Қариб ду миллион кӯдак бояд аз иммунизатсия гузаранд

№53 (3690) 16.05.2017

Понздаҳуми майи соли равон дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид.

Дар он муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Умарзода Саида Ғайрат гуфт, ки тибқи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2017 «Дар бораи Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 15 то 26 майи соли равон кӯдакони аз як то 9-сола аз иммунизатсия бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон гузаронида мешаванд. Мақсади ин иқдом таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, пешгирӣ намудани гардиш ва интиқоли вируси сурхча, маҳв намудани бемориҳои сурхча, гулафшон ва пешгирии алоими гулафшони модарзодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар доираи ин чорабинӣ як миллиону 969 ҳазору 124 нафар ба иммунизатсия фаро гирифта мешаванд, ки барои ин 2 164 500 вояи ваксина ба ҷумҳурӣ ворид шудааст. Ваксинаҳо тавассути шуъбаи таъминоти Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид барои Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ шуда, дорои сертифакати дахлдори Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ мебошанд.

Муҳимтар аз ҳама, иммунизатсия комилан ройгон буда, аҳолии кишвар бояд дар он чорабинӣ фаъолона иштирок намоянд.

Ш. АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»