https://sadoimardum.tj

Номаи табрикӣ

№:138 (5190) 28 окт 2026, 17:17
3

25-уми октябри соли 2026 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ­Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ ба Раиси Курултаи Ҷумҳурии Қазоқистон Дадебай Айбек Аркабайулӣ номаи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Айбек Аркабайулӣ,
Табрикоти самимии маро ба муносибати Ҷашни миллии Ҷумҳурии Қазоқистон - Рӯзи Ҷумҳурии Қазоқистон пазиро бошед.
Тайи солҳои охир Қазоқистон дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ дастовардҳои назаррасро нишон дода, мақоми байналмилалии худро пайваста таҳким мебахшад.
Итминон дорам, ки муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон минбаъд низ мунтазам рушду густариш хоҳанд ёфт. Дар ин раванд таҳкими ҳам-кориҳои байнипарламентӣ, аз ҷумла тавассути тавсеаи муколама ва табодули таҷрибаи фаъолияти қонунэҷодкунӣ, ҷойгоҳи муҳим дорад.
Ба Шумо, муҳтарам Айбек Аркабайулӣ, саломатии қавӣ, некуаҳволӣ, дар фаъолияти пурмасъулатон ко-мёбиҳо орзу намуда, ба мардуми дӯсти Қазоқистон сулҳу субот ва шукуфоиро таманно дорам».

Ҳамчунин дигар маводҳо: