Ҳамовозӣ ба мусоҳибаи рӯзноманигор Шарифи Ҳамдампур таҳти сарлавҳаи «То табаддулот се рӯз монда буд», «Садои мардум» № 117 аз 3 октябри соли 2017
Замоне ки дар он зиндагӣ дорем, басо пуртазоду сермуноқиша аст. Аз ин рӯ, бе андешаи солим ва хиради воло умр ба сар бурдан мушкил аст. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ беҳуда нафармудаанд:
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
Воқеан ҳам ақли расо ва хиради воло инсон ва ҷомеаро аз ҳама гуна хатари даҳшатбору марговар наҷот медиҳад. Роҳбарияти ТЭТ ҲНИТ зимни фаъолият дар Тоҷикистон агар тибқи фармудаи устод Рӯдакӣ амал мекарданд, имрӯз дар ба дар гашта, ёвагӯйӣ намекарданд!
Зимни мусоҳибаи рӯзноманигор Шарифи Ҳамдампур судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамс Азизов бо далелҳои асоснок ва сабабу омилҳои манъ кардани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро хеле хуб шарҳ додааст. Далелҳои овардаи судя аз он шаҳодат медиҳанд, ки ТЭТ ҲНИТ аз рӯзи ба фаъолият шурӯъ намудан то давраи манъи фаъолият ба хотири амалӣ намудани манфиатҳои ғаразнок ва расидан ба қудрат бо дастури хоҷагони бурунмарзӣ ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин даст задааст. Аз мусоҳиба дар фаъолияти ҳизб ҷой доштани экстремизм, зиёдаравӣ, терроризм, ҷудоиандозӣ, халалдор сохтани зиндагии осоиштаи мардум ва фазои сулҳу субот мушоҳида мешавад.
Мутолиаи мусоҳиба бандаро ба он водор сохт, ки шунидаю хондаю дидаҳои худро оид ба фаъолияти ин ташкилоти террористӣ пешкаши хонанда гардонам.
Ин ҳизб ҳарчанд ки дар хориҷи кишвар 4 декабри соли 1991 таъсис ёфта бошад ҳам, гумоштагони он хеле пештар махфӣ дар Тоҷикистон кор мебурданд. Дар як рӯзномаи расмии ҷумҳурӣ хонда будам, ки ҳанӯз дар даврони Итттиҳоди Шӯравӣ яке аз ҷавонони Тоҷикистон ҳангоми хизмати ҳарбӣ дар Афғонистон асир афтода, ба Покистон бурда шуда, дар мактабҳои махсуси он ҷо таълим гирифтааст. Чун аз он ҷо озод шуда, ба Ватан баргаштааст, чунин нақл кардааст: «Ба ман дар Покистон гуфтанд, ки «Ту ҷавони бисёр боғайратӣ. Тоҷикистони шумо дар солҳои наздик озод мешавад. Ту, албатта, баъди таҳсил ба он ҷо рафта, дар он ноҳияе, ки падару модарат зиндагӣ мекунанд, роҳбари калон мешавӣ ва ояндаат дурахшон аст».
Худ қазоват кунед: ҳанӯз дар солҳои салтанати шӯравӣ, ки ҳатто мо, масъулину зиёиён, ба пароканда шудани он боварамон намеомад, дар Покистон ин андешаҳо пайдо шудаанд. Илова бар ин, мешунидем, ки дар мактабҳои ғайриқонуние, ки дар қисме аз минтақаҳои водии Вахш дар назди муллоҳои онвақта ташкил шуда буданд ва мардум «мусулмонӣ меомӯзонем» гуфта, фарзандонро ба назди он муллоҳо мегузоштанд, баробари таълими динӣ, баъзан дарси «каратэ»-ю зӯроварӣ меомӯхтанд ва домуллоҳо ба толибилмон «даркор мешавад» гуфта таъкид мекарданд. Акнун фаҳмо шуд, ки дар кадом маврид таълими онҳо даркор мешудааст.
Ҳамчунин, баъзан мушоҳида мекардем ва дар саҳифаҳои матбуот матолиберо мехондем, ки одамони махсус аз сарҳади Тоҷикистон тавассути намояндагони он тарафи дарё пинҳонӣ адабиёти гуногуни диниро оварда, паҳн мекунанд. Кор ба ҷое расид, ки дар ҷумҳурӣ нидоҳои «давлати исломӣ месозем», «мо дигар ғулом нестем», «моро давлатҳои мусулмонӣ дастгирӣ мекунанд» ва монанди инҳо дар намоишҳои ғайриқонунию бетартибонае, ки дар пойтахт сар мезаданд, баланд садо медоданд. Дар намоишҳою хурӯҷи ғайриқонунии баамалпайвастаи ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, бешубҳа, аъзои ошкорою махфӣ амалкунандаи ТЭТ ҲНИТ даст доштанд. Ҷойи шубҳа ҳам нест, ки «саркарда»-и ҳама воқеаи мудҳишу даҳшатафкани он солҳо роҳбарону фаъолони он буданд. Онҳо буданд, ки дар масҷидҳо парчами исломро баланд бардошта, мардумро ба қиём даъват мекарданд. Онҳо буданд, ки барои соҳибмансаб шудан кишвари мо, мардуми моро ба ҷанги хонумонсӯзи бародаркуш оварда расониданд. Онҳо буданд, ки дар миёни мардум тухми кинаю адоват пошиданд ва хуни ҳазорон нафар шаҳрванди бегуноҳ рехта шуд. Ақли одамӣ барои баркашидани хисороти молию ҷонии он солҳо кӯтаҳӣ мекунад ва ҳанӯз захмҳои он давра пурра даво наёфтаанд. Вале саркардагони ҲНИТ амалҳои террористию экстремистӣ ва иртиҷоиро нодида мегиранду мамнӯъ донистани фаъолияти ҳизбро «ғайриқонунӣ» ва «беадолатона» мепиндоранд, ҳол он ки мардуми Тоҷикистон аз фаъолияти ҳизб пурра огаҳ аст, дӯстро аз душман фарқ мекунанд. Медонанд, ки бурун аз марз, дар хориҷи кишвар, хусусан дар шаҳрҳои Берлину Варшаваи Урупо ҳамоиш ташкил кардану худро сафед намудани роҳбарони ТЭТ ҲНИТ, дар ҳаққи давлату Ҳукумати Тоҷикистон туҳмат задан, «сиёҳро сафеду сафедро сиёҳ» гуфтан ягон асос надорад.
Фаъолияти террористию экстремистии ТЭТ ҲНИТ имрӯз аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла СҲШ, СААД низ эътироф шудааст.
Магар варақаҳое, ки аз бинои марказии ТЭТ ҲНИТ ба Суди Олӣ дастрас шудаанд, махсусан, навиштаҷоти «Сабур бошеду мунтазир! Он рӯз дур нест, ки офтоби наҳзати мо пардаи абри тирагуни зулмотро медараду шуълаҳои ҳаётбахши Худододаш бар тани мардуми Тоҷикистон неруи тоза мебахшанд. Се-чор рӯзи дигар монд. Танҳо омода бошед. Ҳамин ки шурӯъ шуд, ба мо бипайвандед. Ин хунхоронро дар хуни худашон оғушта месозем. Ҳам низомӣ дорему ҳам мулкию ҳам сиёсатмадорҳо, дунёи ислом моро пуштибонӣ мекунад. Иншооллоҳ, пирӯзӣ бо мост…» аз даҳшатоварию терроризми ин ҳизб гувоҳӣ намедиҳад?
Ин навиштаҷот, ба андешаи камина, ба амалиёти хоинонаи генерал А. Назарзода марбут аст, ки табаддулотро бояд дар муҳлати муайян ба анҷом мерасонд. Хушбахтона, мақомоти қудратӣ ва мардуми таҷрибаандӯхтаи кишвар нақшаи онҳоро барбод доданду ТЭТ ҲНИТ ба мақсади нопок нарасид.
Имрӯз миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиш ба меҳнати босуботу созанда ва бунёдкорона машғул аст ва хуб медонад, ки танҳо сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакатро ба сӯи ояндаи дурахшону босаодат раҳнамун месозад. Аз ин рӯ, ҳама дар атрофи Пешвои миллат зич муттаҳид шуда, ба васвасаи ҳеҷ кас бовар намекунанд. Вале бояд огоҳ ва боэҳтиёт бошем, ки мабодо «назарзодаҳо» дар дохили кишвар бо мақсадҳои муғризонаю нопок вуҷуд дошта бошанд. Охир, А. Назарзода ҳам ба боварии Ҳукумат даромадаю мансаби олии ҳарбиро соҳиб шуда буд.
Таърих гувоҳ аст, ки сарватмандону худпарастон ҳеҷ гоҳ парвои Ватан, миллат, халқ надоштанд ва имрӯз ҳам надоранд. Вале инсонҳои пок, накукор, садоқатманди Ватан аз пайи ҷамъ кардани сарват намешаванд, балки ҳамеша накуӣ мекунанд.
Муҳиддин Кабирию ҳаммаслакони ӯ, ки барои соҳиби сарвати зиёд гардидан дар назди хоҷагони хориҷӣ муттаҳам шудаанд, ғайр аз ғаразу туҳмату бухлу кинаву ҷинояткорӣ амали дигареро анҷом дода наметавонанд. Хоҷагон ба ин иҷозат намедиҳанд.
П. Нуров,
узви Иттифоқи журналистони
Тоҷикистон, ноҳияи Панҷ