Як муассисаи давлатӣ ба таври шифоҳӣ ба ташкилоти тиҷоратӣ муроҷиат, хоҳиш ва пешниҳод намудааст, ки дар қитъаи замини муассиса таҷҳизоти худро барои хизматрасонии аҳолӣ ҷойгир намояд. Ташкилоти тиҷоратӣ розӣ шуда, бо муассисаи давлатӣ шартнома ба имзо расонида, таҷҳизотро ҷойгир карда, тибқи шартнома ҳар моҳ ба муассисаи давлатӣ маблағи муайян пардохт менамояд.
Тахминан баъд аз ду сол дигар мақомоти давлатӣ — Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ санҷиш гузаронида, ташкилоти тиҷоратиро, ки иҷорагир мебошад, мутобиқи моддаи 651 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашиданӣ мешавад. Саволе ба миён меояд, ки оё иҷорагир субъекти ҳамин модда аст ё иҷорадеҳ?
Иҷорагир ҳам таҷҳизот гузорад, ҳам маблағи муайян диҳад, боз ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Магар ин аз рӯйи мантиқ аст?
Ғайратов Азимҷон Ғаниевич,
сокини шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 20, бинои 19, ҳуҷраи 31
Вобаста ба пурсиши боло судяи Суди шаҳри Душанбе Хуршед Азизматзода чунин посух дод:
- Мувофиқи талаботи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷора дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳуқуқи ба иҷора додани амволи давлатӣ аз ҷониби мақомоти идораи амволи давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатии маҳаллӣ, вобаста ба шакли моликият, амалӣ гардонда мешавад.
Мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Низомномаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 таҳти №590 тасдиқ шудааст, иҷрои корҳо оид ба идораи судманд ва ихтиёрдории амволи давлатӣ, аз ҷумла тибқи тартиби муқарраргардида додани он бо ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ва идораи оперативӣ, додани амвол ба иҷора ва ғайраҳо ба доираи ваколатҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мегардад.
Моддаи 651 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани қонунгузорӣ ҳангоми ба иҷора додани молу мулки давлатӣ, яъне ба иҷора додани молу мулки давлатӣ ё истифодаи молу мулки давлатӣ бе розигии соҳибмулк ё мақомоти давлатии ваколатдори он, ҷавобгарии маъмуриро пешбинӣ намудааст.
Меъёри мазкур ҷавобгариро ҳам барои ба иҷора додан ва ҳам барои истифодаи молу мулки давлатӣ муқаррар кардааст.
Дар ҳолати мазкур, ташкилоти тиҷоратӣ, бе розигии мақомоти давлатии ваколатдор, бо роҳи ғайриқонунӣ ба иҷора гирифтан молу мулки давлатиро истифода бурдааст. Аз ин рӯ, иҷорагир низ субъекти ҳуқуқвайронкунии мазкур шуда метавонад ва аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ, дар доираи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар боло зикршуда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудани ташкилоти тиҷоратӣ дуруст аст.
Масъули гӯша Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»