Даҳсолаи сулҳ
Аз таҷрибаи таърихӣ ба дипломатияи сулҳ
Сулҳ ва суботи пойдор аз арзишҳои волои умумибашарӣ ба шумор рафта, заминаи асосии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди устувори давлатҳо ва таъмини зиндагии шоистаи наслҳои имрӯз ва фардо аст. Таърихи инсоният собит менамояд, ки низоъ ва нооромӣ, пеш аз ҳама, ба ҳуқуқи инсон, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва амнияти ҷомеа таъсири манфӣ расонида, оқибатҳои он метавонад ба наслҳои баъдӣ низ асар гузорад. Аз ин рӯ, ҳифзи сулҳ на танҳо вазифаи сиёсии давлатҳо, балки масъулияти муҳими ҳуқуқӣ ва ахлоқии ҷомеаи байналмилалӣ дар назди наслҳои оянда мебошад.
Дар ин замина, иқдоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёна ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон аст.
Дар ҷаҳони муосир сулҳ тадриҷан бо мафҳумҳои ҳуқуқи инсон, волоияти қонун, адолат, рушди устувор, таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти байнинаслӣ пайванди ногусастанӣ пайдо кардааст. Биноан, ташаккули фарҳанги сулҳ аз самтҳои муҳими фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид маҳсуб мешавад.
«Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ташаббуси муҳимест, ки таҳкими сулҳро бо зарурати ба назар гирифтани манфиат ва эҳтиёҷоти наслҳои оянда пайваст менамояд. Дар он таъкид шудааст, ки эҷоди заминаи мустаҳкам барои сулҳу амнияти пойдор, рушди устувор, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва волоияти қонун аз роҳҳои муассири ҳифзи ниёзҳо ва манфиатҳои наслҳои оянда мебошад.
Ин санади байналмилалӣ аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ аҳамияти хос дорад, зеро мафҳуми сулҳро на танҳо ҳамчун пешгирии ҷанг, балки чун маҷмуи шароитҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ барои зиндагии шоистаи инсон баррасӣ менамояд. Дар маҷмуъ, мақсади асосии Созмони Милали Муттаҳид ҳам ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ, пешгирии таҳдидҳо ба сулҳ ва ҳалли осоиштаи баҳсҳои байналмилалӣ дониста мешавад. Аз ин рӯ, масоили марбут ба сулҳ дар меҳвари низоми ҳуқуқии байналмилалии муосир қарор дорад.
Дар баробари ин, ҳифзи сулҳ аз ҳифзи ҳуқуқи инсон ҷудо нест. Эҳтироми ҳуқуқи инсон ба ҳаёт, озодӣ, баробарӣ, дахлнопазирӣ, таҳсил, меҳнат ва дигар ҳуқуқҳо барои ташкили ҷомеаи одилона ва устувор аҳамияти бунёдӣ дорад. Ҳадафҳои асосии «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» мусоидат ба сулҳ, таҳкими оштӣ, рушди муколамаи байнинаслӣ, ҷалби кӯдакон, ҷавонон ва шахсони калонсол ба равандҳои марбут ба сулҳ, ба назар гирифтани манфиатҳои наслҳои оянда дар сиёсати давлатӣ ва қабули қарорҳо мебошад.
Басо рамзист, ки қатънома нақши ҷавононро дар таҳкими сулҳ, ҳамбастагии иҷтимоӣ ва рушди устувор эътироф менамояд. Чунин муносибат зарурати фароҳам овардани шароит барои иштироки ҷавонон дар қабули қарорҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ, рушди маорифи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маърифати шаҳрвандиро тақозо мекунад.
Табиист, ки сулҳ бе волоияти қонун устувор буда наметавонад. Агар ҳуқуқи инсон ҳифз нашавад ва шаҳрвандон ба адолат дастрасӣ надошта бошанд, хавфи низоъҳои иҷтимоӣ меафзояд. Аз ин рӯ, татбиқи ҳадафҳои даҳсола бояд бо таҳкими мустақилияти суд, қонуният, баробарии шаҳрвандон дар назди қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, мубориза бо коррупсия, дастрасӣ ба адолати судӣ ва механизми ҳалли ғайрисудии баҳсҳо алоқаманд бошад.
Сулҳ ва ҳуқуқи инсон дар аксар маврид бо ҳам тавъаманд. Агар ҷанг боиси вайрон шудани ҳуқуқ ба ҳаёт, саломатӣ, озодӣ, моликият, таҳсил ва дигар ҳуқуқҳои асосӣ гардад, вайрон намудани ҳуқуқи инсон низ метавонад аз омилҳои пайдоиши нооромӣ ва низоъ бошад. Барои тавсеа ва тақвияти ин раванд «Эъломияи умумии ҳуқуқи башар», «Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ», «Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ» аҳамияти махсус доранд.
Аз ҷониби дигар, ташаббуси мазкур нишон медиҳад, ки таҷрибаи миллии сулҳофарӣ ва сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба рӯзномаи байналмилалии сулҳ пайванди мустақим пайдо кардааст. Ин равандро метавон мубаддалшавии таҷрибаи таърихӣ ба дипломатияи сулҳ номид. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, мақсади асосии ташаббус танҳо пешгирии ҷангҳои имрӯзӣ набуда, балки ташаккули фарҳанги сулҳ ва эътимод барои наслҳои оянда мебошад.
Яъне, даҳсолаи мазкур бояд аз доираи як иқдоми сулҳофарона ба марҳилаи таҳкиму тавсеаи фарҳанги сулҳ табдил ёбад. Дар ин раванд ҳуқуқшиносон, олимон, судяҳо, омӯзгорон, мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва, махсусан, ҷавонон бояд саҳми бориз дошта бошанд.
Ҳифзи сулҳ вазифаи танҳо имрӯз нест. Он масъулияти ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва таърихии насли имрӯза дар назди наслҳои оянда мебошад. Агар ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз барои адолат, эҳтироми қонун, муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ заминаи устувор гузорад, наслҳои оянда метавонанд зиндагии пурсаодат дошта бошанд.
Сайвалӣ НУРЗОДА,
судяи суди шаҳри Душанбе
Ҳамчунин дигар маводҳо:
