Мавзӯи дастрасӣ ба оби тоза, аз як тараф, бинобар сабаби афзоиши аҳолӣ ва аз ҷониби дигар, аз меъёр зиёд истифода намудани он ва ифлосшавии муҳити зист ба яке аз масъалаҳои мубрам ва ҳалталаби сайёра табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чанд пешниҳоди наҷиб, аз ҷумла, оид ба эълон доштани Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об — барои ҳаёт» (2005-2015) ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) дар арсаи байналхалқӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар мавриди масъалаҳои марбут ба об эътироф шудааст.
Қабули пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бобати эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, 2018-2028» низ мояи ифтихори бузург аст. Ин пешниҳод идомаи ташаббусҳои қаблии мамлакат марбут ба об мебошад. Яъне, яке аз ҳадафҳои асосии ташаббус аз нав ба роҳ мондани ҳалли масъалаи муҳими глобалии об дар роҳи рушди ояндаи ҷомеаи башарист. Эълони даҳсолаи нав даҳҳо ҳадафро пайгирӣ менамояд, ки имрӯзу оянда ҷомеаи инсонӣ ба он ниёзманд мебошад.
Ҳадафҳои асосӣ аз пешниҳод ҳушдор додани аҳли ҷаҳон аз хатари бузурге мебошад, ки дар сурати муносибати нодуруст ҷомеа дар наздиктарин фурсат мувоҷеҳ ба он мешавад. Дар робита ба ин, даҳсолаи нав дар самти расидан ба ҳадафҳои муҳити зисту беҳдошт, бахусус дар таъмини устувории муҳити зист, хеле созгор буда метавонад.
Об барои инсон унсури одӣ ва ошно бошад ҳам, дорои муаммои зиёд мебошад, ки аксарият огоҳӣ надоранд. Аз тарафи олимон то имрӯз ҷанбаҳои гуногуни об мавриди омӯзиш қарор гирифта, далелҳои ҷолиб ошкор гардидааст. Масалан, сабаби тасодуфан пайдо гаштани сустию заифиро дар фаъолнокии кӯдаки мактабхон олимон оби таркибаш қурғошимдор меҳисобанд. Имрӯз падару модарони бомаърифат ба фарзандон таъкид менамоянд, ки танҳо оби полондашуда (тозакардашуда)-ро истеъмол намоянд. Оби нӯшокиро аз рӯи сифат ба категорияи якум ва олӣ ҷудо мекунанд. Оби категорияи аввал оби одии аз лӯла гирифташуда мебошад, ки аз манбаъҳои рӯизаминӣ истихроҷ гардидааст. Истеҳсолкунандагон ин гуна обро меполонанд, аз хлор ва оҳани зиёдатӣ пок месозанд ва баъди безараргардонӣ микроэлементҳои фоиданок, аз қабили калсий ва магнийро ҳамроҳ карда, барои нӯшидан пешниҳод менамоянд. Шарти зарурии мавҷудияти ҳама гуна организми зинда дар сайёраи Замин об мебошад. Бодиянишинон дар қумзори васеъ, дар ҷое, ки обро пайдо мекарданд, хайма мезаданд. Онҳо медонистанд, ки дар сурати тамом шудани захираи об ҳеҷ як бойигариву мол шахсро наҷот дода наметавонад. Аз ҳамин ҷост, ки мақоли «Қимати об аз тилло гаронтар» миёни мардуми бодиянишин хеле машҳур гашт.
Таркиби қаъри Замин нисбат ба уқёнусҳо 10-12 маротиба об бештар дорад. Дар сурати обшавии пиряхҳо сатҳи об дар сайёра ба 64 метр (тақрибан баландии бинои 20-ошёна) баланд гашта, қариб ҳаштяки рӯи Заминро зер мекунад.
Об ягона унсури табиӣ дар Замин мебошад, ки зичии дар ҳолати сахт будааш назар ба ҳолати моеъ камтар аст. Аз ҳамин лиҳоз, ях дар об ғарқ намешавад ва об дар обанборҳо то ба поён ях намекунад.
Оби баҳр дар ҳарорати — 1,91 C ях мебандад. Дар табиат тақрибан 1330 намуди обро ҷудо метавон кард. Онҳо аз лиҳози пайдоиш (обҳои хокӣ, боронӣ, аз барфи тару тоза ё барфи куҳна ва ғайра) аз рӯи хислати моддаҳои дар он ҳалшаванда ва миқдор ҷудо карда мешаванд.
Обро зиёда аз як бор ҷӯшонидан мумкин нест, зеро дар сурати обҷӯшонии такрорӣ аз он диоксин ҷудо шуда, эҳтимолияти ба бемории саратон оварданаш мумкин аст.
Тақрибан 520000 километри мукааб об дар як сол аз сатҳи замин бухор мешавад. Борон ва барфи базаминрехта ҳамин рақам ҳаҷми обро ташкил мекунанд. Агар инро ба шакли мукааб тасаввур кунем, 80 километр ба даст меояд ва агар ин ҳаҷми обро дар рӯи Замин баробар тақсим кунем, қабати ғафсӣ тақрибан 1 метрро ташкил хоҳад кард.
Ях дар қитъаҳои гуногуни Замин ҳарорати гуногун дорад. Хунуктарин ях дар Aнтарктида воқеъ гардидааст (ҳарорати ях — 60 дараҷа). Ҳарорати ях дар Гренландия 28 дараҷаро ташкил мекунад, ҳарорати яхи кӯҳҳои Алп ба 00 баробар аст.
Яке аз ҳадафҳои меҳварии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, 2018-2028» барои таъмини амнияти экологии сайёра мебошад. Тибқи назари коршиносони Институти захираҳои ҷаҳонӣ, дар соли 2025 тақрибан аз се ду ҳиссаи аҳолии ҷаҳон дар минтақаҳои тамомшудаи захираҳои об зиндагӣ хоҳанд кард. Коршиносони Институти захираҳои ҷаҳонӣ ба хулосае расидаанд, ки оби нӯшокӣ дар оянда ҳамчун захираи барқарорнашаванда маҳсуб хоҳад ёфт ва соли 2010 дастрасӣ ба оби тоза ва беҳдоштро ҳамчун ҳуқуқи инсон эътироф намуданд. Ин масъала дар мувофиқа бо намояндагони 193 кишвари аъзои СММ ба феҳристи Ҳадафҳои рушди устувор дохил карда шуд. Мутобиқи баҳогузории Бонки умумиҷаҳонӣ барои таъмини дастрасии умум ба оби нӯшокии безарар соли 2030 беш аз 1,7 трлн. доллар лозим хоҳад шуд.
Бинобар ифлосшавии атмосфера ва дигаргун гаштани иқлим аз солҳои шастуми асри гузашта суръати баланди обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад. Албатта, ин маънои онро надорад, ки обшавии пиряхҳо танҳо манфиат ё зарари Тоҷикистон бошад. Имрӯз дар ҷаҳон ин раванд суръати бесобиқа дорад ва бетафовутӣ нисбат ба он барои оянда даҳшатбор хоҳад буд.
Ҳар сол дар ҷаҳон 22 март ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии об таҷлил мегардад. СММ бо таҷлили ин рӯз мехоҳад, ки аҳли башар моҳияти масъаларо дарк намуда, аҳамияти онро дар ҳаёти табиати фарогир ва инкишофи ҷомеа пайхас намояд. Аммо ҳанӯз ҷомеаи башарӣ ба дарки амиқи ин муаммо нарасидааст. Имрӯз кишварҳои пешрафта имкони зиндагиро дар дигар сайёраҳо ҷустуҷӯ доранд. Дар навбати аввал, зимни ҷустуҷӯву таҳқиқ мавҷуд будан ё набудани обро дар он сайёраҳо ба роҳ мемонанд. Яъне, аҳамияти об бояд як масъалаи назарногиру ночиз набошад ва ҳар ҷо, ки об ҳаст, он ҷо ҳаёт аст. Оби ширину ошомиданӣ чун як манбаи ҳаёт арзиши баланд дорад.
Тибқи маълумоти ЮНЕСКО, 122 давлати ҷаҳон дорои захираҳои обии ошомиданӣ мебошанд, ки Тоҷикистон дар миёни онҳо аз рӯи сифати баланди об дар даҳгонаи аввал қарор гирифтааст. Бояд боиси нигаронии аҳли башар бошад, ки зиёда аз як миллиард сокини сайёра аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд.
Яке аз мушкилоти асосии дигар ифлосшавии захираҳои оби ошомиданӣ мебошад. Тибқи сарчашмаҳои муътамад, ифлосшавии захираи оби ошомиданӣ ҳатто дар ИМА ба муаммои умумимиллӣ табдил ёфтааст. Дар саҳифаҳои ВАО-и ИМА перомуни дар таркиби оби зеризаминӣ мавҷуд будани қурғошим бо сарлавҳаҳои калон мақолаҳо ба табъ мерасанд. Тадқиқотҳои гузаронидашуда нишон медиҳанд, ки дар намунаи обҳои зеризаминии тӯли 5 сол мавриди санҷиш қарордодашуда, беш аз 300 номгӯй моддаҳои ифлоскунанда ошкор гардидааст, ки аз се ду ҳиссаашро «моддаҳои кимиёвии аз назорат дурмонда» ташкил медиҳанд.
Ҳадафи дигари даҳсолаи нав ба роҳ мондани муносибати дурусту оқилона ба об аст. Инсон бояд дарк намояд, ки об худ шифо аст ва неъмати ивазнашаванда ба шумор меравад. Агар инсон 2 фоизи оби баданро аз даст диҳад, ташна мемонад, 10 фоизро аз даст диҳад, бемор аст, дар сурати аз даст додани 12 фоизи об бе табобати духтур ба по истода наметавонад, 15-20 фоизи обро аз даст диҳад, ба марг дучор мешавад. Аз нигоҳи коршиносони соҳаи тиб калориянокии ҷисмро маҳз об паст мегардонад. Нафаре, ки обро бештар менӯшад, ба сактаи қалб камтар дучор мешавад. Исбот шудааст, ки бе хӯрок инсон то чанд моҳ зинда монда метавонад, аммо бе об аз се то ҳафт рӯз зиёд зинда намемонад. Инсон дар давоми умр танҳо барои эҳтиёҷот даҳҳо тонна обро истифода мебарад. Баъди оксиген дувумин омили бақо барои инсон об аст.
Коршиносону муҳаққиқон ба он назаранд, ки дар даҳсолаҳои наздиктарин оби ошомиданӣ чун нафт ба тиҷорати бузург табдил меёбад. Имрӯз тиҷорати оби ошомиданӣ аллакай ба раванди муқаррарӣ табдил ёфта истодааст.
Бо дарназардошти ин ҳама метавон гуфт, ки дар оянда ҷомеаи инсонӣ бештар ба проблемаҳои экологии вобаста ба об андармон мешавад. Печидагӣ унсурҳои алоҳидаи онро дарк намуда, Тоҷикистон чун ташаббускори даҳсолаи нав дар ҳалли проблемаҳои ҷиддӣ мусоидат кардан мехоҳад. Ҳамин тариқ, амалӣ гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, 2018-2028» метавонад ба рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ҷаҳон мусоидат кунад.
Ҷамолиддин Ёқубов,
дотсенти кафедраи журналистикаи байналхалқӣ