https://sadoimardum.tj

Форуми чоруми парлумонҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе

№:№141 (5193), 02 ноя 2026, 11:51
5

28-уми октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон муҳтарам Дунягозел Гулманова, ки ҷиҳати иштирок дар Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикис­тон ташриф оварданд, мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон, аз ҷумла густариши ҳамкориҳои байнипарламентӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо аз фазои созанда ва амалии муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, саҳми роҳбарони ду давлатро дар таъмиқи шарикии стратегӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Зикр гардид, ки дар парламенти Тоҷикистон гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Маҷлиси Туркманистон таъсис дода шудаанд.
Ҷонибҳо тақвияти робитаҳои байнипарламентӣ ва ба сатҳи сифатан нав баровардани онҳоро зарур донистанд.
Зарурати истифодаи самараноки иқтидори иқтисодии ду кишвар ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва афзоиш додани ҳаҷми гардиши мол таъкид гардид.
Ҳамзамон, ба густариши робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Бо таваҷҷуҳ ба вазъи кунунии байналмилалӣ, ҷонибҳо аҳамияти тақвияти ҳамкориҳоро дар самти муқовимат ба таҳдиду чолишҳои муосир ва таъмини амнияти минтақавӣ таъкид намуданд.
28-уми октябр дар доираи иштирок дар кори чорумин Форуми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ роҳбарони парламентҳои ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқис­тон, Туркманистон ва ҳайати парламентии Ҷумҳурии Қирғизистон нимаи дуюми рӯз бо ҳамроҳии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ ба Театри миллии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Зимни боздид аз ин иншооти муосири фарҳангӣ меҳмонони олиқадр толорҳои муҳташами асосӣ, консертӣ ва конференсияҳои театрро тамошо карда, аз дидани нақшу нигор, ҷузъиёти ороиши миллӣ, шаклу тарҳи толорҳо, ороиши дохилию берунӣ ва унсурҳои бадеӣ, ки бо назардошти фарҳанги миллӣ ва талаботи меъмории муосир дар сатҳи баланд иҷро шудаанд, таассуроти нек бардоштанд.
29-уми октябри соли 2026 дар доираи иштирок дар Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар майдони Дӯстии пойтахт маросими гулгузории роҳбарони парламентҳо ва ҳайатҳои парламентӣ дар пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.
Меҳмонони олиқадр бо ҳамроҳии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар фазои тантанавӣ зери пояи муҷассамаи Асосгузори нахустин давлати тоҷикон - Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулу гулчанбар гузошта, ба арзишҳои волои миллию таърихии миллати куҳанбунёди тоҷик эҳтиром ба ҷо оварданд.
29-уми октябр дар толори мудаввари бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳти шиори «Ваҳдат ба хотири сулҳ, амният ва шукуфоии Осиёи Марказӣ» оғоз гардид.
Барои иштирок дар форуми мазкур Раиси Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Нарбаева, Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай, Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова ва муовини якуми Раиси Жогорку кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Медербек Алиев бо ҳайатҳои расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Қабл аз оғози ҷаласа Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар толори даромадгоҳи бинои Маҷлиси Олӣ меҳмонони олиқадрро самимона истиқбол гирифта, дар ҳамин ҷо маросими аксбардории якҷояи роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ доир гардид.
Сипас, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба кори ҷаласаи Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ ифтитоҳ бахшида, суханронӣ намуданд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ, нахуст, ҳамтоёни худро аз давлатҳои дӯсту ҳамҷавори Осиёи Марказӣ ва аъзои ҳайатҳои расмии парламентҳои кишварҳои ҳамсояро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.
Зикр гардид, ки баргузории мунтазами Форуми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки аз қарори Ҳамоиши машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ маншаъ мегирад, аз хусусияти устувор, бонизом ва стратегии муколамаи байнипарламентӣ дар минтақа гувоҳӣ медиҳад.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ таъкид доштанд, ки имрӯз дар Осиёи Марказӣ низоми нави ҳамкории минтақавӣ тадриҷан ташаккул ёфта, муносибатҳои байни кишварҳои минтақа боз ҳам густариш меёбанд.
Асоси ин равандро ҳамоҳангсозии манфиатҳои миллӣ, рушди ҳамкории мутақобилан судманд ва таҳкими иқтидори иқтисодии кишварҳои минтақа бо назардошти воқеияти имрӯзаи геосиёсӣ ташкил медиҳад.
Ба шарофати иродаи сиёсии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ фазои эътимоду ҳамдигарфаҳмӣ таҳким ёфта, муколамаи созанда рушд мекунад ва робитаҳо дар сатҳҳои гуногун густариш меёбанд.
Дар баробари ин, парламентҳо дар таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ҳамкории минтақавӣ, татбиқи созишномаҳои бадастомада ва мусоидат ба иҷрои амалии онҳо нақши муҳим доранд.
Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ҷонибдори таҳкими сулҳу субот, таъмини амният, густариши ҳамкории минтақавӣ ва рушди муколамаи созанда дар сатҳи бисёрҷониба мебошад.
Дар идомаи ҳамоиш роҳбарони парламентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ сухан ронда, доир ба мавзуъҳои мубрами ҳамкорӣ ва рӯзномаи ҷаласаи форум изҳори андеша карданд.
Иштирокчиён изҳори итминон карданд, ки натиҷаҳои форуми Душанбе дар таҳкими шарикии байнипарламентӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона, созанда ва мутақобилан судманд байни давлатҳои Осиёи Марказӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Дар фарҷом, аз рӯйи масъалаҳои рӯзнома Эъломияи Душанбе қабул шуд.
29-уми октябр дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Айбек Дадебай мулоқот анҷом доданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо як қатор масъалаҳои марбут ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Қазоқистон дар самтҳои гуногун бар пояи дӯстӣ, эътимоди мутақобила ва ҳамкории судманд таҳким меёбанд.
Зимни мулоқот ба нақши калидии сарони ду давлат дар таҳкими муносибатҳои ҳампаймонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои байнипарламентӣ, аз ҷумла таҳкими робитаҳои амалии Маҷлиси миллӣ бо Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон, ки аз самтҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба маҳсуб меёбад, иброз намуданд.
Дар баробари ин, ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, бахшҳои нақлиёту логистика, энергетика, сармоягузорӣ, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ шуданд.
Таҳкими робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, густариши табодули илмию таълимӣ ва ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, инчунин, муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ, таҳдидҳои киберӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар шакл­ҳои ҷинояткории фаромарзӣ аз мавзуъҳои дигари мулоқот буданд.
Наврӯз ҚУРБОНЗОДА,
ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ

Ҳамчунин дигар маводҳо: