Яке аз намудҳои ёрии иҷтимоӣ, ки аз ҷониби давлат ба табақаи осебпазири аҳолӣ бояд расонида шавад, ёрии ҳуқуқии ройгон мебошад. Айни замон дар ҷумҳурӣ низоми ёрии ҳуқуқии ройгон, ки табақаҳои камбизоати аҳолиро пурра ё қисман аз ҳисоби воситаҳои Буҷети давлатӣ таъмин менамояд, дар зинаи ташаккул қарор дорад. Ёрии ҳуқуқии ройгоне, ки ҳоло дар кишвар ба аҳолӣ расонида мешавад, ба такмили ҷиддӣ эҳтиёҷ дорад.
Мақомоти давлатӣ то ҳадди имкон ба шаҳрвандон ҳангоми муроҷиат иттилооти ҳуқуқӣ пешниҳод менамоянд. Яке аз онҳо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аст, ки дар як қатор минтақаи ҷумҳурӣ қабулгоҳҳои ҷамъиятии он амал мекунанд ва ба муроҷиаткунандагон ёрии ҳуқуқии ройгон мерасонанд. Инчунин, дар чанд шаҳру ноҳия марказҳои ҷумҳуриявии буҳронии назди шуъбаҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Ҳамчунин, қабулгоҳҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалҳо фаъолият менамоянд, ки онҳо асосан вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳрвандон иттилооти ҳуқуқӣ пешкаш мегардонанд.
Ёрии ҳуқуқии ройгон дар Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон шартан ба ду намуд — ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа ва дуюмдараҷа ҷудо шудааст.
Ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа аз пешниҳоди иттилооти ҳуқуқӣ ба аҳолӣ тавассути шарҳдиҳӣ ҳангоми машваратҳо дар маҳал ва алоқаи телефонӣ, тартиб додани аризаҳо, шикоят ва дигар ҳуҷҷатҳо дар доираи қонунгузорӣ иборат аст.
Ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа тартиб додани ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ, ҳимоя аз таъқиби ҷиноятӣ, намояндагии шаҳрвандон дар судҳо ва дигар мақомоти давлатиро дар бар мегирад. Ғайр аз ин, лоиҳаҳои гуногун доир ба расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба аҳолии камбизоат тавассути ташкилоти ҷамъиятӣ аз ҳисоби ташкилоти кумакрасони байналмилалӣ амалӣ гардонида мешаванд. Вале ин ҳама талаботи аҳолиро ҷиҳати дастрасӣ ба ёрии сифатноки ҳуқуқӣ пурра қонеъ карда наметавонад.
Тибқи Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа барои ҳама, аз ҷумла барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бе тобеияти шаҳрвандӣ низ дастрас мебошад.
Новобаста аз он ки ёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби адвокатҳо бо пардохти ҳаққи хизмат пешкаш мегардад, қисми 1 моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» аз 18 марти соли 2015 муқаррар кардааст, ки узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони зерин ёрии ҳуқуқии ройгон мерасонад:
- ба даъвогарон дар судҳои марҳилаи якум ҳангоми баррасии парвандаҳо оид ба ситонидани алимент ва барқарор кардан ба кор;
- ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии «Чернобил» зарар дидаанд, маъюбон ва шахсоне, ки саробони худро дар давраи муқовимати сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даст додаанд ва гурезаҳо;
- ба шаҳрвандон аз рӯи шикоят оид ба роҳ додани ғалат дар рӯйхати интихобкунандагон;
- ба вакилони мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ҳангоми додани маслиҳат оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ, ки бо иҷрои ваколатҳои вакилии онҳо алоқаманданд;
- ба ноболиғон, агар васӣ ё парастор надошта бошанд;
- ба даъватшавандаҳо ба хизмати ҳарбӣ ва хизматчиёни ҳарбии муҳлатнок;
- ба шаҳрвандони камбизоате, ки даромади умумиашон барои ҳар як аъзои оила дар як моҳ камтар аз як нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад;
- дар ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
Тавре мебинем, ёрии ҳуқуқии ройгон аз ҷониби адвокатҳо на барои ҳама расонида мешавад. Аз ин ҷост, ки баъди гузаронидани назарсанҷиҳо, иштирокчиёни он диққати аҳли ҷамъиятро ба сатҳи нокифояи хизматрасониҳои ҳуқуқии ройгон, ки аз ҷониби коллегияи адвокатҳо ва ташкилоти ҷамъиятӣ пешниҳод мегарданд, ҷалб намуданд.
Дар моддаи 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад».
Моддаи 92 Конститутсия муқаррар кардааст, ки «Ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ кафолат дода мешавад. Тарзи ташкил ва тартиби фаъолияти адвокатура ва дигар шаклҳои ёрии ҳуқуқиро қонун муайян мекунад».
Барои дар амал татбиқ намудани моддаҳои 19 ва 92 Конститутсия 4 ноябри соли 1995 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура» қабул гардид, ки ёрии ҳуқуқии ройгон дар моддаи 19-уми он ба танзим дароварда шуд. Бо мурури замон ва бо дарназардошти рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ, ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санади меъёрии ҳуқуқии нави соҳаи адвокатура — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» 18 марти соли 2015 қабул гардид. Вале новобаста аз кафолатҳои мавҷудаи қонунгузорӣ, таъмини мувофиқати қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба стандартҳои байналмилалӣ, то ҳол мушкилиҳо ҷиҳати пурра амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои шаҳрвандон барои гирифтани ёрии ҳуқуқии ройгон боқӣ мемонанд.
Анҷумани генералии Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаласаи 23-юмаш, (19 декабри соли 1968), резолютсияи 2449 (XXIII)-ро қабул намуд, ки тибқи банди «а», қисми 1 он ба давлатҳои аъзо тавсия гардидааст: «Бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ ба ниёзмандон рушди прогрессивии низоми ҳамаҷонибаи ёрии ҳуқуқиро кафолат диҳанд». Иҷрои резолютсияҳои Анҷумани генералии СММ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 2 марти соли 1992 аъзои комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардид, характери тавсиявӣ дошта бошанд ҳам, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад, то онҳоро амалӣ намояд.
Дар баробари кафолати ҳимояи судие, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, Тоҷикистон як қатор уҳдадориҳои байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои инсонро ба зимма гирифтааст, ки мувофиқи онҳо уҳдадор аст ёрии ҳуқуқиро барои шаҳрвандон дар ҳама марҳила мурофиаи ҷиноятӣ пешниҳод намояд.
Мутобиқи моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Ин маънои онро дорад, ки агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.
Дувоздаҳуми декабри соли 1966 Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ қабул ва 23 марти соли 1976 мавриди амал қарор дода шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин санади байналмилалӣ 13 ноябри соли 1998 ҳамроҳ шуд ва аз 4 апрели соли 1999 санади мазкур дар ҷумҳурӣ эътибори ҳуқуқӣ пайдо кард. Ҳуҷҷати байналмилалии номбурда дар моддаҳои 2 ва 14 кафолатҳои ёрии ҳуқуқиро муқаррар менамояд. Кишвари мо, ҳамчунин иштирокчии Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак мебошад, ки он соли 1989 қабул шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин санади байналмилалӣ соли 1993 ҳамроҳ шуд. Дар банди «d» моддаи 37-и он муқаррар гардидааст, ки «Ҳар кӯдаки аз озодӣ маҳрумшуда барои дастрасии фаврӣ ба ёрии ҳуқуқӣ ва дигар кумакҳои дахлдор, инчунин мавриди баҳс қарор додани қонунӣ будани аз озодӣ маҳрум намудани ӯ дар назди суд ё дигар мақомоти салоҳиятдор, мустақил, беғараз ва барои аз ҷониби онҳо фавран қабул шудани қарорҳо нисбати ҳар гуна чунин амалҳои мурофиавӣ ҳуқуқ дорад». Ин ҳам яке аз уҳдадориҳои байналмилалии базиммагирифтаи Тоҷикистон ба шумор меравад.
Мувофиқи уҳдадориҳои байналмилалӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон маърӯзаи давриро доир ба татбиқи Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ пешниҳод намояд. Кумита маърӯзаи дуюми даврии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласаҳои 2982-юм ва 2983-юм, ки 9 ва 10 июли соли 2013 дар Женева баргузор шуданд, баррасӣ намуд. Ҳамчунин, Кумита дар ҷаласаи 3002-юмаш, ки 23 июли соли 2013 баргузор гардид, эродҳои хотимавии дахлдорро қабул намуд. Дар банди 18 эродҳои номбурда изҳори нигаронӣ шудааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми ёрии ҳуқуқии аз ҷониби давлат кафолатдода ба шахсони эҳтиёҷманд, ки нисбат ба онҳо айбдоркунии ҷиноятӣ эълон шудааст, дастрас намебошад.
Доир ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон 23 июли соли 2014 аз ҷониби муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчунин раиси Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон мебошад, Нақшаи миллӣ вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон ба маърӯзаи дуюми миллии даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба татбиқи Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ барои солҳои 2014 – 2016 тасдиқ шудааст. Дар банди 18-уми он омадааст: «Низоми ёрии ҳуқуқии аз ҷониби давлат кафолатдодашуда ба шахсони эҳтиёҷманд созмон дода шавад.Барои ҳалли вазифаҳои номбурда «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2015-2017 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Дар банди 7 барнома дарҷ гардидааст, ки консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Консепсия) таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод карда шавад. Аз ин лиҳоз, консепсияи номбурда аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ ва хориҷӣ таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардид, ки он 2 июли соли 2015 тасдиқ шуд.
Консепсияи мазкур ба ташаккул додани асосҳо барои мукаммалгардонии минбаъдаи низоми давлатии ёрии ҳуқуқии ройгони дастрас ва касбӣ барои аҳолӣ ва ҳалли масъалаҳои зерин нигаронда шудааст:
- ташкил намудани низоми ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа ва дуюмдараҷа бо роҳи ҷорӣ кардани намунаҳои (моделҳои) гуногун;
- муайян намудани маблағгузории зарурии намунаҳои (моделҳои) гуногуни ҷоришудае, ки дар консепсияи мазкур пешниҳод шудаанд;
- ташкил додани низоми самараноки мутобиқат ва назорати сифати ҷараёни расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон;
- муайян намудани доираи субъектҳое, ки ёрии ҳуқуқии ройгонро мерасонанд;
- муайян намудани гурӯҳи шахсоне, ки ҳуқуқи дастрасӣ ба ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷаро доранд;
- аз рӯи натиҷаҳои татбиқи намунаҳо (моделҳо) оид ба расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон, таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», инчунин мутобиқ намудани дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои таъмини фаъолияти низоми нави расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон бо дарназардошти таҷрибаи намунаҳои (моделҳои) ҷоришаванда ва маблағгузории сарфшуда.
Бо мақсади татбиқ намудани талаботи консепсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015, № 704 дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» таъсис ёфтааст. Таҷрибагузаронии консепсия моҳи марти соли 2016 дар чанд шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ оғоз шуд.
Ҳангоми интихоби шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ, зичии аҳолӣ ва шумораи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар ҳудуди онҳо имкониятҳои Вазорати адлия барои пешниҳоди бино (ҷойи корӣ) ба ҳуқуқшиносони бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ ба назар гирифта шуданд. Ҳамин тариқ, соли 2016 шаҳрҳои Панҷакент, Ваҳдат, ноҳияҳои Ҷайҳун, Деваштич, Бобоҷон Ғафуров ва Восеъ ҳамчун шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ интихоб карда шуданд.
Соли 2017 бо мақсади васеъ намудани фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» ҷиҳати ташаккули низоми ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа шаш шаҳру ноҳияи дигар — Хоруғ, Конибодом, Ёвон, Ҷаббор Расулов, Шаҳринав, Спитамен интихоб шуд. Соли 2018 теъдоди минтақаҳои таҷрибавӣ боз 6 адад аз ҳисоби шаҳри Исфара, ноҳияҳои Нуробод, Тоҷикобод, Ашт, Дӯстӣ ва Ҷ. Балхӣ зиёд гардид.
Таҳлили муроҷиатҳои шаҳрвандон ба бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ нишон медиҳад, ки шаҳрвандон асосан бо масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқи оилавӣ, замин, гражданӣ ва манзил дучор мешаванд. Ин омилҳои объективӣ боис гардиданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ»-ро таҳия карда, барои баррасӣ ва қабул ба мақомоти қонунгузор пешниҳод намояд.
Ҳамчунин, қайд кардан зарур аст, ки 6 феврали соли ҷорӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2028» тасдиқ карда шуд, ки сарчашмаи он Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 мебошад. Ин гуна қонун дар собиқ давлатҳои шӯравӣ, ба мисли Қазоқистон, Қирғизистон, Украина, Молдова, Федератсияи Россия, Литва, Латвия ва Эстония низ қабул гардидаанд ва дар онҳо низоми устувори расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба роҳ монда шудааст.
Инчунин, қонун барои муттаҳид кардани меъёрҳо, ки имконияти гирифтани ёрии ҳуқуқии ройгонро пешбинӣ менамоянд, равона шудааст. Яъне, ҳуқуқ ба ёрии ҳуқуқии ройгон дар як санади меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар нашуда, дар чанд ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқӣ, ба мисли моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», моддаҳои 47 ва 50 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар гирифта шудаанд.
Қабули қонуни махсус, ки соҳаи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгонро ба танзим медарорад, дар ҷамъияти имрӯза саривақтӣ мебошад, зеро зарурат ба ёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла ройгон, на фақат ҷиҳати мурофиаи судӣ, инчунин дар рафти ҳамкории ҳаррӯзаи мардум байни худ ё бо мақомоти давлатӣ ва ташкилот пайдо мегардад.
Дигар омили мусбати қабули қонун дар соҳаи ёрии ҳуқуқии ройгон аз он иборат аст, ки кафолати давлатӣ оид ба таъмини пурраи ҳуқуқи конститутсионӣ барои гирифтани ёрии ҳуқуқии дар моддаи 92 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда аз ҷониби шаҳрвандон амалӣ мегардад. Барои иҷрои ин уҳдадории базиммагирифтаи давлат, муҳайё намудани асоси қонунӣ барои кор кардани низоми мукаммал ва самараноки ёрии ҳуқуқии ройгон, ки ба таъмини табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазир ва камбизоати аҳолӣ бо ёрии ҳуқуқии ройгон равона шудааст, лозим аст. Қабули ин гуна қонун барои баланд бардоштани некуаҳволӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мусоидат хоҳад кард, зеро маблағеро, ки шаҳрвандон барои ёрии ҳуқуқии музднок ҷудо менамоянд, баъд аз гирифтани ёрии ҳуқуқии ройгон метавонанд барои беҳтар намудани шароити зиндагӣ харҷ намоянд.
Басир НОСИРОВ,
муовини директори Муассисаи давлатии
«Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон