Чандест, ки дар байни мардум ва дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ оид ба тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» андешаҳои доманадор сурат мегиранд. Қонуни мазкур, ки яке аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии қобили таваҷҷуҳи тамоми қишри ҷомеа аст, ҳеҷ як шахси миллатдӯсту ватанпарварро бетараф гузошта наметавонад.
Ин санади тақдирсоз, ки бо истифода аз ташаббуси қонунгузории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия, пешниҳод, қабул ва ҷонибдорӣ гардидааст, шояд яке аз қонунҳои мукаммалтарини кишвар бошад, ки ба беҳтар гардидани зиндагии мардум мусоидат намуда, барои аз байн бурдани зиёдаравиҳои бемавқеъ, ки бархе, шояд аз рӯйи меҳмондӯстӣ ё худнамоии содалавҳона, ба он роҳ медоданд, саривақтӣ ба шумор меравад.
Аммо дар саҳифаҳои баъзе аз воситаҳои ахбори омма гоҳо мақолаҳое ба нашр мерасанд, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим»-ро ҳамчун як санади маҳдудкунандаи ҳуқуқу озодиҳои мардум арзёбӣ менамоянд.
Тавре Абулмаонӣ Мирзо Абдулқодири Бедил фармудааст:
Табъат даме, ки моили айби касон шавад,
Ойина гир, к-аз сари инсоф нагзарӣ.
Яъне, инсон агар хоҳад айби касеро бигӯяду мазаммати касеро бикунад, бояд, пеш аз ҳама, хеле таҳаммул намояд, андешад, ки оё гуфтаи ӯ ба ин ё он амали хайр нигаронида шудааст ё не? Биёед, андеша кунем. Фарз кардем, хонаводае шахси азизу наздикашро аз даст додааст, магар дуруст аст, ки ҳар, рӯзи панҷшанбе ба хонаи мусибатзада ҷамъ омада «ишкамчаронӣ» кунем? Ҳатто бисёр мешавад, ки ба ҷойи баён намудани ҳамдардӣ соатҳои дароз нишаста, ҳазлу шӯхӣ менамоянд. Азодорон низ дар ин маврид ба зиёдаравӣ роҳ медоданд. Агар давлатманде ба «хотир»-и арвоҳи гузаштагон ду-се чорво забҳ мекард, одамони камбизоат ҳам кӯшиш мекарданд, ки «аз маърака қафо намонанд». Дар натиҷа, зери бори қарз мемонданд.
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ дар ин маврид хеле нишонрас фармудааст:
Халқро тақлидашон барбод дод,
Эй дусад лаънат бар он тақлид бод!
Яъне, тақлиди кӯр-кӯрона ба сари мардум ҳама вақт азобу машаққат меорад.
Чунин «анъана»-ҳои зараровар Пешвои миллатро водор намуданд, ки барои решакан кардани онҳо чораҳои муассиртар андешанд. Чунки агар ҷое нофаҳмиву кӯтоҳандешӣ роҳ ёбад, роҳбари хирадманд бояд онро бо неруи тадбир ислоҳ созад.
Ба қавли муаллифи асари «Маҳбуб-ул-қулуб» — Мирзо Бархурдори Фароҳӣ:
Гар набошад бими шамшери сиёсат дар назар,
Мешавад паша чу шере дар миёни мамлакат.
Шаҳриёронро чу гардад тез теғи бозхост,
Зулм гардад сарнагун, барпой гардад офият.
Ба таври дигар гӯем, дар сурати таъсиргузор нашудани сухани одӣ чора ин аст, ки фишангҳои тавонотаре ба мисли «шамшери сиёсат» ҷиҳати риояи қонун истифода шаванд, то «зулм сарнагуну офият барпой гардад».
Подшоҳи Россия Пётри бузург вақте бо тамаддуни пешрафтаи он замони Аврупо ошно гардид, баъди бозгашт ба ватан ислоҳоти зиёдро роҳандозӣ кард, ки ба таври иҷборӣ тарошидани ришу мӯйҳои бетартибона гузоштаи шаҳрвандон яке аз онҳо ба шумор меравад.
Ҳоло мехоҳам чанд пешниҳоди худро ироа намоям, ки барои пешрафту рушди кишвар ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёту фарҳанги ҳамватанон шояд аз фоида холӣ набошанд.
Зиёд мушоҳида мекунем, ки дар муассисаҳои таълимии олии кишвар намояндаи ҳар маҳал бо лаҳҷа сухан мегӯянд. Ин, албатта барои пойтахти кишвар чандон муносиб нест. Хуб мешуд, ки донишҷӯён, новобаста аз он ки аз кадом маҳалу минтақа мебошанд, вазифадор шаванд, ки бо забони адабии ноби тоҷикӣ сухан гӯянд. Инчунин, пеш аз он ки намояндаҳои музофот ба пойтахти кишвар ворид гарданд, онҳо бояд бо одобу ахлоқи шаҳрнишинӣ, муносибати шаҳриёна ошно карда шаванд. Дар нақлиёти мусофиркаш низ эълон кардани истгоҳҳо ва дигар гуфтугузорҳо бо забони адабӣ ба роҳ монда шавад.
Ба ғайр аз ин, тавассути телевизиону радио баромад кардан бо лаҳҷа ва шунавонидани сурудҳои каммазмун қатъиян пешгирӣ гардад, зеро зеҳни зебоипарастии ҷавонон коста мегардад.
Инчунин, бамаврид аст агар мисли солҳои шӯравӣ дар давраи таътили тобистона гурӯҳҳои ихтиёрии сохтмонӣ таъсис дода шуда, ҷавонони ватанпарвару миллатдӯстро ба корҳои сохтмонӣ ҷалб намоем.
Нуриддин Манижа Амириён,
донишҷӯи курси чоруми
факултети ҳуқуқшиносии
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон