Пешвои Наврӯз
Агарчӣ дар гузашта Наврӯзро арҷ мегузоштанд, вале аз ҷониби ҳукуматҳои замон ба он камтаваҷҷуҳӣ ё бештар бетаваҷҷуҳӣ сурат мегирифт. Хушбахтона, дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он Наврӯзе, ки таҷлилаш дар ҳолати ногувор ва қариб аз байн рафтан буд, тадриҷан эҳё ва ҷашни давлатию мардумӣ гардид.
Ҳоло дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар наврӯзгоҳҳо сохта шудаанд. Акнун Наврӯзро дар ҳама ҷо бо омодагии ҳамаҷониба ва шукӯҳи хоса ҷашн мегиранд. Дар арафаи Наврӯз ва рӯзҳои ҷашни он шодмонии мардумро ҳадду каноре нест. Аз хона берун меоянд, ба наврӯзгоҳҳо мераванду ба хушҳолии якдигар шарик мешаванд. Минбаъд Наврӯз ҷойгоҳи худро дар сатҳи байналмилалӣ пайдо кард.
Инак, марҳала ба марҳала аз баъзе лаҳзаҳои он, хоса аз хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳёи Ҷашни Наврӯз ёд хоҳем кард.
Бо вуҷуди он ки дар аввали солҳои 90-и садаи XX кишварро буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ фаро гирифта буд, мардуми баъзе минтақаҳои Тоҷикистон Наврӯзро ёд мекарданд. Минбаъд бо талоши баъзе равшанфикрон дар матбуоти даврӣ мақола, шеър ва гуфтугӯю гузоришҳо дар бораи Наврӯз зиёд шуд. Аз хоҳишу навиштаҳои он солҳо бармеояд, ки орзуҳои деринаи мардум ба таври густурда бояд амалӣ шавад, чунки касе мамоният ба Наврӯз надорад, вале, ботаассуф, дар ҳамин солҳо баъзе шахсони мазҳабие, ки дар кишварҳои исломӣ маълумоти динӣ гирифта буданд ва зиёда аз ин, шахсоне, ки аз кишварҳои исломӣ ба кишвари мо ворид шуданд, бар зидди Наврӯз таблиғҳо намуда, мегуфтанд, ки «Наврӯз исломӣ нест, ид кардани он раво нест». Ин гуфтаи онҳоро баъзеҳо пазируфта, ба ҷашн гирифтани Наврӯз мамоният нишон медоданд, вале зиёиёни кишвар ба ақидаҳои эшон муқовимат карда, тавассути воситаҳои ахбор таваҷҷуҳ ва муҳаббати хешро дар бораи Наврӯз баён медоштанд.
Пас аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ умед ба ояндаи орому сулҳовар ва пешрафти тоҷикон ва Тоҷикистон пайдо шуд. Ҳамин умед буд, ки соли 1993 зиндагӣ ранги дигар гирифт, Раиси Шурои Олии вақт, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал бо меҳр мардуми ҷабрдидаро тариқи воситаҳои ахбор бо Наврӯз табрик гуфтанд: «Имрӯз ба сарзамини зиндагисоз баҳори нозанин – Наврӯзи дилнишин фаро расидааст. Ин рӯзи саид ба ҳамаи мову шумо муборак бошад! Ба диёри куҳансоли мо, ба кӯҳу водиҳои мо нафаси тозае омадааст. Худо кунад, ки ин нафаси ободӣ, озодӣ, сулҳу салоҳ ва бахту саодат ба мулкамон бошад!».
Аз ин гуфтаҳо маълум буд, ки Тоҷикистон роҳи дурустро интихоб намудааст. Умед ба ояндаи дурахшон ва эҳёи шукӯҳу шаҳомати Наврӯз зиёд шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи ҳамон суханҳояшон пешомади ояндаи кишварро вобаста ба Наврӯз гуфта буданд: «Агар гӯям, ки зимистони сиёсие, ки аз Наврӯзи соли гузашта (манзур 1992) дар Тоҷикистони мо оғоз шуда буд, тирамоҳи соли гузашта аз Сессияи шонздаҳуми Шурои Олӣ рӯ ба баҳор овард ва имрӯз дар баҳори ҳақиқии зиндагӣ аввалин гулҳои он мешукуфад, ғалат намешавад».
Ҳамин тавр, бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол ҷойгоҳи Наврӯз чун ҷашни беназири пайванди табиат ва инсон, пайванддиҳандаи мардумони гуногуни олам, инсондӯстию башардӯстӣ дар Тоҷикистон болотару устувор гардид. Соли 1994 Пешвои миллат гуфта буданд: «Наврӯзи дилафрӯз идест, ки дар фасли гулшукуфти зиндагӣ омада, одаму оламро ҷавон месозад, пироҳани куҳанро дур андохта, либоси нав ба бар мекунад, инсонҳоро ба ҳам дӯсту дилҳоро ба дилҳо пайванд месозад».
Дар солҳои 1995 - 2000, ҳар сол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Наврӯз ҳатман аҳли кишварамонро табрик гуфта, гаштаю баргашта таъкид менамуданд, ки Наврӯз иди ваҳдати табиат ва инсон аст ва ба ҳеҷ гуна дину мазҳаб вобастагӣ ва тааллуқ надорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи воситаҳои ахбор дар гуфторҳои хеш таҳти унвони «Паёми табрикотӣ ба муносибати Ҷашни Наврӯз» (1995-1997), «Суханронии табрикӣ ба муносибати фарорасии Иди Наврӯз» (1998-1999), «Табрикоти телевизионӣ ба муносибати Иди Наврӯз» (2000) ба Ҷашни Наврӯз таваҷҷуҳи махсус медоданд.
Ҳамин тариқ, ҳар сол азамату шукӯҳу таровати Наврӯз бештару волотар мегардид. Яъне, бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 90-и садаи XX ҷашнгирии Наврӯз ба ҳукми анъана даромада, дар тамоми кишвар густариш ёфт. Мардум акнун Наврӯзро берун аз хона ҷашн мегирифтанд, дар шаби Наврӯз дар ҷашнгоҳҳо оташафрӯзӣ намуда, аз болои он мепариданд ва дар гирди оташ сурудхонию рақсу бозӣ мекарданд.
Бо ҳидояти Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2000 то 2010 дар бораи фалсафаю моҳияти Ҷашни Наврӯз асарҳои зиёди илмӣ ва оммавӣ дар шакли мақола, маҷмуа, китоб, оҳанг, наққошӣ, филмномаҳои мустанад ва ғайра офарида шуданд. Дар даҳ соли аввали садаи XXI аз тариқи воситаҳои ахбор, аз ҷумла радио ва телевизион, маводи зиёд пешкаши мардум гашт. Дар кӯчаву хиёбонҳо, муассисаҳо, донишгоҳҳо, мактабҳо ва ташкилоти гуногун шиорҳои зебо дар бораи Наврӯз овехта мешуданд. Дар ин марҳила адибон низ дар ситоиши баҳор ва Наврӯз шеърҳое суруданд, ки ҳар кадоме зебоиҳои ин ҷашнро пеши назар ҷилвагар менамуд.
Он мардумоне, ки дар домани фарҳанги мардуми ориёитабор парвариш ёфтаанд ва Наврӯзро ҳамчун мероси фарҳангии худ пазируфтанд, низ дар кишварҳои худ Наврӯзро ҷашн мегирифтанд. Дар натиҷа, дар 10-солаи аввали садаи XXI ваҳдати фарҳангии Наврӯз байни кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ба вуҷуд омад, ки онҳо хостанд якҷо ба таври расмӣ ҷашн гирифтани онро ба СММ пешниҳод намоянд. Ҳамаи ин таблиғоту талошҳо чунин натиҷа дод, ки кишварҳои ҳавзаи Наврӯз тавонистанд ин иди пайванди табиат ва инсонро вориди Рӯйхати фарҳанги ғайримоддии СММ намоянд. Дар ин кор ташаббускори асосӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд.
Ин талошҳо боиси он шуд, ки дар таърихи 30 сентябри соли 2009 Наврӯз бо 76 унсури ғайримоддии худ ба Рӯйхати мероси ғайримоддии башарии ЮНЕСКО ворид гардид. Қарори ворид намудани 76 унсури мероси ғайримоддӣ аз ҷониби 24 давлати иштирокчии Кумитаи байнидавлатӣ оид ба ҳифзи мероси ғайримоддӣ пазируфта шуд. Баъдан, 26 феврали соли 2010 дар 64-умин иҷлосияи генералии Ассамблеяи СММ дар чаҳорчӯби моддаи 49-и рӯзномаи ҷаласа таҳти унвони «Фарҳанги ҷаҳон» дар бораи ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз дар 21 март ҷашн гирифтани Наврӯз қарор қабул гардид. Лоиҳаи қарори мазкур аз ҷониби ҳайатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия ва Туркманистон муштаракан таҳия, баррасӣ ва пешниҳод шуд. Бино ба матни қатънома, Маҷмаи умумии СММ ба чунин қарор омад, ки 21 март Рӯзи байналмилалии Наврӯз дониста шавад.
Худи ҳамон соли 2010 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзҳои 21 – 24 мартро Иди байналмилалии Наврӯз эълон намуда, ин рӯзҳо дар Тоҷикистон истироҳатӣ муқаррар шуд.
Баъд аз он ки Ҷашни бостонии Наврӯз аз ҷониби СММ ба таври расмӣ ҷашни ҷаҳонӣ эълон шуд, аз соли 2010 ба ин тараф дар тамоми кишвар таҳти унвони «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» маърака ва маҳфилҳои бошукӯҳ доир мегардиданд. Ҳар сол дар наврӯзгоҳҳо, сайргоҳҳо ва дашту даман сайругашт, маҳфилҳо, дилхушиҳо, шодмониҳо ва, ҳамчунин, бозиҳои варзишӣ, мулоқот бо шахсиятҳои маъруф баргузор мешавад. Намояндагони давлат, созмонҳои иҷтимоӣ ва гурӯҳи ҷавонон ба хонаҳои пиронсолон, маҷруҳон, беморон, бечорагон рафта, онҳоро бо Ҷашни Наврӯз табрик менамоянд ва ба онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорону аҳли ҷамоатчигӣ ҳадяҳо мебаранд.
Баробари наздик шудани Ҷашни Наврӯз тамоми корхона ва муассисаҳо бо қаноатмандӣ аз пайи баргузор намудани ин ҷашн мешаванд. Акнун ҳар сол дар шаҳру ноҳияҳои кишвар наврӯздӯстон амалҳои нав ба нав пешниҳод менамоянд. Соли 2010 Наврӯз он қадар зебо баргузор шуд, ки шодии мардумро ҳадду канор набуд.
Пас аз он ки Наврӯз ба таври расмӣ ҷаҳонӣ шуд, сарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз тасмим гирифтанд, ки ҳар сол ба навбат дар яке аз кишварҳо онро таҷлил намоянд. Рӯзҳои 26 ва 27-уми марти соли 2010 нахустин таҷлили байналмилалии Ҷашни Наврӯз дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид. Дар ин тантанаҳо дар баробари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, сарони давлатҳои Афғонистон, Ироқ, Туркманистон ва намояндагони воломақоми Озарбойҷону Туркия иштирок доштанд.
Ҳини нахустин таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки сарони кишварҳо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ Наврӯзро «пайвандгари халқҳо ва фарҳангҳо дар гузашта ва имрӯз» маънидод карда, аз даргоҳи Худованди карим дархост намуданд, ки «Иди ҷаҳонии Наврӯз ҳамеша инсонҳоро ба ҳамдигар наздиктар ва аз сарвати дӯстию бародарӣ баҳравар намояд, барои истиқрори сулҳу ваҳдат ва аз байн бурдани низоъҳою бегонагиҳо дар ҷаҳон мусоидат кунад».
Бегоҳии рӯзи 27-уми марти соли 2010 дар толори бузурги Қасри ваҳдати шаҳри Теҳрон чорабиниҳои дилнишини фарҳангӣ ба ифтихори Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз баргузор гардид, ки он як маҳфили зебои илмию амалӣ ва намоиши ҳунарҳои волои мардумони ориёитаборро мемонд. Барномаи рангини ин маҳфили фарҳангӣ фарогири намоиши ҳунарҳои мардумӣ, мусиқӣ, шоҳномахонӣ, оини паҳлавонӣ ва ҳикоятҳои ҷолиб аз фархундагиҳои Ҷашни пурифтихори Наврӯз буд. Дар ин ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2011 Наврӯз дар зодгоҳаш - Тахти Ҷамшеди Эрон баргузор гардад. Ин пешниҳод пазируфта шуда, соли 2011 бори дуюм сарони кишварҳо дар Эрон Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд (аммо на дар Тахти Ҷамшед, балки дар шаҳри Теҳрон).
Рӯзҳои 26 ва 27-уми марти соли 2011 Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар шаҳри Теҳрони Эрон баргузор гардид. Барои иштирок дар таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба Эрон сарони давлатҳо ва намояндагони воломақом аз Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Қатар, Ироқ, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон, Туркия, Уммон, Кувайт, Танзания ва ғайра ташриф оварданд.
Дар ин ҷашн бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати бонуфузи расмӣ ва аҳли илму фарҳанги кишвар ширкат доштанд. Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон ва хони наврӯзии тоҷикон мавриди таваҷҷуҳи ширкатдорони ҷашн қарор гирифт. Бегоҳии 27-уми марти соли 2011 дар Кохи ваҳдати шаҳри Теҳрон барномаи фарҳангии Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз баргузор гардид, ки дар он Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони як қатор давлатҳои дигар суханронӣ намуданд. Дар суханронӣ Пешвои миллат аз ҷашни бостонии мардуми ориёитабор ва миллату халқиятҳои сершумори минтақаҳои ҷаҳон будани он ёдрас шуданд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки Наврӯз чун ҷашни талқингари дӯстию бародарӣ, ҳамдилию ҳамбастагӣ, сулҳу оштӣ, бахшиши гуноҳҳо, поксозии дилҳо аз кинаю кудурат ва оғози фасли баҳору шукуфоӣ, киштукори зироатҳо ва, ҳамчунин, оғози соли нави офтобӣ ҳанӯз чанд ҳазор сол пеш қудрату тавони ҷаҳонӣ пайдо карда буд. Ҷашни ҷаҳонӣ эълон шудани Наврӯзи дилафрӯз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, маҳз, нишонаи эътибори ҳамин арзишҳои воло ва натиҷаи ҷаҳду талошҳои зиёди Тоҷикистон ва дигар кишварҳои таҷлилкунандаи ин иди фаррухпай дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз тасмими роҳбарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз доир ба таҷлили сеюми Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар Тоҷикистон сарони давлатҳо ва аҳли илму фарҳанги ин кишварҳоро ба иштироки фаъол дар тантанаҳои наврӯзии соли 2012 ба сарзамини зархези мо даъват намуданд.
Соли 2011 низ дар таърихи наврӯзшиносии кишварамон хотирмон буд. Дар ин сол дар тамоми кишвар Наврӯз хеле бошукӯҳ баргузор гардид. Мардум чандин рӯз дар сайргоҳҳо ва дар майдонҳои назди муассисаҳои худ Наврӯзро бо шодмонӣ ҷашн гирифта, яке ба дигаре Наврӯзро табрику таҳният менамуданд. Дар ин рӯзҳои фараҳбахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикии худ ба муносибати Ҷашни Наврӯз чунин суханони нек гуфтанд: «Инак, ба сарзамини куҳанбунёди мо боз бузургтарин ва зеботарин ҷашни мардуми ориёинажод - Наврӯзи хуҷастапай бо қадамҳои сабзу насими ҷонбахш ва бо паёми тозаи рӯзу рӯзгори нав фаро расид. Ва имрӯз мову шумо фарорасии ин рӯзи муборак, яъне, Наврӯзи 20-солагии Истиқлоли давлатиамонро дар ин майдони бо заҳмати дастони мардуми ободгарамон зебову ороста, дар пойтахти давлати соҳибихтиёри худ истиқбол мегирем…
Мо аз рисолаю осори бахшида ба Наврӯз ва наврӯзномаҳои сершумори гузаштагонамон хуб медонем, ки ниёгони мо ҳанӯз аз замони Шоҳ Ҷамшеди бузургу хирадманд ин ҷашнро ҳамчун рамзи пайванди ногусастанӣ миёни табиат ва инсон, айёми покиву сафо, муҳаббату дӯстӣ, эҳсону сахо ва бахшоишу самимият бо шукӯҳу ҷалоли хоса таҷлил мекардаанд. Зеро он, тибқи илми ситорашиносӣ, ба нахустрӯзи офаринишу баҳор, рӯидани сабзаву ҷон гирифтани рӯдҳо, шукуфтани гулҳо ва зинда шудани умеду орзу дар қалби инсонҳо ва, муҳимтар аз ҳама, ба лаҳзаҳои баробар шудани шабу рӯз рост меояд... .
Мо дар рӯзҳои Ҷашни Наврӯз тантанаи воқеии шиори абадзиндаи ниёгони хирадмандамон - «гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек»-ро мушоҳида мекунем. Вобаста ба ин, мехоҳам ба тамоми мардуми фарҳангиву шарифи Тоҷикистон хотирнишон созам, ки ин шиори пурфазилату пурманфиати гузаштагонамонро, ки пояи ҷовидонии суботу оромии ҷомеа, дӯстиву ҳамбастагӣ ва ваҳдати миллии мо ва, умуман, иттиҳоди байни инсонҳо мебошад, дастури амали ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд».
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханони худ ёдовар шуданд, ки дар давоми 20 соли Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ корҳои неке анҷом шудааст. Ҳар сол ҳазорҳо буттаҳои сояафкан шинонида, боғҳои нави дарахтони мевадиҳанда ва токзор бунёд мегарданд, биноҳои нави истиқоматӣ, иншооти маъмурӣ, муассисаҳои таълимию тиббӣ ва фарҳангӣ, корхонаю дигар иншооти истеҳсолӣ сохта ба истифода дода мешаванд, ки ҳисоби умумии онҳо то ба имрӯз ба ҳазорҳо мерасад.
Воқеан, соли 2011 ҷашнгоҳе, ки дар пойтахти кишварамон бузургтарин аст, пешкаши мардум шуд ва онро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзгоҳ номида, иброз доштанд: «Ин майдон ва иншооти гирду атрофи он, ки масоҳати 28 гектарро дар бар мегирад, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бо сарфи қариб 32 миллион сомонӣ имрӯз дар хизмати мардуми пойтахт ва меҳмонони он омода шудааст ва дар он барои гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои варзишӣ, фарҳангиву фароғатӣ тамоми шароити зарурӣ, аз ҷумла тамошогоҳ бо 8000 ҷои нишаст, толори варзиш, меҳмонхона, маҷлисгоҳ, қаҳвахона ва дигар утоқу биноҳои ёрирасон дар сатҳи баланд пешбинӣ шудаанд. Бо истифода аз фурсати муносиб ба ташаббускорон ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин маҷмааи муҳташам саҳм гузоштаанд, изҳори сипос карда, ба хотири бузургдошти зеботарин ҷашни миллиамон – Наврӯз пешниҳод менамоям, ки он Наврӯзгоҳ номгузорӣ гардад».
Соли 2012 омодагӣ ва тантанаҳои наврӯзӣ як моҳ пеш оғоз гардид. Чунки он сол меҳмонони олиқадри кишварҳои ҳавзаи Наврӯз бояд ба Тоҷикистон ташриф биоранд. Як ҳафта пеш таҷлили ҷашн тамоми кишварро фаро гирифт. Дар баробари шодиҳои наврӯзӣ 17-уми марти ҳамон сол ба муносибати Ҷашни Наврӯз дар шаҳри Душанбе «Дави наврӯзӣ» баргузор шуд.
Соли 2012 дар таърихи кишвар ҷашнгирии Наврӯзи байналимилалӣ ёдмон буд. Дар ин сол сарони давлатҳо ва меҳмонони беш аз 40 кишвар ва 35 созмони минтақавию ҷаҳонӣ ташриф оварданд. Дар раванди Ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ 25-уми марти соли 2012 бо ҳузури сарони давлатҳои Афғонистону Покистону Эрон ва дигар меҳмонони олимақом дар Кохи Сомони Бӯстонсарои Ҳукумати ҷумҳурӣ Конфронси байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.
Дар Кохи Сомон намоиши наврӯзӣ тибқи анъанаҳои ниёгон бо рамзҳои покию озодагӣ, хонҳои густурдаи ҳафтсину ҳафтшин, падидаҳои баҳори нозанин, оғози бедоршавии табиат, мавсими кишт ва корҳои дигари саҳроӣ бо руҳи тозаи эҷодкории аҳли илму ҳунар баргузор шуд. Дар намоиш, ки бо зебоиҳои Наврӯз ҳамоҳанг буд, кишоварзон, ҳунармандон, зиёиёни тоҷик маҳсули заҳмати худро пешкаши меҳмонони олиқадри Конфронси байналмилалии Наврӯз намуданд.
Рӯзи 25 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе 3-юмин таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ширкати сарони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Покистон, муовини Раиси Парлумони Қазоқистон, муовини Сарвазири Туркманистон, муовини Сарвазири Озарбойҷон, муовини Раиси ноҳияи мухтори Синсзян-Уйғури Чин, вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Қирғизистон, Котиби генералии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, Намояндаи махсуси Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Афғонистон, Фиристодаи махсуси Сарвазири Ҳиндустон, сафири Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва намояндагони дигар кишварҳои дӯст ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор шуд.
Тантанаҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе дар фазои дӯстиву ҳамдилӣ ва дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои башардӯстона бо Паёми табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид. Дар ин рӯзҳо дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе барномаҳои гуногуни фарҳангӣ таҳти шиори «Наврӯз – ҳамбастагии маънавии халқҳо ба хотири фардои дурахшон» низ баргузор шуданд.
Соли 2012 Наврӯзгоҳи пойтахт зебову дилоро гардида буд. Ба пешвози Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ба таври густурда оро дода шуд. Намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, анвои хӯрокворӣ, неъматҳои табиии кишвари азизамон, ҳатто намунаҳои дарахтҳои гулкардаи бодом, зардолу ва гулҳои навшукуфтаи баҳорӣ аз хиёбони Исмоили Сомонӣ то даромадгоҳи Наврӯзгоҳ чунон мақбул оро дода шуда буданд, ки аз тамошояш кас сер намешуд.
Баъдан, барномаи идонаи Наврӯз дар Наврӯзгоҳ бо ворид шудани сарони давлатҳо ва меҳмонон шурӯъ гардид. Ин ҷашн хеле бошукӯҳ буд. Наврӯзи ҷаҳонӣ бо барномаи рангини ҳунарии устодони санъату фарҳанги кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон баргузор шуд. Ҳунармандони кишварҳои ташрифоварда ва мизбонон бо базми ҷамшедии суруду рақс ва оинҳои вижаи ниёгон Наврӯзро пешвоз гирифтанд. Барои меҳмонон ҷаззоб буд, ки Наврӯзгоҳи Тоҷикистон ба истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ бо ҳунари волои меъморону наққошон зоҳиран шакли зодгоҳи Наврӯз - Тахти Ҷамшедро ба ёд меовард.
Дар он рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барои аҳамияти Наврӯзи ҷаҳонӣ чунин суханони нек гуфтанд: «Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш, қабл аз ҳама, мехоҳам мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни пуршукӯҳи табиату баҳор, оғози сарсабзиву хуррамӣ, яъне Наврӯзи оламафрӯз, ки имрӯзҳо бо қадамҳои неку мубораки худ дар диёри зебову дилрабои Тоҷикистон фаро расидааст, самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини кишвар, ҳамватанони бурунмарзӣ ва, умуман, мардуми сайёра оромиву осоиш, хушбахтиву комронӣ ва дастурхони пурфайзи наврӯзиро орзу намоям.
Мо аз ҷумлаи он мардумони хушбахте ҳастем, ки ин суннати деринаро бо маъниву муҳтавои амиқ ва ҷавҳари фалсафию руҳи зиндагисози он ба мерос гирифтаем.
Имрӯз барои мо - тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва ҷашни зебои табиат аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шуд. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва чандин давлатҳои дӯсту бародар мебошад... .
Ин аст, ки ҳоло ҷуғрофияи таҷлили Наврӯз аз ғарби сарзамини Чин оғоз шуда, то Осиёи Марказӣ, Ҳинд, Қафқозу Россия, Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ доман густурдааст. Яъне, Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст.
Инак, пас аз ҷаҳонӣ шудани Наврӯз имкониятҳои бештар фароҳам омадаанд, ки кишварҳои мо ба воситаи таҷлили ҳамасола ва пуршукӯҳи Наврӯз суннатҳои волои онро, ки бархе аз онҳо бар асари ҳаводиси таърихӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаанд, бо дастгирии доираҳои илмиву фарҳангии ҳамдигар эҳё гардонанд ва ба оламиён собит намоянд, ки Наврӯз, воқеан ҳам, аз ҷумлаи арзишмандтарин ҷашнҳои башарист.
Дар баробари ин, моро лозим аст, ки суннатҳои наврӯзиро барои беҳбудии ҳаёти имрӯза ва таҳкими ҳарчӣ бештари равобити халқҳоямон истифода кунем. Аз ҷумла, ҳар сол вақте ки дар яке аз кишварҳои мо Ҷашни Наврӯз таҷлил мегардад, баргузор намудани намоиши дастовардҳои муҳими илмиву фарҳангӣ, кишоварзӣ ва амсоли он айни муддао мебошад. Ба ин восита мо метавонем бо ҳамдигар боз ҳам бештар ошноӣ пайдо кунем. Яке аз ҳадафҳои наҷиби Наврӯз низ ба ҳам наздик шудан ва тақвият бахшидани муносибатҳои дӯстона, инчунин, ҳамкориву ҳамгироӣ миёни мардумони гуногун аст. Дар шароити муосир ҳамаи мо дар марҳалаи хеле ҳассосу мураккаби ҷаҳонишавӣ қарор дорем ва башарият нисбат ба ҳар вақти дигар ба арзишҳои волои фарҳангӣ, суннатҳои зиндагисози маънавӣ, ахлоқи ҳамида, дӯстиву рафоқат, ҳамкорӣ ва сулҳу оромӣ ниёзи бештар дорад.
Дар чунин шароит Наврӯз барои кулли кишварҳои минтақа ва ҷаҳон чун мунодии сулҳу оромӣ, пиндору гуфтор ва кирдори нек, дӯстиву ҳамкории халқҳо хизмат намуда, ҳамзамон бо ин, ҳамаи моро сӯи рӯзгори орому бехушунат ва талош ба хотири зиндагии осуда роҳнамоӣ мекунад.
Итминон дорам, ки ташрифи меҳмонони олиқадр ва ҳайатҳои баландпоя аз кишварҳои дӯсту бародар ба Тоҷикистон ва ширкати онҳо дар маъракаи идонаи мо боиси таҳкими бештари равобити неки ҳамсоягӣ, ҳамгироӣ ва ҳамкории миёни мамолики минтақа ва ҷаҳон хоҳад гардид.
Бо ҳамин орзуҳои неку таманниёти самимона бори дигар ҳамаи шумо - ҳамватанони азиз, кулли ҳамватанони бурунмарзӣ, меҳмонони олиқадр, намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байнамилалиро ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик гуфта, бароятон тансиҳативу рӯзгори обод ва барори кору пирӯзӣ орзу менамоям».
Соли 2013 бо корҳои нек ва шодиву нишоти зиёд Наврӯзи ҷаҳониро дар Тоҷикистон истиқбол гирифтанд. Дар тамоми минтақаҳои кишвар бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созандагиҳои нав ба нав оғоз гардид. Яке аз оинҳои наврӯзӣ ин тариқи ҳашар анҷом додани корҳост. Дар гузашта ва ҳоло низ дар деҳаҳо пеш аз Наврӯз хонаҳо, кӯчаҳо, сайргоҳҳо ва ҷойҳои муҳимро дастҷамъона тоза менамуданд. Ба тариқи ҳашар ниҳол мешинониданд ва боғҳоро ба тартиб медароварданд. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои қадим, дар рӯзи сеюми Наврӯз мардум ба ҳашари ободии муҳит баромада, деҳқонон корҳои кишоварзиро вусъат мебахшиданд. Аз ин рӯ, бо ташаббусу пешкории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 марти соли 2013 мардуми шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар ба ҳашари умумӣ баромаданд.
Тайи чанд сол аст, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сартосари кишвар ҳашари ниҳолшинонӣ пеш аз Наврӯз оғоз мегардад ва дар ин ибтикори нек худи эшон бевосита ширкат менамоянд. Мардум бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 марти соли 2013 ба ҳашари умумӣ баромада, ба поксозию ободонии муҳити зист ва ниҳолшинонию кабудизорсозии атроф шурӯъ намуданд. Ширкати бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи ниҳолшинонӣ, аз як сӯ, нишонаи муҳаббати беандозаи эшон ба табиати зебову дилорои Тоҷикистони азиз бошад, аз сӯи дигар, ташвиқи мардум ба корҳои ободонӣ, созандагӣ ва муҳаббат ба Ватан аст.
Соли 2014 низ дар таърихи кишварамон Наврӯз хотираҳои нек аз худ боқӣ монд. Ҳамасола дар кишвар пеш аз Ҷашни Наврӯз ва баъд аз он иншооти муҳими давлатӣ ба истифода дода мешавад. Ҳар сол корхонаҳо, муассисаҳои томактабӣ, мактабҳо, биноҳои истиқоматӣ, роҳҳо ва муассисаҳои муҳимро шахсан худи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ менамоянд ва таҳкурсии сохтмонҳои минбаъдаи муҳимро асос мегузоранд.
Хеле хотирмон буд, ки бегоҳии 19 марти соли 2014 дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғи нави Наврӯзгоҳ, ки дар масоҳати 146 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст, мавриди баҳрабардории умум қарор гирифт. Ҳоло боғи Наврӯзгоҳ дар миёни Қасри миллат ва майдони Наврӯзгоҳи пойтахт дар баробари Боғи Рӯдакӣ, боғу гулгаштҳои назди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон ба маркази шаҳри Душанбе ҳусни тоза зам кардааст. Дарахтони зебою нодири ороишию сояафкан ва гулу буттаҳое, ки аз гӯшаҳои гуногуни дохил ва хориҷи кишвар овардаанд, зинати асосии ин боғи зебои наврӯзӣ ба шумор меравад. Яке аз ороишоти дигари боғи Наврӯзгоҳ шаршара ва фаввораҳои назди он аст. Баландии ин шаршараи бошукӯҳ 22 метр буда, фаввораҳои сершумори Наврӯзгоҳ шабонгоҳон бо рангҳои гуногун ҷило медиҳанд.
Боғи Наврӯзгоҳ дорои майдончаи бозию дилхушии кӯдакон буда, атраксионҳои гуногун дорад. Дар гӯшаҳои гуногуни боғи Наврӯзгоҳ барои мардум ва меҳмонон тарабхона, қаҳвахона, ошхона ва чойхона бунёд ёфтааст. Боғи Наврӯзгоҳ як макони зебою дилоро барои сайругашт аст.
Ҳар сол Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъана дар арафаи Наврӯзи оламафрӯз бо намояндагони аҳли зиёи кишвар мулоқот менамоянд. 20 марти соли 2014 мулоқоти навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён дар толори Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гашт. Дар ин мулоқот Пешвои миллат Наврӯзро аз ҷумлаи муҳимтарин ва муқаддастарин оинҳои миллии мо номида, иброз доштанд, ки «Наврӯз дар худ тамоми шукӯҳу азамати таъриху тамаддуни куҳани моро таҷассум менамояд… Тамаддуни ориёӣ ба инсоният ҷашнеро пешкаш намудааст, ки бар пояи меҳру садоқат ва хираду заковат бунёд шуда, рамзи пирӯзии ақлу хирад бар ҷаҳлу зулмат ба шумор меравад... Яке аз сабабҳои асосии мақоми байналмилалӣ пайдо кардани Наврӯз бар ҷавҳари инсондӯстиву таҳаммулгароӣ ва парастиши некиву накукорӣ асос ёфтани он аст… Ин ҷашни пурифтихор ба ягон дину мазҳаб робита надорад, тобеи ягон мафкура ё ҷаҳонбинии диниву мазҳабӣ нест ва аз ҷумлаи ҷашнҳои камназири башарият аст, ки онро хурду бузурги мардумони мухталифи сайёра истиқбол мегиранд… Метавон дилпурона изҳор намуд, ки Наврӯз ҷашни баробарии инсоният, оини дӯстиву самимият, таҳаммулгароӣ ва аз дилҳо берун андохтани кинаву адоват аст».
Соли 2014 низ баробари наздик шудани Наврӯз дар тамоми гӯшаву канори кишвар омодагӣ ба он шурӯъ шуд. Ҳар як деҳа, ноҳия ва шаҳр ҷашнро бо шодмонӣ ва хушиҳо пешвоз гирифтанд. Дар рӯзҳои ҷашн на фақат табиат, балки мардум низ либосҳои рангоранги нав ба бар карда буд. Раисони маҳалла, ноҳия ва вилоятҳо дар минтақаҳои худ ба истиқболи Наврӯз шароити мусоидро дар наврӯзгоҳҳо ва сайргоҳҳо фароҳам оварданд.
Душанбею атрофи он ва, хусусан Наврӯзгоҳи пойтахт, мисли солҳои пешин хеле зебо оро дода шуда буд. 21 марти соли 2014 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони пойтахт дар базмгоҳ бо шодию сурур ва самимияти баланд истиқбол гирифтанд. Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамватанони бурунмарзӣ, тоҷикону форсизабонони ҷаҳон ва ҳамаи мардумони кишварҳои ҷашнгирандаи Наврӯзро ба муносибати фарорасии ин иди бузург сидқан табрик гуфтанд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки «Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва руҳи зиндагисозу тамаддунофари аҷдоди тоҷикон пайванди ногусастанӣ дошта, расму оинҳои он дорои рамзҳое мебошанд, ки аз қадим то имрӯз бо рӯзгори мардуми созандаву ободгар ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо созгоранд».
Соли 2015 бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз бо шаъну шукӯҳи тоза таҷлил шуд. Тамоми Тоҷикистон ба Ҷашни Наврӯз омода буд. Аз кишварҳои ҳамзабон - Афғонистону Эрон сайёҳони зиёд, маҳз барои дидани Наврӯзи тоҷикон ташриф оварданд. Аз мамолики арабӣ, аврупоӣ, Ҳиндустону Чин ва ҳатто Амрико низ сайёҳон ва фарҳангиён барои дидани Ҷашни Наврӯз омаданд.
Рӯзи 20 марти соли 2015 Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идонаи наврӯзӣ, ки дар Наврӯзгоҳи пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд. Барои таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи байналмилалӣ дар ду тарафи роҳи канори Наврӯзгоҳ сокинони ноҳияҳои пойтахт намоиши дастовардҳо, анъанаҳои наврӯзӣ, расму оинҳои миллӣ, маҳсули дасти кадбонуҳо ва ҳунари устоҳои чирадастро ба намоиш гузоштанд.
Пешвои муаззами миллат зимни табрики ҳозирин бо Иди Наврӯзи ҷаҳонӣ изҳор доштанд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки одамони сайёра ба ин оини воқеан ва моҳиятан фарҳангию инсонпарварона эҳтиром доранд ва онро ҳамчун воситаи сулҳу субот, покиву садоқат ва зебоиву бедорӣ эътироф менамоянд.
Дар Наврӯзгоҳи пойтахт тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ бо барномаи рангину пурмуҳтавои санъаткорон, ки таҷассумгари оинҳои хоси Наврӯзи байналмилалӣ буд, руҳияи мардумро болида намуд.
Шоми 22 марти соли 2015 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд бо дастаи чавгонбозон вохӯрӣ намуда, бозии намоишии онҳоро тамошо карданд. Чавгонбозӣ дар замонҳои қадим низ дар рӯзҳои Ҷашни Наврӯз баргузор мешуд. Ин бозии миллии тоҷикӣ, ки асрҳои охир ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд, эҳё гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки чавгонбозӣ аз аҳди бостон моли мардуми ориёӣ буду ҳаст ва бояд дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон эҳё ва рушд дода шавад.
Тантанаҳои наврӯзии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле дилпазир буд. 23 марти соли 2015 идомаи Ҷашни бошукӯҳи Наврӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Қасри Арбоб доир шуд. Дар ин макон намоиши наврӯзӣ тибқи расму оинҳои миллӣ доир гардид. Намоишгоҳро нишони 20-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, растаи ҳунарҳои мардумӣ, гӯшаи табиати зинда, навъҳои хӯроки миллӣ бо таббохон, суманакпазон ва хӯришҳои гуногун оро дода буданд. Таваҷҷуҳи меҳмононро ҳунари тарроҳону пардозгарон ва маҳсули дасти ҳунармандони мардумӣ, ба мисли атласбофӣ, адрасбофӣ, либосҳои миллӣ, қолинбофон, зардӯзон, гулдӯзон, чӯбтарошон, рассомону наққошон, устоҳои созҳои мусиқӣ, оҳангарону мисгарон, зарфҳои кулолӣ ва ашёи дигари рӯзгор ҷалб намуданд. Канори майдон озмуни «Оши палов» низ баргузор гардид.
Қобили зикри хос аст, ки соли 2015 китоби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи «Наврӯз - шиносномаи миллат» нашр гардид, ки дар он аксари суханрониҳои эшон ҷо дода шудааст. Ин суханрониҳои наврӯзӣ моломол аз меҳру муҳаббат нисбат ба Наврӯзи оламафрӯз ва саршор аз тарғиби омолу рафтори ҳамидаанд. Онҳо ба мисли як дастагули наврӯзианд, ки табъро болидаю димоғро муаттар месозанд.
Суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номҳои зерин нашр шудаанд: «Ҷашни пирӯзии нур бар зулмот», «Наврӯзи бостонӣ ва ҷаҳонӣ», «Суннатҳои неки наврӯзӣ безаволанд», «Рамзи офариниш ва эҳёи табиат», «Ҷашни озодагӣ ва озодагон», «Наврӯз - пайки шодмонӣ ва шодкомӣ», «Наврӯз ифодагари ормонҳои муқаддас ва неки миллист», «Наврӯз таърихи зиндаву бедор ва бақои миллати тоҷик аст», «Тамаддуни халқи мо бо Наврӯз оғоз меёбад», «Наврӯз дар саросари ҷаҳон бошукӯҳ таҷлил мегардад», «Наврӯз - пайвандгари халқҳо ва фарҳангҳо», «Истиқлолият ба Наврӯз умри дубора бахшид», «Наврӯз барои аҳли сайёраи замин тақдим шудааст», «Наврӯз - ҷашни ваҳдат ва ҳамбастагии башарият», «Наврӯз ҷуғрофиёи худро фарохтар мекунад», «Бародар, Ҷашни Наврӯзат муборак!», «Наврӯз ҷавҳари инсонсоз дорад!», «Наврӯз ҷашни инсони некманиш ва таҳаммулгарост», «Бузургдошти Наврӯз бузургдошти таърих ва тамаддуни башарист», «Ба Наврӯзи абадзинда ниёгони мо асос гузоштаанд», «Ҷовидонагии Наврӯз аз камоли маънавии инсон аст».
Соли 2016 низ дар саросари кишвар Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукӯҳу ҷалоли хосаи таҷлил гардид. Ҳамон анъанаи ҷашнгирии Наврӯз дар тамоми кишвар идома дошт. Он сол низ дар ҳама деҳу ноҳияву шаҳрҳои Тоҷикистон дар рӯзҳои Наврӯз хушҳолиҳо зиёд буданд. Навгонии хеле муҳим он буд, ки Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз баргузор шуд. Дар маҷмуъ, аз 18 кишвари ҷаҳон: Афғонистон, Англия, Амрико, Беларус, Нидерланд, Қазоқистон, Қирғизистон, Олмон, Покистон, Россия, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Чин, Швейтсария, Шведсия ва Эрон адибон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Ҷашни Навӯз бо ҳузури адибони ҳавзаи Наврӯз аз субҳи 19 марти соли 2016 бо гулгузорӣ бар пояи муҷассамаҳои Шоҳ Исмоили Сомонӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода ва зиёрати оромгоҳи Лучоб оғоз шуд. Дар назди ҳар муҷассама донишҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳҳои шаҳри Душанбе бо нону намак, суруду мусиқӣ, карнаю сурнай ва шеърхонӣ меҳмононро истиқбол намуданд.
Дар Ҳамоиши байналмилалии Наврӯз баъди суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон адибони ҳавзаи Наврӯз шеърҳои худро қироат намуданд ва роҷеъ ба Наврӯзи тоҷикон суханҳои нек гуфтанд.
Барои меҳмонон хеле ҷолибу хотирмон он буд, ки ҳангоми пазироӣ дар Кохи Наврӯз шахсан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якояки онҳоро хушомадед мегуфтанд. Таассуроти ҷолиби дигари меҳмонон ин буд, ки худи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни пазироӣ ба назди адибону ҳунармандон омада, барои таҳкими ваҳдати халқҳо саҳм гузоштани онҳоро муҳим арзёбӣ мекарданд. Ин далели мардумӣ будани Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Наврӯз дар саросари кишвар идома дошт. 26 марти соли 2016 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони «Авесто»-и шаҳри Хуҷанд дар ҷашни идонаи «Корвони наврӯзӣ» ва «Сайри гули лола» иштирок намуданд. Барои истиқболу мулоқот бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар макони баргузории ин чорабинии бошукӯҳ, ки ба таври идона оро ёфта буд, беш аз 10 ҳазор нафар ҷамъ омаданд.
Ба эътиқоди ниёгони мо, рӯзи шашуми таҷлили Наврӯз рӯзи тақсими саодат ва хушбахтӣ будааст ва ба ин хотир, одамон ҳама якҷо ба наврӯзгоҳҳо баромада, бо номи «Корвони наврӯзӣ» ҷашне меоростаанд, то тамоми сол ба кишвар хуррамию хушрӯзӣ ва ба хонадони мардум бахту иқбол ҳамроҳ бошад.
Солҳои охир бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои Наврӯз ва пас аз он дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар ҷашни «Сайри гули лола» баргузор мешавад. «Сайри гули лола» мерос аз гузаштаҳо аст ва ҳоло бо диди тоза эҳё шудааст. Ин ҷашн чунин сурат мегирад, ки тамоми кӯчаю хиёбону боғу гулгаштҳо бо лолаҳои рангоранг ороиш дода мешаванд ва мардум ба тамошо мебароянд. Ҳамчунин, дар боғҳо ва ҷойҳои серодам бо карнаю сурнай суруду рақсу мусиқӣ танинандоз мегардад.
Тайи чанд сол аст, ки дар арафаи Наврӯз порчаҳои атлас ва чакан ҳамчун либосҳои миллии тоҷикон таваҷҷуҳи тарроҳонро ба худ ҷалб намудааст. Пероҳанҳои рангоранги чакану атлас хушнамудтарин либоси миллии духтарон ва занони тоҷик аст. Тарҳу гулҳои чакану атлас на танҳо симои духтарон ва занонро зеботар менамоянд, балки тасвиргари табиати кишваранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол пеш аз Наврӯз ва дар рӯзҳои ҷашн ба ноҳияҳо ва шаҳрои гуногуни кишвар сафар намуда, бо корҳои созандагии мардуми шарифи тоҷик ошно мешаванд. Соли 2017 Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз аз шаҳри Турсунзода оғоз гардид. Пешвои миллат 21 март барои ифтитоҳи иншоот ва шиносоӣ бо фаъолияти кишоварзон ба шаҳри Турсунзода ташриф оварда, зимнан, дар ҷашни наврӯзӣ ширкат намуданд. Дар ин чорабинии бошукӯҳ ҳамватанон, ҳамзабонон ва меҳмонони зиёде аз кишварҳои хориҷӣ низ иштирок доштанд. Ҳозирин аз гуфтори хушоянди наврӯзии Пешвои миллат ба ваҷд омаданд. Намоиши ҳунарии дилрабо, ки дар варзишгоҳи шаҳри Турсунзода пешкаши тамошобинон гардид, мазмун ва муҳтавои таърихи гузаштаю имрӯзи Наврӯзро тавассути саҳнасозии суруд, рақс, шеър, оинҳои мардумӣ ва расму суннатҳои кишоварзон таҷассум мекард.
Бегоҳии 21-уми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Наврӯзгоҳи пойтахти кишварамон - Душанбешаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар суханҳои эшон ҳамбастагии табиат ва инсон, ваҳдату пайванди мардуми олам, созандагию муҳаббат, башардӯстӣ ва хайрхоҳӣ, ободонии пойтахт, заҳмати зиёд кашидан баҳри рушди кишвару миллат таҷассум ёфта буд, ки ҳама сабақе аз дарси хештаншиносист.
Ҳамон сол Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими наврӯзӣ дар боғи «Ваҳдат»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок варзиданд. Ҳунармандони суғдӣ дар оғӯши табиати дилрабо намоиши «Корвони наврӯзӣ»-ро пешкаш намуданд, ки на фақат бинандагони ҳозирро, балки тариқи намоишҳои телевизионӣ ва интернет таваҷҷуҳи ошиқони Наврӯзро аз кишварҳои гуногуни олам ба сӯи тоҷику Тоҷикистон кашид. Намоиши ҳунарии «Корвони наврӯзӣ» аз ҷониби беш аз 6 ҳазор нафар пешкаш гардида, дар он суннатҳои мардуми минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва кишварҳои ҳавзаи Наврӯз инъикос ёфта буданд.
Соли 2018 низ Ҷашни Наврӯз чун солҳои пешин дар тамоми мамлакат ҷашн гирифта шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25-уми марти соли 2018 дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе ба муносибати Ҷашни Наврӯз бо ёдоварии «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» иброз доштанд: «Итминон дорам, ки сокинони пойтахт минбаъд низ барои татбиқи барномаҳои қабулкардаи Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла ба хотири амалӣ гардонидани нақшаи чорабиниҳои вобаста ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», саҳми арзишманду ватандӯстонаи худро мегузоранд».
Баъди чанд рӯз - 28-уми марти 2018 Ҷашни Наврӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент баргузор шуд. Дар он дастовардҳои мардуми ҳунарманди ин шаҳри бостонӣ ба маъраз гузошта шуд ва меҳмонҳои аз дуру наздикомадаро шодию нишоти беинтиҳо буд.
Дар ҳамон сол бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид оғоз шуд, ки дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар варзишгоҳи шаҳри Панҷакент чунин гуфтанд: «Бо ифтихору хушҳолӣ хотирнишон месозам, ки Наврӯзи имсола барои кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни воқеан таърихӣ мебошад. Зеро, тавре ки ҳамаи шумо огоҳед, дар рӯзи фарорасии он аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» расман оғоз гардид ва чорумин ташаббуси Тоҷикистони азизи мо дар давоми даҳ соли оянда дар миқёси олам амалӣ хоҳад шуд».
Яке аз падидаҳои назарраси соли 2018 нашри ҷилди 3-юми «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик: Наврӯз ва ҷашнҳои дигар» дар ҳаҷми 804 саҳифа мебошад. Дар оғози ин китоб аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибоси зерин оварда шудааст: «Мо на танҳо Наврӯз, балки ҷашнҳои Меҳргон ва Садаро низ эҳё кардем. Вале омӯзиши ин ҷашнҳои миллӣ васеъ ба роҳ монда нашуда, ҷанбаҳои мардумии онҳо пурра таҳқиқ ва муаррифӣ нагардидаанд… Вақти он расидааст, ки муҳаққиқон доир ба ин се ҷашн ва дигар маросиму оинҳои миллиамон «Донишномаи ҷашнҳои миллии тоҷикон»-ро таҳия карда, ба нашр расонанд ва суннату арзишҳои мардуми моро ба оламиён муаррифӣ намоянд».
20-уми марти соли 2019 Ҷашни Наврӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак барпо шуд. Дар ин ҷашн аз кишварҳои хориҷӣ ҳамзабонон, ҳамватанон ва меҳмони зиёд ширкат доштанд. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов, ҳайати Бонки ҷаҳонӣ бо роҳбарии директори бонк доир ба масъалаҳои стратегӣ ва амалиётӣ хонум Мариам Шерман, намояндагони шарикони рушд, роҳбарони ширкатҳои мушовир ва дигарон.
Соли 2019 шодмонии наврӯзӣ тамоми мамлакатро фаро гирифта буд. Мардум дар ин рӯзҳо хушҳолӣ менамуданд. Яке аз рӯзҳои ёдмони ин сол 21-уми март баргузор шудани маросими «Корвони наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе буд. Пешвои миллат дар суханронии худ «Корвони наврӯзӣ»-ро яке аз падидаҳои нодири фарҳангӣ арзёбӣ намуда, ёдовар шуданд, ки ниёгони мо дар гузаштаҳо маросими муҳташаме ороста, бо ҳам шодмонию хурсандӣ мекарданд. Дар рӯзи таҷлили ин ҷашн гурӯҳе аз пайковарони Наврӯз пиёдаю савора дар маҳалҳо ва кӯчаҳои шаҳрҳо гашта, хабари омадани Наврӯзро мерасониданд. Даст ба мадади бечорагону нотавонон дароз менамуданд.
Он сол «Корвони наврӯзӣ»-и шаҳри Душанбе чун беҳтарин намунаи суннати наврӯзии ниёгон мувофиқ ба падидаҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз эҳё ва аз ҷониби Пешвои миллат хуш пазируфта шуд. «Корвони наврӯзӣ» дар майдони марказии пойтахт ба тамошобинон хушҳолии тоза бахшид ва шодию нишоти мардумро ҳадду канор набуд.
Рӯзи дигар - 22-юми март Ҷашни Наврӯз дар Наврӯзгоҳи пойтахт баргузор шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он ширкат ва суханронӣ намуданд, аз созандагию ободкориҳои кишвар, бахусус, пойтахти он - шаҳри Душанбе гуфтанд: «Мо солҳои 2019-2021-ро «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон кардем. Итминон дорам, ки соҳибкорону тоҷирони ҳимматбаланд, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва ҳунармандони мо дар пойтахт ибтикороти нави созандаро амалӣ месозанд. Айни замон дар кишвари азизамон татбиқи ҳадафи чаҳоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат оғоз шудааст. Эътимоди комил дорам, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе якҷо бо соҳибкорони ватандӯст ҷиҳати бунёди корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, бо ҳамин роҳ барои бо шуғли доимӣ таъмин намудани сокинон, бахусус ҷавонони шаҳр, шароити мусоид фароҳам меоранд».
Соли 2019 дар арафаи Наврӯз дар саросари кишвар ободкориҳои зиёд сурат гирифт. Мардум дар ин сол кӯшиш намуданд, ки Наврӯзро ботантана таҷлил намоянд. Дидани Ҷашни Наврӯзи як минтақа аз ҷониби мардуми минтақаи дигар, бахусус меҳмонони хориҷӣ, он сол назаррас буд. Дар ноҳияҳои ҳаммарзи Тоҷикистону Ӯзбекистон мардум ба тамошои оинҳои наврӯзии ҳамдигар омаданду ба шодии ҳамдигар шарик шуданд.
Соли 2020 Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд бо таровати хосе баргузор шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд ба гузаштаи ифтихорманди он ишора намуда, маҳз дар давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳё шудани он гуфтанд: «Тибқи маълумоти муаррихон, Наврӯз ба унвони ҷашни шодиву нишот ва пирӯзии равшанӣ бар зулмат ҳанӯз дар замони Куруш ба сифати ҷашни миллии қавмҳои ориёӣ эълон гардида, барои таҷлили он барномаҳои хоса, аз ҷумла покизаву тоза намудани хонаву манзили зист, бахшидани гуноҳи якдигар ва монанди инҳо, муқаррар шуда будаанд. Асрҳои баъдӣ тавассути хонадонҳои Тоҳириёну Саффориён ва Сомониён шаҳомати Наврӯз дар қаламравҳои зисти мардуми мо густариши бештар пайдо кард. Эҳёи суннат ва оинҳои наврӯзӣ дар замони имрӯза, яъне даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ҳамчун паёми мардуми куҳанбунёди тоҷик ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ба оламиён мақоми байналмилалӣ гирифтааст».
Дар ҳар паёми табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мешавад, ки дар баробари дӯст доштани кишвар ва миллат мо бояд ба таърихи фарҳанги миллии худ таваҷҷуҳ намоем. 19-уми марти соли 2021 паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Ҷашни Наврӯз тариқи воситаҳои ахбори омма пахш шуд. Ин бор Пешвои миллат вобаста ба фалсафа ва моҳияти мондагории Наврӯз, ки ҳазорон сол мардумони оламро ба худ ҷалб намудааст, чунин иброз доштанд: «Мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву нишот иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст. Зеро ин ҷашн ба қалби хурду бузург суруру шодӣ мебахшад, тамоми афроди ҷомеаро сарҷамъ месозад ва кулли мардумро ба дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар фаро мехонад. Маҳз бо ҳамин сабаб, ин падидаи асили фарҳангӣ ҳаргиз куҳнашавиро намепазирад ва дар ҳама давру замонҳо ҳамқадаму ҳамқисмати мардуми мо боқӣ мемонад».
Ҳар сол дар арафаи ин ҷашни аҷдодӣ ва рӯзҳои Наврӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаҳои гуногуни кишвар сафар карда, дар канори мардум мебошанд. Аз як тараф, бо дастовардҳои заҳматкашон шинос мешаванд, аз тарафи дигар, дар таҷлили Ҷашни Наврӯз дар ҳамон минтақа ширкат менамоянд. Ба ин восита, мардумро ба ду самт роҳнамоӣ менамоянд. Аввалан, созандагию ободии кишвар, яъне таваҷҷуҳ намудан ба беҳсозии сатҳи зиндагии сокинони мамлакат ва баъдан, ба самти омӯзиши маънавӣ равон намудани мардум, яъне фаромӯш накардани фарҳанги суннатӣ, забон ва таърихи миллати худ. Дар рӯзҳои Ҷашни Наврӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамин ду нуктаи муҳим диққати махсус медиҳанд.
Ин буд, ки соли 2021 дар рӯзҳои наврӯзӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон сафар карда, рӯзи 26-уми март дар ноҳияи Кӯшониён бо роҳбарону фаъолони вилоят мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон ба таври муфассал вазъи иқтисодии вилоятро мавриди таҳлил қарор дода, барои таъмини моддии мардум заҳмати бештар кашиданро таъкид намуданд: «Бинобар ин, ба тамоми мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла ба ҳамаи сокинони вилояти Хатлон, ки калонтарин вилояти кишоварзии мамлакат мебошад, муроҷиат карда таъкид месозам, ки мо бояд аз захираву имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла замин ва об, самаранок истифода намуда, тамоми кӯшишу ғайрати худро барои рӯёнидани се - чор ҳосил ва ҳарчӣ бештар истеҳсол кардани маҳсулоти ватанӣ, беҳтар таъмин намудани талаботи аҳолии кишвар, тақвияти иқтидори иқтисодии давлат ва имкониятҳои содиротии он равона созем».
Соли 2022 зимни суханронӣ ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ) ҷашнҳои бостонии моро аз «падидаҳои нодир» арзёбӣ намуданд: «Наврӯз ва дигар ҷашнҳои миллии мо - Сада, Тиргон ва Меҳргон падидаҳои нодире мебошанд, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон ҳамчун омилҳои пояндагии мо - тоҷикон нақши барҷаста бозидаанд».
Дар ҳақиқат, ҳамин тавр аст. Тӯли ҳазорон сол аст, ки Наврӯз на фақат мардуми моро, балки он қавму миллатҳоеро, ки баъдҳо ба минтақаи мо омода, то имрӯз дар канори ҳам зиндагонӣ дорем, дар оғӯши худ гирифта, ҳамаро мафтун месозад: «Яъне, расму оин ва суннатҳои наврӯзӣ дар вуҷуди хеш падидаҳои барҷастаи инсонгароӣ ва маънавиёти баландро ҷой додаанд, ки шинохти ҳақиқати онҳо ба худогоҳии маънавӣ ва худшиносии миллӣ, инчунин, тавсеаи фарҳанги ахлоқии ҷомеа мусоидат мекунад».
Тавре пештар зикр гардид, барои баргузории Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар пойтахти кишвармон - шаҳри Душанбе Наврӯзгоҳ сохта шуд ва дар он аз сабки Тахти Ҷамшед истифода гардидааст.
Дигар ин ки яке аз нодиртарин ҳунари устоҳои Тоҷикистон ин Кохи Наврӯз мебошад, ки аз 12 толори ғайриодӣ иборат буда, ҳар кадоме бо сабки махсуси ҳунарҳои мардумии тоҷик сохта шудааст. Аз тамошои он тамоми зебоиҳои Наврӯз пеши назар ҷилвагар мешаванд. Атрофи кох низ бо дарахтҳои зебое ороиш ёфтааст, ки дар рӯзҳои Наврӯз зебоӣ ва таровати махсус илқо менамоянд.
Бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардидани яке аз падидаҳои зеботарини наврӯзӣ – «Сайри гули лола» аз дигар навгониҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат мебошад, ки бо таровишу зебоию зинату латофаташ шукӯҳи фалсафаи Наврӯзро ғанӣ мегардонад ва ҷашни табиату зебоӣ будани онро таъкид месозад. Инак, чанд сол аст, ки пойтахи кишварамон шаҳри Душабе ва шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар, Панҷакент, Исфара, Истаравшан, хуллас, ҳамаи ноҳияву шаҳрҳо дар рӯзҳои Наврӯз лолазору гулу гулзор мешаванд, ки аз дидани он на танҳо сокинон, балки меҳмонон ҳам лаззат мебаранд.
Дар солҳои охир дар тамоми минтақаи кишвар пеш аз Наврӯз барои эҳтиёҷмандон, собиқадорони меҳнат, навхонадорон, кӯдакистонҳо хайрияҳо ва ҳадяҳо тақдим мешавад. Дар маркази ноҳияҳо намоишҳои махсуси наврӯзӣ баргузор мегарданд. Расму оинҳои мардумӣ, ба мисли ҷашни арӯсӣ, ороиши хонаи арӯсон, гилембофӣ, намадрезӣ, риштаресӣ, либосҳои маҳаллӣ ва ҳунарҳои мардумии минтақаҳо ба намоиш гузошта мешаванд. Дастархони зебои наврӯзӣ бо навъҳои хӯрок ва рамзҳои наврӯзӣ оро дода мешавад. Ҳар ноҳия намоишҳои театрӣ таҳия намуда, дар он «Маликаи Наврӯз», «Арӯси Наврӯз», «Бободеҳқон», «Гулҳои наврӯзӣ» ва дигар оинҳои мардумиро ба тамошо мегузоранд. Дар ҳама муассисаҳои давлатӣ, донишгоҳҳо, мактабҳо, кӯдакистонҳо Наврӯзро бесаброна интизор мешаванд.
Тавре таъкид шуд, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз Ҷашни Сада ва дар арафаи Наврӯз ниҳолшинонӣ ба анъана табдил ёфтааст. Мардуми кишвар ҳазорон ниҳоли мевадор, ороишӣ ва гулҳои зебо шинонда, меҳанро ба як кишвари зебо табдил медиҳанд.
Ҳамин тавр, дар солҳои 2023, 2024 ва 2025 Ҷашни Наврӯз дар кишварамон бо ҳамон шукӯҳу таровати худ таҷлил гардид, ки аз миёни онҳо пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе мақоми хоса дорад. Дар ноҳияҳои шаҳри Душанбеи зебо бо шаҳомат таҷлил кардани Наврӯз одат шудааст. Ҳангоми Наврӯз Душанбеи сабзу хуррам боз ҳам гулпӯшу рангоранг мешавад ва сайёҳони хориҷиро мафтун месозад.
Ба таъбири соҳибсухане, «Басо мардумон омаданду рафтанд, ... басо боғҳо шукуфтанду хазон гардиданд, басо чашмасорон ба ҷӯш омаданду ҷой бар биёбон доданд, лек Наврӯз – ин паҳлавони куҳансол ҳамоно поянда аст» ва, хушбахтона, дар замони Истиқлоли давлатӣ маҳз бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардид ва шаҳомату таровати тоза ёфта, ба худ номи нав – Наврӯзи ҷаҳонӣ гирифт.
Чуноне ки маълуми ҳамагон аст, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии кишвар санаи 16-уми декабри соли 2025 ироа гардид, ки ҳамчун як дастуру роҳнамо барои ҳар яки мост ва мардуми ҷумҳурӣ ироаи ин санади муҳиму арзишманди давлатиро бо як руҳияву алоқамандии хос истиқбол намуданд.
Зимни ироаи Паём Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла, мардумро ба ҳифзи ҷашну арзишҳои миллии таърихӣ талқин намуда, фармуданд: «Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад». Ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба фарҳангу тамаддун ва арзишҳои миллӣ изҳор намуданд: «Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, оину суннатҳои бою рангини башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне, тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд. Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд. Воқеан, Наврӯз, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии моро, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозидаанд, асоси ҳувият ва асолати мо - тоҷикон мебошанд».
Дар ҳақиқат, дар ин замони ҷаҳонишавӣ танҳо миллату халқе метавонад ояндаи худро ҳифз намояд, ки таърихи бостониву куҳанбунёд дошта бошад, ба арзишҳои миллӣ, анъанаву ҷашнҳои қадимаи халқӣ ва чеҳраҳои саршиноси илму фарҳангу адабиёти худ арҷ гузорад. Бинобар ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки ҷиҳати дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе бунёд намудани Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз чораҷӯйӣ намоянд. Таъсиси Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ба омӯзишу пажуҳиши амиқи таъриху фарҳанги бостонии миллат мусоидат намояд.
Хулоса, Ҷашни Наврӯзи дилафрӯзу ҷаҳонафрӯз дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақому манзалати баланду арзандаеро соҳиб гардид ва дар сатҳи давлатӣ бошукӯҳу шаҳомати зиёд таҷлил карда мешавад. Дар эҳё ва пайдо намудани мавқею ҷойгоҳи баланди давлатӣ ва байналмилалии Ҷашни Наврӯз хидмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургу беназир аст. Маҳз бо ташаббусу ибтикороти ҳамешагии ин шахсияти шинохтаи сиёсию фарҳангӣ Ҷашни бостонии Навруз на танҳо дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, балки дар сатҳи байналмилалӣ ботантана ва расман таҷлил карда мешавад. Таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи ҷаҳонафрӯз тайи чанд соли охир дар шаҳрҳои Душанбеи Тоҷикистон, Теҳрони Эрон, Балхи Афғонистон, Ашқободи Туркманистон ва кишварҳои дигар далели ин гуфтаҳост.
Бо назардошти ин ҳама кӯшишу талош ва хизматҳои содиқона дар роҳи эҳёи дубора ва ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил додани Наврӯзи тоҷикон ва дар баробари мулоҳизоти ироашуда чунин пешниҳод менамоем:
1. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на фақат дар байни тоҷикон ва форисзабонони дунё, балки дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Пешвои ин ҷашни башардӯстона дониста шаванд, яъне, ПЕШВОИ НАВРӮЗ бояд эътироф гарданд.
2. Пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе пойтахти тантанаи ҳарсолаи Наврӯзи ҷаҳонӣ барои сайёҳони олам эълон гардад.
3. Ҳар сол дар шаҳри Душанбе адибону сарояндагони кишварҳои гуногуни олам ташриф оварда, маҳорат ва ҳунари худро нишон диҳанд ва барои ваҳдати ҳамешагии миллатҳои гуногуни олам ҳисса гузоранд.
4. Тоҷикистон кишвари сайёҳии наврӯзӣ дар сатҳи ҷаҳон эълон ва дар рӯзҳои ҷашн «Корвони наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе бо тамоми суннату анъанаҳои бостонӣ ва миллӣ пешкаши меҳмонон шавад.
5. Ҳар сол дар пойтахти кишвар намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони ҳавзаи Наврӯз барпо ва дар 5 сол як бор оид ба Наврӯз ҳамоиши байналмилалӣ доир карда шавад.
6. Намоиши пухтани суманак дар рӯзҳои Наврӯз барои меҳмонон саҳнасозӣ ва пешкаш шуда, бозиҳои наврӯзӣ дар наврӯзгоҳҳо пешниҳоди сайёҳони Наврӯз гарданд.
Нуриддин САИД,
д.и.ф., профессор,
узви вобастаи АМИТ,
Равшан РАҲМОНӢ,
д.и.ф., профессори ДМТ,
СаъдӣҚОСИМӢ,
д.и.ф., профессори ДДОТ ба номи С. Айнӣ
Ҳамчунин дигар маводҳо:
