2 феврали соли 2018 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, ки бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд, мулоқот намуд.
Шукурҷон Зуҳуров бо истифода аз фурсати муносиб Сооронбой Жээнбековро ба муносибати ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон интихоб шуданаш табрик намуд.
- Парламенти Тоҷикистон, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров, — ба тавсеаи ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ бо Қирғизистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Хусусан, дар шароити буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ва ноустувории вазъи байналмилалӣ, ки ба иқтисоди ҳар ду ҷониб метавонад таъсири манфӣ расонад. Дар ин самт имконоти ҳанӯз истифоданашуда барои фаъолияти муштараки Тоҷикистону Қирғизистон мавҷуд аст.
Раиси Маҷлиси намояндагон афзуд, ки барои ташкил ва назорати корҳо аллакай механизми комиссияи байниҳукуматии муштарак оид ба баррасии маҷмӯи масоили дуҷониба поягузорӣ гардид. Дар ин бобат, аз ҳама масъалаи муҳим тақвият бахшидани қарорҳои қабулгардида ва назорат аз болои мавриди амал қарор додани онҳо мебошад.
Шукурҷон Зуҳуров, ҳамчунин таъкид намуд, ки яке аз самтҳои муҳими ҳамкории дуҷониба тақвияти муносибатҳои байнипарлумонӣ ба ҳисоб меравад.
- Аз ин хотир, бояд ҳамкории байнипарлумонии кишварҳо ба сатҳи сифатан нав бароварда шавад. Барои расидан ба ин ҳадаф дар Парлумони Тоҷикистон Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон таъсис дода шуд, — гуфт Шукурҳон Зуҳуров.
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар робитаҳои хориҷии Қирғизистон баланд арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки хостори тавсеа ва таъмиқи ҳар чӣ бештари муносибот бо Тоҷикистон мебошад.
Сооронбой Жээнбеков, ҳамчунин натиҷаи сафари расмӣ ва дидору мулоқот бо мақомоти баландпояи Тоҷикистонро самарабахш ва муфид арзёбӣ намуд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон