- Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта дар вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ, марказу гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳо ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 349 санҷиши аудиторӣ гузаронида, ба маблағи 171,4 миллион сомонӣ зарари молиявиро муайян намуд. Аз маблағи умумии зарари молиявӣ хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ – 8,6 миллион сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ — 4,7, изофанависӣ дар таъмиру сохтмон -15, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ – 65,5, талафи воситаҳои пулию молӣ – 18,3, маблағҳои камҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 59,3 миллион сомониро ташкил намуд, — иброз дошт муовини раиси Палатаи ҳисоб Заъфар Азимӣ зимни нишасти матбуотӣ.
Номбурда дар идома гуфт, ки санҷишҳои аудиторӣ, ҳамчунин истифодаи ғайримақсаднок ва ғайрисамараноки воситаҳои давлатиро ба маблағи 81 миллион сомонӣ, захира ва талафи буҷетро ба маблағи 120,2 миллион сомонӣ муайян кард. Дар натиҷа, ба Буҷети давлатӣ 52,2 миллион сомонӣ ва ба ташкилоту муассисаҳо ва субъектҳои хоҷагидор 82 миллион сомонӣ зарари молиявӣ барқарор карда шуд. Дар маҷмӯъ, соли 2017 маблағҳои ба буҷет ва ташкилоту муассиса ва субъектҳои хоҷагидор барқароршуда 147,2 миллион сомониро ташкил намуд.
Инчунин, қайд гардид, ки бо мақсади истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ санҷиши маҷмӯи ташаккул ва иҷрои буҷетҳои маҳаллии 12 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, аз ҷумла Файзобод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Айнӣ, Шуғнон, Лахш, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ишкошим, Варзоб, Дӯстӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба анҷом расиданд, ки дар раванди он 274 ташкилоту муассисаи буҷетӣ мавриди санҷиши аудиторӣ қарор гирифта, 13,6 миллион сомонӣ зарари молиявӣ муайян ва дар натиҷаи андешидани чораву тадбирҳои зарурӣ 12 миллион сомонии он барқарор гардид.
Соли гузашта барои чораҷӯйӣ ва қабули қарорҳои дахлдор 185 маълумоти санҷишӣ, бо дарназардошти норасоӣ ва зарарҳои молиявӣ ба маблағи 138,7 миллион сомонӣ, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол гардидааст, ки 19,9 миллион сомонии онро истифодаи ғайримақсаднок ва ғайрисамараноки маблағҳои давлатӣ ташкил менамояд.
Соли 2017 Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани савияи касбии кормандон аҳамияти аввалиндараҷа дод. Ба ин мақсад аттестатсияи ғайринавбатӣ гузаронида шуд. Аз 70 нафари ба аттестатсия фарогирифта 48 нафар ба мансаби ишғолнамуда муносиб дониста, 14 нафар ба мансаби пасттари хизмати давлатӣ гузаронида шуданд. Ҳашт нафари дигар, бинобар ҷавобгӯй набудани сатҳи тахассусӣ ба мансаби ишғолнамудаашон, аз вазифа озод гардиданд.
- Соли 2018 барои боз ҳам беҳтар намудани назорати шаффофу мақсадноки истифодаи маблағҳои Буҷети давлатӣ ва пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ тадбирҳои зарурӣ хоҳем андешид, — гуфт Заъфар Азимӣ.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»