Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҳаҷми партов коҳиш меёбад, агар…

№14 (3808) 01.02.2018

Хиф Мух Зист (2)Дар нишасти матбуотии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабарнигорон бештар ба афзоиши партовҳо ва муносибат ба онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Раиси кумитаи мазкур Хайрулло Ибодзода иттилоъ дод, ки лоиҳаи «Стратегияи миллӣ оид ба идоракунии партовҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030» таҳия гашта, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Аз ҷониби Кумита барои шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ 3 автомашинаи  партовкашонӣ харидорӣ  гардид. Барои қабули партовҳои электронӣ (компютер, принтер ва дигар таҷҳизоти электронӣ) ба идораю муассисаҳо мактуб ирсол шудааст. Ин гуна  партовҳо аз партовҳои муқаррарӣ ҷудо ҷамъоварӣ мешавад, зеро дар фазои кушод  таъсири манфии онҳо ба муҳити зист бештар мегардад. Ҳар қадар маърифати экологии аҳолӣ баланд бошад, ҳамон қадар теъдоди партов кам шуда, муҳити зист  тозатар хоҳад гашт.

- Соли сипаришуда вобаста ба лоиҳам «Баланд бардоштани иқтидори зеҳнӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» дар шаҳрҳои Панҷакент, Кӯлоб, Хоруғ, ноҳияҳои Рашт ва Лахш таҳияи нақшаи мутобиқшавии маҳал ба тағйирёбии иқлим, таъсиси марказҳои омӯзиши иқлим ва тадқиқот оид ба маърифатнокии аҳолӣ ба анҷом расид, — гуфт Хайрулло Ибодзода. – Ҳамчунин, дар доираи лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот» ба маблағи 9,8 миллион доллари ИМА 47 техникаи кишоварзӣ дастрас шуда, ба хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои пилотӣ тақдим гашт.

Яке аз амалҳои шоёни таҳсини Кумита ба табъ расонидани «Китоби Сурхи Тоҷикистон» дар ду ҷилд мебошад. Он бо забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ бо теъдоди  2000 нусха чоп шуда, ба ниҳодҳои дахлдор тақдим гардид.

Соли гузашта  обуҳавошиносони ҷумҳурӣ 365 пешгӯии шабонарӯзӣ тартиб доданд, ки дурус­тии онҳо ба 90 фоиз баробар буда, ин  нишондиҳанда 3 фоиз нисбат ба соли 2016 баланд аст.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»