Баррасии ҳамкориҳои парлумонӣ бо Корея
10-уми июли соли 2026 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо муовини Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Пак Ток Хим мулоқот намуд.
Зимни мулоқот мавзуъҳои ҳамкориҳои ҷонибҳо баррасӣ гардиданд.
- Хурсандиовар аст, ки муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳои мо айни замон доираи васеи соҳаҳо - аз муколамаи сиёсии сатҳи баланд ва ҳамкориҳои байнипарлумонӣ то ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмӣ-техникӣ, маориф, фарҳанг ва башардӯстонаро фаро мегиранд. Мо ба рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ ва дипломатияи байнипарлумонӣ ҳамчун механизми муҳими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими эътимод байни кишварҳоямон аҳамияти хоса медиҳем, - изҳор дошт Файзалӣ Идизода.
Дар идома таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, истифодаи таҷрибаи қонунгузорӣ, густариши робитаҳо байни вакилони парлумонҳо ва рушди муколамаи созанда байни мақомоти қонунгузори давлатҳо муҳим дониста шуд.
- Мо ҷонибдори ҳамкории устувор дар бисёр соҳаҳои муносибатҳои дуҷониба, таъсиси чаҳорчӯбаи зарурии ҳуқуқии байналмилалӣ ва истифодаи имконоти мавҷуда ба манфиати мардумонамон ҳастем. Боварӣ дорем, ки имрӯз ҳамаи заминаҳои зарурӣ барои густариши ҳамкорӣ байни кумитаҳои дахлдори парлумонҳои мо ва гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ, инчунин, тақвияти мубодилаи таҷриба дар соҳаи фаъолияти қонунгузорӣ мавҷуданд, - гуфт дар фарҷом Файзалӣ Идизода.
Ф. НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
