- Дар нимсолаи дуюми соли 2017 Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани сифату самаранокии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, таҳлили муқоисавӣ — ҳуқуқии қонунгузории амалкунанда ва дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо як қатор корҳоро ба анҷом расонид, — иброз дошт директори он Файзалӣ Идизода зимни нишасти матбуотӣ, ки 24 январ баргузор гардид.
Инчунин, ҷиҳати баланд бардоштани сифати қонунҳо, бартараф кардани мухолифат, номутобиқатӣ ва холигии байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мукаммалсозии онҳо ба зиёда аз 70 лоиҳаи қонун ва дар маҷмӯъ ба 300 санади меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои байналмилалӣ хулосаҳои ҳуқуқӣ дода шуд. Аз ҷумла, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» таҳия ва пешниҳод гардид, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул ва аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ шуда, мавриди амал қарор гирифт.
Тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2016) бармеояд, дар ҳаммуаллифӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузорӣ Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард.
- Баҳри амалӣ кардани талабот дар нимсолаи дуюми соли гузашта кормандони марказ панҷ китоб ва тафсир ба нашр расониданд, ки «Тадқиқоти қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои назорати миллии додани силоҳ ва матлаби мутобиқат ба муқаррароти шартномаи байналмилалии савдои силоҳ» (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ), тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» аз ҳамон ҷумла мебошанд, — гуфт Файзалӣ Идизода.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»