https://sadoimardum.tj

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ АҲОЛӢ ВА ҲУДУД АЗ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДАИ ДОРОИ ХУСУСИЯТИ ТАБИӢ ВА ТЕХНОГЕНӢ»

№:75-76 (5127-5128), 22 июн 2026, 19:02
8

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» аз 15 июли соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №7, мод. 460) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар ном ва тамоми матни Қонун калимаҳои «ФАВҚУЛОДДАИ», «фавқулоддаи», «фавқулодда», «фавқулоддаро», «фавқулоддае», «фавқулодда», «ӯҳдадоранд», «ӯҳдадориҳои», «Ӯҳдадории» мувофиқан ба калимаҳои «ФАВҚУЛОДАИ», «фавқулодаи», «фавқулода», «фавқулодаро», «фавқулодае», «фавқулода», «уҳдадоранд», «уҳдадориҳои» ва «Уҳдадории» иваз карда шаванд.

2. Дар қисми якуми моддаи 1 калимаҳои «бидуни шаҳрвандӣ» ва «бойгарии» мувофиқан ба калимаҳои «бешаҳрванд» ва «захираҳои» иваз карда шаванд.

3. Дар сархатҳои дуюм ва сеюми моддаи 2 калимаи «системаи» ба калимаи «маҷмуи» иваз карда шавад.

4. Аз матни моддаҳои 3 ва 8 калимаҳои «(Сарқонуни)» ва «(Сарқонун)» хориҷ карда шаванд.

5. Дар моддаи 6 ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаҳои «Системаи», «Системаи» ва «системаҳои» мувофиқан ба калимаҳои «Низоми», «Низоми» ва «низоми» иваз карда шаванд.

6. Дар номи моддаи 8 калимаи «Ваколатҳои» ба калимаи «Салоҳияти» иваз карда шавад.

7. Дар моддаи 9:

- дар ном калимаи «Ваколатҳои» ба калимаи «Салоҳияти» иваз карда шавад;

- дар сархатҳои чорум ва ҳафтум калимаҳои «бартараф намудани» ба калимаи «рафъи» иваз карда шаванд.

8. Дар моддаи 11:

- дар ном калимаҳои «Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии махсус ваколатдор» ба калимаҳои «Мақомоти давлатии махсус ваколатдоршуда» иваз карда шаванд;

- дар сархати сеюми қисми дуюм калимаҳои «бартараф намудани» ба калимаи «рафъи» иваз карда шаванд.

9. Дар қисми дуюми моддаи 12 калимаҳои «вазифаҳои штатии» ба калимаҳои «воҳидҳои кории» иваз карда шаванд.

10. Ба боби 2 моддаи 161 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Моддаи 161. Платформаи миллӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ

Бо мақсади ташаккул ва ҳамоҳангсозии фаъо­лият дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва садамаҳои техногенӣ, инчунин талафоти ҷонӣ ва зарари иҷтимоию иқтисодӣ, гузаронидани машваратҳо доир ба ворид намудани масъалаҳои паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ба стратегияҳо, нақша ва барномаҳои рушд Платформаи миллӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ҳамчун мақоми машваратӣ таъсис дода мешавад.

Низомнома ва ҳайати Платформаи миллӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табииро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.».

11. Дар қисми дуюми моддаи 24 калимаи «захиравии» ба калимаҳои «хароҷоти пешбининашудаи» иваз карда шавад.

12. Ба ном ва қисми якуми моддаи 25 пас аз калимаҳои «барои» ва «ҷиҳати» мувофиқан калимаҳои «пешгирӣ ва» ва «пешгирӣ ва» илова карда шаванд.

13. Қисми дуюми моддаи 27 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Назорати давлатиро дар соҳаи мазкур мақомоти давлатии махсус ваколатдоршуда барои ҳалли вазифаҳо дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода ва ташкилотҳо дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд.».

14. Моддаи 28 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Моддаи 28. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2270

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №182

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода

ш. Душанбе, 28 январи соли 2026, № 324