ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2023 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2023, № 11, моддаи 456) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
« Моддаи 3. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Кодекси мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) аэродром (вертодром) – қитъаи муайяни сатҳи замин ё об (аз ҷумла ҳама гуна бино, иншоот ва таҷҳизот), ки пурра ё қисман барои нишаст, парвоз ва ҳаракати киштиҳои ҳавоӣ пешбинӣ шудааст;
2) аэродроми эҳтиётӣ – аэродроме, ки ба он киштии ҳавоӣ метавонад ҳаракат намояд, дар ҳолате, ки агар ҳаракати он ба аэродроми пешбинишуда ё анҷом додани нишаст дар он имконнопазир ё ғайримақсаднок бошад;
3) бағоҷ – молу мулки бастабандишудаи мусофир, ки тибқи меъёрҳои муқарраргардида тавассути киштии ҳавоӣ интиқол дода мешаванд;
4) барномаи давлатӣ оид ба бехатарии парвозҳо – маҷмуи қоидаҳо, чорабиниҳо ва нақшаҳои мувофиқашудаи амалҳо, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи бехатарии парвозҳо равона шудаанд;
5) бехатарии авиатсионӣ – ҳифзи авиатсияи гражданӣ аз ҳолатҳои дахолати ғайриқонунӣ, ки тавассути чорабиниҳо ва ҷалби захираҳои инсонӣ ва моддию техникӣ амалӣ карда мешавад;
6) бехатарии парвозҳо – ҳолате, ки зимни он хавфҳои марбут ба фаъолияти авиатсионӣ, ки ба истифодабарии киштиҳои ҳавоӣ дахл дорад ё бевосита чунин истифодабариро таъмин менамояд, то сатҳи имконпазир кам ва назорат карда мешавад;
7) бор - ҳама гуна молу мулки бо тартиби муқарраргардида тавассути киштии ҳавоӣ интиқолдиҳанда, ба истиснои почта, захираҳои дохиликиштӣ ва бағоҷ (ҳамроҳишаванда ё ирсолшаванда);
8) бори дастӣ – молу мулки мусофир, ки мувофиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи интиқолдиҳанда барои интиқол дар дохили киштии ҳавоӣ иҷозат дода шудааст;
9) боринтиқолдиҳанда – шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки тибқи шартномаи интиқоли бор аз номи худ ва ё аз номи соҳиби бори дар борхати авиатсионӣ зикргардида амал мекунад;
10) борқабулкунанда – шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби боринтиқолдиҳанда барои қабули бор дар нуқтаи таъинот дар асоси шартнома ё санади дигари ҳуқуқӣ ваколатдор шудааст;
11) борхати авиатсионӣ – ҳуҷҷати дорои маълумот оид ба бор, ки барои бақайдгирӣ ва назорати гардиши он пешбинӣ гардида, далели интиқол, аз ҷумла баста шудани шартномаро байни боринтиқолдиҳанда ва интиқолдиҳанда оид ба интиқоли бор, тасдиқ менамояд;
12) борҳои хатарнок - маснуот ё моддаҳое, ки метавонанд барои ҳаёт, саломатӣ, молу мулки мусофирон, бехатарии киштии ҳавоӣ ва (ё) муҳити атроф хатар эҷод намуда, дар Номгӯйи борҳои хатарнок дарҷгардидае, ки дар дастурамалҳои техникӣ зикр шудаанд ё мутобиқи ин дастурамалҳо тасниф гардидаанд;
13) идораи ҳаракати ҳавоӣ – раванди банақшагирии маҷмуӣ, ҳамоҳангсозӣ, таъмини парвозҳо, идораи бевоситаи ҳаракати киштиҳои ҳавоӣ дар замин ва ҳаво, инчунин назорати риояи реҷаи парвозҳо ва тартиби истифодаи фазои ҳавоӣ;
14) интиқолдиҳанда – истифодабаранда, ки интиқоли ҳавоии мусофирон, бағоҷ, бор ва почтаро амалӣ намуда, барои машғул шудан бо чунин навъи фаъолият дар соҳаи авиатсия тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома дорад;
15) интиқоли ҳавоии дохилӣ – интиқоли ҳавоие, ки зимни он нуқтаи парвоз, нуқтаи таъинот ва ҳамаи нуқтаҳои нишасти киштии ҳавоӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд;
16) интиқоли ҳавоии тиҷоратӣ – парвози киштии ҳавоӣ бо мақсади интиқоли мусофирон, бор ва ё почта ба таври музднок ё кироя;
17) интиқоли ҳавоии байналмилалӣ – интиқоли ҳавоие, ки зимни он нуқтаи оғоз ва нуқтаи анҷоми парвоз мутаносибан дар ҳудуди ду давлат ё дар ҳудуди як давлат ҷойгир шудаанд, агар нуқтаи (нуқтаҳои) нишаст дар ҳудуди давлати дигар пешбинӣ шуда бошад;
18) интиқоли мунтазам – интиқоле, ки аз рӯйи хатсайрҳои муқарраргардида тибқи ҷадвали тасдиқшудаи ҳаракат анҷом дода мешавад;
19) интиқоли транзитӣ – интиқоли мусофирон, бағоҷ, бор ва почта аз як нуқта ба нуқтаи дигар тавассути нуқтаи фосилавӣ аз ҷониби як интиқолдиҳанда;
20) интиқоли трансфертӣ – интиқоли мусофирон ва бағоҷ аз нуқтаи оғози парвоз то нуқтаи таъинот бо парвози як ё якчанд интиқолдиҳанда бо нишастҳои фосилавӣ дар нуқтаи трансфертӣ;
21) истифодабаранда – шахс, ташкилот ё корхона, ки ба истифодабарии киштиҳои ҳавоӣ ё пешниҳоди хизматрасониҳо дар ин соҳа машғул мебошад;
22) киштии ҳавоӣ – ҳама гуна дастгоҳ, ки дар атмосфера аз ҳисоби таъсири амали мутақобили он бо ҳаво, ба истиснои ҳавои аз сатҳи замин радшаванда, нигоҳ дошта мешавад;
23) киштии ҳавоии ба фалокат дучоршуда – киштии ҳавоие, ки ҳангоми ҳаракат дар замин, парвоз, нишаст ё афтидан зарари ҷиддӣ дидааст ё пурра нобуд шудааст, инчунин киштии ҳавоие, ки нишасти иҷбориро берун аз фурудгоҳ анҷом додааст;
24) киштии ҳавоии ба фалокат дучоршаванда – киштии ҳавоие, ки ба он ва ё ба шахсони дохили он қарордошта хатари бевосита таҳдид менамояд ё бо он алоқаи радиоӣ қатъ гардида, ҷойгиршавии киштии мазкур номаълум аст;
25) киштиҳои ҳавоии бесарнишин – ҳамаи намудҳои дастгоҳ, ҳавопаймо, чархболе, ки бе сарнишини (ҳайати) дар дохили он буда парвоз менамояд ва ба таври фосилавӣ идора карда мешавад;
26) корхонаи авиатсионӣ – шахси ҳуқуқӣ, новобаста ба шакли моликият, ки мақсади асосии фаъолияти он ба таври музднок амалӣ намудани интиқоли ҳавоии мусофирон, бағоҷ, бор, почта ва (ё) иҷрои корҳои авиатсионӣ мебошад;
27) корҳои авиатсионӣ – корҳое, ки бо истифода аз киштиҳои ҳавоӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, ҳифзи муҳити зист, инчунин дар самти расондани кумаки тиббӣ ва мақсадҳои дигар иҷро карда мешаванд;
28) корҳои садамавию наҷотдиҳӣ – маҷмуи чорабиниҳо, ки барои расонидани кумаки саривақтӣ ба фалокат дучоршаванда ё дучоршуда равона гардидааст;
29) корҳои ҷустуҷӯию наҷотдиҳӣ – маҷмуи чорабиниҳо, ки бо мақсади ҷустуҷӯ ва наҷоти мусофирон ва ҳайати парвозии киштиҳои ҳавоии ба фалокат дучоршуда, инчунин ҷустуҷӯ ва расонидани кумак ба одамон ҳангоми ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ гузаронида мешаванд;
30) коршиноси тиббии авиатсионӣ – мутахассиси дорои малака ва таҷрибаи корӣ дар соҳаи тибби авиатсионӣ, ки ба гузаронидани муоинаи тиббии шахсони бевосита алоқаманд ба иҷро ва таъмини парвозҳои киштиҳои ҳавоӣ ва хизматрасонии техникии онҳо, хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ барои гирифтани шаҳодатнома ё қайдҳои тахассусӣ ҳуқуқ дорад;
31) коршоямии парвозии киштии ҳавоӣ – ҳолати техникии киштии ҳавоӣ, ки ба нишондиҳандаҳои муқарраргардидаи парвозию техникӣ, сохти намунавӣ мувофиқат намуда, истифодабарии бехатар ва парвози сифатноки онро таъмин менамояд;
32) кумаки пеш аз табибӣ – ёрии таъҷилие, ки ба мусофири ниёзманд то пешниҳоди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ расонда мешавад;
33) қоидаҳои авиатсионӣ - санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки меъёрҳои хусусияти умумидоштаро муқаррар карда, тартиби ташкил ва амалӣ намудани фаъолиятро дар соҳаи авиатсия танзим менамоянд;
34) қоидаҳои интиқоли ҳавоӣ – санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки меъёрҳои намунавии танзимкунандаи тартиби интиқоли мусофир, бағоҷ ва борро аз ҷониби корхонаҳои авиатсионӣ муқаррар менамоянд;
35) қуттии сабткунандаи дохили киштӣ – асбоби худсабткунанда, ки дар дохили киштии ҳавоӣ ба сифати манбаи иловагии маълумот барои гузаронидани таҳқиқи фалокат ё ҳодисаҳои авиатсионӣ насб гардидааст;
36) майдони нишаст – қитъаи замин, ях, сатҳи иншоот, аз ҷумла сатҳи иншооти шинокунанда ё минтақаи обӣ, ки барои парвоз, нишаст ва ё барои парвозу нишасти муваққатӣ ё доимӣ, ҳаракат ва таваққуфи киштии ҳавоӣ пешбинӣ шудааст;
37) мақоми хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ – мақоми хизматрасонии танзимгарии ҳаракати ҳавоӣ, маркази иттилоотии парвозӣ ё нуқтаи ҷамъоварии хабарҳо оид ба хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ аз ҷониби таҳвилгарони хизматрасонии аэронавигатсионӣ;
38) маркази таълимии авиатсионӣ – шахси ҳуқуқие, ки омодакунӣ, такмили ихтисос ва нигоҳдории сатҳи касбии мутахассисони авиатсиониро амалӣ менамояд;
39) маркази тиббии авиатсионӣ – муассисаи махсусгардонидашудаи тиббӣ, ки ташхиси тиббиро дар соҳаи авиатсияи гражданӣ амалӣ менамояд;
40) минтақаи назоратшавандаи фурудгоҳ – майдони фурудгоҳ, замини атрофи он ва биноҳо ё қисми онҳо, ки дастрасӣ ба онҳо назорат карда мешавад;
41) минтақаи масъулият – фазои ҳавоии андозаи муайянгардида, ки дар он мақоми хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ ё мақоми идораи ҳаракати ҳавоӣ вазифаҳои худро амалӣ менамоянд;
42) минтақаи маҳдудкунии парвозҳо – қисми фазои ҳавоии андозаҳои муайян дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди он парвозҳои киштиҳои ҳавоӣ, инчунин киштиҳои ҳавоии бесарнишин бо шартҳои муайян маҳдуд карда мешаванд;
43) минтақаи муҳофизатшавандаи дастрасиаш маҳдуд – қитъаи назоратшавандаи минтақаи фурудгоҳ, ки ҳамчун минтақаи дорои хавфи баланд муайян шуда, дар он бо мақсади бехатарӣ, ба ғайр аз назорати дастрасӣ, инчунин чораҳои дигари назоратӣ татбиқ карда мешаванд;
44) минтақаи хатарнок – фазои ҳавоии андозаи муайяншуда, ки дар ҳудуди он дар давраҳои муайяни вақт метавонад фаъолияти эҷодкунандаи хатар барои парвозҳои киштиҳои ҳавоӣ анҷом дода шавад;
45) муоинаи тиббӣ – муайян ё тасдиқ кардани мавҷудият ё мавҷуд набудани беморӣ дар мутахассисони авиатсионӣ, муайян кардани вазъи саломатӣ, инчунин корношоямии муваққатӣ ва коршоямии касбӣ ба кор ҳангоми қабули баст;
46) мусофир – шахси воқеӣ, ки тибқи шартномаи интиқоли ҳавоӣ ё асосҳои дигари қонунӣ бо киштии ҳавоӣ интиқол дода мешавад;
47) нақлиёти ҳавоӣ – намуди нақлиёте, ки ба авиатсияи гражданӣ мансуб буда, барои интиқоли мусофирон, бағоҷ, бор, почта ва иҷрои корҳои авиатсионӣ пешбинӣ шудааст;
48) нигоҳдории техникии киштиҳои ҳавоӣ – маҷмуи чорабиниҳое, ки ба амалӣ намудани истифодабарии техникии киштиҳои ҳавоӣ (хизматрасонии техникӣ, таъмир, назорати ҳолати техникӣ, муҳофизат) тибқи талаботи муқарраргардида равона гардидаанд;
49) низоми авиатсионии бесарнишин – киштии ҳавоӣ ва ҷузъиёти ба он вобаста, ки бе сарнишини (ҳайати) дар дохили он буда идора карда мешаванд;
50) низоми идораи бехатарии парвозҳо - муносибати бомаром нисбат ба идораи бехатарии парвозҳо, ки аз сохтори зарурии ташкилӣ, тақсимоти масъулият, уҳдадориҳо, принсипҳо ва қоидаҳои роҳбарикунанда иборат мебошад;
51) низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ - низоме, ки бехатарии истифодаи фазои ҳавоӣ ва сатҳи имконпазири бехатарии парвозҳоро ҳангоми хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ таъмин менамояд;
52) нозири тиббии авиатсионӣ – шахсе, ки қобилияти тахассусӣ ва таҷрибаи кор дар соҳаи тибби авиатсионӣ дошта, барои амалӣ намудани сертификатсия, санҷиш ва назорат дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ ваколатдор мебошад;
53) нуқтаи назоратии аэродром – нуқтае, ки ҷойгиршавии ҷуғрофии фурудгоҳро муайян мекунад;
54) озмоиши парвозӣ – парвозе, ки барои муайян кардани хусусиятҳои киштии ҳавоӣ, муҳаррикҳо, таҷҳизоти авиатсионӣ ва махсус, техникаи дигари авиатсионӣ, тадқиқот дар соҳаи аэродинамика ва устувории киштиҳои ҳавоӣ, инчунин ҷузъиёти онҳо ва (ё) барои муайян кардани мутобиқати техникаи авиатсионӣ ба талаботи коршоямии қобили парвоз амалӣ карда мешавад;
55) парвози киштии ҳавоӣ – ҳаракати киштии ҳавоӣ дар рӯйи сатҳи замин (об) ва дар фазои ҳавоӣ аз лаҳзаи оғози ҳаракат барои парвоз (ё ҷудошавӣ аз сатҳи замин ё об ҳангоми парвози амудӣ) то анҷоми ҳаракат (озод намудани хати парвозу нишаст бе таваққуф) ё расиш бо сатҳи замин (об) ҳангоми нишасти амудӣ;
56) реҷаи истифодаи фазои ҳавоӣ – тартиби муваққатии истифодаи унсурҳои алоҳидаи сохтори фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои иҷрои фаъолияти ташкили махсуси истифодаи фазои ҳавоиро талабкунанда муқаррар гардидааст;
57) роҳи ҳавоӣ – фазои ҳавоии зери назоратбуда (ё қисми он) дар шакли долон;
58) санади тиҷоратӣ – ҳуҷҷати шакли муайяни тасдиқкунандаи ҳолатҳое, ки метавонанд барои ҷавобгарии молумулкии интиқолдиҳанда, мусофир, боринтиқолдиҳанда ё борқабулкунанда асос гарданд;
59) сарҳавонаварди киштии ҳавоӣ - шахсе, ки аз ҷониби истифодабаранда (соҳибмулк)-и киштии ҳавоӣ таъин гардида, барои идораи мустақилонаи ин навъи киштии ҳавоӣ тайёриву таҷрибаи дахлдор дошта, дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва Қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатномаи дахлдори ҳавонавардро доро мебошад;
60) сертификати тиббӣ – ҳуҷҷати намунаи муқарраргардида, ки аз рӯйи натиҷаҳои мусбати ташхиси тиббӣ дода шуда, мутобиқати муроҷиаткунандаро ба талаботи пешниҳодшаванда оид ба коршоямӣ аз рӯи вазъи саломатӣ тасдиқ намуда, иҷозатро ба фаъолияти касбӣ таъмин менамояд;
61) стандарти Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ – талабот нисбат ба хусусиятҳои физикӣ, тарҳ, қисмҳои маводӣ, сифати техникӣ, мутахассисон ё қоидаҳо, ки татбиқи якхелаи онҳо барои бехатарӣ ё мунтазамии аэронавигатсияи байналмилалӣ зарур дониста шуда, аз ҷониби Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ қабул мегардад;
62) супоришномаи парвоз – ҳуҷҷати шакли муайян, ки тибқи он аъзои ҳайати парвозӣ барои парвоз муқаррар карда мешаванд;
63) тағйири мақоми парвоз - тағйири хатсайр аз самти банақшагирифташуда, таъхири парвоз, тағйири ҷадвали парвоз, бекор кардани парвоз ё тағйироти дигаре, ки ба вақти парвоз (нишаст) ё хатсайр таъсир мерасонад;
64) тамғагузории бор, бағоҷ, бори дастӣ – сабти рамз, рақам ва аломатҳои дорои маълумот оид ба борқабулкунанда, қоидаҳои муносибат ба бор ва пуррагии он дар рӯйи бор, бағоҷ ё бори дастӣ, ки ҳамзамон чунин навиштаҷот метавонад дар рӯйи зарф ё борпечи бор сабт карда шавад;
65) таҳқиқ – раванде, ки барои пешгирии фалокат ё ҳодисаҳои авиатсионӣ амалӣ гардида, ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот, омодасозии хулосаҳо, аз ҷумла муайян кардани сабабҳо ва (ё) омилҳои ҳамроҳ ва коркарди тавсияҳоро барои таъмини бехатарӣ дар бар мегирад;
66) Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ – муассисаи махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид, ки меъёрҳои байналмилалии барои таъмини бехатарӣ, устуворӣ ва самаранокии алоқаи ҳавоӣ заруриро муқаррар намуда, ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалии ба ҳамаи соҳаҳои авиатсияи гражданӣ алоқамандро муқаррар менамояд;
67) таъиноти нозиротӣ – санади дорои хусусияти фардӣ, ки аз ҷониби нозири авиатсионӣ аз рӯйи натиҷаҳои санҷиш ва назорати истифодабарандагон ва ташкилотҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ барои бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршуда дода мешавад;
68) таъминоти иттилоотии аэронавигатсионӣ – маҷмуи чорабиниҳо оид ба ҷамъоварӣ, таҳлил, коркард, нашр (инъикос) ва саривақт таъмин намудани мутахассисони манфиатдори авиатсионӣ бо маълумоти пурра ва боэътимоди авиатсионие, ки барои ташкил ва анҷом додани парвозҳо, хизматрасонии онҳо заруранд ва ба баланд бардоштани бехатарии парвозҳо, сифат ва эътимоднокии аэронавигатсия равона шудаанд;
69) таъминоти метеорологии аэронавигатсионӣ – маҷмуи чорабиниҳои ташкилию техникии ба таъмини бехатарӣ ва самаранокии иқтисодии парвозҳо равонашуда бо роҳи ба ҳайати парвозии киштиҳои ҳавоӣ, ташкилоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ ва мақомоти дигари бо банақшагирӣ ва таъминоти парвозҳо алоқаманд, пешниҳод намудани иттилооти метеорологие, ки барои иҷрои вазифаҳои онҳо зарур мебошад;
70) таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ - маҷмуи чорабиниҳои ташкилию техникӣ, ки барои дар омодагии доимӣ нигоҳ доштани объектҳо ва воситаҳои навигатсия, мушоҳида ва алоқа бо мақсади бо иттилооти радиолокатсионӣ, радионавигатсионӣ ва алоқаи барқии авиатсионӣ таъмин намудани истифодабарандагони фазои ҳавоӣ ва ташкилоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ равона гардидааст;
71) таҷрибаи тавсияшавандаи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ - талабот нисбат ба хусусиятҳои физикӣ, тарҳ, қисмҳои маводӣ, сифати техникӣ, мутахассисон ё қоидаҳо, ки татбиқи якхелаи онҳо ба манфиати бехатарӣ, мунтазамӣ ё самаранокии аэронавигатсияи байналмилалӣ ба мақсад мувофиқ дониста шуда, аз ҷониби Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ қабул мегардад;
72) тибби авиатсионӣ – соҳаи тиб, ки ба таъминоти тиббии парвозҳо, ҳайати парвозӣ ва мутахассисони авиатсионӣ равона гардидааст;
73) узви ҳайати парвозӣ – мутахассиси авиатсионии дорои шаҳодатномаи узви ҳайати парвозӣ, ки барои иҷрои уҳдадориҳои мушаххас дар дохили киштии ҳавоӣ дар вақти парвоз таъин гардидааст;
74) узви ҳайати парвозии кабина – шахсе, ки ба ҳайати парвозии киштии ҳавоӣ шомил буда, барои манфиати бехатарӣ ва расонидани хизматрасонӣ ба мусофирон ва (ё) интиқоли бор дар дохили киштии ҳавоӣ уҳдадориҳои муайянро иҷро менамояд;
75) фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон – фазои аз сатҳи замин ва об ба боло тӯлкашида дар ҳудуди сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
76) фаъолияти авиатсионӣ – маҷмуи ҳамаи намуди кор ва хизматрасонӣ, ки бо истифодаи киштии ҳавоӣ ва таъмини парвозҳо алоқаманд мебошад;
77) фаъолияти фурудгоҳӣ – фаъолияти аз ҷониби шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ дар фурудгоҳ амалишаванда, ки ба таъмини интиқоли ҳавоӣ, корҳои авиатсионӣ, бехатарии парвозҳо ва бехатарии авиатсионӣ алоқаманд мебошад;
78) Феҳристи давлатии киштиҳои ҳавоии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон – номгӯйе, ки ба он маълумот дар бораи киштиҳои ҳавоии граждании бақайдгирифташудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқҳо ба онҳо ворид карда мешаванд;
79) фурудгоҳ – маҷмуи иншоот, ки аэродром, аэровокзал ва иншооти дигари зарурии барои қабулу гусели киштиҳои ҳавоӣ, хизматрасонии интиқоли ҳавоӣ равонагардидаро дар бар гирифта, барои ин мақсадҳо дорои таҷҳизоти зарурӣ, мутахассисони авиатсионӣ ва кормандони дигар мебошад;
80) фурудгоҳи байналмилалӣ – фурудгоҳе, ки аз ҷониби давлат барои дар ҳудуди худ қабулу гусели киштиҳои ҳавоии иҷрокунандаи парвозҳои байналмилалӣ муайян карда шуда, дар он назорати гумрукӣ, сарҳадӣ, санитарию карантинӣ (ҳангоми интиқоли ҳайвонот ва растанӣ) ва намудҳои дигари назорати ҳатмӣ ба амал бароварда мешаванд;
81) хатсайр – масири пешакӣ ҳисобшудаи парвози киштии ҳавоӣ дар байни нуқтаҳои оғоз ва анҷоми парвоз;
82) хизматрасониҳои авиатсионӣ – хизматрасониҳое, ки ба ташкил ва таъмини интиқоли ҳавоии мусофирон, бағоҷ, бор, ирсоли почта ва иҷрои корҳои авиатсионӣ алоқаманд мебошанд;
83) хизматрасонии аэронавигатсионӣ – хизматрасонии истифодабарандагони фазои ҳавоӣ, ки хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ, пешниҳоди иттилооти метеорологӣ ва аэронавигатсиониро дар тамоми марҳилаҳои парвози киштии ҳавоӣ, инчунин тартибдиҳии харитаҳои аэронавигатсионӣ ва таҳияи раванди парвозҳо дар бар мегирад;
84) хизматрасонии рӯизаминӣ – хизматрасонии зарурие, ки ҳангоми нишасти киштии ҳавоӣ ба фурудгоҳ ё парвози он аз фурудгоҳ расонида мешавад, ба истиснои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ;
85) хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ – хизматрасонии парвозию иттилоотӣ, огоҳсозии садамавӣ, хизматрасонии машваратии ҳаракати ҳавоӣ, хизматрасонии танзимгарии ҳаракати ҳавоӣ (хизматрасонии танзимгарии минтақавӣ, хизматрасонии танзимгарии наздикшавӣ ё хизматрасонии танзимгарии аэродромии киштии ҳавоӣ) вобаста ба ҳолатҳои дахлдор.
86) хулосаи ташхиси тиббӣ – ҳуҷҷате, ки аз ҷониби нозири тиббии авиатсионӣ оид ба ҳолатҳои баҳснок ҳангоми зарурат бо ҷалби дигар мутахассисон дар соҳаи авиатсия дода мешавад;
87) ҳаракати ҳавоӣ – ҳаракати киштиҳои ҳавоӣ, ки дар парвоз ва дар майдони манёвркунии аэродром қарор доранд;
88) ҳудуди назди аэродром – қитъаи сатҳи замин бо марказ дар нуқтаи назоратии фурудгоҳ ва радиусе, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсия муайян гардидааст;
89) шаҳодатномаи коршоямии аэродром – ҳуҷҷате, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ дода шуда, мутобиқати аэродромро ба талаботи сертификатсия тасдиқ менамояд;
90) шаҳодатномаи маркази тиббии авиатсионӣ – ҳуҷҷати намунаи муқарраргардида, ки мутобиқати маркази тиббии авиатсиониро ба талаботи сертификатсиякунонӣ тасдиқ менамояд;
91) шаҳодатномаи мутахассиси авиатсионӣ – ҳуҷҷате, ки тахассус, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои мутахассиси авиатсиониро тасдиқ менамояд;
92) шаҳодатнома (сертификат) дар бораи бақайдгирии давлатии киштии ҳавоии гражданӣ – ҳуҷҷати намунаи муқарраргардида, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ дода шуда, ворид намудани киштии ҳавоии гражданиро ба Феҳристи давлатии киштиҳои ҳавоии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд;
93) шаҳодатномаи (сертификати) истифодабарандаи киштиҳои ҳавоии гражданӣ – ҳуҷҷате, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ дода шуда, мутобиқати истифодабарандаро ба талаботи сертификатсия тасдиқ менамояд;
94) шаҳодатномаи (сертификати) коршоямии парвозии киштии ҳавоии гражданӣ – ҳуҷҷате, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ дода шуда, мутобиқати киштии ҳавоии гражданиро ба меъёрҳои коршоямии парвозӣ тасдиқ менамояд;
95) шаҳодатномаи узви ҳайати парвозӣ – ҳуҷҷати намунаи муқарраргардида, ки ба узви ҳайати парвозӣ, ҳайати муҳандисию техникии таъминкунандаи ҳамроҳии техникии парвоз ва ба мутахассисони таъминкунандаи бехатарии киштии ҳавоии гражданӣ ҳангоми парвоз дода мешавад.».
2. Моддаҳои 61 ва 62 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Моддаи 61. Санҷиш ва назорати давлатии фаъолияти авиатсия
1. Санҷиш ва назорати давлатии фаъолияти авиатсияи давлатӣ ҷиҳати риояи талаботи муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
2. Тартиби гузаронидани санҷиш ва назорати давлатии фаъолияти авиатсияи давлатиро вобаста ба масъалаҳои бехатарии парвозҳо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи давлатӣ муайян менамояд.
3. Санҷиш ва назорати давлатии фаъолияти авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ амалӣ карда мешаванд.
4. Санҷиш ва назорати давлатии фаъолияти авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ ба шаклҳои зерин амалӣ карда мешаванд:
1) санҷиши ташкилотҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ, ки тартиби гузаронидани онҳоро Кодекси мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд, ба истиснои санҷишҳои пешбинишуда дар банди 2) қисми мазкур;
2) санҷишҳо барои риояи талабот аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба бехатарии парвозҳои киштиҳои ҳавоӣ ва бехатарии авиатсионӣ, ки тартиби гузаронидани онҳоро Кодекси мазкур муайян менамояд;
3) шаклҳои дигари назорат, аз ҷумла мушоҳида ва таҳлили фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба таъмини бехатарии парвозҳо ва бехатарии авиатсионӣ.
5. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ҳангоми гузаронидани санҷишҳо ва шаклҳои дигари санҷиш ва назорат санҷиши техникӣ ва назоратро (минбаъд – санҷиш ва назорат) оид ба риояи талаботи муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи авиатсияи гражданӣ амалӣ менамояд.
6. Мушоҳида ва таҳлили фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба таъмини бехатарии парвозҳо ва таъмини бехатарии авиатсионӣ, инчунин бо мақсади иҷрои тавсияҳо оид ба натиҷаҳои таҳқиқи фалокатҳо ва ҳодисаҳои авиатсионӣ дар асоси маълумот, ҳуҷҷатҳо ва маводи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ тибқи талаботи Кодекси мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 62. Фаъолияти назоратшаванда вобаста ба таъмини бехатарии парвозҳо ва бехатарии авиатсионӣ
Ба фаъолияти назоратшаванда вобаста ба таъмини бехатарии парвозҳо ва бехатарии авиатсионӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ инҳо дохил мешаванд:
1) истифодаи киштиҳои ҳавоӣ, иҷрои парвозҳо ва омодагӣ ба онҳо;
2) хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ;
3) таъмини иттилооти аэронавигатсионӣ, таҳияи нақшаҳои парвозҳо аз рӯи асбобҳо ва таҳияи харитаҳои аэронавигатсионӣ;
4) таъмини метеорологии парвозҳо;
5) хизматрасонии техникии киштиҳои ҳавоӣ;
6) таъмини аэродромии парвозҳо;
7) таъмини радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ;
8) таъмини барқӣ, техникӣ ва равшанидиҳии таъмини парвозҳо;
9) идоракунии хатарҳое, ки аз тарафи парандагон ва ҳайвоноти дигар ба амал меоянд;
10) омода намудан ва такмили ихтисоси мутахассисони авиатсионӣ;
11) ташхиси тиббӣ, муоинаи тиббӣ, ташкили расонидани ёрии тиббӣ ба мусофирон;
12) таъминоти садамавӣ ва ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳии парвозҳо;
13) хизматрасонии рӯизаминӣ;
14) таъмини амнияти иттилоотӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;
15) таъмини бехатарии авиатсионӣ;
16) таъмини фаъолияти низом оид ба пешниҳоди маълумоти ҳатмӣ ва ихтиёрӣ дар бораи бехатарии парвозҳо.».
3. Ба банди 13) моддаи 9 пеш аз калимаи «аккредитатсияи» калимаҳои «муайян кардани тартиби» илова карда шаванд.
4. Моддаҳои 91 ва 92 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Моддаи 91. Нозири авиатсионӣ
1. Нозири авиатсионӣ корманди ваколатдори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ мебошад, ки сертификатсия, санҷиш ва назоратро дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ амалӣ менамояд.
2. Нозирони авиатсионӣ аз ҳисоби мутахассисоне таъин карда мешаванд, ки дар қисми иҷро ва таъмини парвозҳои киштиҳои ҳавоӣ, хизматрасонии техникии киштиҳои ҳавоӣ, хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ дорои омодагии касбӣ ва (ё) махсус мебошанд, инчунин вазифаҳои таъминоти молиявӣ-иқтисодӣ ва ҳуқуқиро иҷро мекунанд.
3. Шумораи нозирони авиатсионӣ вобаста аз ҳаҷми фаъолияти авиатсионӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби киштиҳои ҳавоии авиатсияи граждании тиҷоратӣ ва авиатсияи таъиноти умум амалӣ карда мешавад, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ муайян карда мешавад.
4. Талаботи тахассусӣ ба нозирони авиатсионӣ, ки вазифаҳои санҷишӣ ва назоратиро дар самти таъмини бехатарии парвозҳо ва таъмини бехатарии авиатсионӣ иҷро менамоянд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ муқаррар карда мешавад.
5. Ҳангоми амалӣ намудани сертификатсия, санҷиш ва назорат дахолат ба фаъолияти нозири авиатсионӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, иҷозат дода намешавад.
6. Нозирони авиатсионӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ ҳуқуқ доранд:
1) ба воридшавии бемамониат ба киштиҳои ҳавоӣ, аэродромҳо, иншооти таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ, ангарҳо, ташкилоти хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаҳои авиатсионӣ, таъмиргоҳҳо, перронҳо, ширкатҳои таъминкунандаи сӯзишворӣ, биноҳои хизматии истифодабарандагон, минтақаҳои коркарди бор, бағоҷ ва почта, марказҳои таълимии авиатсионӣ, иншооти хадамоти бехатарии авиатсионӣ ва иншооти дигари авиатсияи гражданӣ;
2) барои дархости ҳуҷҷатҳо аз истифодабарандагон ва ташкилотҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ, аз ҷумла маълумот дар бораи тахассуси мутахассисони авиатсионӣ, инчунин талаб намудани баёнот ва маводи зарурӣ барои иҷрои вазифаҳои худ бо муқаррар намудани муҳлати пешниҳоди онҳо, гузаронидани пурсиши мутахассисони авиатсионӣ бо мақсади ошкор намудани камбудиҳои эҳтимолӣ дар соҳаи таъмини бехатарии парвозҳо ва бехатарии авиатсионӣ;
3) ба шахсони мансабдори истифодабаранда ва ташкилотҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ оид ба масъалаҳои таъмини бехатарии парвозҳо ва бехатарии авиатсионӣ бо муқаррар намудани муҳлати иҷрои онҳо таъиноти нозиротӣ диҳанд;
4) дар мувофиқа бо истифодабаранда дар дохили киштии ҳавоӣ ҳангоми парвоз бо ҳуқуқи ҳузур доштан дар кабинаи киштии ҳавоӣ қарор дошта бошанд;
5) барои манъ намудани парвози киштии ҳавоӣ ҳангоми мавҷудияти асосҳое, ки ба бехатарии парвозҳо таъсир мерасонанд;
6) ҳангоми мавҷудияти асосҳои кофӣ барои манъ намудани амалишавии ҳуқуқҳои дилхоҳ шахс, ки тибқи шаҳодатномаи авиатсионӣ, сертификатҳо ё дигар ҳуҷҷатҳо дода шудаанд.
7. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дар соҳаи авиатсияи гражданӣ дар ҳудуд ё берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси сертификатҳо (шаҳодатномаҳо барои ҳуқуқи иҷрои корҳои авиатсионӣ) фаъолияткунанда, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ дода шудаанд, маълумот, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи риояи мунтазами талаботи сертификатсиониро ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти худ пешниҳод намоянд. Шахсони мазкур уҳдадоранд, ки дастрасии нозирони авиатсиониро ба маълумот, ҳуҷҷатҳо, маҳсулот, қисмҳо ва таҷҳизот, ки манбаи сертификатсия дар ҷойҳо ва минтақаҳо буда, дар ихтиёри онҳо мебошанд, таъмин намоянд.
8. Нозирони авиатсионӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ уҳдадоранд:
1) талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд;
2) дар давраи гузаронидани санҷиш ё дигар шаклҳои санҷиш ва назорат ба реҷаи муқаррарнамудаи кори ташкилотҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ монеъ нашаванд;
3) ваколатҳои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба огоҳсозӣ, ошкоркунӣ ва пешгирии вайронкунии талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон додашударо саривақт ва пурра иҷро намоянд;
4) мавҷудияти шаҳодатномаи мутахассисони авиатсионӣ, ҳуҷҷатҳои киштӣ, парвоз, сертификатҳо, иҷозатҳо ва ҳуҷҷатҳоеро, ки додани онҳоро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стандартҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ пешбинӣ намудаанд, мавриди санҷиш қарор диҳанд;
5) мутобиқати киштиҳои ҳавоии гражданӣ, аз ҷумла киштиҳои ҳавоии хориҷиро ба талаботи коршоямии парвозии киштиҳои ҳавоии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стандартҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ мавриди санҷиш қарор диҳанд.
9. Ҳангоми дар ҳудуди аэродром қарор доштани истифодабаранда ё ташкилотҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ, иншоот, воситаҳои санҷишшаванда истифодабарандаи аэродром уҳдадор аст, ки дастрасии бемамонияти нозирони авиатсиониро ба онҳо дар асоси пешниҳоди шаҳодатномаи нозири авиатсионӣ таъмин намояд.
10. Нозирони авиатсионӣ бо таъминоти пулие, ки ба сатҳи дахлдори шароити корӣ ва мукофоти мутахассисони ташкилотҳои санҷишшавандаи соҳаи авиатсияи гражданӣ баробар мебошад, таъмин карда мешаванд.
11. Барои нигоҳ доштани сатҳи зарурии омодагии касбӣ нозирони авиатсионӣ бояд аз ҳисоби воситаҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ давра ба давра:
1) дар курсҳо барои нигоҳдории сатҳи касбӣ иштирок намоянд;
2) бо истифодаи техникаи авиатсионӣ ва (ё) дар тамрингоҳҳои авиатсионӣ тамрин намоянд;
3) омодагии касбии (тахассуси) худро дар ташкилотҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ ва истифодабарандагон дар он ҳаҷм ва сатҳе, ки қоидаҳои омодагии касбӣ ва нигоҳдории тахассуси нозирони авиатсионӣ муқаррар намудааст ва аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ тасдиқ гардидааст, нигоҳ доранд.
12. Суғуртаи ҳаёт ва саломатии нозирони авиатсионӣ ҳангоми гузаронидани назорати авиатсионӣ дар парвоз ва нигоҳ доштани тахассус бо истифодаи техникаи авиатсионӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғурта ва фаъолияти суғуртавӣ амалӣ карда мешавад.
13. Ҳангоми иҷрои санҷишҳои назоратӣ дар парвоз истифодабаранда уҳдадор аст, ки нозирони авиатсиониро ба рӯйхати суғуртаи ҳайати парвозии истифодабаранда ворид намояд.
14. Ба нозирони авиатсионӣ манъ аст:
1) додани афзалияти нобаробар ба шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ ҳангоми омода ва қабул намудани қарорҳо;
2) аз шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ талаб намудани маълумоте, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашудааст.
15. Дар ҳолати аз рӯйи натиҷаҳои санҷиш ва назорат ошкор шудани вайронкунии талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ аз ҷониби нозирони авиатсионӣ дар бораи бартараф намудани вайронкуниҳо таъиноти нозиротӣ дода мешавад.
16. Дар ҳолате, ки ба бехатарии парвозҳо ва бехатарии авиатсионӣ хатар таҳдид мекунад, аз тарафи нозири авиатсионӣ таъиноти нозиротӣ бо талаби қатъи истифодаи киштии ҳавоӣ ва ё амалҳои муайяни истифодабарандаи мавриди санҷиш қарордошта ё ташкилотҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ дода мешавад.
17. Таъиноти нозиротӣ бояд ба шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ ва ё ба намояндагони онҳо шахсан ё бо роҳи дигаре, ки далели ирсол ва қабули онро тасдиқ мекунад, дода шавад.
18. Таъиноти нозиротӣ, ки тавассути алоқаи почта тавассути мактуби фармоишӣ бо огоҳинома ё дар шакли электронӣ тавассути шабакаҳои алоқаи электронӣ, ки расонидани кафолатноки паёмҳоро таъмин мекунанд, аз рӯзи гирифтани огоҳинома аз оператори почта ё пас аз панҷ рӯзи корӣ аз рӯзи фиристодани огоҳинома дар шакли электронӣ ирсолшуда дониста мешавад.
19. Иҷрои таъиноти нозиротӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва (ё) таҷрибавӣ фаъолият доранд, ҳатмӣ мебошад.
20. Иҷро накардани таъиноти нозиротӣ асос барои боздоштани амал ё бозхонди шаҳодатнома (сертификат) барои амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва (ё) таҷрибавӣ буда, боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
21. Нисбат ба таъиноти нозиротӣ, ки аз ҷониби нозирони авиатсионӣ дода мешавад, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 92. Тартиби вогузории ваколатҳо ва ҷалби мутахассисон барои гузаронидани фаъолияти сертификатсионӣ ва назоратӣ
1. Тартиби вогузории ваколатҳои нозирони мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ муқаррар карда мешавад.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ҳуқуқ дорад мутахассисони дигарро барои гузаронидани фаъолияти сертификатсионӣ ва назоратӣ ҷалб намояд.
3. Тартиби ҷалби мутахассисон барои гузаронидани фаъолияти сертификатсионӣ ва назоратӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ муқаррар карда мешавад.».
5. Моддаи 13 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 13. Назорати таъмини бехатарии парвозҳо
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ бо мақсади идораи бехатарии парвозҳо назоратро оид ба таъмини бехатарии парвозҳо ва таъмини бехатарии авиатсионии шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ вобаста ба фаъолияти дар моддаи 62 Кодекси мазкур пешбинигардида амалӣ менамояд.».
6. Дар банди 4) қисми 1 моддаи 22 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз гардида, бандҳои 5) ва 6) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«5) тартибдиҳии харитаҳои аэронавигатсионӣ;
6) таҳияи равандҳои парвозҳо.»;
7. Моддаи 31.1 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 31.1 Истифодаи стандартҳо ва таҷрибаи тавсияшудаи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ, инчунин қоидаҳои авиатсионии ташкилотҳои байналмилалии дигар дар соҳаи авиатсияи гражданӣ
1. Қабули стандартҳо ва таҷрибаҳои тавсияшудаи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки Кодекси мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, инчунин тавассути ворид кардани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба онҳо ё тавассути нишон додани истинод ба стандартҳои тавсиядодаи мушаххаси Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ амалӣ карда мешавад.
2. Истифодабарандаи киштии ҳавоии авиатсияи гражданӣ ҳуқуқи истифодаи қоидаҳои авиатсиониро бо яке аз забонҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ дорад.».
8. Қисми 2 моддаи 36 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Лоиҳакашӣ ва истифодабарии аэродромҳо ва майдонҳои нишасти доимоамалкунанда тибқи Қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.».
9. Банди 6) қисми 5 моддаи 40 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«6) минтақаи махсуси шашум, ки дар он ҷойгиронии объектҳое, ки ба ҷалб ва анбуҳи парандагон ва ҳайвоноти ваҳшӣ мусоидат мекунанд, манъ аст. Ҳудуди минтақаи мазкур дар асоси натиҷаҳои таҳқиқот ё баҳогузории хавфи бархӯрд муайян карда мешавад. Тартиби муайян намудани ин талаботро Қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд;».
10. Қисми 4 моддаи 42 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«4. Тартиб ва шартҳои аломатгузории иншоотҳои баландошёна бо Қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд».
11. Қисми 3 моддаи 44 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Тартиби фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷие, ки парвозҳои мунтазамро ба (аз) Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ ё филиал доранд, бо Қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.».
12. Дар моддаи 46:
- муқаддимаи қисми 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«5. Киштиҳои ҳавоии гражданӣ дар ҳолатҳои зерин аз Феҳристи давлатии киштиҳои ҳавоии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ карда мешаванд:»;
- қисми 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«6. Ҳангоми хориҷ намудани киштии ҳавоии гражданӣ аз Феҳристи давлатии киштиҳои ҳавоии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатнома (сертификат) дар бораи бақайдгирии давлатии киштии ҳавоӣ бекор карда шуда, бояд ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баргардонида шавад.»;
- қисми 13 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«13. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ шаҳодатномаҳо (сертификатҳо)-и коршоямии парвозӣ, иҷозатнома барои истифодаи дастгоҳҳои радиоӣ ва шаҳодатномаҳои аъзои ҳайати парвозро, ки аз ҷониби давлати истифодабаранда тибқи Конвенсия дар бораи авиатсияи граждании байналмилалӣ дода шудаанд ё тасдиқ шудаанд, боэътибор эътироф менамояд;»;
- қисмҳои 13 ва 14 қисмҳои 14 ва 15 ҳисобида шаванд.
13. Дар моддаи 47:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода шавад:
«1. Киштиҳои ҳавоии гражданӣ дар сурати мавҷудияти шаҳодатнома (сертификати) коршоямии парвозии киштии ҳавоӣ, ки мутобиқати киштии ҳавоии мазкурро ба талаботи коршоямии парвозии киштиҳои ҳавоии гражданӣ ва ҳифзи муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, ба истифодабарӣ роҳ дода мешаванд.»;
- қисмҳои 4 ва 5 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«4. Инчунин истифодабарандаи киштии ҳавоӣ ҳангоми бастани шартномаи иҷораи киштии ҳавоӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ муқаррароти шартномаи иҷораро оид ба намуди иҷора, шартҳои хизматрасонии техникии киштии ҳавоӣ, суғурта, уҳдадорӣ барои таъмини бехатарии парвозҳо ва истифодабарии парвозӣ мувофиқа менамояд.
5. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ҳуқуқ надорад, ки аз истифодабарандагони киштиҳои ҳавоӣ мувофиқа ё эътирофи муқаррароти шартномаи иҷораи киштии ҳавоиро талаб намояд, ба истиснои муқаррароте, ки дар қисми 4 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд.».
14. Ба моддаи 49 қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«6. Дар киштии ҳавоӣ дафтари дохилии киштии ҳавоӣ пеш бурда шуда, дар он маълумот дар бораи киштии ҳавоӣ, ҳайати парвозӣ, ҳар парвоз ва дар бораи ошкор шудани вайроншавии киштии ҳавоӣ дар раванди истифодабарӣ қайд карда мешавад. Шакл ва мундариҷаи дафтари дохилии киштии ҳавоиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ муқаррар менамояд.».
15. Дар моддаи 59:
- дар қисми 2 калимаҳои «ва мутахассисони» ба аломати «,» иваз гардида, пас аз калимаи «гражданӣ» калимаҳои «ва авиатсияи таҷрибавӣ» илова карда шаванд;
- аз қисми 3 калимаи «(сертификати)» хориҷ карда шавад;
- қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«5. Талабот ба мутахассисони авиатсионии авиатсияи гражданӣ бо қоидаҳо ва талаботе, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ дар асоси стандартҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ таҳия шудаанд, муқаррар карда мешавад.»;
- қисми «5» қисми «6» ҳисобида шавад.
16. Моддаҳои 681 ва 682 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Моддаи 68.1 Таъминоти тиббӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ
1. Талабот оид ба ташхиси тиббӣ, муоинаи тиббӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, ки ба мутахассисони авиатсионӣ пешниҳод мешавад, инчунин гурӯҳи шахсоне, ки бояд ҳатман аз муоинаи тиббӣ ва санҷиши тиббӣ гузаранд, бо қоидаҳои ташхис ва муоинаи тиббӣ дар соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси стандартҳо ва амалияи тавсияшавандаи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ таҳия аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ тасдиқ мегарданд, муқаррар карда мешавад.
2. Ташхиси тиббии мутахассисони авиатсионӣ дар марказҳои тиббии авиатсионӣ аз ҷониби коршиносони тиббии авиатсионӣ, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ сертификатсия шудаанд, гузаронида мешавад.
3. Ташхиси тиббии ҳавонавардони киштиҳои ҳавоии граждании вазнашон сабук аз ҷониби коршиноси тиббии авиатсионӣ гузаронида мешавад, ки талабот ба он бо қоидаҳои таъин кардани коршиносони тиббии авиатсионӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ тасдиқ мегардад, муқаррар карда шудааст.
4. Коршиносони тиббии авиатсионӣ барои вайрон кардани талабот оид ба ташхиси тиббӣ ҷавобгар мебошанд.
5. Дар сурати ошкор шудани вайронкунии талаботи сертификатсия нисбат ба марказҳои тиббии авиатсионӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ:
1) амали чунин шаҳодатномаҳо (ё намудҳои (нусхаҳо) иҷозатдодашудаи фаъолияти дар шаҳодатнома ишорашуда)-и маркази тиббии авиатсиониро пурра ё қисман бозмедорад, агар дар муҳлатҳои мувофиқашудаи нақшаи амалҳои ислоҳӣ вайронкунии талаботи шаҳодатнома бартараф карда нашуда бошад;
2) шаҳодатномаи маркази тиббии авиатсиониро бозмедорад, агар дар тӯли як сол аз рӯзи муваққатан боздошт намудани он вайронкуниҳои сертификатсионӣ ислоҳ нашуда бошанд.
6. Амали шаҳодатномаи маркази тиббии авиатсионӣ инчунин метавонад бо аризаи соҳиби он тибқи қоидаҳои сертификатсияи марказҳои тиббии авиатсионӣ пурра ё қисман маҳдуд карда шавад.
7. Дар сурати ошкор шудани вайронкунии талаботи сертификатсия нисбат ба коршиносони тиббии авиатсионӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ:
1) амали чунин шаҳодатномаро (ё намудҳои (зернамудҳои) фаъолиятро, ки дар шаҳодатнома зикр шудааст) то рафъи вайронкунии талаботи сертификатсия нисбати коршиносони тиббии авиатсионӣ ба муҳлати то се моҳ пурра ё қисман бозмедорад;
2) шаҳодатномаи коршиноси тиббии авиатсиониро бозхонд мекунад, агар дар давоми се моҳ аз рӯзи боздоштани амал вайронкунии талаботи сертификатсия ислоҳ нашуда бошад.
8. Амали шаҳодатномаи (сертификати) коршиносони тиббии авиатсионӣ муваққатан боздошта мешавад дар сурати:
1) вайрон шудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муоинаи тиббӣ ва талаботи сертификатсия;
2) пешниҳоди дархост аз ҷониби соҳиби шаҳодатномаи коршиноси тиббии авиатсионӣ ба муҳлати на бештар аз се моҳ.
9. Шаҳодатномаи коршиноси тиббии авиатсионӣ бозхонд мешавад дар сурати:
1) ислоҳ нашудани номувофиқатӣ дар тӯли се моҳ аз рӯзи муваққатан боздоштани шаҳодатномаи коршиноси тиббии авиатсионӣ;
2) пешниҳоди дархост аз ҷониби соҳиби шаҳодатномаи коршиноси тиббии авиатсионӣ.
10. Тартиби муваққатан боздоштан ва бозхонд кардани шаҳодатномаи коршиноси тиббии авиатсионӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
11. Ҳангоми гузаштан аз ташхиси тиббӣ шахс уҳдадор аст, ки ба коршиноси тиббии авиатсионӣ дар бораи мавҷудияти бемориҳое, ки ба ӯ маълуманд ва барои иҷрои парвозҳо хатар доранд, маълумот диҳад.
12. Ҳангоми номувофиқатӣ бо талаботи вазъи саломатӣ шаҳодатномаи тиббӣ дода мешавад ё барқарор карда мешавад, агар шартҳои зерин риоя шуда бошанд:
1) дар хулосаи тиббӣ экспертӣ нишон дода мешавад, ки номувофиқатии шахс ба ҳар талаботи бехатарии парвозҳо хатар эҷод намекунад;
2) қобилият, касбият ва таҷрибаи шахс, инчунин шароити кори ӯ дуруст ба назар гирифта шудаанд;
3) дар шаҳодатнома қайд оид ба маҳдудияти махсус ё маҳдудиятҳо дарҷ карда шудааст.
13. Дар ҳолати ошкор гардидани маълумоти пинҳоншуда аз ҷониби шахси бевосита алоқаманд бо иҷро ва таъмини парвозҳои киштиҳои ҳавоӣ дар давраи ташхиси тиббӣ оид ба доштани бемориҳои ба ӯ маълум, ки барои иҷрои парвозҳо хатар эҷод менамоянд, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ чораҳо оид ба муваққатан бозхондани шаҳодатномаи мутахассиси авиатсиониро то бартараф шудани қоидавайронкуниҳо меандешад.
14. Дар сурати такроран ошкор гардидани қоидавайронкуниҳои шахс дар давоми як соли баъд аз татбиқ намудани ҷазои маъмурӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бозхондани шаҳодатномаи мутахассиси авиатсионӣ чораҳои зарурӣ меандешад.
Моддаи 682. Сертификати навъ
1. Киштии ҳавоии гражданӣ, муҳаррик ва парраи ҳавоии сохти нав (навъи нав), ки барои истеҳсоли силсилавӣ пешбинӣ шудаанд, бояд аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ барои мувофиқати онҳо ба меъёрҳои коршоямии парвозӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд, сертификатсия карда шаванд ва сертификати навъи аз ҷониби ташкилоти ваколатдор дар соҳаи авиатсияи гражданӣ додашударо пас аз гузаронидани озмоишҳои истеҳсолӣ, давлатӣ ва истифодабарӣ дошта бошанд.
2. Эътирофи сертификати навъи киштии ҳавоии гражданӣ, муҳаррик ва парраи ҳавоӣ тибқи Низомнома дар бораи тартиби эътирофи сертификати навъи киштии ҳавоии воридотӣ, муҳаррики авиатсионӣ ва парраҳои ҳавоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Соҳибмулки сертификати навъ таҳиякунандаи киштии ҳавоии гражданӣ мебошад.
4. Ҳамаи тағйирот ба сохти тасдиқшудаи навъи киштии ҳавоии гражданӣ, муҳаррик ва парраи ҳавоӣ ё ҳуҷҷатҳои истифодабарии техникии онҳо, ки ба коршоямии парвозӣ таъсир мерасонанд, бояд аз ҷониби ташкилоти ваколатдор дар соҳаи авиатсияи гражданӣ барои гирифтани илова ба сертификати навъ ё дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қоидаҳои сертификатсия ва додани сертификати навъ, арзёбии тағйироти сохт аз ҷониби ташкилоти ваколатдор дар соҳаи авиатсияи гражданӣ оид ба гирифтани тасдиқи модификатсия ё таъмир гузаронида шаванд.
5. Амали сертификати навъи аз ҷониби ташкилоти ваколатдор дар соҳаи авиатсияи гражданӣ додашуда дар ҳолати ошкор намудани камбудиҳое, ки ба бехатарии парвозҳо таҳдид мекунанд, боздошта шуда, истифодабарии киштии ҳавоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Низомнома дар бораи тартиби эътирофи сертификати навъи киштии ҳавоии воридотӣ, муҳаррики авиатсионӣ ва парраҳои ҳавоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан қатъ карда мешавад.».
17. Аз моддаи 73 калимаҳои «(сертификати)» ва «(сертификат)» хориҷ гардида, қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Шаҳодатномаи мутахассиси авиатсиониро, ки аз ҷониби давлати хориҷӣ мутобиқи талаботи Ташкилоти байналимилалии авиатсияи гражданӣ дода шудааст, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ эътироф менамояд. Мутахассиси авиатсионӣ бояд ин ҳуҷҷати эътирофро якҷо бо шаҳодатномаи аз ҷониби давлати дигар додашуда бо худ гардонад.».
18. Дар моддаи 74 калимаҳои «Бекор», «бекор карда» ва «бекор кардани» мувофиқан ба калимаҳои «Боздоштан», «, боздошта» ва «боздоштани» иваз карда шаванд.
19. Боби 12 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«БОБИ 12. ФАЛОКАТҲО, ҲОДИСАҲОИ АВИАТСИОНӢ ВА ТАҲҚИҚИ ОНҲО
Моддаи 85. Рӯйдод, фалокат ё ҳодисаҳои авиатсионӣ
1.Фалокати авиатсионӣ дар авиатсияи давлатӣ рӯйдоди алоқаманд ба истифодаи киштиҳои ҳавоӣ, ки ба фавти (ҷароҳати марговари ҷисмонии) одамони дар дохили киштии ҳавоии қарордошта ва (ё) талафоти ин киштии ҳавоӣ оварда мерасонад, эътироф карда мешавад.
2. Фалокати авиатсионӣ дар авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ рӯйдоди авиатсионие эътироф карда мешавад, ки бо истифодаи киштии ҳавоӣ бо нияти амалӣ намудани парвоз алоқаманд буда, дар ҳолати идора шудани киштии ҳавоӣ, аз лаҳзаи бо мақсади парвоз ба киштии ҳавоӣ савор шудани ягон шахс то лаҳзаи киштии ҳавоиро тарк намудани ҳамаи шахсони дар он ҳузурдошта ё дар ҳолати киштии ҳавоии бесарнишин, аз лаҳзаи омода будани киштии ҳавоӣ ба парвоз то лаҳзаи бозистодани он дар анҷоми парвоз ва хомӯш кардани муҳаррики асосӣ ва дар рафти он:
1) ягон шахсе, ки дар ҳолати ҳузур доштан дар киштии ҳавоии мазкур ҷароҳати ҷисмонӣ бо оқибати марговар ё ҷароҳати вазнин ва начандон вазнини ҷисмонӣ бардошта, инчунин бархӯрди бевосита бо ягон қисми киштии ҳавоӣ, аз ҷумла қисмҳои аз киштии ҳавоӣ ҷудошуда, таъсири бевоситаи ҷараёни газҳои муҳаррики реактивӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки зарари ҷисмонӣ сабабҳои табиӣ дошта, аз ҷониби худи шахс ё аз ҷониби шахсони дигар расонда шудааст, ё осебҳои ҷисмонӣ ба мусофирони бе чиптае расонда шуда бошанд, ки берун аз минтақаҳои барои ворид шудани мусофирону аъзои ҳайати парвозӣ кушода пинҳон шудаанд;
2) киштии ҳавоӣ зарар мебинад ё тахриби конструксияи он ба амал омада, дар натиҷа мустаҳкамии конструксия вайрон гардида, нишондиҳандаҳои техникӣ ё парвозии киштии ҳавоӣ бад мешаванд, ки таъмири пурраи киштии ҳавоӣ ё ивази унсури вайроншудаи онро тақозо менамояд, ба истиснои ҳолатҳои:
- аз кор мондан ё вайрон шудани муҳаррик, вақте ки танҳо як муҳаррик, сарпӯши он ё қисми воҳиди ёридиҳанда аз кор мондааст;
- зарарбинии танҳо парраҳои ҳавоӣ, парраҳои ротори асосӣ, унсурҳои камқувваи планер, обтекали болҳо, антеннаҳо, датчикҳо, белчаҳо, пневматикаҳо, воситаҳои бозистӣ, шишаҳои пеш, чархҳо ё ҳангоми зарарбинии ночизи чархҳо панелҳои паллаҳои чархҳо ва ё зараре, ки дар натиҷаи бориши жола ё бархӯрд бо парандагон ба амал омадааст (аз ҷумла сӯрохиҳо дар обтекатели антеннаи радиолокатор);
3) киштии ҳавоӣ бедарак ғайб мезанад ё дар ҷойе қарор мегирад, ки дастрасӣ ба он комилан имконнопазир аст.
3. Ҳодисаи авиатсионӣ дар авиатсияи давлатӣ рӯйдоде эътироф карда мешавад, ки бо истифодаи парвози киштии ҳавоӣ алоқаманд буда метавонист ба якпорчагии киштии ҳавоӣ ва (ё) ҳаёти одамони дар дохили киштии ҳавоӣ хатар эҷод кунад ё карда бошад, вале бо фалокати авиатсионӣ анҷом наёфта бошад.
4. Ҳодисаи авиатсионӣ дар авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ рӯйдоде эътироф карда мешавад, ки бо истифодаи парвози киштии ҳавоӣ алоқаманд буда, аз лаҳзаи ворид шудани ягон шахс ба дохили киштӣ бо мақсади анҷом додани парвоз то лаҳзаи тарк намудани киштии ҳавоиро ҳамаи қарордоштагон бо мақсади анҷом додани парвоз ҷой дошта боиси фаъолияти номуътадили киштии ҳавоӣ, аъзои парвозӣ, хадамоти идора ва таъмини парвозҳо бо сабаби таъсири муҳити беруна гардида, метавонад ба бехатарии парвозҳо таъсир расонад, вале бо фалокати авиатсионӣ анҷом наёфтааст.
5. Рӯйдоди авиатсионӣ дар авиатсияи давлатӣ рӯйдоде эътироф карда мешавад, ки бо истифодаи парвози киштии ҳавоӣ алоқаманд буда, дар рафти он бехатарии парвозҳо, зарарбинӣ ё талафоти киштии ҳавоӣ ва (ё) фавти одамони дар ин киштии ҳавоӣ қарордошта хатар ба амал омадааст.
6. Рӯйдоди авиатсионӣ дар авиатсияи гражданӣ фалокат ё ҳодисаи авиатсионӣ, инчунин рӯйдодҳои дигар эътироф карда мешаванд, ки ба вайрон намудани бехатарии парвозҳо алоқаманд буда, метавонад зери таҳдид қарор диҳад ё чунин рӯйдод ислоҳ ё бартараф карда нашуда бошад, боиси таҳдиди бехатарии киштии ҳавоӣ, шахсони дар дохили киштӣ қарордошта ё дигар шахсон гардад.
Моддаи 851. Низоми пешниҳоди ҳатмӣ ва ихтиёрии маълумот оид ба рӯйдодҳои авиатсионӣ
1. Мақсади пешниҳоди ҳатмӣ ва ихтиёрии маълумот оид ба рӯйдоди авиатсионӣ баланд бардоштани сатҳи бехатарии парвозҳо барои пешгирии рӯйдодҳои авиатсионӣ дар авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ мебошад.
2. Ҷорӣ намудани низоми пешниҳоди ҳатмӣ ва ихтиёрии маълумот оид ба рӯйдодҳои авиатсионӣ ба принсипи фарҳанги одилона асос меёбад.
3. Мутахассисони авиатсионӣ ва кормандони дигари истифодабарандагон ва ташкилотҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ уҳдадоранд дар бораи рӯйдодҳои авиатсионӣ хабардор намоянд, ки метавонад хавфи назаррас ба бехатарии парвозҳо дошта бошад ва ба дараҷаи рӯйдодҳои авиатсионӣ дохил шуда, хабар дар бораи онҳо тавассути низоми пешниҳоди ҳатмӣ ва ихтиёрии маълумот оид ба рӯйдодҳои авиатсионӣ амалӣ мегардад.
4. Дараҷаи рӯйдодҳои авиатсионӣ, ки пешниҳоди маълумот дар бораи онҳо тавассути низоми пешниҳоди ҳатмӣ ва ихтиёрии маълумот оид ба рӯйдодҳои авиатсионӣ, инчунин номгӯйи шахсони пешниҳоднамудаи маълумот дар бораи рӯйдодҳои авиатсионии дараҷаи мазкур тибқи қоидаҳои пешниҳоди маълумот ва таҳқиқи фалокатҳо ва ҳодисаҳои авиатсионӣ дар авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ муқаррар карда мешавад.
5. Мутахассисони авиатсионӣ ва кормандони дигари истифодабарандагон ва ташкилотҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ, ки дар номгӯйи дар қисми 3 моддаи мазкур пешбинӣ нагардиданд, дар бораи рӯйдодҳои авиатсионӣ, ки ба дараҷаи огоҳкунии ҳатмӣ тавассути низоми пешниҳоди ҳатмӣ ва ихтиёрии маълумот оид ба рӯйдодҳои авиатсионӣ дохил намебошанд, агар онҳо ба маълумот оид ба таъмини бехатарии парвозҳо алоқаманд бошанд, инчунин агар чунин маълумот метавонад ҳамчун таҳдидкунандаи воқеӣ ё хатари эҳтимолии бехатарии парвозҳо қабул карда шавад, хабар медиҳанд.
6. Пас аз гирифтани маълумоти пешниҳодшуда дар бораи рӯйдодҳои авиатсионӣ истифодабаранда ва ташкилотҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ ба мақоми ваколатдор оид ба таҳқиқи фалокатҳо ва ҳодисаҳои авиатсионӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ (минбаъд - мақоми ваколатдор оид ба таҳқиқ) ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ тафсилоти пурраи рӯйдодро, ки тибқи қисмҳои 3, 4 ва 5 моддаи мазкур дар муҳлатҳои зерин ҷамъоварӣ шудаанд, хабар медиҳанд:
1) на дертар аз бисту чор соат - барои фалокатҳои авиатсионӣ;
2) на дертар аз ҳафтоду ду соат - барои ҳодисаҳои дигари авиатсионӣ.
7. Бо мақсади таъмини сифат маълумоти пешниҳодшаванда бояд маълумоти ҳадди ақалро дар бар гирад, ки талабот ба он метавонад вобаста ба дараҷаи рӯйдоди авиатсионӣ фарқ намояд ва он тибқи қоидаҳои пешниҳоди маълумот ва таҳқиқи фалокатҳо ва ҳодисаҳои авиатсионӣ дар авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ муқаррар карда мешавад.
8. Талаботи алоҳида ба низоми пешниҳоди ҳатмӣ ва ихтиёрии маълумот оид ба рӯйдодҳои авиатсионӣ ва тартиби пешниҳоди маълумот тибқи қоидаҳои пешниҳоди маълумот ва таҳқиқи фалокатҳо ва ҳодисаҳои авиатсионӣ дар авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ, дастурҳои намунавӣ оид ба идораи бехатарии парвозҳои истифодабарандагони киштиҳои ҳавоии гражданӣ дар фурудгоҳҳо ҳангоми хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, ҳангоми хизматрасонии техникии киштиҳои ҳавоӣ, марказҳои таълимии авиатсионии авиатсияи гражданӣ, ки фаъолияти онҳо бо иҷрои парвозҳои киштиҳои ҳавоӣ дар рафти хизматрасонӣ алоқаманд аст, муқаррар карда мешавад.
9. Истифодабарандагон ва ташкилотҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ низоми пешниҳоди ҳатмӣ ва ихтиёрии маълумот оид ба рӯйдодҳои авиатсиониро тавассути қабули қоидаҳои дохилӣ, инчунин дастурамалҳо оид ба ташкили низоми идораи бехатарии парвозҳо ҷорӣ ва дастгирӣ менамоянд.
10. Истифодабарандагон ва ташкилотҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ бояд маълумотро дар бораи рӯйдодҳои авиатсионӣ дар махзанҳои маълумоти электронӣ нигоҳ доранд, ки бояд бо махзани маълумоти рӯйдодҳои авиатсионии мақоми ваколатдор оид ба таҳқиқ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ мувофиқ бошанд.
11. Ҳисоботи маълумотӣ оид ба фалокатҳои авиатсионӣ, ки бо киштиҳои ҳавоии дорои вазни ҳадди аксари сертификатсияшудааш зиёда аз ду ҳазору дусаду панҷоҳ килограмм ва (ё) киштиҳои ҳавоии дорои муҳаррики турбореактивӣ рух додаанд, ба Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ фиристода мешаванд.
12. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ механизми мустақили ҷамъоварӣ, баҳодиҳӣ, коркард, таҳлил ва нигоҳдории маълумотро, ки тибқи қисмҳои 3, 4, 5 ва 6 моддаи мазкур ба даст оварда шудааст, таъсис медиҳад. Коркарди маълумоти пешниҳодшуда бояд бо мақсади пешгирии истифодаи иттилоот бо мақсадҳои дигар ба ғайр аз таъмин ва баланд бардоштани бехатарии парвозҳо амалӣ карда шуда, бояд махфияти шахсияти шахси гузоришдиҳанда ва шахсони дар ҳисоботи рӯйдодҳои авиатсионӣ зикршударо бо мақсади татбиқи принисипи фарҳанги одилона таъмин намояд.
13. Дараҷаҳои рӯйдодҳои авиатсионӣ дар авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ бо Қоидаҳои таҳқиқи фалокатҳо ва ҳодисаҳои авиатсионӣ дар авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ муайян карда мешаванд.
Моддаи 852. Махфият, истифодаи дурусти иттилоот ва ҳифзи манбаи иттилоот дар бораи рӯйдодҳои авиатсионӣ
1. Маълумот дар бораи рӯйдодҳои авиатсионӣ дар авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ бояд дуруст ҳифз карда шавад ва ҷамъоварии он бояд тавассути кафолати махфияти он, ҳифзи маълумоти шахсии шахсони дар ҳисоботи рӯйдодҳои авиатсионӣ зикршуда ва таъмини эътимоди мутахассисони авиатсионӣ ва кормандони дигари соҳаи авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ ба эътимоднокии низоми пешниҳоди ҳатмӣ ва ихтиёрии маълумот оид ба рӯйдодҳои авиатсионӣ таъмин карда шаванд.
2. Мутахассисони авиатсионӣ ва кормандони дигари авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ, ки дар ҳисоботҳо оид ба рӯйдодҳои авиатсионӣ хабар медиҳанд ё дарҷ гардидаанд, дар асоси маълумоти пешниҳодкардаи онҳо набояд ба ҷазои интизомӣ ва (ё) масъулияти моддӣ аз ҷониби корфармои худ дучор шаванд.
3. Талаботи қисми 1 моддаи мазкур ҳангоми рух додани яке аз ҳолатҳои зерин татбиқ намегардад:
1) кирдорҳои барқасдона;
2) беэътиноӣ ба хатари ошкоро ва риоя накардани уҳдадориҳои мансабӣ, ки ба ҳаёт ва саломатии инсон зарари пешбинишаванда, зарар ба молу мулк ё ба таври ҷиддӣ паст кардани сатҳи бехатарии парвозҳо оварда расонидаанд.
4. Истифодабарандагон ва ташкилотҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ маълумотро дар бораи рӯйдодҳои авиатсионӣ набояд пешниҳод намоянд ё истифода баранд, барои:
1) гузоштани гуноҳ ё масъулият ба шахсоне, ки дар ҳисоботҳо оид ба рӯйдодҳои авиатсионӣ хабар медиҳанд ё дарҷ гардидаанд;
2) ҳама гуна мақсадҳои дигар, ба ғайр аз нигоҳ доштан ё баланд бардоштани бехатарии парвозҳо.
5. Корманди авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавии дар ҳисоботи рӯйдоди авиатсионӣ ёдоваршуда уҳдадор аст, ки дар бораи ҳамон ҳодиса аз лаҳзаи огоҳ шуданаш хабар диҳад ва барои қасдан хабар надодан дар муҳлати муқаррарнамудаи қоидаҳои дохилии корфармо ҷавобгар мебошад.
6. Агар мурофиаи интизомӣ ё маъмурӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда бошад, маълумоти дар ҳисобот дар бораи рӯйдодҳои авиатсионӣ мавҷудбуда бар зидди корманди авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ, ки дар бораи рӯйдодҳои авиатсионӣ хабар додааст ё шахсе, ки дар ҳисобот дар бораи ҳодисаи авиатсионӣ ёдовар шудааст, истифода бурда намешавад.
7. Истифодабарандагон ва ташкилотҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ пас аз машварат бо кормандон қоидаҳои дохилиро қабул мекунанд, ки тартиби татбиқи фарҳанги одилонаро муқаррар менамоянд. Татбиқи фарҳанги одилона бояд тибқи муқаррароти моддаҳои 851 ва 853 Кодекси мазкур, инчунин талаботи пешбининамудаи Қоидаҳои таҳқиқи фалокатҳо ва ҳодисаҳои авиатсионӣ дар авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ амалӣ карда шавад.
8. Дастрасӣ ба маълумоти мутахассисони авиатсионӣ ва кормандони авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ, ки дар ҳисоботҳо оид ба рӯйдодҳои авиатсионӣ хабар медиҳанд ё ёдовар шудаанд, инчунин маълумоти шахсии онҳоро метавонанд танҳо кормандони истифодабаранда ва ташкилотҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ, ки новобаста дар ҷамъоварӣ, баҳодиҳӣ, коркард, таҳлил ва нигоҳдории ҳисоботҳо дар бораи рӯйдодҳои авиатсионӣ иштирок менамоянд, дошта бошанд.
9. Маълумоти шахсии шахсоне, ки дар ҳисоботҳо оид ба рӯйдодҳои авиатсионӣ хабар медиҳанд ё ёдовар мешаванд, ошкор карда намешавад, ба махзанҳои маълумот ворид карда нашуда, маълумоти дастрасии маҳдуд ба ҳисоб мераванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки он тибқи муқаррароти таҳқиқи фалокатҳо ва ҳодисаҳои авиатсионӣ талаб карда мешавад.
10. Мутахассисони авиатсионӣ ва кормандони дигари авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ ҳуқуқ доранд дар бораи вайрон кардани муқаррароти моддаи мазкур ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ хабар диҳанд ва набояд аз ҷониби корфармо ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Моддаи 853. Таҳлили рӯйдодҳои авиатсионӣ ва андешидани чораҳои дахлдор (ислоҳӣ)
1. Истифодабарандагон ва ташкилотҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ раванди таҳлили рӯйдодҳои авиатсиониро бо мақсади ошкор намудани таҳдид ба бехатарии парвозҳо, ки бо ошкорсозии рӯйдодҳои авиатсионӣ алоқаманд мебошад, таҳия менамоянд.
2. Аз рӯйи натиҷаҳои таҳлил истифодабаранда ва ташкилотҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ ҳама гуна амалҳои дахлдори ислоҳӣ ё огоҳкунандаро, ки барои бартараф кардани камбудиҳои воқеӣ ё эҳтимолӣ дар соҳаи бехатарии парвоз заруранд, муайян мекунанд:
1) бо иҷрои саривақтии ин амалҳо;
2) бо муқаррар намудани раванди мониторинги татбиқ ва самаранокии амалҳо.
3. Истифодабарандагон ва ташкилотҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ бояд мунтазам ба мутахассисони авиатсионӣ ва кормандони дигари авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ дар бораи тадбирҳои андешидашуда аз рӯйи натиҷаҳои таҳлил дар доираи пешниҳоди ҳатмӣ ва ихтиёрии маълумот оид ба рӯйдоди авиатсионӣ маълумот диҳанд.
4. Истифодабарандагон ва ташкилотҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ бояд натиҷаҳои пешакии таҳлилҳои худро ба мақоми ваколатдори таҳқиқи фалокатҳо ва ҳодисаҳои авиатсионӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, инчунин натиҷаҳои ниҳоӣ фиристанд, агар ин натиҷаҳо хавфи воқеӣ ё эҳтимолии бехатарии парвозро муайян намоянд.
5. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ мониторинги корҳои аз ҷониби истифодабарандагон ва ташкилотҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ оид ба таҳлил ва иҷрои амалҳои ислоҳӣ ё огоҳкунанда гузаронидашударо, ки барои рафъи камбудиҳои воқеӣ ё эҳтимолӣ дар соҳаи бехатарии парвоз заруранд, амалӣ менамояд.
Моддаи 86. Таҳқиқи фалокатҳо ва ҳодисаҳои авиатсионӣ
1. Фалокат ё ҳодисаи авиатсионӣ бо киштии ҳавоии давлатӣ ё граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ё киштии ҳавоии давлати хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман бояд таҳқиқ карда шавад.
2. Мақсади таҳқиқи фалокат ё ҳодисаи авиатсионӣ муайян намудани сабабҳои рӯйдодҳо ва (ё) омилҳои мусоидаткунанда, таҳияи тавсияҳо оид ба пешгирии сар задани фалокатҳо ва ҳодисаҳои авиатсионӣ дар оянда ва таъмини бехатарӣ мебошад.
3. Дар авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ таҳқиқи фалокат ё ҳодисаҳои авиатсионӣ аз ҷониби комиссияи мақоми ваколатдор оид ба таҳқиқ таъсисдодашуда амалӣ карда мешавад.
4. Мақсади таҳқиқи комиссияи мазкур муайян намудани гуноҳ ё масъулияти ягон шахс намебошад.
5. Намудҳои алоҳидаи ҳодисаҳо, ки номгӯйи онҳо бо Қоидаҳои таҳқиқи фалокат ва ҳодисаҳои авиатсионии авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ муқаррар карда шудаанд, мустақилона аз ҷониби истифодабарандагон (ташкилотҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ) дар доираи низоми идораи бехатарии парвозҳо таҳқиқ карда мешаванд. Чунин таҳқиқот бо қарори дахлдор тибқи тартиб ва муҳлатҳои муқаррарнамудаи таҳқиқи фалокат ва ҳодисаҳои авиатсионии авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ гузаронида мешавад. Пас аз анҷоми таҳқиқот ҳисоботи ниҳоӣ аз ҷониби истифодабарандагон (ташкилотҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ) ба мақоми ваколатдор оид ба таҳқиқ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ пешниҳод карда мешавад.
6. Дар авиатсияи давлатӣ таҳқиқи фалокат ва ҳодисаҳои авиатсионӣ аз ҷониби комиссия тибқи қоидаҳои таҳқиқи фалокат ва ҳодисаҳои авиатсионӣ дар авиатсияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
7. Ваколатҳои комиссия оид ба таҳқиқи фалокат ва ҳодисаҳои авиатсионӣ, тартиби гузаронидани таҳқиқи фалокат ва ҳодисаҳои авиатсионӣ дар авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ бо қоидаҳои таҳқиқи фалокат ва ҳодисаҳои авиатсионӣ дар авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
8. Ҳангоми ташкили таҳқиқот дахолат ба фаъолияти комиссия оид ба таҳқиқи фалокат ва ҳодисаҳои авиатсионӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ, мақомоти давлатии дигар, ба истиснои ҳолатҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, иҷозат дода намешавад.
9. Комиссия оид ба таҳқиқи фалокат ва ҳодисаҳои авиатсионӣ бояд принсипҳои объективӣ ва беғаразиро ҳангоми гузаронидани таҳқиқот ба роҳбарӣ гирад. Бо мақсади мустақилияти таҳқиқот комиссия оид ба таҳқиқи фалокат ва ҳодисаҳои авиатсионӣ бо дарназардошти истиснои ихтилофи манфиатҳо таъсис дода мешавад.
10. Комиссия оид ба таҳқиқи фалокат ва ҳодисаҳои авиатсионӣ ҳуқуқ дорад ҷойи ҳодиса, иншоот ва пораҳои марбут ба фалокат ва ҳодисаҳои авиатсиониро муоина карда, коршиносонро ба кор ҷалб намояд, пурсиши шоҳидонро анҷом диҳад, гузаронидани тадқиқот ва озмоишҳои заруриро барои муайян намудани сабабҳои фалокат ё ҳодисаҳои авиатсионӣ ва (ё) омилҳои марбута таъин намуда, барои пешгирии фалокатҳо ё ҳодисаҳои авиатсионии монанд ё кам намудани оқибатҳои онҳо тавсияҳо диҳад.
11. Фалокат ва ҳодисаҳои ҷиддии авиатсионӣ бо киштиҳои ҳавоии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон рухдода бояд аз ҷониби комиссияи мақоми ваколатдор оид ба таҳқиқ таҳқиқ карда шавад ё бо ризоияти тарафайн ваколатҳои таҳқиқро ба мақоми ваколатдор оид ба таҳқиқи фалокат ё ҳодисаҳои авиатсионии давлати хориҷӣ (давлати бақайдгирии киштии ҳавоӣ ё ин, ки давлати истифодабаранда ё давлати дигар тибқи шартҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст) диҳад.
12. Агар бо киштии ҳавоии авиатсияи гражданӣ, ки дар Феҳристи давлатии киштиҳои ҳавоии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ё истифодабарандаи он шахси воқеӣ ё ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, фалокат ё ҳодисаҳои авиатсионӣ дар ҳудуди давлати хориҷӣ рух додааст, мақоми ваколатдор оид ба таҳқиқ амалҳоро мутобиқи стандартҳо ва таҷрибаҳои тавсияшудаи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ ва Қоидаҳои таҳқиқи фалокат ва ҳодисаҳои авиатсионӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
13. Дар ҷараёни таҳқиқот иттилоот дар бораи рӯйдоди авиатсионӣ танҳо бо маълумоти воқеӣ маҳдуд карда мешавад. Ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иттилооти дорои маълумоти зерин ошкор карда намешавад:
1) маълумот аз шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ, ки дар ҷараёни таҳқиқот гирифта шудааст;
2) маълумот дар бораи мукотибот байни шахсоне, ки ба истифодаи киштии ҳавоӣ алоқаманданд;
3) маълумоти тиббӣ ва (ё) биометрикӣ ва (ё) маълумоти шахсӣ дар бораи шахсони иштирокчии фалокатҳо ё ҳодисаҳои авиатсионӣ;
4) сабти худнависандаҳои дохили киштӣ ва рамзкушоии чунин сабтҳо;
5) сабтҳо ва рамзкушоии сабтҳои мақомоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ ё идораи ҳаракати ҳавоӣ;
6) сабти воситаҳои вазъияти визуалӣ дар кабинаи ҳайати парвозӣ ва ҳама гуна қисм ё рамзкушоии чунин сабтҳо;
7) андешаҳои (мавқеъ, изҳорот) аъзои комиссия ё коршиносони ҷалбгардида ё намояндагони ваколатдори давлати хориҷии бақайдгирии киштии ҳавоӣ (истифодабаранда, таҳиягар ё истеҳсолкунанда) ҳангоми таҳлили иттилооти дахлдор ба таҳқиқот, аз ҷумла сабти худнависандаҳои дохиликиштӣ.
14. Маълумоти дар қисми 13 моддаи мазкур зикргардида ба ҳисоботи ниҳоӣ дохил карда мешавад ё ба он танҳо дар сурате илова карда мешавад, ки он ба таҳлили фалокат ё ҳодисаҳои авиатсионӣ алоқаманд бошад. Қисмҳои сабтҳое, ки ба чунин таҳлил алоқаманд нестанд, ошкор карда намешаванд.
15. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ уҳдадоранд, ки тибқи дархости комиссияи таҳқиқот иттилоот ва (ё) ҳуҷҷатҳои марбут ба таҳқиқотро пешниҳод намоянд.
16. Таҳқиқи фалокат ва ҳодисаҳои авиатсионӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори таҳқиқот дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ инчунин авиатсияи давлатӣ гузаронида мешаванд, аз тафтишоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, махсус ва дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақил мебошанд.
17. Хароҷот вобаста ба таъмини кори комиссия оид ба таҳқиқи фалокат ё ҳодисаи авиатсионӣ бо тартиби муқарраргардида аз ҳисоби буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷуброни суғуртавии корхонаҳои авиатсионӣ маблағгузорӣ мегардад.
Моддаи 861. Ваколатдор оид ба таҳқиқот
1. Ваколатдор оид ба таҳқиқот шахси мансабдори мақоми ваколатдор оид ба таҳқиқ мебошад, ки аз омӯзиши ибтидоӣ гузашта, ба ӯ ташкил ва гузаронидани таҳқиқи фалокатҳо ё ҳодисаҳои авиатсионӣ дар ҳайати комиссияи таҳқиқи фалокатҳо ё ҳодисаҳи авиатсионӣ супорида шудааст.
2. Ҳангоми ташкили таҳқиқот дахолат ба фаъолияти ваколатдор оид ба таҳқиқот аз ҷониби шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ, дигар мақомоти давлатӣ, ба истиснои ҳолатҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, иҷозат дода намешавад.
3. Ваколатдор оид ба таҳқиқот таҳқиқи фалокатҳо ё ҳодисаҳои авиатсионӣ ва ҳамаи ҷанбаҳои марбут ба онро дар ҷойи фалокат ва дар ҷараёни таҳқиқот ба нақша мегирад, мегузаронад ва ҳамоҳанг менамояд.
4. Ваколатдор оид ба таҳқиқот барои гузаронидани таҳқиқи фалокатҳо ё ҳодисаҳои авиатсионӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.
5. Ваколатдор оид ба таҳқиқот ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ ҳуқуқ дорад:
1) нақшаи ҳамкорӣ бо намояндагони дигар мақомоти давлатиро барои таъмини мустақилият ва объективӣ гузаронидани таҳқиқот, инчунин пешгирии ғайбзанӣ ё тағйир додани далелҳои марбут ба таҳқиқи он тартиб диҳад;
2) ба ҷойи рӯйдоди авиатсионӣ ва ба тамоми ҳуҷҷатҳои марбут ба истифодаи киштии ҳавоӣ, мутахассисони авиатсионӣ, ки ба хизматрасонӣ ва таъмини парвозҳо ҷалб гардидаанд, муоина ва таҳқиқи минбаъдаи ҷойи ҳодиса, объектҳо ва пораҳо, қисмҳои эҳтиётӣ ва ҳама гуна дигар объектҳое, ки сабаб ё метавонанд ба миён омадани фалокатҳо ё ҳодисаҳои авиатсионӣ таъсир расонанд, дастрасии бемамониат дошта бошад;
3) ҳангоми ҷустуҷӯ, барқарорсозӣ, истихроҷ, хондани сабти худнависандаҳои дохиликиштӣ ё ягон дастгоҳи дигари интиқолдиҳандаи иттилоот дар дохили киштӣ, инчунин сабти мақомоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ назорати пурраи ҳифзи маълумоти гирифташударо ҳамоҳанг намояд. Истихроҷ ва хондани сабти худнависандаҳои дохили киштӣ бояд бе ягон таъхир бо истифодаи маблағҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ё воситаҳои мақоми ваколатдор оид ба таҳқиқи фалокат ё ҳодисаҳои авиатсионии давлати хориҷӣ анҷом дода шавад;
4) аз шоҳидон, мутахассисони авиатсионӣ ва шахсони дигари дар таҳқиқи фалокат ё ҳодисаҳои авиатсионӣ дастдошта пурсида, гузаронидани тадқиқот ва озмоишҳои заруриро барои муайян намудани сабабҳои рух додани фалокат ё ҳодисаҳои авиатсионӣ ва (ё) омилҳои алоқаманд таъин намояд;
5) коршиносонро ба кор ҷалб карда, ҳисоботи онҳоро дар бораи таҳқиқи фалокат ё ҳодисаҳои авиатсионӣ талаб намояд;
6) дар мувофиқа бо истифодабаранда дар киштии ҳавоии гражданӣ ҳангоми парвоз ҷиҳати бо ҳуқуқи ҳузур доштан дар кабина ва дохили киштии ҳавоӣ қарор гирад.
6. Ваколатдор оид ба таҳқиқот ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ уҳдадор аст:
1) қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд;
2) ваколатҳои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон додашударо оид ба таҳқиқи фалокат ё ҳодисаҳои авиатсионӣ дар авиатсияи гражданӣ сари вақт ва пурра иҷро намояд;
3) ба ҷойи фалокат ё ҳодисаҳои авиатсионӣ расида, таҳқиқи фалокат ё ҳодисаҳои авиатсиониро дар авиатсияи гражданӣ мутобиқи Кодекси мазкур, қоидаҳои таҳқиқи фалокат ва ҳодисаҳои авиатсионӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ ташкил кунад ва гузаронад;
4) шаҳодатнома ва ваколати ташкил ва гузаронидани корҳоро оид ба таҳқиқи фалокат ё ҳодисаҳои авиатсионӣ дар авиатсияи гражданӣ аз рӯйи шакли муқаррарнамудаи қоидаҳои таҳқиқи фалокат ва ҳодисаҳои авиатсионӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва таҷрибавӣ дошта бошад.
7. Ба хизматчиёни давлатие, ки ваколати таҳқиқро доранд, таъминоти пулӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ пардохт мешавад.
Моддаи 87. Тасниф ва баҳисобгирии фалокат ё ҳодисаҳои авиатсионӣ дар соҳаи авиатсияи давлатӣ
1. Тасниф ва баҳисобгирии фалокат ё ҳодисаҳои авиатсионӣ дар соҳаи авиатсияи давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи давлатӣ амалӣ карда мешавад.
2. Тасниф ва баҳисобгирии фалокат ё ҳодисаҳои авиатсионӣ дар соҳаи авиатсияи давлатӣ бо қоидаҳои таҳқиқи фалокат ва ҳодисаҳои авиатсионӣ дар авиатсияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
3. Барои баҳисобгирии фалокат ё ҳодисаҳои авиатсионӣ дар соҳаи авиатсияи давлатӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи давлатӣ низоми пешниҳоди маълумот дар бораи фалокат ё ҳодисаҳои авиатсиониро бо мақсади мусоидат ба ҷамъоварии маълумот дар бораи камбудиҳои воқеӣ ё эҳтимолӣ дар таъмини бехатарии парвозҳо таъсис медиҳад.
4. Тартиби таъсиси ин низом бо қоидаҳои таҳқиқи фалокат ё ҳодисаҳои авиатсионӣ дар авиатсияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 88. Нигоҳ доштани далелҳои шайъӣ
1. Киштии ҳавоӣ, қисмҳои таркибии он, воситаҳои назорати объективии дохилӣ ва заминӣ, ҳамаи ашёи дар киштии ҳавоӣ ҷойгирбуда, инчунин ҳудуд ва ашёи дар он ҷойгиршуда, ки аз фалокат ё ҳодисаҳои авиатсионӣ зарар дидаанд, тамоми ҳуҷҷатҳои марбут ба истеҳсол, таъмир ва истифодаи киштии ҳавоӣ ва таъмини парвозии он бояд аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ то омадани аъзои комиссия оид ба таҳқиқи фалокат ё ҳодисаҳои авиатсионӣ дар дахлнопазирии комил ё ваколатдор оид ба таҳқиқот, инчунин намояндаи ваколатдори давлати хориҷии бақайдгирии киштии ҳавоӣ (истифодабаранда, таҳиягар ё истеҳсолкунанда), агар чунин давлат нияти иштирок дар таҳқиқро изҳор карда бошад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 881 Кодекси мазкур нигоҳ дошта шаванд.
2. Ҳифзи далелҳои шайъӣ бо роҳи аксбардорӣ ё бо воситаҳои дигари дахлдори ҳама гуна далелҳои шайъӣ, ки метавонанд гирифта, вайрон, гум ё нобуд шаванд, анҷом дода мешавад. Ҳифз, пешгирӣ аз вайроншавии минбаъда, воридшавии шахсони бегона, дуздӣ ва вайронкуниро дар бар мегирад.
Моддаи 881. Корҳои садамавию наҷотдиҳӣ дар ҷойи фалокати авиатсионӣ
1. Гузаронидани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ дар аэродром ва ҳудуди назди аэродром тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қоидаҳои таъмини парвозҳои садамавию наҷотдиҳӣ дар фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қувва ва воситаҳои соҳибмулк ё соҳиби аэродром амалӣ карда мешавад. Корҳои ҷустуҷӯӣ ва садамавию наҷотдиҳӣ дар ҷойи фалокати авиатсионӣ берун аз аэродром ва ҳудуди назди аэродром аз ҷониби хадамоти садамавию наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва аз ҷониби гурӯҳҳои ҷустуҷӯию наҷотдиҳии дигар идораҳои давлатӣ дар доираи салоҳияти онҳо ҷалб карда мешаванд.
2. Ҳамаи корҳои ҷустуҷӯӣ ва садамавию наҷотдиҳӣ аз ҳисоби маблағҳои истифодабаранда ё соҳиби киштии ҳавоии ба фалокат дучоршуда маблағгузорӣ карда мешаванд.
Моддаи 89. Таъмини корҳо дар ҷойи фалокати авиатсионӣ
1. Корҳои дар ҷойи фалокати авиатсионӣ гузаронидашаванда ба дараҷаи корҳои дар шароити махсус оид ба бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ баробаркардашуда дохил мешаванд.
2. Мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд, ки ба комиссияи таҳқиқи фалокати авиатсионӣ ҳамаҷониба мусоидат намоянд, аз ҷумла ба комиссия оид ба таҳқиқот қувва ва воситаҳо ҷудо намуда, барои таъмини ҳифзи ҷойи фалокати авиатсионӣ, фароҳам овардани шароити бехатари кор дар ҷойи фалокати авиатсионӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Моддаи 90. Фалокат ё ҳодисаи авиатсионӣ бо киштии ҳавоии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ҳангоми дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон рух додани фалокат ё ҳодисаи авиатсионӣ бо киштии ҳавоии хориҷӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ, давлати бақайдгиранда, давлати таҳиякунанда, давлати истеҳсолкунанда ва давлати истифодабарандаи ин киштии ҳавоӣ, инчунин давлатҳоеро, ки шаҳрвандони онҳо дар дохили он ҳузур доштанд, огоҳ менамояд.
2. Намояндагони ваколатдори давлатҳое, ки дар қисми 1 моддаи мазкур зикр гардидаанд, барои иштирок дар кори комиссия оид ба таҳқиқи фалокат ё ҳодисаи авиатсионӣ роҳ дода мешаванд.
3. Намояндагони ваколатдор ва мушовирони давлатҳои хориҷие, ки дар таҳқиқи фалокат ё ҳодисаҳои авиатсионӣ иштирок мекунанд, ба давлате, ки таҳқиқот мегузаронад, тамоми маълумоти дахлдорро пешниҳод карда, бе розигии давлати таҳқиқоткунанда наметавонанд дар бораи ҷараён ва натиҷаҳои таҳқиқот маълумотро паҳн намоянд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 17 декабри соли 2025, №2211
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 15 декабри соли 2025, №125
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода
ш. Душанбе, 3 декабри соли 2025, №234
