Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода дар нишасти матбуотӣ, ки 22 январи соли ҷорӣ баргузор шуд, аз хусуси дастовард ва натиҷаҳои муҳими соли гузашта сухан ронда, иброз дошт, ки дар мақомот 3864 муроҷиат (739 хаттӣ ва 3125 шифоӣ) ба қайд гирифта шуд. Қисмати бештари муроҷиатҳои хаттии воридшуда ба масъалаҳои судӣ, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқи инсон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ мансуб мебошанд. Дар муроҷиатҳои хаттӣ шаҳрвандон, ҳамчунин нисбат ба қарор ё амал (беамалӣ)-и мақомоти судӣ, корҳои дохилӣ, мақомоти адлия ва шахсони ҳуқуқӣ шикоят кардаанд.
Зариф Ализода афзуд, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон соли 2017 тибқи Барномаи амал, муроҷиатҳои шаҳрвандон, нақшаи кори гурӯҳи мониторингӣ дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, тавқифгоҳҳои тафтишотӣ, тавқифгоҳҳои нигоҳдошти муваққатӣ, қисмҳои ҳарбӣ, хонаҳои маъюбон ва пиронсолон, мактаб — интернатҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ санҷишу мониторингҳо гузаронид. Ҳамчунин, кормандони мақомоти Ваколатдор дар 18 мурофиаи судӣ иштирок намуданд.
Тавре қайд гардид, дар ҷумҳурӣ се намояндагӣ ва шаш қабулгоҳи ҷамъиятии мақомоти ВҲИ фаъолият менамояд. Шаҳрвандон ба онҳо асосан оид ба масъалаҳои ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба замин, ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ (алимент, нафақа, кумакпулӣ), ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи судӣ ва амсоли ин муроҷиат кардаанд. Намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ соли гузашта 225 машварати сайёри ҳуқуқӣ гузаронидаанд, ки дар онҳо беш аз 30 ҳазор нафар ширкат варзидаанд.
Намояндагони воситаҳои ахбори омма аз хусуси ҳолатҳои ҷой доштани шиканҷа нисбат ба боздоштшудагон барои гирифтани нишондодҳои иқрорӣ, вазъи ҳуқуқи кӯдак, хушунати занҳо нисбат ба мардон, барасмиятдарории фарзандхонӣ, қонунӣ будан ё набудани дар дафтари кори роҳбари идора насб кардани дастгоҳҳои назорати видеоӣ барои назорати кормандон ва шунидани суҳбатҳои телефонии онҳо, одамрабоӣ, ба рӯйхати ягона даровардани шахсони қарздор ва як қатор ҳолатҳои дигари ҳуқуқӣ савол пешниҳод карда, посух гирифтанд.
- Соли 2017 бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон коалитсияи зидди шиканҷа таъсис намудем ва барои шомил шудан ба он гурӯҳҳои дигари ҷомеаро низ даъват мекунем, ки якҷо бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб мубориза барем, то ин ки шиканҷа аз миён бардошта шуда, адолати судӣ таъмин гардад, — изҳор дошт Зариф Ализода.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»