Чанде қабл китоби нави адиб ва журналист Умар Шерхон бо номи «Адолат Раҳмонова», ки ба 25 — умин солгарди Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, дар нашриёти «ЭР – граф» рӯйи чоп омад. Он аз зиндагӣ ва фаъолияти ибратомӯзи арбоби шинохтаи давлатию ҷамъиятӣ, сиёсатмадори варзида, зани фаъолу ватандӯст, вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъватҳои Х1 – Х11 (1987 — 2000) Адолат Раҳмонова қисса менамояд.
Дар он, ки аз хотироту ёддошти ҳамсафону ҳамзамонон мураттаб гардидааст, дар баробари ба хонанда пешкаш намудани маълумот оид ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти давлатию сиёсии қаҳрамони асар, муаллиф кӯшидааст, ки бо истифода аз нақли иштирокчиён ва шоҳидони бевосита ба баъзе аз масъалаҳои ҳанӯз ҳам баҳсноки он давра рӯшанӣ андозад, вазъ ва омилҳои ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашидани ҷумҳуриро ба риштаи таҳлил бикашад.
Суханони бузургонро дар ситоиши Зан, Модар иқтибос овардан низ беҳтарин иқдомест, ки муаллиф анҷом додааст.
Дар хотима ҷой додани силсилаи шеърҳо аз Шоирони халқии Тоҷикистон Гулназар, Муҳаммад Ғоиб китобро боз ҳам ҷолибтар гардондааст.
Мирзо НУРАЛИЕВ, «Садои мардум»