Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ бо далелу рақамҳои мушаххас натиҷагирӣ шудааст.
Роҳбари давлат дар баробари дастовард аз камбудиҳо низ ёдовар шуда, ҷиҳати ҳалли онҳо ба вазорату кумита ва ташкилоту идораҳои дахлдор дастуру супоришҳо доданд. Бевосита аз забони Сарвари давлат шунидани камбудию мушкилоти дар ҷомеа ҷойдошта мардумро дилпур мегардонад, ки аз мавҷудияти садду монеаҳо дар роҳи пешрафти ҷомеа Роҳбари мамлакат ба хубӣ огоҳ аст ва дар фикри рафъи онҳост. Ин ба мардум неру мебахшад, дасту дили онҳоро ба кору зиндагӣ гарм ва боварию эътимоди онҳоро ба ояндаи неки ҷомеа афзун мегардонад.
Диққати аксариятро бештар он масъалаҳое дар Паём ҷалб карданд, ки роҳи минбаъдаи рушди кишварро муайян месозанд. Аз ҷумла, ин нукта, ки дар Паём зикр гардид: «Вазифаи асосии Ҳукумат дар солҳои наздик ба таври устувору доимӣ таъмин намудани ҳамаи истеъмолкунандагон бо неруи барқ буда, он бо роҳи афзоиш додани ҳаҷми истеҳсол, истифодаи сарчашмаҳои алтернативии тавлиди неруи барқ, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ дар соҳа ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ амалӣ карда мешавад».
Ин масъала, ки солҳост аз мушкилоти асосии аҳолии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, баъди садо додани Паём ғайриинтизор аз байн бардошта шуд ва маҳдудияти таъмини неруи барқ хотима ёфт. Ба ин монанд, мисолҳои зиёде аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар овардан мумкин аст, ки пеш аз ҳама, ба эътибор гирифтани арзишҳои олии инсонӣ ҷавҳари онҳоро ташкил медиҳад.
Мубориза бо фасод, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, ривоҷу равнақи илму фарҳанг, варзиш, ноил шудан ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ва амсоли он аз ҷумлаи талаботе мебошанд, ки дар Паём инъикоси худро ёфтаанд.
Дар қатори дигар сохторҳо дар ин ҳуҷҷати рӯзмарра ба мақомоти судӣ, ки бахши нотариалӣ ҷузъи он маҳсуб меёбад, низ дахл карда шудааст.
Аз ин рӯ, муваззаф намудани Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ ва Маркази миллии қонунгузорӣ бобати таҳия ва ба Ҳукумат пешниҳод намудани Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба тағйири вазъ дар ин самт мусоидат намояд.
Татбиқи ҳадафҳои дар Паём омада, ки вазифа ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди солимфикр маҳсуб меёбад, аз дараҷаи масъулиятшиносӣ, муҳаббату садоқати ба миллату Ватан доштаи ҳар кадоме аз мо — сокинони Тоҷикистони азиз вобастагӣ дорад.
Карим Анваров,
нотариуси калони Идораи нотариалии давлатии шаҳри Ҳисор