https://sadoimardum.tj

Вохӯрии Файзалӣ Идизода бо Дунягозел Гулманова

№:141 (5193), 02 ноя 2026, 11:30
4

28-уми октябри соли 2026 дар ҳошияи Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дуня­гозел Гулманова мулоқот кард.
Файзалӣ Идизода изҳор дошт, ки мо ба муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии худ бо Туркманистон аҳамияти махсус медиҳем. Давлатҳои моро анъанаҳои чандинсола ва ғании дӯстӣ, эҳтироми ҳамдигар ва ҳам-кориҳои мутақобилан судманд ба ҳам мепайванданд. Таҳкими пайвастаи муносибатҳо ба манфиатҳои дароз-муддати халқҳои мо ҷавобгӯ буда, барои таъмини сулҳу субот ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.
Таъкид шуд, ки ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ҳамчун ҷузъи муҳими муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳои мо ба ҳисоб мераванд.
- Парламентҳои кишварҳои мо метавонанд дар таҳкими заминаи шартномавию ҳуқуқӣ, рушди робитаҳои институтсионалӣ ва табодули таҷриба дар соҳаи қонунгузорӣ саҳми арзанда гузоранд. Дар ин робита, мо пеш-ниҳод менамоем, ки фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла дар доираи соз-монҳои байнипарлумонӣ, тақвият дода шавад, робитаҳои мустақим байни кумитаҳо ва комиссияҳои соҳавии парламентҳои мо густариш ёбанд, табодули таҷриба дар соҳаи фаъолияти қонунгузорӣ ташкил гардида, та-шаббусҳои кишварҳо дар доираи созмонҳои байналмилалии парламентӣ дастгирӣ карда шаванд, - афзуд Фай-залӣ Идизода.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: