Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Қонун «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» дар таҳрири нав қабул шуд

№52 (3846) 28.04.2018

DSC_045425 апрели соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд.

РАИС: - Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 61 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 — уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон оид ба фаъолияти намояндагони сарҳадӣ

2. Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ

3. Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ ҷиҳати таъмини ­фаъолияти сарбанди «Фарҳод»

4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Дар хусуси Протокол доир ба амалисозии Созишнома дар бораи ҳимояи иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ аз 28 ноябри соли 2006 оид ба масъалаҳои ҷуброни хароҷот вобаста ба татбиқи чораҳои ҳимоя, ки 16 сентябри соли 2016 дар шаҳри Бишкек ба имзо расидааст

6. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба фаъолияти намояндагони сарҳадӣ» сухан ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умаров Мансурҷон Ғаффорович дода мешавад.

УМАРОВ Мансурҷон Ғаффорович:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи (ратификатсияи) Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба фаъолияти намояндагони сарҳадӣ» ҷиҳати гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ, ки барои эътибор пайдо намудани ҳамин созишнома зарур мебошад, дар мувофиқа бо вазоратҳои адлия, молия, корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо таҳия гардидааст.

«Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба фаъо­лияти намояндагони сарҳадӣ» 9-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе, зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон ба Тоҷикистон ба имзо расонида шудааст. Бояд қайд намуд, ки то имрӯз фаъолияти намояндагони сарҳадии ду давлат тибқи нақшаи ҳарсола аз ҷониби фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии Тарафҳо баимзорасида амалӣ мегардад.

Созишнома ба фароҳам овардани заминаи ҳуқуқии фаъолияти намояндагони сарҳадии Тоҷикис­тону Ӯзбекистон равона шуда, тартиби фаъолияти онҳоро доир ба ҳалли моҷароҳои сарҳадии дар сарҳади давлатӣ бавуҷудмеомада ба танзим медарорад. Ғайр аз ин, минтақаҳои фаъолият, аз он ҷумла дар самти Тоҷикистон 7 адад ва дар самти ­Ӯзбекистон 11 адад, муайян гардидааст.

Санади мазкур аз дебоча, 18 модда ва 5 замима (замимаи 1 — Протокол оид ба минтақаҳои фаъолияти намояндагони сарҳадии Тарафҳо, замимаи 2 — Ваколати намояндаи сарҳадӣ ва муовини ӯ, замимаи 3 — Ваколати ёрдамчии намояндаи сарҳадӣ, замимаи 4 — Шаҳодатномаи котиб ва тарҷумон, замимаи 5 — Шаҳодатнома барои убури якдафъаинаи сарҳад ба ҳар ду тараф) иборат мебошад.

Тибқи моддаи 18-уми созишнома, он аз санаи гирифтани огоҳиномаи охирини хаттӣ оид ба аз ҷониби Тарафҳо анҷом додани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардан заруранд, ба қувваи амал медарояд. Хоҳиш менамоям, онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Тағоймуродов Анвар Ҳайдарович дода мешавад.

Анвар ТАҒОЙМУРОДОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

«Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ­фаъолияти намояндагони сарҳадӣ» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Он бо мақсади фароҳам овардани заминаи ҳуқуқии танзими фаъолияти намояндагони сарҳадии Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба моҷароҳои сарҳадии дар сарҳади давлатӣ бавуҷудмеомада ба имзо расидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи номбурдаро мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд. Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба фаъолияти намояндагони сарҳадӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба барорасии масъала «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ» оғоз менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон дода мешавад.

КАРИМЗОДА Хуршед Абдураҳмон:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Дувоздаҳуми декабри соли 2017 дар шаҳри Абу — Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ» ба имзо расонида шуд.

Мақсади асосии баимзорасонии созишномаи мазкур аз пешгирӣ намудани вайронкунии қонунгузории гумрукӣ тавассути ҳамкориҳо байни мақомоти гумруки давлатҳои номбаршуда, таъмини баҳисобгирии амиқ ва ситонидани боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ҳангоми воридот ва содироти мол, мубодилаи иттилоот ва маълумоте, ки барои татбиқи қонунгузории гумрукӣ зарур мебошад, ҳамкорӣ дар масъалаҳои омӯзиш, таълим ва мубодилаи мутахассисони мақомоти давлатҳои Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ва дигар самтҳои фаъолияти гумрукӣ иборат мебошад.

Ҳамкориҳои дар созишномаи мазкур пешбинишуда бевосита байни мақомоти салоҳиятдори гумрукии давлатҳои зикршуда амалӣ мегардад ва барои муносибатҳои мақомоти гумруки Тарафҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.

Тасдиқи созишномаи мазкур маб­лағгузории иловагиро аз Буҷети давлатӣ талаб намекунад, балки барои ғанӣ гардонидани он натиҷа хоҳад дод.

Аз шумо — вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар ­фаъолияти гумрукӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.

Шариф РАҲИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

«Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ» аз тарафи Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, аз ҷониби мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб 12 декабри соли 2017 дар шаҳри Абу — Дабӣ ба имзо расидааст. Мақсад аз он таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, таъмини баҳисобгирии амиқ ва ситонидани боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва дигар пардохт­ҳою хироҷҳо ҳангоми воридоту содироти молҳо, баланд бардоштани самаранокии назорати гумрукӣ, пешгирӣ кардани гардиши воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, инчунин мубодилаи иттилоот, табодули таҷриба ва таҳқиқу пешгирии қонуншиканиҳои гумрукӣ мебошад.

Созишномаи зикршударо кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои худ ҷонибдорӣ намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул созишнома бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, қабули он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ ҷиҳати таъмини фаъолияти сарбанди «Фарҳод» оғоз менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур дода мешавад.

РАҲИМЗОДА Султон Нурмаҳмадпур:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

«Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон дар бораи ҳамкорӣ ҷиҳати таъмини фаъолияти сарбанди «Фарҳод» зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (9-10 марти соли 2018) ба имзо расонида шуд.

Мақсад аз он ба танзим даровардани муносибатҳои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар таъмини фаъолияти (истифодабарии) сарбанди «Фарҳод», тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи ҷонибҳо, мебошад. Созишнома масъалаҳои даровардан ва баровардани нақлиёт, таҷҳизот ва масолеҳи тарафи ӯзбекистонӣ, ки барои таъмини фаъолияти мунтазами сарбанд заруранд, нигоҳдории сатҳи зарурии об дар иншоот барои устувории обгирӣ, риояи реҷаи бехатарии истифодабарии сарбанд, инчунин хароҷоти вобаста ба таъмини фаъолияти иншоотро ба танзим медарорад.

Тибқи созишнома, тарафи ӯзбекис­тонӣ дар мувофиқа бо тарафи тоҷикистонӣ барои дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани сарбанди «Фарҳод» чораҳо меандешад ва ҳама хароҷотро вобаста ба таъмини фаъолияти он рӯйпӯш (пардохт) менамояд. Зимнан, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, бехатарӣ, реҷаи махсус ва ҳифзи иншоот аз ҷониби Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Созишнома мансубияти ҳудудии қитъаи замини дар иншоот ҷойгирбуда ва ҳуқуқи соҳибмулкӣ ба онро муайян намекунад ва ба рушди ҳамкории тарафҳо ва таҳкими робитаҳои дӯстона байни Тоҷикистон ва Ӯзбекис­тон мусоидат хоҳад намуд. Хоҳишмандам, онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ахмедов Мирзоанвар дода мешавад.

Мирзоанвар АХМЕДОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

«Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ ҷиҳати таъмини фаъолияти сарбанди «Фарҳод» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 17 апрели соли 2018, №1677 барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Созишномаи мазкур бо мақсади ҳалли масъалаҳои даровардан ва баровардани нақлиёт, таҷҳизот ва масолеҳи тарафи ӯзбекистонӣ, ки барои таъмини фаъолияти мунтазами иншоот заруранд, нигоҳдории сатҳи зарурии об дар иншоот барои устувории обгирӣ, тибқи меъёри обгирии дар доираи Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ муқарраргардида, риояи реҷаи бехатарии истифодабарии иншоот, инчунин хароҷот вобаста ба таъмини фаъолияти иншоотро ба танзим медарорад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар хулосаҳои пешниҳодкарда онро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сарбанди «Фарҳод» барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иншооти муҳим маҳсуб ёфта, дар тӯли беш аз 20 соли охир масъалаи «доғи рӯз» буд. Обе, ки тавассути ин сарбанд тақсим мешавад, барои обёрии заминҳои ноҳияи Мастчоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол меёбад. Дарвозаи канали Дилварзини боло 43,6 километр аст, ки зиёда аз 30 ҳазор гектар замин дар ноҳияи Мастчоҳ тавассути он обёрӣ мегардад. Илова бар ин, аз сарбанд ба 1536 гектар заминҳои обёришаванда ва 1221 гектар заминҳои нав тавассути канали дериватсионии Неругоҳи барқи обии «Фарҳод», ки қобилияти обгузаронии 470 мукаабметрро доро мебошад, об расонда мешавад. Заминҳои умумии вобасташудаи обёришаванда беш аз 37 ҳазор гектарро ташкил менамояд.

Ҳамчунин, заминҳои кишоварзии ноҳияҳои Спитамен, Зафаробод ва Ғончӣ бо масоҳати умумии 45 ҳазор гектар аз ин иншоот обёрӣ мешаванд. Сарбанди «Фарҳод»-ро Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун пули нақлиётӣ низ, ки ноҳияҳои Спитамен ва Мастчоҳро бо ҳам мепайвандад, истифода мебарад. Ҳамин тариқ, сарбанди «Фарҳод» дар таъмини ноҳияҳои номбурда бо об аҳамияти муҳим дорад.

Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон тавассути сарбанди «Фарҳод» беш аз 330 ҳазор гектар заминҳои вилоятҳои Сурхондарёву Тошканд обёрӣ ва аз Неругоҳи барқи обии «Фарҳод» барои эҳтиёҷоти аҳолии сокинони он вилоятҳо неруи барқ истеҳсол мешавад.

Созишнома, ки ба муҳлати 49 сол баста шудааст, Тарафҳоро уҳдадор мекунад дар таъмир, нигоҳдорӣ, амният ва дигар масъалаҳои вобаста ба он муваззаф бошанд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ ҷиҳати таъмини фаъолияти сарбанди «Фарҳод»» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирсайзод Ҳаким Саид дода мешавад.

МИРСАЙЗОД Ҳаким Саид:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, инчунин таъмини манфиатҳои давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таҳия гардидааст.

Бояд қайд кард, ки ҳабси молу мулк ба сифати чораи маҷбурии мурофиавӣ ҷиҳати таъмини даъвои гражданӣ дар баррасии парвандаи ҷиноӣ, иҷрои ҷазо дар намуди ҷарима ва ситонидани дигар пардохтҳои молумулкӣ ё эҳтимоли мусодираи молу мулк татбиқ карда мешавад. Бинобар ин, мақомоти пешбурди парвандаи ҷиноятӣ уҳдадор аст, ки бо розигии прокурор дар бораи ҳабси молу мулки гумонбаршуда, айбдоршаванда ё шахсоне, ки мувофиқи қонун барои кирдор аз ҷиҳати моддӣ ҷавобгаранд, ба суд дархост ирсол намоянд ва судя дар бораи ҳабси молу мулк қарор мебарорад.

Дар робита ба ин, бо ­дарназардошти ҳаммаъно будани қисмҳои 1 ва 3 – юми моддаи 116 — уми кодекс, хориҷ гардидани қисми 3 пешниҳод карда мешавад.

Иловаҳо ба қисми 2 — юми моддаи 245 меъёри мазкурро пурра гардонида, муқаррар менамояд, ки ба фикри айбдоркунӣ дар баробари маълумот оид ба муҳлати тафтиш, чораҳои интихобшудаи пешгирӣ, далелҳои шайъӣ ва ҷойи нигоҳдошти онҳо, даъвои гражданӣ, дар бораи чораҳое, ки барои таъмини даъвои гражданӣ дар баррасии парвандаи ҷиноӣ ва имконпазирии мусодираи молу мулк андешида шудаанд, хароҷоти мурофиавӣ ва маълумотнома дар бораи чораҳое, ки барои таъмини иҷрои ҷазо дар намуди ҷарима ва ситонидани дигар пардохтҳои молумулкӣ андешидашуда низ замима карда шаванд.

Иловаҳо ба қисми 1 — уми моддаи 247 ва моддаи 262 прокурор ва судро уҳдадор мекунанд, ки мувофиқан бо парвандаи ҷиноятии бо фикри айбдоркунии воридшуда ва парвандаи ҷиноятии ба суд воридшуда, андешида шудани чораҳоро барои таъмини даъвои гражданӣ дар баррасии парвандаи ҷиноӣ, иҷрои ҷазо дар намуди ҷарима ва ситонидани дигар пардохтҳои молумулкӣ ва имконпазирии мусодираи молу мулк ҷиҳати таъмини рӯёнидани товони зарар, ки дар натиҷаи содир намудани ҷиноят расонида шудааст, иҷрои ҷазо дар намуди ҷарима ва ситонидани дигар пардохтҳои молумулкӣ ва эҳтимоли мусодираи молу мулк муайян намоянд.

Иловаҳо ба моддаи 267 ба судя салоҳият медиҳад, ки дар сурати аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш ва прокурор наандешидани чорае, ки рӯёнидани товони зарари бо ҷиноят расонидашуда, иҷрои ҷазо дар намуди ҷарима, ситонидани дигар пардохтҳои молумулкӣ ва эҳтимоли мусодираи молу мулкро таъмин менамояд, бо қарори худ мақомоти тафтишотро вазифадор намояд, ки чораҳои зарурии таъминотиро андешад.

Мувофиқи мақсад аст, агар мақоми таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ уҳдадор карда шаванд, ки вобаста ба таъмини иҷрои ҷазои ҷарима, таъмини даъвои гражданӣ ё эҳтимоли мусодираи молу мулк, ҳабси молу мулки гумонбаршуда, айбдоршаванда ё шахсонеро, ки мувофиқи қонун барои кирдор аз ҷиҳати моддӣ ҷавобгаранд, гузаронида, ба суд бо дархост муроҷиат намоянд. Наандешидани чунин тадбирҳо иҷрои санади судиро вобаста ба рӯёнидани зарари расонидашуда ба манфиати шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ ва давлат, инчунин рӯёнидани маблағи ҷарима ва мусодираи молу мулк, ки ҳамчун ҷазо ба манфиати давлат таъин шудаанд, мушкил ва дар баъзе ҳолатҳо ғайриимкон мегардонад.

Ҳангоми иҷрои ситониш аз молу мулки ба ҳабс гузошташуда ҳуқуқи молумулкии шахсони дигар ҳифз карда мешавад. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани баҳс вобаста ба тааллуқдории молу мулке, ки ба он ситониш нигаронида мешавад, шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии манфиатдор ҳуқуқ доранд оид ба озод намудани молу мулк (қисми 2 — юми моддаи 199 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз ҳабс ё аз рӯйхат хориҷ кардани он ба суд бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намоянд. Дар робита ба ин, аз қисми 1 — уми моддаи 335 калимаҳои «барои ­таъмини даъвои гражданӣ ё эҳтимоли мусодира» хориҷ карда мешаванд.

Аз шумо – вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯйи ин масъала ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад дода мешавад.

 ХОЛМУҲАММАДЗОДА Азизмуҳаммад Холмуҳаммад:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Тағйиру иловаҳо мақсади бевоситаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба таъмини ҳифзи манфиатҳои давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муайян намуда, муқаррар мекунад, ки ҳабси молу мулк ба сифати чораи маҷбурии мурофиавӣ ҷиҳати таъмини даъвои гражданӣ, иҷрои ҷазо дар намуди ҷарима ва ситонидани дигар пардохтҳои молумулкӣ ё эҳтимоли мусодираи молу мулк татбиқ карда мешавад. Аз ин рӯ, мақомоти пешбурди парвандаи ҷиноятӣ уҳдадор аст, ки бо розигии прокурор дар бораи ҳабси молу мулки гумонбаршуда, айбдоршаванда ё шахсоне, ки мувофиқи қонун барои кирдорашон аз ҷиҳати моддӣ ҷавобгаранд, ба суд дархост пешниҳод намоянд ва судя дар бораи ҳабси молу мулк қарор мебарорад.

Дар робита бо ин, қисми 3 — юми моддаи 116, ки меъёри муқарраркунанда намебошад, хориҷ карда мешавад.

Иловаҳо ба қисми 2 — юми моддаи 245 меъёри мазкурро пурра гардонида, муқаррар менамояд, ки ба фикри айбдоркунӣ дар баробари маълумот оид ба муҳлати тафтиш, чораҳои интихобшудаи пешгирӣ, далелҳои шайъӣ ва ҷойи нигоҳдошти онҳо, даъвои гражданӣ дар бораи чораҳое, ки барои таъмини даъвои гражданӣ ва имконпазирии мусодираи молу мулк андешида шудаанд, хароҷоти мурофиавӣ, инчунин маълумотнома дар бораи чораҳое, ки барои таъмини иҷрои ҷазо дар намуди ҷарима, ситонидани дигар пардохтҳои молумулкӣ андешидашуда низ замима карда шаванд.

Иловаҳо ба моддаҳои 247 ва 262 прокурор ва судро уҳдадор мекунанд, ки мувофиқан бо парвандаи ҷиноятии бо фикри айбдоркунӣ воридшуда ва парвандаи ҷиноятии ба суд воридшуда андешида шудани чораҳоро барои таъмини даъвои гражданӣ, иҷрои ҷазо дар намуди ҷарима, ситонидани дигар пардохтҳои молумулкӣ ва имконпазирии мусодираи молу мулк ҷиҳати таъмини рӯёнидани товони зарар, ки дар натиҷаи содир намудани ҷиноят расонида шудааст, иҷрои ҷазо дар намуди ҷарима, ситонидани дигар пардохтҳои молумулкӣ ва эҳтимоли мусодираи молу мулкро муайян намоянд.

Иловаҳо ба моддаи 267 ба судя салоҳият медиҳад, ки дар сурати аз ҷониби шахси таҳқиқбаранда, муфаттиш ва прокурор наандешидани чорае, ки рӯёнидани товони зарари бо ҷиноят расонидашуда, иҷрои ҷазо дар намуди ҷарима, ситонидани дигар пардохтҳои молумулкӣ ва эҳтимоли мусодираи молу мулкро таъмин менамояд, бо қарори худ мақомоти тафтишотро вазифадор намояд, ки чораҳои зарурии таъминотиро андешад.

Дар робита бо иловаҳои зикргардида, аз моддаи 335 калимаҳои «барои таъмини даъвои гражданӣ ё эҳтимоли мусодира» хориҷ карда мешаванд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ҳуқуқи молумулкии шахсони дигарро ҳангоми иҷрои ситониш аз молу мулки ба ҳабс гузошташуда таъмин менамояд.

Ҳамин тариқ, тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии манфиатдор ҳуқуқ медиҳанд, ки дар ҳолати ба вуҷуд омадани баҳс вобаста ба тааллуқдории молу мулке, ки ба он ситониш нигаронида мешавад, ҷиҳати озод намудани молу мулкашон аз ҳабс ё хориҷ кардани онҳо аз рӯйхат ба суд бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намоянд.

Лоиҳаи қонун бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 9 апрели соли 2018, №1657 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд, аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ ёфт. Ҳамчунин, панҷ таклифу дархост пешниҳод гардид, ки онҳо дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ қабул гардиданд.

Кумитаи масъул 17 апрели соли 2018 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро баррасӣ намуд, ки он аз тарафи иштирокдорон дастгирӣ ёфт.

Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар хусуси Протокол доир ба амалисозии Созишнома дар бораи ҳимояи иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ аз 28 ноябри соли 2006 оид ба масъалаҳои ҷуброни хароҷот вобаста ба татбиқи чораҳои ҳимоя, ки 16 сентябри соли 2016 дар шаҳри Бишкек ба имзо расидааст», шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ дода мешавад.

 САФАРЗОДА Бахтовар Амиралӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

«Протокол доир ба амалисозии Созишнома дар бораи ҳимояи иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ аз 28 ноябри соли 2006 оид ба масъалаҳои ҷуброни хароҷот вобаста ба татбиқи чораҳои ҳимоя, ки 16 сентябри соли 2016 дар шаҳри Бишкек ба имзо расидааст», аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалигардонии муқаррароти Протокол доир ба амалисозии Созишнома дар бораи ҳимояи иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ аз 28 ноябри соли 2006 оид ба масъалаҳои ҷуб­рони хароҷот вобаста ба татбиқи чораҳои ҳимоя, ки 16 сентябри соли 2016 дар шаҳри Бишкек ба имзо расидааст, дар ­доираи маблағҳое, ки дар буҷет барои вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ба ин мақсадҳо пешбинӣ гардидаанд, иштирок мекунад.

Протоколи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли равон, барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро ҷонибдорӣ намуданд.

Нуздаҳуми апрели соли 2018 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва тасдиқи онро мувофиқи мақсад шумориданд.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ кунед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Протокол доир ба амалисозии Созишнома дар бораи ҳимояи иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ аз 28 ноябри соли 2006 оид ба масъалаҳои ҷуброни хароҷот вобаста ба татбиқи чораҳои ҳимоя, ки 16 сентябри соли 2016 дар шаҳри Бишкек ба имзо расидааст», ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъалаи ниҳоӣ «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Асозода Хайрулло дода мешавад.

 Асозода Хайрулло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Асозода, Садриддин Шарипов ва Дилрабо Мансурӣ бо мақсади мутобиқ намудани талаботи он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод шудааст.

Дар лоиҳаи қонун салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, салоҳият ва уҳдадориҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, соҳибони роҳҳои автомобилгард, соҳибони воситаҳои нақлиёт, иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ пурра муайян шудааст. Инчунин, дар лоиҳаи қонун меъёрҳо ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои гирифтани иҷозати идоракунии воситаҳои нақлиёт муайян гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 майи соли 2017 №1197 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаи масъул пас аз ҷамъбасти хулосаҳо, таклифу пешниҳодҳои ирсолгардида, барои бартараф намудани камбудиҳо бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 2017, таҳти рақами 1422 бо ҷалби мутахассисони соҳа гурӯҳи корӣ ташкил намуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳо лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, 189 таклифу пешниҳод карданд, ки 151 адади он пурра ва 19 адад қисман қабул гардид.

Инчунин, пешниҳодҳои Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров, ки дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ба инобат гирифта, лоиҳаи қонун мукаммал гардонида шуд.

Аз шумо хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» — ро дар таҳрири нав ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин масъала ба муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дода мешавад.

 АЛАМШОЗОДА Абдураҳмон Аламшо:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Маҷмӯи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» танзим менамояд. Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати амалӣ ва риоя намудани қонуни амалкунанда, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро ба танзим медарорад, як қатор корҳои мушаххасро ба анҷом расонид.

Дар натиҷаи назорати ҳаррӯза оид ба иҷрои қонуни мазкур ва гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок дар соли 2017 ва семоҳаи якуми соли ҷорӣ 1 миллиону 500 ҳазор ҳуқуқвайронкунӣ ошкор карда шуд. Аз ҷумла, дар ҳолати мастӣ — 6642, бе ҳуҷҷати ронандагӣ — 33097, бо шишаҳои сиёҳу хиракардашуда — 1372, бе рақами давлатӣ, бо рақамҳои қайди бегона — 6422 ва дигар қоидавайронкуниҳо ошкор гардида, нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон дар доираи қонунгузорӣ чораҳои дахлдор андешида шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки бо қабул ва мавриди амал қарор гирифтани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва пурзӯр гардидани ҷазои маъмурӣ, дар ҳолати мастӣ дар се моҳи соли 2018 – 669 ҳолат, дар се моҳи соли 2017 — 2261 ҳолат ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ дар се моҳи соли 2018 — 334 ва дар се моҳи соли 2017 — 11562 ҳолат ба қайд гирифта шуд. Яъне, ин намуд ҳуқуқвайронкуниҳо якчанд маротиба кам гардидаанд. Вобаста ба идора намудани воситаи нақлиёт дар пойгаҳои ғайрирасмӣ бошад, 18 ҳолат дар соли 2017 мушоҳида шуд. Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ҳуқуқвайронкунӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Натиҷаи фаъолияти хуби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ буд, ки дар соли 2017 шумораи садамаҳо – 1303, дар соли 2016 — 1327, яъне 24 адад (1,8 фоиз) кам шудаанд. Шумораи ҷароҳатбардоштагон соли 2017 — 1379 нафар ва соли 2016 — 1420 нафар, яъне 41 нафар (2,9 фоиз) коҳиш ёфтааст. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ шумораи садамаҳои нақлиётӣ 11 (4 фоиз) ва шумораи ҷароҳатбардоштагон 19 (6,6 фоиз) кам шудааст.

Ба коҳиш ёфтани вазъи садаманокӣ дар шаҳри Душанбе фаъолияти низоми худкори «Шаҳри бехатар» таъсири бевосита расонид. Соли 2017 ва се моҳи аввали соли ҷорӣ тавассути низоми худкори «Шаҳри бехатар» 301 ҳазору 77 ҳуқуқвайронкунӣ ошкор ва ба буҷети ҷумҳурӣ 30 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст.

Дар соли 2017 ва семоҳаи якуми соли 2018 аз ҳисоби ҳамаи хизматрасонӣ, ҷаримаҳои протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Бозрасии давлатии автомобилии мақомот 476 миллиону 360 сомонӣ (се моҳи соли 2018 — 97 миллиону 670 ҳазор сомонӣ) ба буҷети давлатӣ ворид карда шудааст (аз ҳисоби ҷаримаҳо, иҷозат барои сиёҳшиша, андоз, «Шаҳри бехатар» ва аломатҳои қайди давлатӣ – музояда).

Натиҷаи фаъолияти пурсамари мақомот дар ин самт чунин арзёбӣ мешавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар 10.000 нафар аҳолӣ 1,6 ҳолати садамаи нақлиётӣ рост меояд. Ин рақам дар Ҷумҳурии Қазоқис­тон 9,9 ҳолат ва дар Ҷумҳурии Қирғизистон бошад, 9,4 ҳолатро ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз, мукаммал гардонидани меъёрҳои ҳуқуқии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» талаби замон ва ба манфиати ҷомеа мебошад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон бо ҷалби мутахассисони соҳа, аз ҷумла, кормандони Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ таҳия ва ба баррасии шумо пешниҳод гардидааст.

Бо дарназардошти он ки ­таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва амволи шаҳрвандон, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо, инчунин ҳифзи манфиатҳои ҷамъият ва давлат яке аз вазифаҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» мебошад, бартараф намудани ихтилофоти дохилии қонун ва мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, ба баланд бардоштани интизом ва маданияти иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ва самаранокии фаъолият дар танзим ва бехатарии он бевосита мусоидат хоҳад кард.

Дар лоиҳаи қонун як қатор мафҳумҳои асосие, ки дар рафти танзими муносибатҳо дар соҳаи ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он мавриди истифода қарор доранд, бо мақсади аз байн бурдани баҳсу нофаҳмиҳо ва ҳолатҳои ба таври гуногун шарҳ додани онҳо, аз ҷумла, мафҳумҳои «ҳаракат дар роҳ», «бехатарии ҳаракат дар роҳ», «воситаҳои ташкили ҳаракат дар роҳ», «таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ», инчунин салоҳияти субъектони дахлдор ва иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ такмил дода шудаанд, ки маъноҳои онҳоро саҳеҳ, мукаммал, пурра, содда ва оммафаҳм мегардонад.

Аз шумо — вакилони арҷманд хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС : — Доир ба ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи иҷтимоӣ Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

 Абдуҳалим ҒАФФОРОВ:

- Муҳтарам Раис! Раёсат, вакилони арҷманд!

Дар Анҷумани даҳуми роҳсозони кишварҳои аъзои ИДМ, ки соли ­гузашта дар шаҳри Душанбе доир шуд, зикр гардид, ки роҳҳои ҷумҳурӣ миёни ин кишварҳо аз ҷиҳати сатҳу сифат мақоми панҷумро касб менамояд. Яъне, роҳҳо хеле беҳтар шудаанд ва ҳоло зарурат ба миён омадааст, ки қонуни танзимкунандаи ҳаракат дар роҳ низ аз диди нав таҳия гардад.

Ҳар сол дар ҷаҳон беш аз 400 ҳазор нафар ба ҳалокат мерасанд, ки аз бисёр ҷиҳат ба масъалаи вазъи роҳҳо низ вобастагӣ дорад.

Масъалаҳои экологӣ низ бояд доимӣ пайгирӣ шуда, аз мадди назари иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ канор намонад. Кормандони БДА дар ин ­масъала мавқеи устувор дошта бошанд ва ба ҳаракати воситаҳои нақлиёте, ки фазоро ғуборолуд месозанд, чораҳои қатъӣ андешанд.

Масъалаи ҳифзи саломатии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ низ дар лоиҳаи қонун ҷой дода шудааст. Ҳамчунин, омӯзонидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки солҳои қаблӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷорӣ буд, аз масъалаҳои муҳими рӯз ба ҳисоб меравад. Китобе, ки пештар дар мактабҳо ҳамчун василаи дастури ҳаракат дар роҳ истифода мешуд, ҳоло ба талабот ҷавобгӯ нест ва Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки бо ҷалби мутахассисони БДА таълифоти навро оид ба ин соҳа роҳандозӣ ва нашр намояд. Хоҳишмандам, лоиҳаи қонуни баррасишавандаро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон, боб ба боб ва модда ба модда баррасӣ ва ба овоз монда шуда, пас аз он яклухт қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ