Шаҳраки Восеи ноҳияи Восеъ Ҳулбук ном гирифт

№10 (3804) 25.01.2018

Бистуми январи соли 2018 мутобиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба иваз намудани номи шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Сарбанд, ноҳияи Бохтар, шаҳраки Восеъ ва деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ, деҳаҳои Шота Руставели, Тошохӯр ва Будинободи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба имзо расониданд.

Дар асоси қарори мазкур, номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар, шаҳри Сарбанд ба Левакант, ноҳияи Бохтар ба Кӯшониён, шаҳраки Восеи ноҳияи Восеъ ба Ҳулбук, деҳаи Қурбоншаҳиди деҳоти «Гулистон»- и ноҳияи Восеъ ба Меҳробод, деҳаи Шота Руставелии деҳоти «Ситораи сурх»-и ноҳияи Ёвон ба Саргаҳ, деҳаи Тошохӯри деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон ба Боғдара ва деҳаи Будинободи деҳоти ба номи Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон ба Зарриндашт иваз карда шуданд.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

www.president.tj