Сафаралӣ Гулов аз зумраи шахсони кордону таҷрибаандӯхта мебошад. Ӯ баъди хатми Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дар вазифаҳои гуногун кор карда, аз апрели соли 2007 ду даъват вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва дар такмил ва таҳияи бисёр санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ саҳм гузоштааст. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ», «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ», «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ», «Дар бораи гаравхона (ломбард)», «Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ», «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ», «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок», «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ», «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ», «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамон қабиланд.
Имрӯзҳо Сафаралӣ Гулов давлати пирӣ меронад, вале нисбат ба пешрафтҳои Тоҷикистони азиз бетараф нест. Ҳар вақте ки бо шогирдону ҳамсафони собиқ вохӯрда, роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти кишвар ибрози назар мекунад, мутахассисони ҷавон ва масъулонро ба фаъолияти софдилонаю дурандешона даъват менамояд.
Чанде пеш ҳамсуҳбаташ будем. Аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд.
- Далелҳо шоҳиданд, ки ироаи ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳими кишвар маҳсуб ёфта, татбиқи нуктаҳои он ба беҳбуди сатҳи зиндагии шаҳрвандон ва боз ҳам боло рафтани нуфуз ва мақоми кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Бардоштҳои ман аз ин ҳуҷҷати раҳнамунсоз хеле фарох аст ва наметавон онро бо чанд ҷумла бозгӯйӣ намуд. Ҳаминро бояд зикр намоям, ки меҳвари асосии Паёмро азми қавӣ ва нияти нек ташкил медиҳад. Шоҳиди бевоситаи он будем, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали давлатдории Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ин омил яке аз самтҳои афзалиятнок эътироф ва интихоб гардида буд. Чунин тарзи кор замина фароҳам овард, ки дар муддати кӯтоҳ раванди созандагӣ ва бунёдкорӣ дар кишвар ба марҳилаи нав ворид гардад, — мегӯяд номбурда.
Ҳамчун мутахассиси собиқадор Сафаралӣ Гулов аз он ёдовар шуд, ки ҷиҳати истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, назорат ва таъмини шаффофияти хароҷоти он ҳоло ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ амалӣ гардида истодааст.
- Биноан, буҷете таҳия ва қабул гардид, ки ба рушди мамлакат нигаронида шудааст. Муҳимтар аз ҳама, ба чунин тарз ташаккул ёфтани Буҷети давлатӣ, дар баробари иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии афзояндаи давлат, ба густариши фаъолияти инноватсиониву сармоягузорӣ, татбиқи босифати барномаҳои соҳавӣ ва бунёди иншооти инфрасохторӣ мусоидат менамояд. Пешвои миллат дастур доданд, ки: «бо мақсади боз ҳам сода, сабук ва шаффоф гардонидани ҷараёни андозсупорӣ Ҳукумати кишварро зарур аст, ки вобаста ба такмили низоми маъмурикунонии андоз чораҷӯӣ намояд. Дар баробари ин, бояд шаклҳои пешниҳоди ҳисоботи оморӣ ва механизми ҷамъоварии маълумот мукаммал гардонида шаванд».
Ин гуфтаҳо бори дигар водор месозад, ки ҳар як масъули давлатӣ бояд бо азми қавӣ ва нияти нек кор кунад, манфиатҳои давлатро аз манфиатҳои шахсӣ боло донад. Дар солҳои аввали навадуми асри гузашта бо вуҷуди мушкили зиёд кӯшиш мегардид, ки маблағҳои давлатӣ мақсаднок истифода шаванд. Ашхоси огоҳ медонанд, ки он айём ин кори саҳл набуд. Шукрона, ки ҳоло бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон рукнҳои давлатдорӣ фаъолияти муназзам доранд. Танҳо зарур аст, ки ҳар як соҳибмансаб вазифаи хешро дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро намояд, - гуфт дар фарҷом С. Гулов.
Д. МЕРГАНОВ,
Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»