Дар кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии қонунҳо ва пешниҳоди хулосаҳо

№19 (3813) 13.02.2018

DSC_43499 феврали соли равон таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Раҳмоналӣ Амирзода ҷаласа баргузор гардид.

Аъзои кумита масъалаҳо оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар охир хулосаҳо қабул ва барои баррасӣ ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ