Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Рамазон Абдулатипов

№52 (3689) 13.05.2017

33732554864_24de6718ac_o10 майи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия Рамазон Абдулатиповро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикис­тону Россия, аз ҷумла, рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши Рамазон Абдулатипов дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои шарикии стратегии ду кишвар баҳои баланд дода, ташрифи ӯро, ки ба рӯзҳои таҷлили 25-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Россия рост ­меояд, таконбахши рушди равобити тарафайн дар арсаҳои нав арзёбӣ карданд.

Ҷонибҳо оид ба густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ ҳавасмандии худро изҳор ­доштанд.

Таъкид гардид, ки Россия ҳамчун шарики стратегӣ дар савдои хориҷии Тоҷикистон мавқеи хоса дорад ва саҳми он дар гардиши моли кишвар наздик ба 30 фоизро ташкил медиҳад.

Инчунин, масъалаҳо вобаста ба имконияти иштироки ҷониби Доғистон дар пешрафти соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ, ҷалби ширкатҳо барои фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ба манфиати ҳар ду ҷониб баҳрабардорӣ намудан аз канданиҳои фоиданоки  Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангу гуманитарӣ, маориф, табодули омӯзгорони забони русӣ, дастрасӣ ба дас­туру адабиёти таълимӣ, сайёҳӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ аз самтҳои ояндадори робитаҳои ду кишвар маънидод гардиданд.

 www.president.tj