https://sadoimardum.tj

Баррасии ҳамкориҳои парлумонӣ бо Фаронса

№:56 -57 (5108-5109), 08 май 2026, 16:53
3

5-уми майи соли равон муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо роҳбари гурӯҳи дӯстии Осиёи Марказии Маҷлиси миллии Фаронса хонум Катрин Эрвё вохӯрӣ намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Фаронсаро баррасӣ карда, ба таҳкими муколама байни мақомоти қонунгузор ва мубодилаи парлумонӣ миёни ду кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Таваҷҷуҳи хоса ба нақши гурӯҳҳои дӯстӣ дар таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, ба роҳ мондани робитаҳои мунтазам миёни вакилони парлумон ва рушди муносибатҳои дуҷониба равона гардид.

Ҳамчунин дигар маводҳо: