Дар Пажӯҳишгоҳи таҳсилоти Тоҷикистон дар мавзӯи «Имло аз иштибоҳ роҳи «наҷот» меҷӯяд» суҳбати мизи мудаввар доир гардид, ки он ба 90-солагии маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» бахшида шуд.
Ташаббуси сармуҳаррири маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» — Саида Набиева дар робита ба вазъи забони адабии тоҷик, меъёр, нуфузу эътибори он, истилоҳот, риояи дурусти имло услубу бандубастҳои забонӣ, забоншиносони саршиноси тоҷикро ҷамъ овард.
Мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтани имло бори аввал нест. Аз соли 1929 то ҳол имлои забони тоҷикӣ шаш маротиба таҳрир ёфтаву то ҳанӯз нофаҳмиҳо зиёданд. Набудани ҳукм ва андешаи ягона дар номгузории ҳарфҳо, мушкилоти истилоҳоти арабӣ ва байналхалқӣ, мавқеи аломатҳои китобатӣ, имлои ҳарфҳои ӣ, ӯ, ъ ва навишти ёдбарсарҳо, исмҳои хос, ки рӯз то рӯз афзудан доранд, истиқлолияти забонии моро коҳиш медиҳанд.
Имлои ҳарфи «ӣ»
Аз диди забоншинос, муҳаққиқи ҳарфи «ӣ» Шакархон Бобомуродов, онро бояд «ӣ-и имло» номгузорӣ кунем. Дар гузашта онро ӣ-и зада ё заданок мегуфтем. Ҳол он ки ҳарф зада намегирад, балки ҳиҷо зада мегирад. Аҳли маҳфил қабули ин истилоҳро напазируфтанд: садоноки дарози ӣ-ро — й-и дароз гуфтан асоснок аст таъкид карданд забоншиносон. Дар мавриди дар аввал ва дохили калимаҳо омадани й-и дароз ва бо хатча ишора кардани он дар ин замина комилан қабул нагардид, чунки дар як мавқеъ гузоштани хатча ба иштибоҳҳои имлоӣ роҳ мекушояду ҳам ба омӯзгор мушкилӣ эҷод мешаваду ҳам ба толибилм.
Ҳарфи айн ё аломати сакта?
Дар муайян кардани «ъ» низ андешаи ягона нест. Онро ҳарфи арабӣ қаламдод мекунем ва дар захираи луғавии забони тоҷикӣ баробари ҳарфҳои тоҷикӣ таҳаввул шудааст.
- Мо ҳеҷ ҳуқуқ надорем, ки як ҳарфи маънодори таркиби калимаро аломат гӯем, чунки аломат овози маънодор нест ва он маънои луғавии калимаро дигар карда наметавонад,- изҳор дошт устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Баҳриддин Камолиддинов ва пешниҳод кард, ки ин ҳарф «айн» хонда шавад.
«Рисолат»-и вергул ё адами тире
Бобати он ки баъди ифодаҳои «дарвоқеъ, махсусан, аз он ки, бинобар ин, аз ин рӯ, баръакс, аввалан, яъне» ва амсоли инҳо дар ҷумла вергул гузошта шавад иштирокчиёни мизи мудаввар, ба ҷуз профессор Баҳриддин Камолиддинов, ҳамфикр буданд. Дар забони русӣ 15 мавқеи гузоштани тире ҳаст. Вазифаи тире аз вергул тафовути куллӣ дошта, таълими он ба талабагон бо методи муқоисавӣ ба роҳ монда шавад, то рисолати худро гум накунад.
Бисёр мебинем, ки ба ҷои тире-вергул гузошта мешавад ё тамоман гузошта намешавад. Баъди аломати нуқта – вергул бошад, идомаи фикр бо ҳарфи хурд навишта мешавад, чуноне ки баъди гузоштани аломати ду нуқта дар истифода аст.
Корманди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Азимов иброз дошт, ки аз соли оянда иншо чун имтиҳони анъанавӣ ба рӯйхати имтиҳонот шомил мегардад.
Як озмоиш дар мактабҳои шаҳри Душанбе сатҳи дониши хаттии хонандагонро нигаронкунанда арзёбӣ кард. Дар ин озмоиш 90 дарсади хонандагон баҳои ғайриқаноатбахш гирифтанд. Аз ин бармеояд, ки супоридани имтиҳони хаттӣ, дар ҳоле ки имло риояи ягона надорад, ҳам ба устодон мушкилӣ эҷод мекунад ва ҳам ба довталабон.
Дар маҷмӯъ, баргузории чорабинии мазкур муҳиму саривақтӣ маҳсуб шуда, тавсеа бахшидани ин раванд зарур ва ногузир аст.
Абдухолиқи МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»