https://sadoimardum.tj

Тантанаи ҷашни хуҷаста дар Маҷлиси намояндагон

№:107 (5159), 08 сен 2026, 16:50
5

Ҳаштуми сентябри соли 2026 дар Маҷлиси намоян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода, нахуст, ҳозиринро ба ифтихори Ҷашни муқаддаси 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрик гуфта, изҳор дошт, ки барои миллати бостонию фарҳанг­парвари тоҷик расидан ба Истиқлоли давлатӣ танҳо як санаи тақвимӣ нест, балки он бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, рамзи соҳибихтиёрӣ, озодии миллӣ, эҳёи давлатдории тоҷикон, ифтихор ва номуси ватандорӣ, асоси рушди бемайлони кишвар ва хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон аст.

- Барои таърихи давлатдории навини Тоҷикистон сию панҷ соли соҳибистиқлолӣ давраи сарнавиштсоз, пур аз таҳаввулот, мушкилот, ­даст­о­­вардҳо ва қадамҳои устувор ба сӯи рушди минбаъдаи давлат ба ҳисоб меравад. Дар ин марҳилаи муҳим халқи Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва таҳаммулу хирадмандӣ роҳи душворро тай намуда, пояҳои давлатдории миллиро таҳким бахшид ва барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ заминаҳои мусоид фароҳам овард. Албатта, дар ин раванди таърихӣ саҳми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи истиқлол ва пешбурди сиёсати созандаву дурбинонаи кишвар ҷойгоҳи махсус дорад, - зикр кард Файзалӣ Идизода.

Ӯ бо ёдоварӣ аз мушкилоти солҳои аввали истиқлол таъкид кард, ки маҳз иродаи қавии сиёсӣ, масъулияти давлатдорӣ ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор намудани сулҳу субот ва таҳкими истиқлолу ваҳдати миллӣ аҳамияти ҳалкунанда пайдо намуд.

Дар натиҷаи татбиқи сиёсати санҷидаю бобарор, андешидани тадбирҳои оқилонаву одилона бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон корҳои бузурги созандагиву бунёдкорӣ анҷом дода шуданд. Рушди соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ табдил ёфт.

- Ҳама шоҳидем, ки бо иқдоми созандаю бунёдкоронаи Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар тамоми самтҳо ҷабҳаи бузурги созандагӣ оғоз гардида, тайи панҷ соли охир барои истиқболи сазовори ин санаи таърихӣ даҳҳо ҳазор иншооту бино сохта ба истифода дода шуданд, - гуфт Файзалӣ Идизода ва афзуд, ки дар ин раванд парламенти кишвар низ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ нақши муҳим дорад. Маҷлиси намояндагон дар доираи салоҳияти конститутсионии худ дар таҳкими асосҳои ҳуқуқии рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, такмили қонунгузорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои пешрафти ҷомеа саҳми назаррас мегузорад.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Зариф Ализода доир ба аҳамияти Истиқлоли давлатӣ ва роҳи тайкардаи кишвар дар 35 сол андешаҳояшро баён кард. Ӯ, ҳамчунин, ба гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагон мукофотҳои давлатиеро супурд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сарфароз гардидаанд.

Ҳамзамон, як гурӯҳ вакилон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагон қадрдонӣ шуданд.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар мавзуи «Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли таҷрибаи давлатдории мустақили Тоҷикистон» маърӯза намуд. Аз ҷумла, таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолии худ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид, ки мавқеи кишварро на танҳо дар сатҳи миллӣ, балки дар арсаи байналмилалӣ ба таври назаррас мус­таҳкам намуд.

- Дар давоми 35 сол, ки даврони ҳифзи истиқлолияти воқеӣ, поягузорӣ ва таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ, ташаккули ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд, роҳандозии рушди устувори кишвар тавассути ислоҳоти фарогири сиёсиву иҷтимоӣ, эҳёи миллӣ ва фарҳангии халқи тоҷик буд, ҷумҳурӣ дар низоми байналмилалӣ бемайлон сиёсати бисёрсамтаро амалӣ намуд.

Дипломатияи Тоҷикистон имрӯз дигар танҳо дар ҳалли масъалаҳои минтақавӣ маҳдуд намемонад. Агар солҳои аввали истиқлолият масъалаҳои асосӣ сулҳ, амният ва эҳёи давлат буданд, имрӯз Тоҷикистон ба кишваре табдил ёфтааст, ки масъалаҳои умумибашариро ба рӯзномаи байналмилалӣ ворид мекунад. Бузургтарин намунаи ҳамин таҳаввул ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар масъалаи обу иқлим ва таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда мебошанд.

Дар ҷаҳони имрӯз парламентҳо ба яке аз муҳимтарин майдонҳои муколама, эҷоди эътимод ва таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ табдил ёфтаанд. Маҳз ҳамин хусусият дипломатияи парламентиро ба яке аз воситаҳои муҳими сиёсати хориҷии муосир табдил додааст. Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар ин самт низ марҳилаҳои муайя­ни ташаккул ва рушдро тай кардааст. Агар дар солҳои аввали истиқлолият вазифаи асосӣ ба вуҷуд овардани поя­ҳои ҳуқуқӣ ва бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ бошад, имрӯз Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди олии намояндагӣ ва қонунгузор дар рушди муколамаи байналмилалӣ ва муносибатҳои байнипарламентӣ нақши фаъол дорад. Аз ин рӯ, дипломатияи парламентӣ барои Тоҷикис­тон идомаи мантиқии ҳамон мактаби давлатдо­риест, ки дар солҳои аввали истиқлолият бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфт, - афзуд Мавсума Муинӣ.

Дар ҳамоиш, ҳамчунин, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ғиёсиддин Ашурзода доир ба рушди иқтисоди кишвар дар 35 соли соҳибистиқлолӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Барно Саидвализода вобаста ба рушди соҳаҳои фарҳангу маориф ва раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Ориф Амирзода вобаста ба таъмини рушди самтҳои стратегии кишвар дар 35 соли соҳибистиқлолӣ андешаҳояшонро баён намуданд. Таъкид шуд, ки имрӯз низ ҳадафҳои стратегии давлат ба таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими истиқлолияти энергетикӣ, рушди саноат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум равона шудаанд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: