Минбаъд шаҳрвандони хориҷӣ наметавонанд, ки дар кишвар корҳои таркиширо иҷро намоянд. Ин нуктаро сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Раҳим Санъат Асо 14 июл зимни нишасти матбуотӣ зикр кард. ӯ гуфт, ки тасмими мазкур ба хотири таъмини бехатарӣ гирифта шудааст ва ширкатҳои хориҷие, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, барои иҷрои корҳои таркишӣ бо ширкатҳои ватанӣ шартнома мебанданд. Зикр гардид, ки дар корхона ва иншооти зериназоратӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ 293 назорати техникӣ гузаронида шудааст. Ба корхона ва ташкилотҳое, ки ба қоидавайронкунӣ роҳ додаанд, 260 нишондод пешниҳод гардида, барои ислоҳи камбудиҳо муҳлат дода шудааст.
- Барои ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии бехатарии саноатӣ ҷавобгӯ набудани фаъолият, наандешидани чораҳои зарурӣ оид ба пешгирӣ кардан ва рух надодани ҳодисаҳои нохуш дар иншооти истеҳсолии хатарнок, ба роҳбарони 27 корхона нишондод оид ба қатъ гардидани фаъолият пешниҳод гардида, 182 шахси масъули корхонаҳои бақайдгирифташуда 234 200 сомонӣ ҷаримабандӣ гардидаанд, — гуфт сардори хадамот. Бино ба гуфти ӯ, дар давраи мавриди назар 12 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 8 адад кам мебошад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»