ФАРМОИШ (ҚАРОР ВА АМРНОМА)-И МАҚОМИ ДАВЛАТИИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ ВА ТАРТИБИ ШИКОЯТ БА ОН
Моддаи 25. Иҷрои ҳатмии фармоиш (қарор ва амрнома)-и мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ
Дар ҳолати вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи рақобат субъектҳои хоҷагидор, мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот уҳдадоранд мувофиқи фармоиш (қарор ва амрнома)-и мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ ба амали ғайриқонунӣ хотима диҳанд, мавқеи аввалро барқарор намоянд, шартномаро бекор намоянд ё ба он тағйирот ворид кунанд, бо субъектҳои дигари хоҷагидор шартнома банданд, санади ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон номувофиқро бекор карда, фоидаи дар натиҷаи ҳуқуқвайронкуниҳо бадастомадаро ба буҷети давлатӣ ворид кунанд ва амалҳои дигарро, ки дар фармоиш (қарор ва амрнома)-и мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ зикр ёфтаанд, иҷро намоянд.
Моддаи 26. Тартиби шикоят кардан нисбат ба фармоиш (қарор ва амрнома)-и мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ
1. Мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (шахсони мансабдори онҳо), субъектҳои хоҷагидор (роҳбарони онҳо) ва шахсони воқеӣ ҳуқуқ доранд, ки нисбат ба фармоиши (қарор ва амрнома) мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ ба суд шикоят намоянд.
2. Ҳангоми дар суд дида баромадани шикоят иҷрои фармоиши (қарор ва амрнома) мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ пеш аз санаи эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд боздошта мешавад. Нисбат ба фармоиши (қарор ва амрнома) мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ дар давоми 30 рӯз аз лаҳзаи қабул шудани санад шикоят кардан мумкин аст, ба истиснои талаботе, ки ба он муҳлати пешниҳоди даъво татбиқ намегардад.
БОБИ 6.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 27. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 28. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» аз 30 майи соли 2017 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 274; с. 2022, № 7, мод. 454; с. 2023, № 1-3, мод. 9) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 29. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 21 октябри соли 2026, № 2301

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 17 октябри соли 2026, №256

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 1 феврали соли 2017, №686 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, №1-2, мод. 88; с. 2022, №6, мод. 383, №12, қ. 2, мод. 859) аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 26 июни соли 2026, №542