https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

18 фев 2026, 16:38
0

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 502; с. 2014, №3, мод. 145, №7, қ. 1, мод. 391, №11, мод. 644; с. 2015, №3, мод. 202, №7-9, мод. 709, мод. 710, мод. 711, №11, мод. 956, №12, қ. 1, мод. 1109; с. 2016, №3, мод. 133, №7, мод. 615; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 276; с. 2018, №1, мод. 8, №5, мод. 270, мод. 271; с. 2020, №1, мод. 7, №7-9, мод. 601, мод. 605, мод. 622, №12, мод. 902, мод. 903; с. 2021, №1-2, мод. 4, №4, мод. 194, мод. 195, №6, мод. 386, №12, қ. 2, мод. 690; с. 2022, №1-3, мод. 9, мод. 10, мод. 11, №12, қ. 2, мод. 769; с. 2023, №1-3, мод. 3, №4-6, мод. 156; с. 2024, №1-2, мод. 5, мод. 6, №5-6, мод. 254, №7-11, мод. 520; с. 2025, №1, мод. 4) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 87:

- аз қисми 2 калима ва рақамҳои «, 333 қисми 2» хориҷ карда шаванд;

- дар қисми 3 калима ва рақамҳои «қисми 3» ва «318, 324, 325» мувофиқан ба калимаҳо ва рақамҳои «қисми 5» ва «318 қисми 1, 324, 325 қисмҳои 1, 2, 4, 5» иваз карда шаванд.

2. Дар қисми 1 моддаи 93 пас аз рақамҳои «312» ва «316,» мувофиқан калимаҳо ва рақамҳои «қисмҳои 1 ва 2» ва «318 қисми 3,» илова карда шуда, калимаҳо ва рақамҳои «қисмҳои 1 ва 3» хориҷ карда шаванд.

3. Дар матни моддаи 98 пас аз рақами «310,» рақамҳо ва калимаи «312 қисми 3,» илова, рақамҳои «317-321» ба рақамҳо ва калимаҳои «317, 318 қисмҳои 1, 2 ва 4, 319-321» иваз, рақамҳо ва калимаҳои «329 қисми 3,» ва «333 қисми 2,» хориҷ карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон             Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 16 феврали соли 2026, № 2239

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Рустами ЭМОМАЛӢ

ш. Душанбе, 6 феврали соли 2026, №142

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони 

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Ф. ИДИЗОДА 

ш. Душанбе, 21 январи соли 2026, №306