Аз Шурои Маҷлиси намояндагон
Ҳаждаҳуми августи соли 2026 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласа, нахуст, масъала «Дар хусуси Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содиротиву воридотии давлатии Австрия оид ба лоиҳаи таҷдиди Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ дар шаҳри Душанбе» мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба ҷаласаи якуми Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум пешниҳод шуд.
Масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори расмӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунииомаъмуриирҶумҳурии Тоҷикистон», «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КРИСТАЛЛ ГРИН ГЛАСС» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсолу ғанигардонии кварс, шишаҳои панелӣ ва зарфҳои шишагӣ», «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консортсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маркази рушди саноатӣ» оид ба амалисозии лоиҳаи «Таъсиси кластери нассоҷии гурӯҳи ширкатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Паҳндара майнинг» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи коркарди сурма», «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд вобаста ба лоиҳаи «Маблағгузории устувор барои НБО «Роғун», марҳилаи II», «Дар хусуси Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб оид ба лоиҳаи «Рушди мактабҳо», «Дар хусуси Созишнома дар бораи таъсис ва мавриди амал қарор додани махзани маълумоти Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) оид ба қочоқ ва қонунвайронкуниҳои гумрукӣ», «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд дар бораи шартҳои будубоши Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба алоқаи ҳавоӣ байни онҳо ва мутаносибан берун аз ҳудудҳои онҳо», «Дар хусуси Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба таъсиси «Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон» аз 10 июни соли 2021», «Дар хусуси Протоколи иҷроия ба Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар масъалаҳои баргардонидани ноболиғон ба давлатҳои истиқомати доимии онҳо аз 7 октябри соли 2002» ва «Дар хусуси Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар масъалаҳои баргардонидани ноболиғон ба давлатҳои истиқомати доимии онҳо аз 7 октябри соли 2002» барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
Шурои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, «Дар бораи сафари хизматии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ» ва «Дар бораи ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Ҳифзи пиряхҳо – омили муҳимми таъмини ояндаи дурахшони инсоният» қарорҳои дахлдор қабул кард.
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
