Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Барои офариниши асарҳои баландмазмуни бадеӣ, спектаклҳо, хизматҳо дар тайёр намудан ва тарбияи кадрҳои эҷодӣ Ҳошим Гадоев – ҳунарпеша ва режиссёри Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон сарфароз гардонида шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 10 майи соли 2017, №872