Барои ТЭТ ҲНИТ ҳақиқат лозим нест

№25 - 26 (3819 - 3820) 27.02.2018

Он қавм, ки аммомапарастанд, харанд,

Зеро ки ба зери бори солус даранд.

В-ин аз ҳама турфатар, ки дар пардаи зуҳд

Ислом фурӯшанду зи кофар батаранд.

(Хайём)

ТЭТ ҲНИТ аз қабили гурӯҳҳои тундраве мебошад, ки дунболи дасисаангезӣ мегардад ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзӣ ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои идеологӣ дар кишвар саъю кӯшиш менамояд.

Айни замон роҳбарияти фирории ҳизби террористӣ ва мамнуъшуда дар хориҷи кишвар ба дурӯғпароканиву фитнаангезӣ машғул буда, ба ин васила барои муташанниҷ кардани вазъи сиёсии кишвар талош мекунад.

Боиси тааҷҷуб аст, ки ин афрод бо ҳама риёкориву фитнаангезӣ ва иғвогарӣ ҳанӯз ҳам худро ҳомии дину мазҳаб ва одобу ахлоқи исломиву арзишҳои инсонӣ муаррифӣ мекунанд.

Воқеан, агар ба таърихи ТЭТ ҲНИТ ва фаъолияти сиёсии он назар афканем, ба осонӣ пай мебарем, ки яке аз мақсадҳои муҳими он шиагардонии мусалмонони кишвар ва дар заминаи он бунёд намудани давлати исломии шабеҳ ба низоми сиёсии Ҷумҳурии исломии шиамазҳаб буд.

Чунонки коршиносони масоили сиёсӣ таъкид мекунанд, далелҳои фаровоне то имрӯз ба даст омадаанд, ки ТЭТ ҲНИТ доимо аз тарафи баъзе ниҳод ва гурӯҳи манфиатҷӯйи минтақавию байналмилалӣ, алалхусус аз тарафи сохторҳо ва доираҳои мазҳабии баъзе кишварҳои минтақа, сармоягузорӣ шуда, то ҷое ҳадафҳои барномавии онҳоро дар самти интиқоли инқилоби исломӣ пардапӯшона роҳандозӣ мекунад. Ин амали ТЭТ ҲНИТ дар заминаи яке аз муҳимтарин ҳадафҳои назарияпардозони инқилоби исломӣ сурат мегирад, ки мехоҳанд инқилоби исломиро ба хориҷ «содир» кунанд ва ба ин васила паҳнои ҷуғрофии давлати исломии аҳли ташайюъро тавсеа бахшанд. Идеологҳои инқилоби исломӣ, аввалан, шиагардонии (шиаи исноашарӣ) мусалмонони суннӣ ва баъдан, ба миён овардани низоми исломии ҷаҳонӣ ё ба таъбири дигар «судури инқилоби исломӣ»-ро ба дигар кишварҳои ҷаҳон вазифаи муҳим ва афзалиятнок медонанд. Соли гузашта дар ҳафтаномаи «Фараж» (шумораи №37 (563) аз 13.09.2017) мақолае бо номи «Чаро роҳбарони ТЭТ ҲНИТ мазҳаби ҳанафиро фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул кардаанд» ба чоп расида буд, ки ба қалами Муҳаммад Иқболи Бохтарӣ — собиқ узви ТЭТ ҲНИТ мутааллиқ буд. Муаллиф ба ҳайси шоҳиди бевоситаи воқеаҳои сиёсӣ лоиҳаи доираҳои мазҳабии хориҷӣ будани ТЭТ ҲНИТ-ро таъкид карда, аз пазириши мазҳаби ташайюъ тавассути роҳбарони ТЭТ ҲНИТ ёдовар шудааст.

Пайгирӣ кардани ТЭТ ҲНИТ аз аҳдофи сиёсии доираҳои манфиатдори хориҷӣ далели он аст, ки ҳизби тундраву ифротгаро тибқи нақшаи сарпарастони хориҷӣ созмон ёфта, ба хотири амалӣ сохтани манфиати онҳо фаъолият мекунад. Аз ин рӯ, иддаои роҳбарияти ТЭТ ҲНИТ дар бораи ҳифзи манофеи мусалмонони кишвару мардуми Тоҷикистон ба ҷуз назарфиребӣ чизи дигаре набуд ва нест.

Оё ҷоиз ва муносиб аст, ки як гурӯҳи маҳдуди ҷомеа — ТЭТ ҲНИТ арзишҳои умумиҷамъиятиро танҳо ба худ мансуб донанд ва фақат худро ҳомии он хонанд? Гурӯҳҳои сиёсӣ ниҳодҳоеанд, ки онҳоро қишрҳои муайяни ҷомеа таъсис дода, барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ талош меварзанд. Маҳз бо ҳамин асос дуруст нест, ки ТЭТ ҲНИТ — як гурӯҳи террористӣ ба нафъи худ аз арзишҳои исломӣ ва эътиқодии мардуми Тоҷикистон суиистифода намоянд, хоса дар мавриде, ки вазъи мураккаби сиёсии минтақа ва тафриқаангезиҳои неруҳои манфиатҷӯйи байналмилалӣ аз мо беш аз ҳарвақта ҳушёрии сиёсиро тақозо дорад.

Усули кори ин неруҳои манфиатҷуст, ки аз эътиқоду боварҳои динии мардуми мусалмони кишварҳо суиистифода карда, ошкору пинҳон онҳоро барои мубориза алайҳи ҳукуматҳои мавҷудаи миллиашон таҳрик диҳанд.

Чаро феълан ҳайати роҳбарӣ ва намояндагони ТЭТ ҲНИТ дар хориҷи кишвар бо такя ба сарпарас­тони манфиатҷӯйи бурунмарзӣ моҷароҷӯйӣ карда, такрори муборизаҳои мусаллаҳонаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон талабгор ва умедворанд? Оё ин гуна пиндор ва рафтори бадхоҳонаи онҳоро нисбат ба Ватану ҳамватанон метавон мувофиқ ва мутобиқ ба ахлоқи исломӣ донист? Албатта, не! Ҳақиқати масъала ошкор аст. Ин ҳақиқат, яъне номутобиқатии аъмоли ифротгароёнаву тундравонаи намояндагони ТЭТ ҲНИТ ба меъёрҳои ахлоқи инсониву исломӣ, аз ҷумла барои муддаиёни наҳзатӣ низ, аён аст. Аммо барои ин муддаиён ҳақиқат муҳим нест, зеро онҳо аслан на дар пайи ҳақиқат, балки дар пайи манфиат мебошанд.

Ҳоло роҳбарияти ТЭТ ҲНИТ зимни мусоҳибаҳо саъй мекунанд, ки ҳизби худро ғамхори мардуми кишвар нишон диҳанд, аз ин рӯ, бештар роҷеъ ба вазъи иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар карда, кӯшиш менамоянд, ки мушкилоти мавҷударо аз будаш бештар ҷилва диҳанд. Инчунин, онҳо бечоранолӣ кардану ҳаммаслаконро ҷабрдидаву мазлум нишон доданро шеваи кори худ қарор додаанд, ки ин бо мақсади ба ангезиш овардани эҳсоси отифии ҳомиёни ҳуқуқи башар дар Аврупо анҷом дода мешавад. Аммо имрӯз ҳама медонанд, ки ин бечоранолиҳо аз як шеваи тактикие беш нестанд ва танҳо ба хотири ба даст овардани ҳусни таваҷҷуҳ ва обрӯ дар миёни мардум анҷом дода мешаванд. Ба таври дигар гӯем, машғул шудани роҳбарияти ТЭТ ҲНИТ ба чунин корҳо фақат ба хотири расидан ба ҳадафҳои муайян сурат мегирад, вагарна аъмоли содиркардаи ин «ҳомиёни ислом» ва «муҳофизони ҳуқуқҳои шаҳрвандон» солҳои ҷанги дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон далели рӯшани он аст, ки онҳо дар вуҷуди худ чизе аз гуманизму инсонсолорӣ надоштанду надоранд. Барои ТЭТ ҲНИТ арзишҳои воло ва муқаддас — Ватан ва миллат фақат ба ҳайси як абзори маъмулии сиёсӣ мавриди истифода қарор дораду бас.

Дар асл роҳбарони ТЭТ ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбӣ омодаанд, ки аз манфиатҳои милливу давлатӣ сарфи назар кунанд. Ин манфиатҷӯён бо талошҳои бесамар умедворанд, ки фазои идеологиро дар ҷомеа тира карда, мардумро муқобили ҳам ба шӯр оранд. Оё ҳамин аст расму роҳи ватандорие, ки роҳбарони ҳизб дар борааш иддао мекунанд? Магар фаромӯш кардаанд, ки маҳз онҳо бо амалҳои номатлуб ду даҳсола пеш боиси шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ гардида, Ватани орому ободро ба вайрона табдил дода, боиси марги ҳазорон нафари бегуноҳ шуда буданд. Магар тақозои дини ислом ҳамин аст? Не, ҳаргиз не! Ин тақозои дили чанд муддаии фазлфурӯшу иззатталаб ва ҷоҳпараст асту бас! Аммо намояндагони ин гурӯҳи тафриқаангез бояд ба эътибор гиранд ва донанд, ки дигар мардуми Тоҷикистон аз пайи гумроҳон, ки ҷомеаро ба вартаи ҷангу ҷидолу хунрезӣ ва вайронкорӣ даъват мекунанд, нахоҳад рафт.

Хусрави ШЕРЗОД