Дар кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии қонунҳо ва пешниҳоди хулосаҳо

№19 (3813) 13.02.2018

DSC_43259 феврали соли ҷорӣ таҳти раёсати Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология баргузор шуд, ки дар он ду масъала — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ масъалаҳои зикршударо шарҳу тавзеҳ дода, сипас, хулосаҳои кумита қабул ва ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»